Муруре ба таърихи мазҳаби протестантӣ, ақоид, маросиму анъана ва ахлоқу одоби он (қисми I)

Хонандагони азизи сомонаи Маркази исломшиносӣ! Як самти муҳими фаъолияти илмиву таҳқиқотии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – пажӯҳиши таърих, низоми таълимоту эътиқодот ва маросиму  анъанаҳои мазҳабҳои суннатӣ ва ғайрисуннатии насронӣ мебошад. Зарурияти таҳқиқи ин мавзуъ бо ин нукта асоснок карда мешавад, ки дар кишвари тозаистиқлоли мо ба ғайр аз мусулмонон, инчунин, шумораи муайяни пайравони мазҳабҳои гуногуни дини насронӣ ё худ масеҳият дар фазои сулҳу осоишта умр ба сар мебаранд.  Бояд эътироф кард, ки доираи васеи мардуми шарифи тоҷик аз таърих, мазмуни таълимот ва расму эътиқодоти бархе аз мазҳабҳои дини насронӣ, алалхусусу, мазҳаби протестантӣ, аз сабаби камчинии асарҳои илмӣ-диншиносӣ бо забони тоҷикӣ доир ба ин мавзӯъ, чандон ҳам маълумоти кофӣ надоранд. Бинобар ҳамин, мо тасмим гирифтем, ки дар бораи мазҳаби протестантии дини масеҳият ба маълумотеро пешкаши  хонандагони азиз гардонем.


Протестантизм (аз вожаи лотинии protestatio, onis f [protestor] — норозигӣ, эрод)— сеюмин мазҳаби дини насронӣ мебошад, ки дар худ як қатор фирқаҳо ва калисоҳои  худмухторро муттаҳид кардааст. Ин мазҳаб дар замони Эҳё – ҳаракати густурдаи зиддикатоликӣ дар Аврупо дар асри XVI ташаккул ёфтааст.  Соли 1526 Рейхстаги якуми Шлейерӣ бо дархости ҳафт нафар князҳои лютерании намис дар бораи  манъ ва бекор намудани Эдикти Ворм ба муқобили Мартин Лютер қарор қабул намуд. Аммо Рейхстаги дуввуми Шлейерӣ, ки дар соли 1529 баргузор гардид, қарори мазкурро бекор кард. Дар ҷавоб ба ин тасмим, шаш нафар князҳои лютеранӣ ва  сарварони чордаҳ шаҳрҳои озоди Империяи Рим дар як анҷумане, ки дар Германия баргузор гардид, эътирозномае қабул карданд, ки дар таърих бо номи «Протести Шлейерӣ» машҳур аст. Ҳамин тариқ, минбаъд, аз рӯи номи ин ҳуҷҷат тарафдорони Эҳё протестантҳо ва маҷмӯи фирқаву мазоҳиби ғайрикатоликӣ, ки онҳоро Эҳё тавлид намуд,  протестантизм ном гирифтанд. 

Бо мурури замон, вобаста ба пайдоиши фирқаву равияҳои гуногуни мазҳаби протестантӣ якчанд навъи таълимоти илоҳиётшиносии ин мазҳаб арзи вуҷуд кардаанд. Дар зер ҳар кадоми онҳоро ботартиб аз назар мегузаронем:

1). Илоҳиётшиносии классикии даврони Эҳё (асрҳои XVI — оғози асри  XVIII). Илоҳиётшиносии классикии мазҳаби протестантӣ – таълимоти ортодоксалии  ин мазҳаб ба шумор рафта, дар он мафҳумҳои ҷавҳарии илоҳиётшиносии протестантӣ мисли зарурияти тасдиқ ва ҳифзи имону эътиқод, қудсияти куллӣ ва афзалияти истисноии Библия, табиатан ба гунаҳкорӣ тамоил доштани инсон ва танҳо бо розигии ва тараҳҳуми Худованд аз гуноҳ ва азобу уқубатҳои индунёӣ наҷот ёфта тавонистани инсон ифода ёфтаанд. Ин таълимот дар натиҷаи ҷамъбасти дастовардҳои илоҳиётшиносии ҳаракати Эҳё ва дар муқобили таълимоти калисои катололикии Рим ташаккул ёфта, фарогири шаш принсип ё асл мебошад, ки онҳо дар маҷмӯъ асоси илоҳиётшиносии муосири мазҳаби протестантиро ташкил медиҳанд: 

1.Библия каломи муқаддас, возеҳ ва худтафсиршавандаи Худованд ва манбаи воҳиду ягонаи таълимоти дини насронӣ мебошад. 

