Костагии диндорӣ

 

           Ҳамчун як рукни фарзҳои асосии дини ислом қарор гирифтани моҳи шарифи Рамазон танҳо бо масъалаи итоат овардан ба Худо маҳдуд намешавад. ҳамчунин яке аз мақсадҳои муҳими он барои мусулмон ин ба даст овардани аҷру савоб дар ин моҳи муборак аст. Дар ин маврид пайғамбари ислом (с) фармудаанд: «ҳар кас рӯзҳои моҳи Рамазонро барои хушнудӣ  ва ризои Парвардигор ва бо мақсади ба даст овардани арҷу савоб бигирад, тамоми гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд» (Саҳеҳи Бухорӣ, 38;Сунани Нисоӣ,2204; Сунани ибни Моҷа, 1641). Мувофиқи ин ҳадис ба даст овардани арҷу савоб дар моҳи Рамазон яке аз амалҳои муҳими эътиқодиашон ба ҳисоб меравад.

         Дар тӯли таърихи ислом мусулмонон бо мақсади ба даст овардани аҷру савоб пайваста дар моҳи шарифи Рамазон хайру саховат мекарданд. Аз ҷумла, дар бозорҳо тоҷирон хамеша нарху навои маводи хӯрокаи ниёзи аввалияро арзон менамуданд, то ки барои ҳама, ба вижа камбизоатону мискинон ва бепарастдорону дармондагон, хариди маводи хӯрокаи ниёзи аввалия осону имконпазир гардад. Чуноне ки пайғамбари акрам (с.) таъкид сохтаанд: «ҳар кӣ аз тариқи арзон кардани нарх мардумро ба худ ҷалб намояд, ризқаш афзун мешавад. Ва ҳар кӣ нархро боло барад, ӯ ҳатман шармсор гардад»(Сунани ибни Моҷа,2153). Ин фармудаи исломро имрӯз  дар бисёр кишварҳои мусулмонӣ риоя менамоянд. Аммо солҳои охир дар бозорҳои кишвари мо ҳолати баръакс мудом ба мушоҳида мерасад, ки хуссияти ғайриисломӣ касб кардааст. Бо фаро расидани ин моҳи барои мусулмонон шариф, ки бояд моҳи хайру саховат ва аҷру савоб бошад, дар бозорҳои кишвар тоҷирони «мусулмон» нархи хӯрокаи ниёзи аввалияро, ки мардум барои он эҳтиёҷоти сахт доранд, хеле баланд мебардоранд, ки сабаби сахтиву душвории мусулмонон мегардад.

         Ҳамчунин ташвишовар он аст, ки баъди ба поён расидани моҳи Рамазон ҳама нархҳое, ки тоҷирон дар ибтидои фарорасии моҳи Рамазон баланд бардошта буданд, то моҳи Рамазони соли оянда ҳамон тавр нигоҳ дошта мешаванд ва дигар паст намефарояд, балки ба ҳамон маводҳои мавриди зикр боз нархи баланд зам мегардад ва дар мусулмонон вахму ҳароси гароншавии нархи маводи хӯрокаро афзун месозад ва яке аз омилҳои афзоиши нархи маводи хӯрока дар бозоҳо шудааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин амали носавоби тоҷирон дар баъзе ашхоси  камбизоату дармондагон падидаи рӯзаҳаросиро ба вуҷуд овардааст, ки албатта ба манфиати диндорӣ нест. Мусалам аст, ки мувофиқи анъанаи исломӣ моҳи шарифи Рамазон фазилатҳои зиёде дорад. Яке аз ин фазилатҳо арзон шудани нарх дар бозор мебошад, вале ин амали носавоби тоҷирон омили коста гардидани файзу баракат дар бозорҳо шудааст, ки боиси нигаронист. Зеро ин кирдори онҳо шаъну эътибори моҳи шарифи Рамазонро кам намуда, ба дараҷа ва тарзи диндории  оммаи васеъи мардум таъсири манфӣ расонида, дар дили онҳо нисбат моҳи шарифи Рамазон сардии диндориро ба вуҷуд меорад. ҳол он ки моҳи шарифи Рамазон аз мусулмонон хайру саховат ва аҷру савобро тақозо мекунад, на костасозии хосияти бозорҳоро. Аммо чӣ кунем, ки тоҷирони мо мусулмон ҳастанду вале аз мактаби инсоф нагузаштаанд. ҳол он ки инсоф яке аз ҷузъҳои асосии таълимот ва талаботҳои ислом аст. Вале онҳо ҳангоми савдо мусулмониашонро фаромӯш мекунанду бо шиори «дег ҷӯшаду гӯр сӯзад» амал менамоянд ва фармудаи паёмбари исломро (с.) риоя намекунанд: «ҳар кӣ бар чизе аз нархгузории мусулмонон (яъне боло бурдани он) дахолат мекунад, пас дониста бошад, ки Худованди Таъоло дар рӯзи қиёмат дар оташи сӯзони ҷаҳаннам ӯро дохил менамоянд» («Шуабулимон»-и  ал- Байҳақӣ, ҳадиси 10701).  Ин амали носавоби тоҷирон  номи мубораки моҳи шарифи Рамазонро дар назари  баъзеҳо «доғдор» кардааст.

