Муносибати устоду шогирд дар симои Имоми Аъзам ва шогирдони ӯ

Имоми Аъзам ба ҷуз он ки дар офоқи улуми исломӣ ба қуллаҳои баланд расида буд ва таълиму тадриси ӯ ҳама қаламрави ҷаҳонро фаро гирифт, инчунин дар тарбия низ хеле мақоми боло дорад ва аз боризтарин мураббиёни ислом маҳсуб меёбад. Шогирдон ва дастпарварони ӯ ба маҳфили илмии ӯ меомаданду аз он бо баробари даст ёфтан ба хирад, аз ахлоқу инсонигарӣ низ хеле баҳраи фаровон мебурданд.
Ӯ худ намунаи барҷастаи хоксорон ва парҳезгорон аст, ҳатто ба файзи як суҳбати муаддабонаи ӯ ашаддитарин душманонаш ба зумраи мухлистарин шогирдонаш мепайвастанд.
Ӯ тавонист ба ҷаҳони исломӣ беҳтарин ҳадяе ато фармуда бошад, ки он ҳам ворисон ва шогирдони ӯст ба мисли Абӯюсуф, Муҳаммад, Зуфар ва амсоли онҳо. Ин комёбии бузург ба осонӣ ба даст намеояд. Пеш аз ҳама муаллим пойдевори маънавияту маърифат ва ахлоқро бояд бигузорад. Ҳаёти Имоми Аъзам ва муносибати ӯ бо аҳли ҷомеа, хусусан, бо шогирдон шоҳиди воқеъии ин гуфтаҳост.
Қабл аз он ки дар бобати муносибати Имоми Аъзам бо шогирдон чизеро зикр намоем, шоиста медонем, ки сароғоз намунаи адаби Имомро бо устоди хеш баён бидорем. Агарчи имом Абӯҳанифа дар замони ҳаёти устоди гиромияш Ҳаммод ба дараҷаи иҷтиҳод ноил шуда буд ва синнаш низ кам набуд, яъне дар замони вафоти Ҳаммод ҳудуди чиҳилсола буд, аммо эҳтироми устод монеъ аз ин буд, ки мустақилона кор кунад ва аз устод канорагирӣ намояд. Чи тавре ки худи Имом мегӯяд:
Даҳ сол аз суҳбати устод баҳра гирифтам, сипас хоҳишоти нафс маро амр кард, ки бояд худ сарвар бошам ва хостам аз дарси устод канорагирӣ намоям ва худ мустақилона ҳалқаи таълимӣ ташкил кунам. Як бегоҳ бо чунин азм ба масҷид даромадам, вале ин рафтор маро хуш наомад. Сипас назди ӯ омада, ҳамроҳаш нишастам… Ва бо худ азм кардам, ки то марги ӯ ё марги худ аз ӯ ҷудо намешавам. Ҳамин тавр, ӯро то дами маргаш лозим гирифтам.
Ӯ ки дар ин ҳад эҳтироми устод дошт, шогирдонаш низ хеле ӯро бузургдорӣ мекарданд.
Абӯҳанифа нисбати шогирдон бисёр ғамхор буд. Он панди судманде, ки ба дастпарвари хеш Абӯюсуф карда буд, худ далели чунин самимият аст:
-Бо шогирдонат чунин мухлисона рафтор кун, ки агар касе туро мушоҳида кунад, чунин пиндорад, ки онҳо фарзандони туанд.
Агар ӯ касе аз шогирдонашро заиф ё камбағал меёфт, дар баровардани ниёзҳои хонаводагии ӯ талош мекард, то он шогирд битавонад бо тамоми осудахотирӣ таҳсилро давом диҳад.
Бисёре аз донишомӯзон, ки бинобар тангдастӣ ба таҳсили илм қодир набуданд, аз саховати имом Абӯҳанифа ба дараҷаҳои болои илмӣ ноил шудаанд. Аз ҷумлаи онон, қозӣ Абӯюсуф буд.
