Мактуби иттилоотӣ

Мактуби иттилоотӣ
 
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки тибқи банди 49 Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 № 79 аз 1 марти соли 2019 ба уҳдаи муассисаи мо дар нимсолаи аввал баргузор намудани Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ҳамкории марказҳои илмӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои иттилоотӣ: дастовардҳо ва мушкилот” вогузор шудааст. 
Хоҳишмандон метавонанд фишурда ва матни комили гузориши худро ба Кумитаи тадорукоти Конференсия то 23.04.19 ирсол намоянд.
   Мавзӯъҳои меҳварӣ:
инъикоси масъалаҳои динӣ-сиёсӣ дар ВАО: вазъи кунунӣ ва мушкилот;
тафовути назари рӯзноманигор ва коршиносон дар инъикоси масъалаҳои динӣ; 
усули баёни низоъангез дар ВАО:  сабабҳо ва паёмадҳо;
нақши ҳамкории расонаҳо ва коршиносон дар ташаккули тафаккури созанда;
ҷойгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули фазои иттилоотӣ;
роҳҳои тақвияти ҳамкории расонаҳо ва коршиносон;
– нақши коршиносон ва марказҳои илмӣ дар баланд бартоштани сатҳи тахассусии намояндагони расонаҳо;
Барои тамос бо Кумитаи тадорукот:
734025 Душанбе, х. Рўдакӣ, 40, ошёнаи 8. 
Tel: 00992 2272885; 00992 2272574. 
Яндекс.Метрика