Иштироки Нурулҳақов Қамар дар Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам Абуҳанифа

Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир Нурулҳақов Қамар дар Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам Абуҳанифа (р.а.), ки рӯзҳои 19-20 июли 2019 дар шаҳри Кобули ҶИА бо шукӯҳи хосса бахшида ба 1320 солагии пешвои мазҳабии аксари мусулмонони ҷаҳон баргузор гардид, ширкат ва маърӯза намуд. Дар маърӯза, ки «Таҳаммулпазирӣ - ҷавҳари таълимоти каломӣ-фиқҳии Имоми Аъзам Абуҳанифа» ном дошт, ҷанбаҳои гуногуни таҳаммулпазирӣ дар афкори Имоми Аъзам ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафия баррасӣ ва баёни худро ёфтанд. Маърӯза писанди ҳозирин гардида, нафарони зиёде ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва ҳангоми суолу ҷавобҳо ва суҳбатҳои хусусӣ вазъи диншиносӣ ва исломшиносӣ дар Тоҷикистон низ ёдрас шуд.

 

Яндекс.Метрика