Моҳияти моҳи шарифи рамазон

Моҳи мубораки Рамазон аз ҷумлаи он раҳматҳое беҳамтои Худованд барои мусулмонон аст, ки баҳрагирии ахлоқӣ - маънавӣ аз он  ба шинохти моҳияти аслӣ ва риояи  аҳкоми  он вобаста аст. Зеро барои дарки моҳияти он  назар  ба Қуръони карим, ки худ дар ҳамин моҳ нозил шудааст ва ҳам васфи онро кардааст, амри зарурист. Зеро аксарияти мардум рӯза доштанро танҳо дар гуруснанишинӣ мебинанду халос, дар ҳоле, ки Худованд  дар Қуръони каримаш беморон, мусофирон ва афроди нотавонро аз рӯза доштан  манъ кардааст ва риояи ин амр аз нигоҳи динӣ ҳатмист. Зеро Худованд таъкид мекунад, ки дар вақтҳои муносиб қазои онро барпо доранд. Моҳияти қазоӣ доштани он дар он аст, ки гуруснанишинӣ аз нигоҳи тиб ба саломатии инсони солим фоида дорад.

Инчунин аҷри савоби зикру дуо дар тамоми моҳи мубораки Рамазон, махсусан дар шаби қадр  беандоза зиёд аст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки тибқи таълимотҳои дини ислом дар ин моҳи муборак дарҳои раҳмат  ва мағфират кушодаву шайтонҳо дар занҷиранд, аз ин рӯ, аъмол ва дуоҳои бандаҳо мақбул аст.

Дар анҷоми амалҳои нек дар моҳи мубораки Рамазон  дар  ҳадисе Паёмбари Ислом Муҳаммад (с)  фармудаанд: “... бар фақирону мискин ҳоятон садақа кунед, бузургонатонро икром кунед, бар хурдҳоятон раҳм кунед, пайванди хешу табориро маҳкам нигоҳ доред, забонатонро ҳифз кунед, чашмҳоятонро аз он чи назар ба он ҳаром аст, бипӯшонед, гӯшҳоятонро аз он чи шунидани он ҳаром аст ҳифз кунед, ба ятимҳо муҳаббат кунед, то ба ятимҳои шумо муҳаббат кунанд ва ба сӯи Худо аз гуноҳҳоятон тавба кунед”.

Дар ин ҳадис ду навъ дастурот; яке дастури иҷтимоӣ ва дигаре дастурҳои ахлоқи маънавӣ зикр шудааст. Як теъдоди амалҳо агар  моҳиятан пайвандгари инсоният бо ҳамдигар бошанд, зумраи амалҳои дигар бошанд  пайвандагари банда бо холиқ  мебошанд. Ҳарчанд ислом  ҳифзи пайванди хешу табориро  бе қайди маврид таъкид карда  бошад ҳам, вале аз ин ҳадис маълум мегардад, ки ин амалро ба унвони  шохисаҳои моҳи рамазон  ном бурда, дар Рамазон ба он таъкиди бештаре  шудааст.

Бе тардид моҳи мубораки Рамазон моҳӣ покӣ ва моҳи тақвову худсозист, моҳе, ки марҳилаҳои наздик шудан ба Худованд аст. Дар ин роҳ бояд имони банда ќавї бошад, то ба ҳадафаш  ноил гардад. Чун омили пайванди  банда ва Холиқ имон аст.  Бинобар ин амали зоҳирӣ наметавонад аҷре назди Худованд дошта бошад, агар он бо имони қалбӣ якҷо набошанд.

 Ҷолиб аст, ки дар моҳи мубораки рамазон рӯзадорон “Лааллакум таттақун” аз тақвои бештаре бархурдор мешаванд, теъдоди амалҳои зишт ба шиддат коҳиш меёбад, зеро тақво омили боздорандае дар баробари амалҳои номатлуб  аст. Бинобар ин барои баҳрагирии бештар аз баракоти моддиву маънавӣ ва осору савобҳои моҳи мубораки рамазон, набояд ба рӯза гирифтан иктифо кард, балки бояд аз кирдори зишт  иҷтиноб кард ва бо худсозӣ пардохт.

Аз ин рӯ, агар тасаввур кунем равиши Қуръон танҳо истидлол дар усули дин ва масоили ақидатӣ аст ва дар он масоили илмӣ дида намешавад, иштибоҳ мекунем, зеро Қуръон пас аз фарз эълон кардани моҳи мубораки Рамазон, чунин мегӯяд “Лааллакум таттақун (тарҷ: шояд шумо тақво пеша кунед)”. Ин андешаи қуръониро фалсафа парҳез аз ҳавои нафсонӣ зикр мекунад, ки дар натиҷаи он банда  худро аз тамоми олудагиҳову ҷиноятҳо дур месозад.

Бадин тартиб моҳи мубораки Рамазон моҳи тақвову нур аст, инсони мусалмон бо гирифтани рӯза ба тақвои бештаре даст меёбад, ба мисли он ки ниҳоли тақво дар замири ӯ реша медавонад. Чун тақво самараи рӯза аст. Тақво бошад дар зиндагии ҳам дунявӣ ва ҳам ухравӣ нақши бузург дорад, барои тақвияти он бояд талош кунем, ин моҳ фурсати муносибест барои расидан ба он.

Дар хотима бояд гуфт, ки хушбахту саодатманд касоне ҳастанд, ки арзиши волои ин моҳро бишносанд ва аз баракатҳои зиёди он баҳра гиранд. Ин моҳ моҳи бедориву худсозӣ аст, ҳамагон бояд дар мустаҳкам намудани иртиботи хеш бо Худованди меҳрубон талош намоянд. 

 

 

Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика