Конфронси байналмилалӣ "Ислом зидди экстремизми динӣ ва терроризм"

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-23 июли соли ҷорӣ дар бинои Китобхонаи миллӣ конфронси байналмилалиро зери унвони «Ислом зидди экстремизми динӣ ва терроризм» баргузор намуд. Дар кори конфронс кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохтору муассисаҳои марбута саҳмгузор буданд. Конфронси мазкур аз чаҳор бахш иборат буда, дар бахши якум 15, дар бахши дуюм 12, дар бахши сеюм 11 ва дар бахши чаҳорум 11 нафар бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд. Дар маҷмӯъ 49 маърӯзаи илмӣ шунида шуд. Қобили зикр аст, ки дар ин конфронс зиёда аз 30 меҳмони хориҷӣ аз давлатҳои мухталифи дуру наздик ширкат варзида, дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуданд. Конфронс дар фазои озод ва дар сатҳи баланди илмӣ доир гардид. Кори конфронсро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонов  ифтитоҳ бахшид. Инчунин дар кори конфронс аз ҷумлаи кормандони Маркази исломшиносӣ шахсони зерин бо маърӯзаҳо баромад намуданд:

Баротзода Файзулло – дирекори Маркази исмолшиносӣ, Азизӣ Рустам - муовини директори Маркази исломшиносӣ оид ба корҳои илмӣ,  Нурулҳақов Қамар – мудири шӯъбаи пажӯҳиши исломи муосир  ва  Зокиров Нусратулло – мудири шӯъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ.

Инчунин дар пешбурди кори конфронс Баротзода Файзулло дар бахши 3-ум ба ҳайси модератор ва Азизӣ Рустам ба ҳайси тарҷумон саҳмгузор буданд.