2.Ноил шудан ба раҳмату мағфирати Худованд танҳо ба имон вобаста аст ва бо рафтору корҳои неки инсон ҳеҷ рабте надорад. 

3.Наҷот раҳмат ва эътои  Худованд аст, ин атои худовандиро инсони гунаҳкор, ки аслан ба он сазовор нест, ба хотири Исои Масеҳ ноил мегардад. 

4. Исои Масеҳ миёнарави ягонаи байни Худованд ва инсон мебошад ва наҷот танҳо тавассути имону боварӣ ба Исои Масеҳ имконпазир аст. 

5. Инсон вазифадор аст, ки танҳо Худовандро итоат намояд ва танҳо Ӯро  парастиш кунад, чунки наҷот танҳо  тавассути ирода ва феъли Ӯ ба инсон ато мешавад ва ин атои худовандӣ на танҳо ба хотири Исои барои ҷуброни гуноҳони башар таслибшуда, балки барои имону боварие низ мебошад, ки онро Рӯҳи Муқаддас дар дилҳои муъминон ворид кардааст. 

6. Ҳар як шахси мӯъмин ҳуқуқ дорад, ки Каломи Худовандро тафсир ва ироа кунад. 

Асосгузорони илоҳиётшиносии классикии мазҳаби протестантӣ  Мартин Лютер, Ж. Кальвин, У. Свингли ва Ф. Меланхтон мебошанд. 

2) Таълимоти илоҳитётшиносии фирқаи инҷилгароӣ (евангеликализм). Дар асрҳои  XVIII—XIX дар калисоҳои протестантии Британияи Кабир ва Амрикои Шимолӣ ҳаракати диние зуҳур намуд, ки дар таърихи насрония бо номи инҷилгароӣ маълум ва машҳур гардидааст. Ин ҳаракат – ҳаракти бедорӣ ва эҳёи диние мебошад, ки дар дохили фирқаҳои мухталифи мазҳаби протестантӣ – калисоҳои лютеранӣ, англиканӣ ва ва ғ. таҳти таъсири омилҳои гуногун - аз як тараф, таълимоти хушки догматикӣ ва низоми табақотие, ки дар замони мазкур дар ҳар кадоми ин фирқаҳо ҳукмрон буд, аз тарафи дигар, ғояҳои атеистӣ, деистӣ ва ақлгароӣ, ки дар даврони Маорифпарварӣ тазоҳур карда буданд, арзи вуҷуд намудааст.  

Хусусиятҳои хоси фирқаи евангеликалӣ (инҷилгароӣ):  

1. Кӯшиши дастёбӣ ба ҳаёти биҳиштӣ (тавлиди забарин), ки ин танҳо тавассути имондорӣ ва атои Худованд имконпазир аст. 

2. Қабул доштани Библия ҳамчун ваҳйи ҷурмнопазири Худованд, ки дар он давраҳои таърихи башар ва тасфияи бани Одам аз гуноҳҳо шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. 

3. Фаъолияти суботкоранаи динӣ, аз тариқи тақвият ва таҳкими таълиму тарбияи динии дохилимазҳабӣ, мукеоламаи байни фирқаҳо ва мазҳабҳои насронӣ  ва ривоҷ додани фаъолияти таблиғотӣ (миссионерӣ) дар байни мардуми ғайринасронӣ дар амал татбиқ карда мешавад. 

4. Усули салибмарказӣ (crucicentrism) — таваҷҷӯҳи махсус ба Қурбонии Салибии Исои Масеҳ, ки ба шарофати он мӯъминон ба омурзиш ва наҷот ноил гардиданд.