         Дар айни замон ёдовар бояд шуд, ки ба боло рафтани нархи маводи хӯрока дар моҳи шарифи Рамазон костагии фарҳанги исломии мусулмонон низ мусоидат менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки рӯза дорои фазилатҳои ҷисмонӣ ва равонӣ мебошад. Аз ҷумла, рӯза фарбеҳии зиёди бадан ва чарбиҳои таркиби онро коҳиш медиҳад. Расули Худо (с.) фармудаанд: «Рӯза бигиред, то саломатиатон барқарор шавад(ва боқӣ бимонад)»(Мӯъҷаму-л-авсат,8312, ҷ 8.-с213). Аммо мусулмонон на ҳамеша ин қоидаро риоя мекунанд. Ва ҳатто байни мардум ривояти омиёнае низ вуҷуд дорад, ки чунин аст: «Ёздаҳ моҳ ҷамъ намо ва як моҳ бихӯр». Ин афсонаи кӯчагӣ ба рӯзадорӣ ягон рабте надорад. Баръакс рӯзаро барои он медоранд, ки инсон аз озмоишгоҳи сабру шикебоӣ ва пурбардоштӣ бигзарад ва дастгоҳи меъдаашро полоиш ва покиза созад. Лекин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мусулмонони кишвар дар моҳи Рамазон ба навбат зиёфатороӣ ва зиёфатхӯрӣ ташкил дода, натанҳо қоидаҳои танзими анъанаву маросим ва расму оинҳоро вайрон карда, ба исрофкорӣ, ки низ шариати ислом манъ кардааст, роҳ медиҳанд, ҳамзамон меъёрҳои фарҳанги рӯзадориро ботил месозанд. Зиёда аз ин, он ашхоси камбизоате, ки имконияти молиявӣ барои ташкил кардани зиёфат дар ифтор ва дастархони идона надоранд, аз меъёрҳои муайянкардаи шариати ислом берун рафта, барои худнамоӣ зиёфатҳо дар ифтор ва дастархони идонаи пурдабдаба ташкил менамоянд, дар ҳоле, ки чунин ашхос бо аҳли оилаи хеш дар давоми сол аз нарасидани ғизои барои организм муҳим танқисӣ мекашанд. Дар натиҷа дар бозор андозаи талабот ба маводи хӯрокаи мавриди ниёз меафзояд ва аз ин ҳолат тоҷирони корчалон босамарона сӯйистифода менамоянд. Аммо тоҷири мусулмони ҳақиқӣ аз афзоиши талабот ба маводи хӯрока набояд сӯйистифода намояд ва диндории худро коста созад. Маводро бо ҳамон нархе фурӯшад, ки то оғози моҳи Рамазон мефурӯхт ва аз ин гуфтаҳои пайғамбари ислом (с.) роҳи саодат биҷӯяд: «Тоҷири ростқавли амин ҳамсафи пайғамбарон ва содиқон ва шаҳидон аст» (Сунани Тирмизӣ, 1209). Дар ин маврид пайравони мазҳаби ҳанафӣ бояд аз таҷрибаи фаъолияти тиҷоратии Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р.) пайравӣ намоянд

Аз ин рӯ, дар асоси далелҳои шаръии дар боло зикршуда пешниҳод менамоем, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ин амали носавоби тоҷиронро ҳамчун амали ғайришаръӣ баҳогузорӣ намояд.

ҳамчунон, ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунем, ки нисбати он тоҷироне, ки нархи маводи хӯрокаи ниёзи аввалияро ба таври сунъӣ дар моҳи шарифи Рамазон баланд мебардоранд, таҷрибаи ҷаримагузориро нисбати он тоҷироне, ки  дар ибтидои моҳи марти соли равон дар робита ба паҳншавии каранавирус нархҳоро баланд бурда буданд, пиёда созад.

Нурулхақов Қамар

Яндекс.Метрика