Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Об барои рушди устувор 2018-2028»

ДУШАНБЕ, 29.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирўз дар Душанбе Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, ки он бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар кори ин ҳамоиш роҳбарону мутахассисони  вазорату идораҳои  марбутаи кишвар, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода ва дигарон иштирок доштанд ва доир ба ташаббусҳои муваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об, захираҳои обӣ ва сиёсати энергетикӣибрози назар намуданд.  Дар иртибот ба арзиши об дар фарҳанги ниёгон ва ҷойгоҳи он дар китоби азимушшаъни Қуръонва аҳодиси набавӣ маводи таҳлилии ҷолиб пешниҳод гардид. Таъкид гардид, ки Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 21 декабри соли 2016 бо ҷонибдории 177 кишвари дунё қабул гардид, дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро бори дигар ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра вобаста ба об ва захираҳои обӣдар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дод. Дар гузоришҳои илмӣ таъкид гардид, ки қабули Даҳсолаи нав дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои ташаббусҳои пештараи кишвари моро дар соҳаи об тақвият мебахшад, дар беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва дастрасии онҳо ба оби ошомиданӣ тағйиротҳои мусбат ворид месозад.