5. Эътиқод ба зарурати такомули пайвастаи маънавии насрониён. 

Намояндагони нисбатан машҳури фирқаи евангеликалӣ (инҷилгароӣ): Ҷон Уэсли, Ҷорҷ Уайтфилд, Чонатан Эдвардс, Чарлз Финни мебошанд. 

3). Таълимоти илоҳиётшиносии фирқаи бунёдгароӣ ё аслгароӣ (fundamentals — аслҳо, асосҳо) — ҳаракати байнимазҳабие мебошад, ки он дар байни инҷилгароён дар охири асри XIX — ибтидои асри XX  барои муқовимат намудан алайҳи густариши ҳаракатҳои ҷадидидия (модернизм)-и насронӣ ва илоҳиётшиносии либералӣ ташаккул ёфтааст. Вожаи «фундаментализм» аз номи силсилаи як қатор китобчаҳои таблиғотӣ (брошюраҳо), ки онҳоро намояндагони ин фирқа дар байни солҳои 1915-1920 таҳти унвони «Асосҳо: шаҳодати ҳақиқат» (The Fundamentals: A Testimony To The Truth) чоп шуда буданд, гирифта шудааст.  

Усулҳои асосии таълимоти илоҳиётшиносии фирқаи бунёдгароӣ:

1. Боварӣ бар ин ки Библия китоби Худованд аст ва аз ҷурму нуқсон озод аст. 

2. Эътиқод бар ин ки Исои Масеҳ табиати илоҳӣ дорад ва бидуни муҷҷомиат (бидуни ҳамхобагё алоқаи ҷинсии падар ва модар, аз тариқи дамидани рӯҳи Илоҳӣ бар Марям), аз батни модар  тавлид шудааст. 

3. Боварӣ ба ин ки  Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳони одамон аз тариқи таслиб ҷон нисор кардааст. 

4. Боварӣ дар ин бора, ки Исои Масеҳ пас аз барг дубора тавлиди ҷисмонӣ меёбад.

5. Боварӣ ба бозгашти Исои Масеҳ дар оянда 

Дар соли 1919 Ассосиатсияи умумиҷаҳонии фирқаи бунёдгарои мазҳаби протестантии дини насронӣ таъсис дода шуд, ки он барои минбаъд характери глобалӣ гирифтани фаъолияти миссионерии ин фирқа мусоидат намуд. 

Барои фирқаи бунёдгарои мазҳаби протестантӣ аз мавқеи диспенсатсионалистӣ тафҳиму тафсир кардани таълимоти Библия дар бораи офариниши олам хос мебошад. Яъне, илоҳиётшиносони ин фирқа то онҷое ки имкон дорад, дар таълиму тадриси матни Библия тафсири таҳтуллафзиро ба кор бурда, зимнан,  барои пешгирии зуҳури тамоюлоти секуляристона ва ақоиди эволютсионӣ дар таълимоти илоҳиётшиносии худ талош мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки муборизаи ин фирқаи мазҳаби протестантӣ алайҳи назарияи эволютсионӣ дар баъзе маврид бенатиҷа набуд. Масалан, намояндагони ин фирқа соли 1925 дар ш.Даутон (штати Теннеси, ИМА) ҳамоишеро баргузор намуданд, ки он дар таърих бо номи «Раванди маймунӣ» маъруф гаштааст. Пас аз баргузор гардидани ин ҳамоиш намояндагони фирқаи бунёдгаро муваффақ гардиданд, ки таълими назарияи эволютсионии Ч.Дарвин дар якчанд штати ИМА ба таври расмӣ манъ карда шуд. . 

