Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ зери унвони “Пешвои миллат ва нақши мо ҷавонон дар пайравӣ аз ў”

Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 23.05.2019
 
Имрўз таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи ҷавонон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ зери унвони “Пешвои миллат ва нақши мо ҷавонон дар пайравӣ аз ў” баргузор гардид. Дар кори ин чорабинӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода иштирок ва бо гузориши илмии "Нақши Пешвои миллат дар ташаккули ваҳдати миллии тоҷикон" баромад кард. Матни гузориши суханронӣ чунин аст: 
Дар таърихи ташаккул ва такомули ниҳоии худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро аз сар мегузаронад, ки дар он доир ба масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва иттифоқи байни минтақаҳо ва воҳидҳои маъмурӣ ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишру табақаҳои кишвар муяссар намешавад. Нооромӣ метавонад як кишвари хурдеро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ кашад, ки шаҳрвандонаш дар идроку тааққули воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он як муддат бечораву оҷиз мемонанд. 
Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ду омили асосӣ – миллӣ ва диниро ба таҳрик даровард. Вале бадбахтӣ дар он буд, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ ё сиёсикунонии ислом замина гузошт, ки ин раванд ҳалли аксари мушкилоти ҳаёти иҷтимоиро дар доираи арзишҳои динӣ пешниҳод мекард. Дар давраҳои буҳронӣ барои посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба чолишу хатарҳои дохилию берунӣ як ақаллияти фаъол ва созанда зуҳур менамояд, ки бақову пойдории давлат ва фарҳанги миллӣ аз тариқи фаъолият ва корнамоии ҳамин гурўҳи масъулиятшинос таъмин ва баҳогузорӣ карда мешавад. Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва сарвари тавонои ҳамин гуна ақаллияти ватандўст дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ҷавонмардона ба дўш гиранд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурўтану ватандўст – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад.   
Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари мо саратонвор таҳдид мекард. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рўзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» расонид. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.  
Ба андешаи мо, дар ташаккули падидаи расидан ба санаи фараҳбахши сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллии тоҷикон ба инобат гирифтани чандин омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ дорад:
1. Ба ҳайси раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ин қарори иҷлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст. Зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд.    
2. Бояд дуруст фаҳмида шавад, ки Созишномаи сулҳ байни Ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерўҳои оппозитсияи Тоҷикистон ба имзо расидааст. Бартарӣ додан ба амалкарди фавқулодаи ин ё он гурўҳ ва ҳизби алоҳидаи сиёсӣ дар баргузории даврҳои музокирот аз рўи адолат, ақлу мантиқ ва одобу инсоф нахоҳад буд. Ва ҳеҷ ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин дастоварди умумимиллиро натиҷаи фаъолияти маҳдуди худ биҳисобад.   
3. Ҷамъбасти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанўз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгўӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хизмати нерўҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти Ҷаноби Олӣ гўё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Пешвои миллат на танҳо таво-нистанд, ки гурўҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар ташкил намоянд, балки инчунин аз байни анбўҳи нерўҳои мухолифин низ ақаллияти конструктивиро пайдо карда, онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намуданд.
4.  Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо ҳам барои ғунд кардани  порчаҳои парокандаи сулҳу Ваҳдат сахт мусоидат кард. Дар натиҷа, дастоварди муқаддастарини ин марҳилаи таърихии миллат, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор шуд, бозгашти наслҳо ба рўзгори асли хеш осон гардид, эҳсоси худшиносӣ ва ватандўстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи ирфонии «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ» дар баландиҳои осмони софу беғубори Ватани аҷдодӣ ошён гузошт. 
Фарҳанги ваҳдати миллӣ имрўз ба хотири ҳифзи манфиат-ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ба ҷуз он чизи дигаре нест. Насли ҷавони мо бояд аз ин воқеияти таърихи навтарини миллати мо огоҳ бошанд, ба қадру манзалати соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият бирасанд ва онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.  
 
Ф. Баротзода  –  директори Маркази исломшиносӣ дар 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 23.05.2019
Яндекс.Метрика