Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Ҳамкории марказҳои илмӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои иттилоотӣ: дастовардҳо ва мушкилот”

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Ҳамкории марказҳои илмӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои иттилоотӣ: дастовардҳо ва мушкилот” 
Душанбе, 30.04.2019
 
Имрўз дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Ҳамкории марказҳои илмӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои иттилоотӣ: дастовардҳо ва мушкилот” баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиши илмӣ масъулони Кумитаи оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти МН МО ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ, Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон, АМИТ "Ховар", Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ, Академияи илмҳои ҶТ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, ин чунин намояндагони бахши танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ ва доираи васеи рўзноманигорони шабакаҳои телевизиону радио ва рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд. Дар рафти баргузории кори конференсия доир ба паҳлўҳои гуногуни мавзўи конференсия 10 маърўзаи илмӣ пешниҳод гардид ва мавриди баҳсу музокираҳои олимону коршиносон қарор гирифт. 
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон файзулло Баротзода дар оғози ин ҳамоиши илмӣ гузориши илми худро зери унвони "Зарурати ҳамкории марказҳои илмӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои иттилоотӣ" пешниҳод намуд. Пас аз он дар ду ҷаласаи кории Конференсия 10 гузориши илмӣ дар бораи паҳлўҳои гуногуни мавзўъҳои калидии ҳамоиши илмӣ шунида шуд, ки мавриди таваҷҷуҳ ва баҳсу музокираҳои иштирокдорон қарор гирифт. 
Яндекс.Метрика