МЕҲРГОН - ҶАШНИ СИПОСГУЗОРИВУ СУРУРИ ТОҶИКОН

         Ҷашни Меҳргон бинобар ахбори бостоншиносону муаррихон таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Меҳргон ёдгори рӯзгорони гузашта ва шоҳиди ҳузури дерпойи ниёгони мо дар паҳнои таърих аст. Бештари муаррихону адибони гузашта, аз барпоийи ин ҷашн зебо хабар додаанд.
           Меҳргон чун ҷашнҳои дигари мардуми ориёӣ аз чанд ҷанба - табиӣ, устураӣ, дин ӣва сиёсӣ таркиб ёфтааст.
              Табиат бештарин асаргузориро дар ташаккули ҷашну ойинҳои мардуми мо гузошта. Ҳар ду ҷашн Наврӯзу Меҳргон ду қутби солро месохтанду баробарии рӯзу шабро нишон медоданд, ё ба таъбири дигар ин ду ҷашн эътидоли кайҳонӣ доранд. Пас аз Наврӯз бузургтарин ҷашни аҷдоди мо Меҳргон дониста мешавад. Ин ду ҷашн дар рӯзгори баробарии рӯзу шаб таҷлил мегардид ва яке бедории табиат ва дигари борвар гаштани он, аввалӣ рӯзгори киштан ва дигаре мавсими даравидан. Ҳамчунон корофаринӣ, танро ба ранҷ андохтан ва андӯхтану осудан. Дар Наврӯз бандагон мекоранд ва дар Меҳргон бармедоранд. Ба ҳамин хотир, муҳимтарин рукни ин ҷашн ба намоиш гузоштани неъматҳову ганҷҳои табиат буд, ки бо заҳмату ҷонфишониҳоии марди кишоварз ба самар менишаст. Баъзе манобеи таърихӣзикр мекунанд, ки аҷдоди мо дар гузаштаҳои дур ҷашни Меҳргонро, ки ба Меҳрмоҳ рост меояд оғози соли нав медонистанд. Чун ҳамаи рӯзҳо ном доштанд ва агар номи рӯз бо номи моҳяке мешуд, ҷашн дар он рӯз қарор мегирифт. Рӯзи 16-уми меҳрмоҳ  Меҳр ном дошт, ки ҷашни Меҳргон он рӯз оғоз мегашт. Дар давраҳои баъдӣ фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз мабдаи сол қарор гирифт.    
         Меҳргон аз ҷанбаи устураӣниз холӣнест. Бар асоси боварҳои мардумӣин рӯзи набарди Аҳурамаздо ва Аҳриман буда, дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ зимни тасвири подшоҳии Фаридун, ки аз бузургтарин шоҳони пешдодӣ ба шумор меояд, аз ҷашни Меҳргон ёдоварӣ мешавад. Дар ин рӯз Фаридун дар набард бо Заҳҳоки ситамгар пирӯз берун меояд ва бо гурзе бар сари он нобакор кӯбида, ба ҳукумати як дадманиш поён мебахшад.Фирдавсӣ, ки бештар зери таъсири идеологии замони сосонӣқарор дорад, Меҳргони фаридуниро низ бар асоси боварҳои рӯзгори баъдӣ тасвир карда менависад:
Парастидани Меҳргон дини ӯст!
Таносониву хӯрдан ойини ӯст!
Дар ҷойи дигар ба муносибати ин ҷашн оростани кишвар ва даст ба кор шудани шоҳу мардумро тасвир намудааст:
Биёрост айвони кайхусравӣ,
Бипирост девони ӯаз навӣ
       Перомуни ҷанбаи динии ҷашни Меҳргон бояд ҳаминро гуфт, ки он дар айёми қудрати Сосониён, ки тахту минбарро баробар карда буданд, ҷанбаи мазҳабии ин ҷашнниз ранге дигар гирифту ин ойин ҷомаи нав ба бар кард. Ҳаноме ки руҳониёни зардуштӣба кисвати динӣ дармеомаданд, ба ёди муборкии ин рӯз дар оғози олам ё рӯзгори Фаридуни фаррухсиришт гурзи говсаре ба даст мегирифтанд, ки он сумбули набарди ахлоқӣбо бадиву нопокӣ дониста мешуд. Донишманди машҳури ғарб Артур Кристенсен навиштааст, ки яке аз сипоҳиён бар баландии кохи салтанатӣ қарор мегирифт ва фарёд мезад, ки «Ай фариштагон! Ба олам фурӯд оед ва шайотину бадкоронро бизанеду аз дунё биронед». Аммо қисмати муҳими ин ҷашн ва фалсафаи он, сипосгузорӣ ба пешгоҳи офаридагори яктову беҳамто барои вуфури неъматҳояш дониста мешавад.