Абӯюсуф як маротиба дар дарси Имом нишаста буд, ки падараш маҷбур карда, ӯро аз он ҷо хезонид ва ба хона бурд. Вақте ки ба хона расид, гуфт:
«Фарзандам! Худованд Абӯҳанифаро аз назари ризқ комилан роҳат ва осуда кардааст. Ту чаро бо вай мусобиқа мекунӣ?»
Қозӣ ночор хондану навиштанро тарк кард ва бо падараш ҳамкор шуд. Имом Абӯҳанифа баъди ду-се рӯз аз атрофиёнаш пурсид, ки «Яъқуб чанд рӯз инҷониб ғоиб аст». Вақте Абӯюсуф хабар ёфт, ки Имом аз ҳоли вай пурсидааст, ба хидмати устод омад ва ҳамаи моҷароро ба эшон дар миён гузошт. Абӯҳанифа махфиёна як халтаи хурд ба ӯ супурд. Вақте Қозӣ ба хона баргашт, дид ки дар дохили халта сад дирҳам пул аст. Ҳазрати Имом гуфта буд, ки ҳар вақт тамом шуданд, дубора маро огоҳ кун. Ҳамин тавр, ҳамвора ӯро кӯмак мекард, то вақте ки қозӣ Абӯюсуф дар тамоми улум ба камол расид ва устоди замон шуд.
Ин қисса моро огоҳ месозад, ки Имоми Аъзам нисбати шогирдон ихлос ва ғамхории зиёд дошт. Имом аз ҳоли иҷтимоиву иқтисодии шогирдони худ бохабар мешуд ва дар муомилаи эшон ин ҷонибҳоро риоя мекард. Имом бар ивази таълиму тарбияи шогирдон аз онҳо чизе тамаъ надошт. Баръакс ба онҳо туҳфаҳо мебахшид ва ҳар сол барои эшон маблағ ва идрорпулии муайян тақсим мекард.
Абӯҳанифа боихлос шогирдонро тарбия менамуд ва бо онҳо рафтори хеле самимона дошт. Чун касе аз онҳо бемор мешуд, зуд ба аёдати ӯ мерафт. Боре Абӯюсуф бемор гашт. Абӯҳанифа ба аёдати вай шитофт. Имом Абӯҳанифа, ки ба фарзонагиву камоли Абӯюсуф эътироф мекард, ҳангоми бозгашт ба ҳамроҳон ва дӯстонаш гуфт: «Агар Худо нахоста эшон бимирад, пас бидонед, ки олими тамоми дунё аз миён рафт»
Имом мавқеи ҳар шогирдро медонист ва мувофиқи табиату хислати ӯ рафтор менамуд. Он шогирде, ки шоистаи таҳсин аст, ӯро мадҳ менамуд ва аз ӯ ифтихор дошт. Ҳамчунон ки дар байни шогирдони Имом чанд нафар хеле парҳезгору муттақӣ ва мухлис буданд, Имоми Аъзам ба онҳо мегуфт: «Шумо мӯҷиби оромиши қалби ман ва мӯҷиби бартараф шудани ғамҳоям ҳастед».(
Файзи илм ва ахлоқи Имоми Аъзам бар ҳама шогирдони ӯ асар мегузошт, ки ҳатто дар муддати кӯтоҳ дарси имом чунон машҳур шуд, ки аксари синфхонаҳои дарси устодони дигар беравнақ гашт ва шогирдони эшон ба ҳалқаи дарсии имом Абӯҳанифа пайвастанд. Рафта-рафта кор ба ҷое расид, ки худи устодони онҳо ба монанди Мусъар ибни Каддам, имом Аъмаш ва ғайра омаданд ва аз дарси ӯ истифода карда, дигаронро низ ба ширкат тарғиб менамуданд. Шогирдоне аз қавмҳои мардони гуногуни сарзамини исломӣ дар дарси эшон ҳозир мешуданд. Имом Аъмаш боре дар дарс аз Имом Абӯҳанифа мепурсад, ки ман як масъалаеро ҳал карда натавонистам ва ту дар асоси кадом ҳадис ҳалли онро дарёфтӣ. Имом гуфт: - Дар асоси фалон ҳадисе, ки ту ривоятгари он ҳастӣ. Ин ҳангом Аъмаш ба маҳорати фиқҳии Имом ба ҳайрат омада гуфт: «Дар ҳақиқат фақеҳон пизишконанду муҳаддисон дорухона»