4). Таълимоти илоҳиётшиносии фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ.   Ин фирқа дар илоҳиётшиносии протестантӣ дар охири асри  XIX — оғози асри ХХ, зуҳур намуда, барои таҷдиди таълимоти насрония, бо далоилу бароҳини илмӣ муҷаҳҳазу асоснок карда, ба ин восита барои  ба як василаи ҳаллу фасли маосилу мушкилот ва ниёзу талаботҳои муосири «индунёӣ», ахлоқӣ ва сиёсӣ табдил додани дини насронӣ мубориза мебарад. Дар ин росто илоҳиётшиносони фирқаи мазкур бештар ба масъалаи собит намудани суду фоидаи ҷамъиятии таълимоти Исои Масеҳ, инчунин, таҳкими ин боварӣ, ки инсон метавонад мустақилона, бо корбурди бошууронаи қувваҳои фитрии худ аз қайди гуноҳ ва нуқсонҳои худ озод шавад, таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Фирқаи мазкур дар аввал дар байни як гурӯҳ лютеранҳои немис зуҳур кардаааст. Намояндагони ин гурӯҳ чунин меандешиданд, ки ақоиди маъмуливу суннатии илоҳиётшиносии насронӣ ба ислоҳ ва таҷдиди назар ниёз дорад. Ба ақидаи онҳо, Библия маҷмӯи ривоятҳои пуриштибоҳ ва барғалат дар бораи ҳаводиси табиӣ ва воқеаҳои таърихӣ мебошад, таълимоти илоҳиётшинсии насронӣ бошад, назарияест, ки онро худи одамон фикр карда матраҳ намудаанд. Зимнан, намояндагони ин фирқа ба ҷои таълимоти илоҳиётшиносии Библия, ғояи Офаридгорро тарғиб мекунанд, ки тибқи он, Худованд танҳо офарандаи ин ҷаҳон буда, ба корҳои ин ҷаҳон дахолат намекунанд. 

Усулҳои асосии таълимоти илоҳиётшиносии фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ.

1. Шинохти Худо ғайриимкон аст.  Инсон  «олами улвии воқеӣ»-ро танҳо тавассути ҳадс (интуитсия) ва ҳавоси ботинӣ  эҳсос намуда, бо  риояи фазилатҳои ахлоқӣ ба он наздик мешавад. 

2. Пайдоиши дини насрония мисли пайдоиши ҳамаи динҳои дигар, таҳти таъсири омилҳо ва равандҳои маъмули таърихӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифтааст. 

3. Худованд худро ба одамон зоҳир ва намоён накардааст.

4. Исои Масеҳ як инсони фозилу комили ормонӣ (идеалӣ) буд, аммо, ӯ ҳеҷ гуна таълимоти диниро баён накардааст ё асос нагузоштааст. 

5. Илоҳиётшиносии муосир бояд танҳо ба омӯзиши таърихи пайдоиши насрония сарукор дошта, аз мақулаҳо ва мавзуҳои  фавқуттабиӣ даст кашад. 

Ҳамин тариқ, илоҳиётшиносони фирқаи либералӣ таълимоти классикии дини насронӣ оид ба таслис, ғояи таҷниси Худо, идея дар бораи табиати худовандӣ доштани Исои Масеҳ, тавлидёбии бидуни муҷомиат ва ба хотири бахшиши гуноҳони башар худро ба тариқи таслиб қурбон кардани ӯ, инчунин эҳёи ҷисмонии Исои Масеҳ пас марг, мӯҷизаи рӯзи панҷоҳум, таълимот дар бораи офариниши ҷаҳон  ва инсон, дар бораи нахустгуноҳ ва ронда шудани Одам аз биҳишт ва дигар догмаҳои насрониро инкор ва рад намуда,  як навъ тимсоли Исои либералмаоби таърихиро офариданд.

Чунин таълимоти фирқаи либералии протестантӣ ба он оварда расонид, ки минбаъд ақидаи суннатии насронӣ дар бораи шахсияти таърихӣ ва инсони воқе будани Исои Масеҳ зери шубҳа қарор гирифта, тадриҷан рад карда шуд. Ҳамзамон, таҳти таъсири ин таълимот ҳаракате бо номи «насрониҳои немис» ташаккул ёфт, ки Исои Масеҳро ориёӣнажод эълом карда, тасвиби қонунҳои миллатгароӣ ва нажодпарастонаро ҷонибдорӣ менамуд ва бо Гитлер дар масъалаи татбиқи «тартиботи нави немисӣ» ҳамфикру ҳампеша буд[.