        Меҳргон низ чун Наврӯз бо тантанаи умуми мардум оғоз гашта,  бо маросими расмии пайвастани хаввос, яъне шоҳону бузургон ба анҷом мерасид. Метавон тахмин кард, ки ин табақабандии ин ҷашн низёдгори айёми охир (рӯзгори Сосониён ки ашрофияту бартариҷӯии табақотӣба авҷрасид) буда, ҳосили дахолати муғону ашроф аст, ки ҳамвора хостаанд худро аз мардум ҷудо кунанд ва бо ин шиорҳои табақотиву ангезаҳои сиёсӣ шукӯҳи дерини ойини некӯро костаанд. Яке аз далоили камрангии ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон дар охири рӯзгори Сосониён, ки камари мардумон аз ситаму ҷафои онҳо хам гашта буд, ҳамин бедоди ситамшоҳӣ будааст. Шоҳаншоҳоне, ки бар дӯши мардумон нишаста, бо номи дин ва арзишҳову ифтихороти миллӣ ҷиноятҳои фаровон карданд ва номи неки гузаштагонро низ ба табоҳӣ кашиданд.   
          Шоҳону фармонравоёни гузашта, ҷашни Меҳргонро инчунин ба хотири он меписандиданд, ки чун ин фасли заррин хону хазинаи ононро низ ороста месохт. Дар ҳамин фасл буд, ки молиёт аз гӯшаву канор сарозер мегашт ва хазинаро маъмур месохт. Ин расм садҳо сол пойбарҷо буд. Фармон равоён дар ҷашни Меҳргон сон дидани лашкарро бо ҳузури сафирони кишварҳои дигар фурсати муносиби таблиғва шукӯҳу шаҳомати худ медонистанд. Аз ойинҳои меҳргонӣ, ки дар аҳди Сососниён хеле маъмул гардида ба замонҳои баъд низ расид, мусиқии хосси меҳргонӣ буд. Низомии Ганҷавӣдар достони ошиқии Хусрави Парвиз – шоҳанҳоҳи пуровозаи сосонӣ яке аз лаҳнҳои мусиқиро «меҳргонӣ» номидааст. 
           Истилои араб, ки яке аз ҳадафҳояш ҷорӣ кардани расму ойини нав буд, бисёре аз ҷашну идҳои мардуми маҳаллиро аз байн бурд, вале осори онро комилан натавонист маҳв созад. Умавиён бо вуҷуди душманӣ бо русуми миллали ғайриараб, аз ҷумла тоҷикон, чун расми ҳадя додани мардумро писандиданд, бо баргузории Меҳргон мухолифати ошкоро накарданд. Аммо Меҳргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ аз давраи Аббосиён, ки парвардаву баркашидаи мардуми Хуросон буданд, равнақи дигар гирифт. Халифа Маъмун (813-833) беш аз дигарон ба ҷашнҳову маросимҳои мардуми Хуросон таваҷҷӯҳ дошт. Дар айёми таҷлили Меҳргон аз гушаву канори хилофат мардум сарозер мешуданд ва барои халифа ҳадя нисор мекарданд. Донишмандон дар ин фасли саховатпеша осори хешро пешкаш мекарданд, шоирон шеър ва мутрибону овозхонон низ базми дарборро равнақме бахшиданд. Ба навиштаи Табарӣ мардуми Бағдод – пойтахти Аббосиён ҳангоми ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллии мо тоҷикон шаш шабонарӯз шодиву нишот мекардандва гоҳе маросиму гаштугузор ва шодии онҳомояи озори мардум мегашт. Дар ҷашни Меҳргон, ки ба моҳи Меҳр (охири сентябр нимаи октябр) рост меомад, халифаҳо ба сардорони шоистаи низомӣ ва дарборӣ хилъату нишон мебахшиданд ва мардум василаҳои зиндагиро нав мекарданд.
         Хонадони Бармакиён ва Фазл ибни Саҳли Зурриёсатайн ки тоҷиктабор буданд, барои таҷлили шоистаи идҳои Наврӯзу Меҳргон санги тамом мегузоштанд ва аз хазинаи кишвар харҷҳои ҳангуфт мепардохтанд. Ба навиштаи Замахшарӣ Фазл ибни Саҳл боре дастур дод, ба шоире, ки дар васфи Меҳргон бо забони арабӣ шеъри баланд гуфт, ҳадяи фаровон доданд. Гуфтанист, ки таҷлилу гиромидошти ҷашни Меҳргон дар он рӯзгор, ки сафи мутаассибон тадриҷан меафзуд, кори осоннабуд ва фарҳехтагоне ки дар ин самт талош мекарданд, ҷон бар каф гирифта, ойину русуми миллиро гиромӣ медоштанд ва гоҳе аз нафрину лаъни фақеҳон низ бебаҳра намемонданд.