Ҳар суҳбати пурфайзе, ки Абӯҳанифа барпо менамуд, аз ҳикмат ва баракоти фаровон бархурдор буд. Намунаи ин гуна суҳбатҳои соҳибдилона ва фақеҳонаи ӯро мо дар рисолаи ӯ бо номи «ал-Олим-ва-л-мутааллим» аён мебинем, ки он ҷо ба саволҳои мутааллиме бо номи Абӯмуқотил бо ихлос ва маҳорати боло посух додааст. Абӯҳанифа ҳамагонро пеш аз ҳама сӯи илму хирад фаро мехонд. Ӯ мехост, ки ҳама бихонанду бидонанд ва ҳатто ба он мутааллиме, ки бо саволҳои зиёд назди ӯ омада буд, аввалин хитобаш чунин буд:
- Бидон, ки амал пайрави илм аст, ҳамчунон ки ҳаракати аъзои бадан вобаста ба биноист. Илм бо амали андак, аз ҷаҳли ҳамроҳ бо амали зиёд пурфаидатар аст. Мисоли ин маънӣ, дар биёбони хушку беоб доштани тӯшаи андаку лозимӣ ва донистани роҳ муфидтар аст аз надонистани роҳи ободӣ ва доштани тӯшаи зиёд.
Яке аз хислатҳои хубе, ки дар симои Имоми Аъзам нисбати муомила бо шогирдонаш дида мешуд, шунида тавонистани фикру андешаи шогирдон ва ба инобат гирифтани он дар ҳалли масъалаҳои фиқҳӣ буд. Имом бо кӯмаку машварати шогирдон тавонист дар зарфи сӣ сол кори бисёр муҳим, яъне тадвини фиқҳро ба анҷом расонад.
Абӯҳанифа маҳорату истеъдоди шогирдонашро медонист ва бо риояи ин ба онҳо вазифа мегузошт. Ҳамчунон ки Асад ибни Амр дар ҳайати илмии Абӯҳанифа масъулияти гирдовариву навиштани матолибро дошт.
Биёед, акнун аз ҷониби шогирдоне, ки худ ҳар яки эшон фақеҳон ва донишмандони ҷаҳонӣ гаштаанд, бишнавем, ки муҳаббату садоқати худро нисбати устод чи гуна изҳор намудаанд. Оре, Имом, ки худ намунаи бузургон ва соҳибдилон буд, шогирдонаш дар васфи одату кирдор ва илму хиради ӯ чизҳои зиёде гуфтаанд. Абдураззоқ ибни Ҳумон низ дар ҷодаи одату ахлоқи Абӯҳанифа ақволи зиёде дорад, ки онро таърихнигорон дар китобҳои хеш зикр кардаанд. Абдураззоқ худ дар фанни ҳадис шогирди Имом будааст ва дар ҷое мегӯяд: «Ман касеро бурдбортар аз ҳазрати имом Абӯҳанифа наёфтам».
Язид ибни Ҳорун, ки аз Абӯҳанифа дар фанни ҳадис шарафи шогирдӣ касб карда буд, мегӯяд:
«Ман ба мусоҳибот ва ҳамнишинии афроди бисёре ноил гаштаам, аммо касеро бартар аз имом Абӯҳанифа наёфтам».
Абӯосим Набил низ аз шогирдони имом Абӯҳанифа ба шумор мерафт. Хотиби Бағдодӣ дар таърихи худ менависад: «Як маротиба фарде аз вай пурсид: -Суфёни Саврӣ фақеҳтар аст ё Абӯҳанифа? Ҷавоб дод: «Муқоисаи чизҳое мумкин аст, ки бо ҳам ташобеҳ ва наздикӣ бошанд». Имом Абӯҳанифа бунёдгузори фиқҳ аст ва Суфёни Саврӣ фақат фақеҳ аст».
Абӯюсуф ҳангоми вафот бо Худо муноҷот карда гуфт: «Бор илоҳо! Ту медонӣ, ки ман ҳаргиз барқасд қазовате хилофи воқеъ накардаам. Ҳамеша саъйи ман бар ин буд, ки ҳар ҳукму қазовати ман тибқи Қуръон ва суннати Паёмбар бошад. Вақте бар масъалаи мушкиле бархурд мекардам, ҳазрати имом Абӯҳанифаро восита қарор медодам. Ва то ҷое, ки банда иттилоъ дорам, Абӯҳанифа аҳкоми туро хуб дарк мекард ва қасдан ҳаргиз аз роҳи ҳақ берун намерафт».
Зуҳду тақвову фазлу камоли яке аз шогирдони Абӯҳанифа Абдуллоҳ ибни Муборак он қадар мардумро шефтаи худ карда буд, ки умарову султонҳои бузург ба ин мақом нарасида буданд. Як дафъа халифа Ҳорунаррашид ба Раққа рафт. Иттифоқан дар ҳамон рӯзҳо Абдуллоҳ ибни Муборак низ ба Раққа омад. Хабари расидани вай мисли барқ дар миёни мардум печид. Мардум зуд аз ҳар тараф ба сӯи вай шитофтанд. Ва он қадар ғавғо шуд, ки кафшҳои баъзе аз мардум пора гардид. Дар як лаҳза ҳазорон нафар гирди вай шуданд ва вайро ҳамроҳӣ намуданд.
Яке аз занони ҳарамсарои Ҳорунаррашид вақте ин манзараро аз бурҷи кох мушоҳида мекард, бо ҳайрат пурсид: Он ҷо чӣ шудааст, ки мардум издиҳом кардаанд? Атрофиёни дарбор ҷавоб доданд: Олиме аз сарзамини Хуросон ба номи Абдуллоҳ ибни Муборак ташриф овардааст. Ӯ гуфт : «Дарвоқеъ ҳукмронӣ дар дасти эшон аст. Ҳорунаррашид ҳам дилаш хуш аст, ки салтанат ва ҳукмронӣ дорад. Дар ҳоле, ки бе посбону лашкар ҳатто як нафарро наметавонад ҳозир кунад»
Абдулло ибни Муборак яке аз шогирдони маъруфи ҳазрати Имом аст. Вай нисбат ба Имом эҳтироми хосе дошт. Ва эътироф мекард, ки ҳар чи касб кардам, аз файзи суҳбату шогирдии ҳазрати Имом ва Суфёни Саврӣ аст.
Ҳамин тавр, саҳифаҳои таърих симои нафаре аз пешвоёни муҷтаҳидеро дар худ нигоштааст, ки ӯ дар офоқи илму ахлоқ ҳамчун хуршеди тобон тулӯъ бинмудааст. Он марди хирад ба ояндагони хеш захираи барҷастаи фиқҳиеро ҳамчун армуғон ба мерос гузошт, ки то кунун аз он аҳли башар баҳрабардорӣ мекунанд ва эшонро сӯи нуру ҳидоят раҳнамоӣ дорад. Оре, тавзеҳоту дастурот ва симову ахлоқи он қаҳрамони майдони маърифат бароямон манҳаҷи дурустеро дар ибодату низомот ва илоҷи ҳалли мушкилот қонунгузорӣ намудааст, то ҳама вақт комёбӣ насибаи мо бошад. Бешак, Абӯҳанифа намунаи боризтарин устодонест, ки ба ҷаҳон нодиртарин фарзонагонро тақдим намудаанд.

Яндекс.Метрика