Масъалаи «Итоати ҳар амири одил ва ҷобир ва султон фарз аст» дар рисолаи "Саводу-л-аъзам"-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ

Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад Исмоил ибни Иброҳим ибни Зайд ал-Ҳаким ас-Самарқандӣ (ваф. 953м.) фақеҳи машҳури садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ мебошад, ки осору таълимоташ барои ташаккули мактаби эътиқодии ва фиқҳии ҳанафӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон таъсири амиқ гузоштааст. Ҳаким ас-Самарқандӣ дар замони Сомониён умр ба сар бурдааст. Дар ин давра  бо хидояти амир Исмоили Сомони (хукм. солхои 892-907) ӯ рисолае ба унвони "Саводу-л-аъзам", ки дар ағлаби сарчашмаҳо таҳти унвони "Рисола дар ахкоми фиқҳи ханафӣ" низ ном бурда шудааст, таълиф намуд. Дар ин хусус дар оғози рисолаи мазкур омадааст, ки "амири одил - Исмоил бифармуд мар Абдуллох ибни Абиҷаъфарро ва боқӣ фуқаҳоро, ки: "Баён кунед мазҳаби рост ва тариқи суннату ҷамоат - он ки падарони мо бар он будаанд". Пас аимма ва ӯ ишорат карданд ба Хоҷа Абулқосими Самарқандӣ ва онро гуфтанд: "Пайдо кун моро роҳи рости суннату ҷамоат, он ки пайғамбар, алайҳиссалом, бар он буд. Ва бифармуд, то тасниф кард ин китобро ба тозӣ (арабӣ) ва ба наздики амири Хуросон оварду арза кард. Ҳама писандиданду гуфтанд: "Роҳи рости суннату ҷамоат ин аст". Пас амири Хуросон бифармуд, ки: "Ин китобро ба порсӣ гардонед, то чунон ки хосро бувад, оммро низ бувад ва манфиат кунад ва мазҳабро некӯ бидонанд ва аз ҳаво ва бидъат дур бошанд".  Тарҷумаи порсии дарии асар низ аз тарафи худи Хакими Самарканди сурат гирифтааст: "Пас ман (яъне Ҳакими Самарқандӣ) ин китобро ба порсӣ ҷамъ кардам, зеро ки он хост амири Хуросон Нуҳ ибни Мансур, раҳматуллоҳи алайҳи, аз паси он ки уламои кулли Мовароуннаҳрро ҷамъ кард, то пайдо карда ояд эшонро роҳи рост ва сирати расул, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ва ёрону хулафои рошидин, ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаин" (3, 20-21; 12,.95). Рисолаи  «Саводу-л-аъзам»-и Ҳакими Самарқандӣ муддати тӯлонӣ ҳамчун сарчашмаи аслӣ дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоати ҳанафӣ дар байни суннатгароён корбурд дошт ва бегумон яке аз сарчашмаҳои арзишманд дар шинохтиу омӯзиши мактаби ҳанафиёни шарқӣ мебошад.      

Рисолаи мазкур дарбаргирандаии 61 масъалаи эътиқодӣ мебошад, ки муаллиф ба ҳар яки он бо овардани далелу бурҳонҳои нақлию ақлӣ посух додааст. Мо дар ин навишта масъалаи тасмим гирифтем то масъалаи «Итоати ҳар амири одил ва ҷобир ва султон фарз аст»-ро пешкаши хонанда намоем.

     Ин масъала зери рақами 7 омадааст ва чунин оғоз мегардад: «Масъалаи ҳафтум он аст, ки аз паси ҳар амире-ҷобир бошад ё одил, намоз раво бувад, зеро ки тоат доштани султон фариза аст ват арки вай осӣ шудан ва маъсият аст ва бидъат. Ва ҳар ки султонро тоат надорад, он ҳаводор бошад, зеро ки Ҳақ Таъоло фармуда дар китоби худ, ки: «Аййуҳо-л-лазина оману атиъу-л-Лоҳа ва атиъу-р-русула ва ули-л-амри минкум» (Нисо, 4;59). 

     Эй муъминон, Худои азза ва ҷалларо тоат доред ва Расулро тоат доред ва амиронро тоат доред!

     Расул гуфт, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ки «дуои бад кардан мар амиронро бидъат аст». Ва гуфт: «Ё Раб, мар амиронро нек гардон ва ҷоҳилонро бар эшон мусаллат магардод».

      Ва Расул гуфт, алайҳи-с-салоту ва-с-салом: «Агар на амирон ва на фақиҳон будӣ, натавонистандӣ, ки Худойро, азза ва ҷалла, ба ихсол парастанд».

       Ва Хоҷа Ҳасани Басрӣ, раҳмату-л-Лоҳи алайҳи, гуфт: «Агар маро касе гӯяд, ки яке дуои ту мустаҷоб хоҳад шуд, ман он дуо султонро кунам, зеро-н ки чун он дуо худро кунам, як танро дуо карда бошам. Ва агар модару падарро кунам, ду танро хоста бошам. Ва чун султонро дуо кунам, ҷумлаи халқро хоста бошам, чун дар салоҳи султон салоҳи муъминон аст ва дар фасоди он фасоди муъминон аст».

     Ва бояд чун рофизиён набошӣ, ки эшон бар султон берун оянд ва шамшер кашанд. Ва ба ҳеч ваҷҳ бар султон осӣ набояд шуд. Агар адл кунад, музд ва савоб ёбад ва агар зулм кунад, базаҳ (гуноҳ) ва азоби онро бикашад. Ба ҳама ваҷҳҳо султонро тоат бояд дошт. Ва ҳар ки султонро тоат надорад, он аз хавориҷ бошад. Ин миқдор бас бувад хирадмандро».

 

Таҳияи М.Шодиев

Яндекс.Метрика