Маҷмӯаи илмии «Хусусиятҳои равандҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ -идеологии исломи муосир ва масъалаи рушди давлатдории миллӣ» нашр гардид

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи илмии «Хусусиятҳои равандҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ — идеологии исломи муосир ва масъалаи рушди давлатдории миллӣ»-ро дар ҳаҷми 352 саҳифа ба чоп расонид, ки дар он натиҷаи таҳқиқоти илмии кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардидааст. Дар маҷмӯа ҷанбаҳои мухталифи ҷараён ва равандҳои сиёсӣ ва идеологӣ дар замони муосир, заминаҳои ихтилоф ва бархурдҳои сиёсӣ дар кишварҳои исломӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои назариявию амалии бартараф кардани таъсири манфии бархурди унсурҳои миллӣ ва динӣ дар фазои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-динии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтаанд.

Маводи ин китоб барои коршиносони бахшҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, таъриху адабиёт ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.

Яндекс.Метрика