МУЖДАИ НАВРӮЗ ДОИР БА ОҒОЗИ ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари ташаббускори сиёсати ҷаҳонӣ дар масъалаи об, захираҳои обӣ ва энергетика табдил ёфтааст. Қабули Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии СММ дар роҳи расидан ба яке аз се ҳадафи асосии стратегияи рушд – истиқлолияти энергетикӣ оғози гардиши куллӣ маҳсуб мешавад. Воқеан ин гуна ташаббусҳо барои муаррифии кишвари мо ҳамчун нуқтаи муҳими обистони ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд, ки татбиқи назариявӣ ва амалии онҳо маҳз ба шарофат ва файзу баракати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардидааст.
Истиқлолияти энергетикӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурии мо ормони сарнавиштсоз аст ва ба таъбири Пешвои милллат «масъалаи ҳаёту мамот» ба шумор меравад. Ин ҷо танҳо лоиҳаи муштараки CASA-1000-ро бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шудан басанда аст. Дар фарҳанги миллӣ ва динию эътиқодии мо низ мафҳуми об ҷойгоҳи арзишманд дорад. Мардуми тоҷиктабор бо об тарзи ҳаёти шаҳрниши-нӣ ва мулку сарзамини ободонро ифода менамуданд. Истилоҳҳои обод, обу ободӣ ва ободонӣ дар зеҳну тафаккури миллати мо ҳамчун унсурҳои фарҳангсоз ва бунёди шаҳру шаҳристон нақш бастааст. Агар дар забонҳои дигар вожавандҳои град, бург, полос ва ғайра истифода шавад, пас дар номсозии шаҳрҳои мо вожаванди – обод маъмул гардидааст, ки мазмуни рамзии бузургеро дорост барои ифодаи ҷойи сабзу хуррам ва барои зисту зиндагӣ созгор.
Ҷойгоҳи муҳими энергетикӣ будани кишвари мо дар як ҳадиси пайғамбар (с) басо ҷолиб таъкид шудааст: «Сайҳон ва Ҷайҳон ва Фурот ва Нил – ҳамагӣ аз рӯдҳои биҳишт мебошанд». Муҳаддисон чунин гуфтаанд: «Ин чаҳор рӯд бузургтарин рӯдҳои сарзамини Ислом аст – Нил дар кишвари Миср, Фурот дар Ироқ ва Сайҳон ва Ҷайҳон, ки онҳоро Сайҳун ва Ҷайҳун ҳам меноманд, дар иқлими Мовароуннаҳр ҷойгир шудаанд. Ва гӯянд гумони ғолиб он аст, ки мурод аз ёд шудани ин рӯдҳо ҳамоно густариши имон дар ин кишварҳо ва афзоиши баракат болои онҳост. Ба дурустӣ, ҷисмҳое, ки аз ин обҳо ғизо мегиранд, ба биҳишт мераванд. Ва гумони ғолиб он аст, ки ин (ҳадис) зоҳири лафз аст. Ва дар воқеъ, андаруни ин рӯдҳо моддае аз (турбати) биҳишт мавҷуд аст, дар ҳоле ки назди аҳли суннат биҳишт вуҷуд дораду офарида шудааст ва ҳамон ҷойест, ки Одамро аз он берун андохтаанд». Пас, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ва ба такрор кишвари биҳиштӣ ном бурдани Пешвои миллат магар пайванди устуворе бо ҳамин ҳадиси малакутӣ надорад!?
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки татбиқи барномаи нави «Об барои рушди устувор 2018-2028» барои муаррифии шоистаи дав-лати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари бузурги рӯдҳои кӯҳӣ ва ба таъбири қуръонӣ «ҷаннотин таҷрӣ мин таҳтиҳо-л-анҳор» (биҳиштҳое, ки аз зери онҳо рӯдҳо равонанд) мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки ин чорабиниҳо дар доираи барномаи СММ зери унвони «Ҳадафҳои рушди устувор» сурат мегирад ва дар он 17 ҳадаф барои азнавсозии ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Ҳадафи шашуми ҳамин барнома «Оби тоза ва беҳдошти он» мақсад дорад, ки таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва беҳдошти онро барои ҳамагон пайгирӣ намояд. Ин ҳадаф чунин талқин менамояд, ки оби тоза ва дастрас барои ҳама як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонест, ки мо мехоҳем дар он кору зиндагӣ кунем. Захираҳои оби тозаи сайёра барои расидан ба ин орзу басанда аст. Аммо аз сабаби ноустувор будани иқтисодиёт ва зерсохтори номукаммал ҳар сол миллионҳо одамон, ки аксари онҳо кӯдакон мебошанд, аз бемориҳои вобаста ба об, беҳдошт ва гигиенаи нодурусти он фавт мекунанд.
Норасоии об, сифати бади он ва нокифоя будани шароитҳои беҳдоштӣ ба амнияти озуқаворӣ, дарёфти муҳити хуби маишату зиндагӣ ва имконияти гирифтани таълиму тарбия барои оилаҳои камбизоат дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар ин замина хушксолӣ ба баъзе аз кишварҳои фақиртарини ҷаҳон таъсиргузор шуда, вазъияти гуруснагӣ ва камғизоии мардумро бадтар мегардонад. Кор то ҷойе буҳронӣ аст, ки шояд то соли 2050 тақрибан ҳар чаҳорумин сокини сайёра эҳтимолан дар кишваре зиндагӣ хоҳад кард, ки мунтазам камбуди оби нӯшокиро эҳсос мекунад. Тибқи хулосаҳои коршинсон дастрасӣ ба оби бехатар, вазъи беҳдоштӣ ва истифодаи босамари муҳити солими зист барои саломатии инсон, устувории экологӣ ва шукуфоии иқтисодӣ аҳамияти калон дорад.
Сомонаи Маркази иттилоотии СММ хабар додааст, ки то соли 2030 700 миллион нафар аҳолии Замин ба мушкилоти норасоии оби тоза рӯ ба рӯ мешаванд, ки сабаби асосии он натиҷаи идоракунии нокифояи ин захираи табиӣ мебошад. Ин матлаб дар ҷамъбасти хулосаҳои ҳисоботи нави СММ омадааст, ки чунин муроҷиат меку-над: «Биёед ҳар як қатари обро эҳтиёт кунем: мавзӯи рӯз дар соҳаи захираҳои обӣ».
Ҳисоботи мазкур аз ҷониби 11 роҳбари давлатҳои ҷаҳон ва му-шовирони махсус таҳия шудааст. Дар байни онҳо Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳастанд, ки ҳамчун шахсияти меҳварӣ дар татбиқи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд. Ин ҳуҷҷат 14-уми марти соли 2018 ба Дабири кулли СММ ирсол карда шудааст. Бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк чорабинии махсуси сатҳи баланд баргузор мегардад. Чорабинии мазкур бо даъвати Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки шахсони воломақом баргузор мешавад. Аз ҷумла, дар доираи он иштирок ва суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори ин иқдоми глобалӣ, Раиси Маҷмаи умумӣ ва Дабири кулли СММ дар назар дошта шудааст, ки дар ҳошияи он баргузор намудани ҷаласаҳои пленарӣ, мизҳои мудаввар ва намоишгоҳи расмҳо пешбинӣ гардидааст. Боиси сарфарозии мост, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об натиҷаҳои кори Панелро барои ҷаҳониён муаррифӣ хоҳанд кард.
Ин вазъияти хотирмон моро рӯҳбаланд месозад, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандию фарзандӣ водор мекунад, ки мо ин ватанро беш аз ҳарвақта дӯсттар дорем ва ҳар рӯз бештар аз пештар кору фаъолият кунем, то пирӯзӣ насиби орзуву ормонҳои миллати тоҷик ва кишвари маҳбубу азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Аммо дар бобати дурнамои рушди ҷумҳурӣ танҳо таманнои онро дорем, ки ҷомаи амал пӯшидани мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пешбинишуда, ба хусус истиқлолияти энергетикӣ барои миллату давлати Тоҷикистон муяссару муқаддар гардад, ки ба захираҳои обии кишварамон сахт пайванд мехӯрад. Аз ин рӯ, дар фарҷоми сухан месазад бигӯем, ки зиҳӣ давлати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари рӯдҳои кӯҳӣ ба ҳурмати ояти каломи раббонӣ «Ва ҷаъално мина-л-мои кулла шайъин ҳай» – «Ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем».

Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон