Маркази исломшиносии Тоҷикистон бо Маркази муколамаи адёни Қатар ҳамкорӣ ба роҳ мондааст

Соли сипаригардида Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази мукола­маи адёни Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Матлаби мазкурро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода баён дошт.
Ф.Баротзода зикр кард, ки ҳамчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Маркази иттилоот ва омӯзиш­ҳои русӣ-арабии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ҷиҳати баррасӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ар-Риёз ирсол карда шуд.
Марказ бо Институти «Инъикоси сулҳ ва ҷанг» (IWPR) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, коршиносони он дар самти баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон ва ходимони дин дар Тоҷикистон тренингҳо баргузор намуданд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ 176 китобу  маҷмӯа ва брошураҳо, 1119 саҳифа варақаи таблиғотӣ, сабти 136 адад фитта, 1 планшет, 7 телефони мобилӣ, 11 адад хоти­раи беруна (флешка), 3 адад диски сахти пешниҳод­шударо мавриди ташхис қарор дода, хулосаҳои коршиносии худро пешниҳод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои асосии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон мебошад.
Яндекс.Метрика