Бинобар он чӣ зикр гардид,  фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ натавонист ба як қувваи созанда ва позитивии фарҳангӣ дар ҷомеаи насронӣ табдил ёбад. Ба андешаи баъзе намояндагони собиқи худи ин фирқа, илоҳиётшиносии либералӣ – як шакли нави бутпарастӣ мебошад, дар асл бошад, «Фаҳму дарки амиқи Каломи Худованд танҳо аз тариқи имону бовар, ки ба инсон аз Худо ато мешавад, мумкин мегардад.

Дар ҳар сурат, фирқаи мазкур дар ташаккули як қатор методҳои нақди Библия, азҷумла методҳои матнӣ (текстуалӣ), адабва таърихии танқиди навиштаҷоти муқаддаси насронӣ нақши калидиро иҷро намудаанд. 

Азҷумлаи намояндагони машҳури таълимоти илоҳиётшиносии фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ Ф. Шлейермахер, Э. Трёлч, А. Гарнак, аз ҷумлаи муаррихони таърихи ин фирқа бошад — Т.Колдеро ном бурдан мумкин аст. 

5). Мактаби илоҳиётшиносии диалектикии мазҳаби протестантӣ. Ин мактаби илоҳиётшиносӣ дар протестантизм дар солҳои бистум ва сиюми асри  ХХ ташаккул ёфтааст. Асосгузори ин мактаб пастор (рӯхонӣ)-и швейтсариягӣ  Карл Барт мебошад, ки дар китоби худ «Тафсири Паёми апостол Павл ба римиҳо» (с.1922), анъанаи либералии тафсири Библияро, ки дар он замон хеле маъмул гашта буд,  шадидан танқид ва рад намудааст.

Сабабаи ба номи ин мактаб насб шудани вожаи «диалектика» дар он аст, ки намояндагони ин мактаб таълимоти  илоҳиётшиносии худро дар шакли бо ҳам муқобил гузоштани мафҳумҳои аз лиҳози бузургии маънӣ бо ҳам қиёснопазир, мисли Худо ва инсон, абадӣ ва муваққатӣ, имон ва дин ва ғ., баён мекарданд. 

Усулҳои асосии таълимоти мактаби илоҳиётшиносии диалектикӣ: 

1. Дар миёни Худо ва инсон фосилаи тӯлонӣ ва  амиқ вуҷуд дорад. Инсон ба таври мустақилона ва бо кӯмаки тафаккури ақлонӣ ҳеҷ гоҳ Худоро шинохта наметавонад. 

2. Дини насронӣ  баёнгари ҳеҷ гуна дастури ахлоқӣ, маросими ибодату ниёиш ва ё маҷмӯи ғояҳои адолати иҷтимоӣ нест ва мутобиқшавӣ бо талаботи тамаддуни муосирро тақозо намекунад. 

3. Агарчанде, ки инсон худ мустақилона Худоро шинохта натавонад ҳам, аммо Худованд  Худро ба ӯ мешиносонад (аён мекунад).

 4. «Исои Масеҳ Каломи воҳиди Худованд», мазмуну мундариҷа ва мақсади ягонаи  илоҳиётшиносии насронӣ мебошад. Танҳо ба шарофати эътимоду боварӣ ба Исои Масеҳ, инсон метавонад аз гуноҳ, гумроҳи ва саркашӣ аз амри Худованд худдорӣ кунад.

5.Библия меъёр ва ченаки арзиши ҳақиқат дар мавъизаи динист. Каломи Худованд на танҳо дар мавъизаи динӣ (калисоӣ) ҷой дорад, инчунин, худи мавъиза низ ба Каломи китобатшудаи Худованд, яъне Библия ишора мекунад.

Минбаъд, дар қолаби таълимоти мактаби илоҳиётшиносии диалектикии мазҳаби протестантӣ на танҳо тамоилҳои консервативию бунёдгароӣ, балки ҷараёнҳои либералӣ низ ба вуҷуд омаданд, ки оқибат ба таназзули ин мактаб оварда расониданд. 

Масалан, илоҳиётшиноси протестанти немис Бултман , ғояи танҳо дар башоратҳои Исои Масеҳ ва ваҳйи илоҳӣ, на дар андешаву гуфтори инсони табиатан гунаҳкор ва ё калисои ба бозиҳову найрангҳои сиёсӣ машғул, чунин пешниҳод намуд, ки аз матни Инҷил, ба ғайр аз каломи Худо, дигар ҳамаи он чизе, ки ба фикри ӯ онҳоро худи одамон эҷод карда ва ба Инҷил ҳамроҳ намудаанд, ҳазф карда шавад. Бултман барномаер матраҳ сохт, ки тибқи он матни Инҷил бояд ғайриустуравӣ ё ин ки демифологизатсия карда мешуд. Тибқи ин барнома, Бултман он қисматҳои матни Инҷилро, ки ӯ онҳоро каломи Худо не, балки маҳсули хаёлу тасаввурот ва фикри худи одамон мешуморид, аз каломи Худо ҷудо мекард ва сипас онҳоро мутобиқи мазмуни каломи Худо тафсир мекард.  Бултман чунин намешуморид, ки устураҳои дар Инҷил ҷойдошта аз он ҳазф карда шаванд, балки пешниҳод мекард, ки онҳо тавре тафсир карда шаванд, ки мазмуни аслии каломи Худовандро тасдиқ ва пурра карда тавонанд.

Зимнан, Бултман ва чанд намояндаи дигари фирқаи илоҳиётшиносии диалектикии мазҳаби протестантӣ, боварӣ доштанд, ки Худоро на танҳо аз тариқи ваҳй ва каломи Ӯ, балки бо кӯмаки фалсафа, яъне тааққул ва тафаккури мантиқӣ низ шинохтан мумкин аст. Азбаски  андешаи мазкур  бо таълимоти илоҳиётшиносии фирқаи либерилии мазҳаби протестантӣ хеле ҳамоҳанг  буд ва аз тафсири озодонаву ақлонии каломи Худо ҷонибдорӣ менамуд, бинобар ҳамин ба танқиди сахти рӯҳониёни мутаассиб ва консервативи фирқаи диалектикӣ мувоҷеҳ шуд.   Минбаъд ин гуна ихтилофҳои назарӣ дар байни пайравони фирқаи мазкур таҳти таъсири воқеаҳои сиёсӣ боз ҳам шиддат ёфта, оқибат ба парокандагӣ ва суқути он оварда расонид. Масалан дар миёнаҳои нимаи аввали асри гузашта, Барт ва Тиллих аз идеологияи фашистӣ шадидан танқид мекарданд, аммо Гогартен ва Бултман, баръакс, бо ҳаракати миллии ифротгарои «Немисҳои насронӣ» тамоюл ва гароиш доштанд. Аз нимаи дуввуми асри гузашта шохаи консервативии фирқаи илоҳиётшиносии диалектикии мазҳаби протестантӣ бо номи «неоортодоксҳо» дар ИМА паҳн гардид, аммо тадриҷан таҳти нуфузи фирқаи илоҳиётшиносии фундаменталистии мазҳаби мазкур қарор гирифта, мавқеи худро аз даст дод.

Ҳамин тавр, дар давраи баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мазҳаби протестантӣ ба се фирқаи алоҳида ҷудо гардид: 1. Фирқаи бунёдгароӣ (фундаменталистӣ), ки комилан зидди ворид кардани навигариҳо дар таълимот ва усули илоҳиётшиносии мазҳаби протестантӣ мебошад; 2. Фирқаи либералӣ, ки ба хотири ба хотири ба талаботи давру замон мувофиқ сохтани таълимоти Библия ва умуман, низоми илоҳиётшиносии протестантӣ, ба каломи Худо ва илоҳиётшиносии суннатии насронӣ ворид кардани ислоҳот ва татағйироту иловаҳоро ҷоиз мешуморанд; 3. Фирқаи инҷилгароӣ (евангелистӣ), ки ба анъанаҳои даврони Эҳё содиқ монда, тамоми матни Библияро ҳамчун каломи Худованд мешуморад ва барои рушди маорифи динӣ ва улуми библияшиносӣ мубориза мебарад. 

Намояндагони фирқаи инҷилгароӣ чунин ақида доранд, ки башоратҳои Исои Масеҳро бояд бидуни ҳеҷ гуна навовариҳои либералистона ва тассуботи бунёдгароёна баён ва таблиғ карда шаванд. Онҳо ба ин мақсад аз радио, телевизион, интернет, инчунин толорҳои консертӣ ва майдонҳои варзишӣ ба таври хеле васеъ ва самаранок истифода мебаранд. Яке аз мубаллиғони машҳури ин фирқа Билли Грем мебошад.

Дар айни замон дар ҷаҳон якчанд ташкилотҳои инҷилгароён фаъолият намуда истодаанд, ки машҳуртарини онҳо «Ассосиатсияи миллии инҷилгароён» (National Association of Evangelicals) маҳсуб мешавад. Ин ташкилот 60 ҷараёни мазҳаби протестантӣ, аз ҷумла, беш аз 45 ҳазор калисоҳо ва ҷамоатҳои муташаккил (азҷумла, пятидесятникҳо)-ро дар худ муттаҳид кардааст.  Ташкилоти дигари инҷилгароӣ – «Ҷавонони пайрави Масеҳ» ((Youth for Christ) – соли 1946 бо ташаббуси Билли Грем таъсис дода шуда, имрӯз дар сар то сари ҷаҳон беш 60 намоягндагии дорад. Ин фирқа аз соли 1956 инҷониб маҷаллаеро бо номи  «Насрония имрӯз» (Christianity Today) нашр менамояд. Дар кишварҳои аъзои ИДМ таълимоти фирқи инҷилгароиро миссияи «Ҳаёти нав», ки ба ҳайати хадамоти таблиғотии ин фирқа – «Юриши салибии ба хотири Масеҳ» ((Campus Crusade for Christ) шомил аст, ба анҷом мерасонад. Инчунин дар кишварҳои пасошӯравӣ барномаи бо номи «Лоиҳаи филмҳо оид ба Масеҳ» татбиқ намуда истодааст, ки тибқи ин барнома филмҳо дар бораи Исои Масеҳ дар фазои пасошӯравӣ паҳн карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, аз номи миссияи мазкур хадамоти дигаре бо номи «Бародарон Гедеонҳо» ((The Gideon’s International) низ дар кишварҳои пасошӯравӣ ба таблигӯ тарвиҷи тарҷумаҳои Библия машғул буда, низ  хадамотҳои и «Роҳнамоҳо» (Навигаторы)  ва «Манзари ҷаҳонӣ» ((World Vision) фаъолият менамоянд. Дар заминаи таҷрибаи тафсири Библия, дар байни фирқаҳои бунёдгароӣ ва инҷилгароӣ ҳаракате бо номи «Сионизми насронӣ» тазоҳур намудааст, ки  таъсисиёбии давлати Исроилро ҳамчун натиҷаи дар амал татбиқёбии Аҳди миёни Худо ва Мӯсо ва қавми яҳудӣ  тафҳим ва тафсир намуда, лиҳозан, марзи Исроилро макони фаъолияти Худо то Бозгашти Исои Масеҳ мешуморад.

Баъди  хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таъсири фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ дар Аврупо ва Амрико нисбатан хел суст шуд. Аммо новобаста аз таназзули ин фирқа, баъзе ақидаҳои    он ҳанӯз ҳам боқӣ монда, таъсири худро ба мазҳаби протестантӣ аз даст надодаанд.  Азҷумла, яке аз пайомадҳои мусбате ки таҳти таъсири ин фирқа  ба зуҳур омад – ташаккули метокаи пажуҳши матнҳои муқаддаси дини насронӣ мебошад. Аз пайомадҳои манфии таъсири фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ бошад, муҳаққиқон кӯшиши намояндагони ин фирқа барои аз таълимоти Исои Масеҳ тоза кардан ва танзим намудани таълимоти дини насрониро ба шумор меоранд.

(идома дорад)

Шоев Зиёвиддин – сардори Шуъбаи пажуҳиши 

анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон