Мақдисӣ ва Абӯҳанифа

Дар миёни осори ҷуғрофии исломӣ асари Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абубакри Мақдисӣ бо номи «Аҳсану-т-тақосим фи маърифати-л ақолим» ҷойгоҳи вижа дорад. Ў бештари қаламрави хилофатро дар поёни қарни Х дарнавардида, ҷуғрофия ва ахлоқу одоти ақвому миллали мухталифро тасвир кардааст. Мақдисӣ перомуни дарёву кўҳу роҳу дашту саҳро ва иқлими манотиқи гуногун маълумот дода, зимни тасвири нуқоти ҷуғрофӣ фаъолиятҳои ҳирфаӣ, авзои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва мазҳабии мардумони ин ё он сарзаминро баён кардааст. Муаллифи «Аҳсану-т-тақосим» инчунин аз чигунагии забону лаҳҷаи минтақаҳоро низ ёдовар шудааст, ки дар камтар китобе назири онро метавон мушоҳида кард. Асари Мақдисӣ гузашта аз ин, сарчашмаи нодир аст доир ба авзои мазҳабии рӯзгори ӯ. Вай аз ихтилофоти мазҳабии ҳоким бар ҷомеаи асри Х-и Хуросону Мовароуннаҳр ҳикоят мекунад ва аз паёмадҳои ногувори он ҳушдор медиҳад. Асрори муваффақияти асарро бояд дар рамузи кор ва ҷиддияти рафтори муаллиф ҳангоми ҷамъоварии мавод ҷустуҷў кард. Ў менависад: «кишварҳоро гаштам, ба иқлимҳои ислом даромадам, донишмандонро дидам, шоҳонро хидмат кардам, бо қозиён барнишастам, бар фақеҳон хондам, бо адибону қориёну муҳаддисон омаду шуд кардам, бо зоҳидону сўфиён даромехтам, дар маҷлисҳои достонсароёну андарзгарон андар шудам…аз мазҳабҳо ҷустуљў намудам, то онҳоро бидонистам». Андешаҳои ин сайёҳи номдор дар хусуси мазоҳиби исломӣ ҷолибанд. Ў маншаъи тамоми мазҳабҳоро чаҳор дониста, мурҷиа, хориҷия, шиа ва муътазиларо аслу решаи мазоҳиби исломӣ меҳисобад. Мақдисӣ дар бораи фақеҳи номдор Абуҳанифа назариёти ҷолибе дошта, ҳанафӣ будани худро таъкид мекунад. Ин ҳолат дар осори фақеҳону адибону муаррихони араб камтар дида мешавад. Зеро мактаби фиқҳии Абуҳанифа бештар миёни мардуми ғайриараб паҳн гардида, оммаи араб ғолибан аз мактабњои моликӣ, шофеъи ё ҳанбалӣ пайравӣ кардаанд. Ба навиштаи ӯ ҳангоми сафарҳои пайваста боре аз шайхҳои араб бо номи Абумуҳаммади Сайрофӣ аз ў мепурсад, ки «ту шомӣ ҳастӣ ва мардуми он сомон аҳли ҳадису пайрави фиқҳи шофеъӣ ҳастанд, чаро ту бар фиқҳи Абуҳанифа меравӣ?» Мақдисӣ ҷавоб медиҳад, ки ба се далел аз Абуҳанифа пайравӣ мекунам: нахуст он, ки Абуҳанифа бар гуфтаи Алӣ такя мекунад ва пайғамбар гуфтааст, ки ман шаҳри илмам Алиям дар аст. Инчунин бар гуфтаи Абдуллоҳ ибни Масъуд такя мекунад, ки пайғамбар изҳор дошт, гуфтаи ўро барои умматам меписандам; дуввум ман ўро қадимтарини пешвоён ва наздиктарини эшон ба ёрону парҳезгортарину обидтарини эшон ёфтам. Пайғамбар низ гуфтааст, куҳанро дарёбед. саввум дидам, ки ў дар як масъала роҳи дуруст рафта ва дигарон ҳамагӣ ошкоро нодуруст гўянд. Абўшанифа гирифтани муздро барои корҳои тақаррубӣ (пешнамозӣ, муаззинӣ ва ғ.) ҷоиз намедонад. Он марди араб дар ҷавоби ман гуфт: «ай Мақдисӣ мўшикофӣ кардаӣ!» Мақдисӣ дар ҷое дигар менависад, ки: «ҳар гоҳ гурўҳе нодон Абуҳанифаро накўҳиш кунанд, мардумони донишманд, ўро меситоянд, ки худо дили ўро чӣ гуна баркушуд, то бо қонунгузории худ мардумро баросуд. Ў шиканҷаву зиндонро бар қозӣ шудан баргузид. Оре монанди Абуҳанифа ҳеҷ гоҳ дида намешавад».
Муаллифи «Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ил ақолим» зимни тасвири Мовароуннаҳр ва сираи ҳукуматдории Оли Сомон менависад, ки «дар фарҳанги хонадони сомонӣ чунин аст, ки донишмандонро бар баробари шоҳ маҷбур ба заминбўсӣ намекунанд… Гароиши эшон ба мазҳаб ва роҳи Абуњанифа аст…». Ихлосу пойбандии Сомониён ба мазҳаби Абуҳанифа ва гиромидошти донишмандонро мушоҳида карда, Мақдисӣ дар охир чунин менависад: «марг бод бар душманони хонадони сомонӣ». Сайфуллоҳ Муллоҷонов - мудири шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ.

Яндекс.Метрика