Муносибати ислом ба варзиш

Имрӯзҳо шоҳиди густариши риштаҳои гуногуни варзиш дар Тоҷикистони азизамон ҳастем. Ҳазорҳо нафар ҷавонону наврасон ба варзиш машғуланд, ё худ мухлису муҳибби ин ё он намуди варзиш мебошанд. Соҳаи варзиш дар Ҷумҳурӣ барои пешбурди рушду афкори маънавии ҷавонон дар мадди аввал меистад. Пешвои муаззами миллат зарурати рушди варзишро таъкид намуда, дар ин маврид чунин гуфтаанд: “Ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа мебошад”.
Пеш аз ҳама бояд донист, ки варзиш ин тамрини мунтазаму мақсадноки бадан мебошад, ки онро варзишгар барои даст ёфтан ба камолоти ҷисмонӣ, касби нишот ва саломатии бадан ва дигар ҳадафҳо ҳамарӯза тибқи реҷаи муайян ба анҷом мерасонад.
Чун ки аксари аҳолии кишвари азизамонро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, бинобар ин, шиносоӣ бо таълимоти Ислом дар боби варзиш ва ҳаёти солим барои боз ҳам оммавитар гардидани варзиш ва рушди он дар байни мардуми кишвар хеле муфид мебошад.
Саломатӣ меваи варзиш аст. Доир ба аҳамияти саломатӣ аз Паёмбари (с) нақл шудааст: “Ҳар киро танаш солим аст, дар ҷамоати хеш эмин аст ва қуввати хуб дорад, ҷаҳон тибқи муроди ӯст”.
Шахси комил ҳам ба ҷисми қавӣ ва ҳам ба рӯҳи қавӣ эҳтиёҷ дорад. Ҷисми қавӣ барои кӯмак ба бечорагон, ҳимояи марзу бум, рӯҳи қавӣ бошад барои ғалаба бар ҳавои нафсонӣ мебошад. Аз ин рӯ, дини Ислом дар баробари тадбиқи меъёри ахлоқии инсон, ба омодагии ҷисмонӣ диққати ҳамаҷониба дода, машғул шудан ба баъзе намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла аспсаворӣ, вазнбардорӣ, гуштигирӣ, шиноварӣ ва ѓайраҳоро мақбул медонад.
Варзиш ҳамеша инсонро саломат нигоҳ дошта, тавоноии муқобилият кардан ба бемориҳои гуногунро зиёд мекунад, аз ҳама муҳим варзиш танбалиро аз байн мебарад. Дар Ислом ривоятҳои зиёде доир ба сарзаниши танбалӣ ворид шудааст, ки инсон бояд аз он парҳез намояд. Бузурге дар ин бора гуфтааст: “Аз танбалӣ ва беқарорӣ бипарҳез, зеро онҳо калиди ҳамаи бадиҳо мебошанд”. Ҳар кӣ аз лиҳози маънавӣ ва ҷисмонӣ танбал аст вазифаи ба душаш гузоштаро иҷро намекунад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад ва кӯшиш аз тариқи роҳи осон пеш бурдани зиндагиро мекобанд.
Дар ин бора зикр намудан ба маврид аст, ки Паёмбар (с) доим дар дуоҳои хеш аз танбалӣ ба сӯи Худованд паноҳ металабиданд. Аз ин рӯ яке аз омилҳои аз байн бурдани танбалӣ, ин машғул шудан ба варзиш мебошад.
Тадқиқотҳои коршиносон нишон додаанд, ки варзиш дар баробари оне ки абзори арзишманде барои ҳифзи саломатии ҷисмонӣ аст, робитаи наздике бо ҳолати равонии инсон дорад, он изтироб ва афсурдагиро аз байн бурда, эътимод ба нафсро афзоиш медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки варзишгар бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ҷомеа барои тоифаи дигари одамон намуна аст. Иддае ҳатто дар навъи либоспушӣ ва характери аҳррӯзаи худ ба варзишгарон тақлид мекунанд.
Намудҳои гуногуни варзиш аз замони қадим, то ба мо мерос мондааст. Яке аз намудҳои варзиш ин давидан мебошад, ки имконияти машғул шудан бо онро ҳама доранд. Бо ташабусу дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин намуди варзиш диққати махсус дода шуд, ҳар сол дар саросари мамлакат рӯзи махсус барои дави миллӣ эълон карда мешавад, ки дар он на танҳо варзишгарон, балки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон новобаста аз синну сол, касбу кор ва ҷинс иштирок мекунанд. Аслан давиданро модари тамоми варзишҳо номидаанд, зеро тамоми намуди варзишҳо бо давидан алоқамандии зич доранд. Дар ривоятҳо омадааст, ки Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) бо ёрони хеш мусобиқаи дав мегузарониданд, дар ин мусобиқаҳо гоҳо худи Ӯ ғолиб мебаромад, гоҳе дигарон.
