Марги олим - марги олам

Ин субҳ яке аз донишмандони  ислом ва  аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои тоҷик Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ҷасади ӯро имрӯз, 14-уми апрел дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супориданд.
Тавре дар сарчашмаҳо омадааст, домулло Ҳикматуллоҳ таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.
Ба гуфти наздиконаш, беш аз як сол буд, ки аз беморӣ азият мекашид. Маъруфтияти ӯ марзҳои Тоҷикистонро убур карда буд. Ҳаводорони бешумори Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи  Тоҷикободӣ на танҳо тоҷикон, балкии ӯзбеку қирғизу қазоқ ва ҳатто русҳо низ буданд ва барои гирифтани як каф дуо ба дидори эшон меомаданд, ӯро дӯст медоштанд, аз ақидаҳояш пайравӣ мекарданд.
Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳ олим ва донишманди фиқҳи исломӣ, хусусан мазҳаби ҳанафия, адиб, муаллифи чандин асарҳои илмиву адабӣ, муррабӣ ва шахсияти барҷастаи динӣ дар кишвар ва берун аз он эътироф шудаанд.
Асарҳои навиштаи эшон барои насли имрӯза ва оянда  манфиатовар ва мондагоранд.
Марҳум дар замоне, ки арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, аз ҷумла арзишҳои милливу мазҳабӣ аз ҷониби баъзе шахсон ва равияву мазҳабҳои ба истилоҳ «навбаромад» бо ҳадафҳои ғаразнок мавриди таҳрифу бозхоҳӣ қарор мегиранд, ҷиҳати покиза нигоҳ доштани арзишҳои мазҳабии сунатӣ самимона саъю талош менамуд, бо сухан ва навиштаҳояш ин арзишҳоро қотеъона дифоъ мекард. Ӯ дар тамоми суханрониҳо ва асарҳояш пайваста аз мазаҳб тарафдорӣ намуда, дар побарҷо ва беолоиш мондани мазҳаби ҳанафӣ дар минтақа таъсири беандоза гузоштааст. Махсусан дар китобашон "Ҷавшани амон аз даврони шамшери буррон" аз мазҳаби бузурги ҳанафия дифоъ намуда, доимо кӯшидааст, ки мазҳаби ҳанафиятро аз тамоми олудагиҳо пок нигоҳ дошта, қудсияти динро ҳифз намояд.

Яндекс.Метрика