      Ҳаминтавр, Тоҳириёну Саффориёну Сомониён низ ба тақлид аз Бағдод дар замони салтанати худ Меҳргонро пос доштанд. Сомониён, ки ба русуми куҳан бештар арҷгузошта, ба решаҳои устувори тоисломии худ мубоҳот меварзиданд, дар гиромидошти ҷашну аъёд талоши фаровон карданд. Хидмати Сомониён бо зинда нигоҳдоштани ин расми куҳан поён намепазирад. Интиқоли мероси куҳани миллӣ ба наслҳои баъдӣ  ва силсилаҳои ҳукуматгари дигар аз ҷумлаи корҳои шоистаи Сомониён буд. Дудмонҳои маҳаллии Хоразму Хатлон, Чағониёну Бадахшон, Гузгонону Мукрон ва ғайра ба сирати амири Хуросон пайравӣ карда, ҷашни Меҳргонро ба як тантанаи умумимиллӣ табдил сохтанд.  Манучеҳрӣ шоири пуровозаи Хуросон қаламрави баргузории ин ҷашнро фаротар аз марзҳои тоҷикнишин гуфта, дар қасидаи ғаррои хеш ба ин ишорат мекунад:
Бархез ҳон! Ай ҷория! Май дарфикан дар ботия!
Ороста кун маҷлисе, аз Рум то Армения!
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни накӯйи хусравон!
Норинҷу нору арғувон, овард аз ҳар ноҳия!
Ангурҳо бар шохҳо, монандаи чамчохҳо,
Водиҷашон чун кохҳо, бустонашон чун ловия!
          Таҷлилиҷашнҳои Наврӯзу Меҳргонро бо тақлид ба Сомониён амирони Ғазнин низ  пуршукӯҳ баргузор мекарданд. Аз корҳое ки салотини ин хонавода дар Меҳргон мекарданд, ин буд, ки дарвозаи зиндонҳо боз мешуд, ба рӯйи бенавоён низ дари хайр мегушуданд ва ба онҳо инъому ҳадя нисор мекарданд. Фузалову шуароро боз хонда, базму маҳофили шод меоростанд, ба аҳли табъу завқсиму зар мебахшиданд. Ба ривояти Байҳақӣ дар рӯзҳои Наврӯзу Меҳргоназ вилоёти тобеъ ҳадоёи зиёди ҷашнї расида, таъомҳои мутанаввеъ тайёр мекарданд. Ба ифтихори ҷашнҳову расиданихабарҳои хуш базми шоҳона ва ба вижа маҷлиси шароб барпо мегашт. Дар ин гуна маҷолис занони пойкӯб ширкат ва шодиву  базморої мекарданд. Чунонки замоне амир дар Тирмиз буд, пас аз он ки хабари фатҳи Макрон расид, нишасти шаробро хеле гарм аз сар мегирифтанд. Дар маҷлиси шароби амир ҳар кас наметавонист ширкат кунад ва ҳузур дар чунин базм барои аҳли дарбор ва мардуми ҷоҳталабу чоплуси он рӯзгор ифтихор буд. Ҳатто вақте Масъуд даъвати падарро барои ширкат дар маҷлиси шароб мешунавад, шодӣ мекунад. Маҳмуд ба писараш мегӯяд: «Навбате диранг кун, ки мо нишоти шароб дорем ва мехоҳем, ки туро пеши хеш шароб диҳем, то ин навохт биёбӣ. Амир Масъуд ба хаймаи навбат бинишасту шод шуд бад-и н фатҳ»
     Бештари қасидаҳои дигар шоирони дарбори Ғазнин, аз ҷумла,Фаррухии Сиистонӣ ба муносибати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада будааст. Ӯдар якқасидаи худ амири ҳамзамонашро даъват мекунад:
Ба сад Меҳргони дигар шод кун дил,
                                 Ки ту шодиву Фаррухиро сазоӣ.
         Шоирону адибони мо дар садаҳои баъдӣниз барпо доштани ҷашни Меҳргонро дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр таъкид карда, онро фурсате барои шодиву сурури бештар медонистанд. Ҳамлаи хонабаркани муғул, ки шерозаи сарварию солории тоҷиконро аз ҳам гусехт, ин ҷашни зеборо ба фаромӯши супурд ва имрӯз ин ҷашн дубора дар ватани он эҳё шуда, фурсатест барои шодиву нишоти ҳамзамонон.
 
        
Сайфуллоҳи Муллоҷон – д.и.т., мудири шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ.

Яндекс.Метрика