Навъи дигари варзише, ки дар осори исломӣ зикр шудааст, ин аспсаворӣ мебошад. Паёмбар (с) аспе бо номи Узбо доштанд, ки бо он ба мусобиқа мебаромаданд. Ғолибан пирӯз мегаштанд, аммо гоҳе ҳам мебохтанд. Овардаанд, ки Паёмбар (с) мусобиқаи аспдавонӣ ташкил медод ва ҷоизаҳоро низ аз моли хеш пардохт мекард.
Навъи дигари варзиш шиноварӣ аст, ки Паёмбар (с) ҳатто амр намудаанд, то умматонаш онро иҷро намоянд. Алӣ (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд: Фарзандонатонро шиноварӣ ва тирандозӣ биёмӯзед.
Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ гуштигириро мероси анбиё ва авлиё донистааст. Дар ин росто дар “Ахлоқи муҳсинӣ”-и хеш чунин мегӯяд: Агар пурсанд, ки ҳунари гуштигирӣ аз ки мондааст? Бигӯ: Аз фарзандони Яъқуб (а). Яъқуб (а) дар ин варзиш моҳир буд ва фарзандони худро таълим медод. Ҳамза амаки Паёмбар (с) низ ғолибан бо санъати гуштӣ гирифтан ҷанг мекард.
Дар ривоятҳо омадааст, ки шабе Паёмбар (с) ба хонаи духтарашон Фотима ворид шуданд. Ӯ ба Ҳасану Ҳусайн, ки дар он хона нишаста буданд, хитоб намуда гуфтанд: Бархезед ва бо якдигар гушти бигиред. Онҳо низ бархоста ва бо гуштигирӣ пардохтанд. Дар ин вақт Фотима барои анҷоми корҳои хона аз утоқ берун шуд. Вақте бозгашт, бо камоли тааҷҷуб мушоҳида кард, ки Паёмбар (с) наберааш Ҳасанро ташвиқ намуда мефармоняд: Ҳасан Ҳусайнро маҳкам бигир ва ба замин бизан. Фотима бо тааҷҷуб гуфт: Падарҷон ин бисёр аҷиб аст, ки шумо писари бузургтарро ташвиқ мекунед. Паёмбар (с) посух доданд: Духтарҷон оё ту розӣ намешавӣ ман ин суханҳоро бигӯям дар ҳоле, ки Ҷабраил мегӯяд: Эй Ҳусайн Ҳасанро маҳкам гирифта ба замин бизан.
Овардаанд, ки Паёмбар дар назди ҷамъияте расиданд, ки дар ҳоли баланд карданӣ вазнҳое аз санг буданд. Ҳазрат аз онҳо суол карданд: Барои чӣ ин корро анҷом медиҳед? Онҳо ҷавоб доданд: То қавитарин ва зӯрмардтарин шахсро бишносем. Паёмбар (с) фармуданд: Оё дӯст доред ман баён кунам барои шумо чи касе аз ҳама нерӯмандтар аст? Гуфтанд: Оре. Гуфт: Қавитарин кас он аст, ки ҳангоми хушнудӣ ба ботил ва корҳои зишт майл накунад, ҳангоми асабоният аз чаҳорчубаи ҳақ берун набарояд ва ҳангоме, ки қудрат ёфт, ба он чи ҳаққи ӯ нест, даст набарад.
Дар умум варзиш яке аз машғулиятҳои муфид барои саломатӣ буда, аз нигоҳи меъёрҳои динӣ низ мамнӯъ набуда, балки бо ишора ба ҳадисҳои Паёмбар (с) маълум гашт, ки варзиш аз нигоҳи дин низ амали раво ва фоидабахш зикр шудааст ва тарғиби он ихтилофе ба арзишҳои динӣ надорад. Пас зарур аст, то ҷавонони худогоҳи миллатро ба ин амр ташвиқу тарғиб намоем, то мисли Беҳрӯз Хоҷазода, Дилшод Назаров, Комроншоҳ Устопирён, Хушқадам Хусравов, Саидҷалол Саидов, Зебуниссо Рустамова, Мавзуна Чориева ва дигарон номбардори ватану миллати азизи хеш гарданд ва ба амалҳои ношоиста чун ифротгароӣ ва бадахлоқӣ даст назананд.
Рамазониён А – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика