Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: «ЭР-граф», 2018. – 296 с.
Дар маҷмўаи сеюми мақолаҳои илмӣ масъалаҳое баррасӣ гардидаанд, ки дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзўи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2015-2019) пешбинӣ шудааст. Дар зимни он ҷойгоҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар ислом, ҳадафҳо ва заминаҳои пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ дар минтақа ва Тоҷикистон, тарғиби ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозгўи масоили динию ирфонӣ дар адабиёти форсу тоҷик, омили динӣ дар раванди муҳоҷират, вежагиҳои татбиқи қонуни танзим, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами марбут ба мақом ва нақши ислом дар ҳаёти динӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шудаанд. Итминон дорем, ки маводи китоби сеюм низ барои оли-мону коршиносони бахшҳои диншиносӣ, исломшиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатши-носӣ, фарҳангшиносӣ, таъриху адабиёт, мероси ниёгон ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.
Яндекс.Метрика