Муруре ба таърихи мазҳаби протестантӣ, ақоид, маросиму анъана ва ахлоқу одоби он (қисми II)

Муруре ба таърихи мазҳаби протестантӣ,  ақоид, маросиму анъана ва ахлоқу одоби он (қисми II)

Дар нимаи дувуми асри ХХ дар мазҳаби протестантӣ  боз як қатор фирқаҳои нави илҳиётшиносӣ пайдо шуданд. Инҳо фирқаҳои неолибералӣ, атеистӣ, бединӣ, танқидӣ ва секулярӣ мебошанд.  Дар натиҷаи рушди фирқаи секулярӣ таҳқиқи масоили марбут ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ (дунявӣ)-и ҷомеаи муосир ба ҳукми анъана даромад.

Ҳамин тавр, дар партави таҳаввули таълимоти протестантӣ дар замони муосир ғояҳои «илоҳиётшиносии сисёсӣ», илоҳиётшиносии феминистӣ (муаннас, занона), илоҳиётшиносии бо ғояҳои марксистӣ ва сотсиалистӣ ҳамоҳанги инқилобӣ ва озодихоҳона ва илоҳиётшиносии деконструктивӣ (сохторзудоӣ) арзи вуҷуд карданд. Дар айни замон намояндагони мазҳаби протестантӣ ба масоили баробарии марду зан (гендерӣ, ҷинсӣ), ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, муколама бо ҷомеаи дунявӣ ва динҳои ғайринасронӣ, дастгирии ҳаракати ЛГБТ (ҳамҷинсгароён: лесбиҳо, гейҳо, бисексуалҳо ва трасвеститҳо) ва ғ. ҳар чи бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда истодаанд.   

Протестантизми муосири либералӣ аз пайравони худ зимни иҷрои муқаррароти ҷамъиятӣ в динӣ риояи ҳеҷ гуна тартибу интизомро талаб намекунад ва чунин ҳолат, дар навбати худ барои вайрон шудани низоми арзишҳо ва эътиқодоти дини насронӣ, густариши ҳаракатҳо ва ғояҳои ғайрисуннатӣ, мисли ҳаракати «занони рӯҳонӣ»,  ғояи тасвибкунандаи никоҳи якҷинса (гомосексуалӣ), ва умуман, барои дунявишавии имону эътиқоди дини насронӣ сабаб мегардад. Протестантизми либералӣ дар назди худ мақсади ташаккул додани ҷомаро намегузорад, балки бо тағйиротҳое ки дар ҷомеа ба вуқӯъ меоянд, мувофиқ шуда, худро ҳамчун мубаллиғ ва муҳофизи ормонҳо ва ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ ҷилва медиҳад[28]. Ҳамаи ин равандҳо дар ниҳояти кор боиси камшавии шумораи пайравон ва косташави нуфузи ғояҳо ва принсипҳои фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ гардидаанд. Намояндагони имрӯзаи ин фирқа тавҷҷӯҳи худро асосан ба масоили таҳриру таҷдид ва ислоҳи илоҳиётшиносии классикии библиёӣ ва бо тағйиротҳои ҷомеаи муосир мутобиқ сохтани низоми таълимоти дини насронӣ равона кардаанд.

Тарзи ҳаёт, анъанаву маросим,  одоб ва ахлоқи протестантҳо. Макс Вебер дар китоби «Ахлоқи протестантӣ ва рӯҳи сармоягароӣ» ба рӯҳияи ҷомеаи сармоягароӣ мувофиқ будани ахлоқу одоби протестантиро таъкид намуда, менависад, ки ин мазҳаб барои пешрафти саноатии ҷомеа ва рушди соҳибкории озод мусоидат намудааст.  Чунин хусусияти хоси мазҳаби протестантиро дар айни замон алалхусус дар ИМА ва дигар кишварҳои мутараққии Ғарб равшан дарк кардан мумкин аст. Вебер азҷумла қайд мекунад, ки барои фароҳам овардани нахустсармоя махсусан хислати зӯхдгароӣ ва сармояғундорӣ, ки аз вижагиҳои хости ахлоқи протестантӣ маҳсуб мешаванд, ба ҳайси як усули хуб таҷрибашуда нақши муҳимеро иҷро мекунанд. Ин хислатҳо дар якҷоягӣ бо дигар суннатҳои ахлоқие, ки дар рафтори пайравони ин мазҳаб маъмул мебошанд, мисли якдилӣ ва ҳамгироийи дохилимазҳабӣ,  кӯмаку дастгирии пуливу молӣ, нафрат нисбат ба коргурезӣ ва айшу ишратҷӯӣ ва ғ., ба равнақ ёфтани тиҷорат, хадамоти бонкӣ ва дар ниҳояти кор, ба рушди бесобиқаи истеҳсолоти саноатӣ  дар кишварҳо ва манотиқи густариши мазҳаби протестантӣ оварда расонидаанд. 

Тибқи таълимоти ахлоқии мазҳаби протестантӣ, имондорӣ барои маромнокӣ ва таҳзибу тасфияи ахлоқу рафтори фард мусоидат мекунад. Ба ақидаи протестантҳо, на ин ки ишқу муҳаббат имону бовариро ташаккул медиҳанд, чуноне ки католикҳо меандешанд, балки имону боварӣ ишқу муҳаббатро шаклу субот мебахшанд. Меъёрҳо ва қавонини ахлоқии Аҳди Қадим, аз нуқтаи назари илоҳиётшиносии классикии мазҳаби протестантӣ, ба мақсади сафарбар кардани одамон ба меҳнату фаъолияти созандаву бунёдкорана, густариши некӣ ва аз байн бурдани зулму бадӣ дар ҷомеа хизмат мекунанд. Арзиши маънавии таълимоти ахлоқии Аҳди Қадим бошад, дар он зоҳир мегардад, ки моҳият ва анвоъи гуноҳҳоро нишон дода, бо ҳамин инсонро барои тавбаву иҷтиноб варзидан аз гуноҳу табоҳкорӣ таҳрик мебахшад. Ба андешаи Мартин Лютер, Инҷил бояд ҳатман дар партави таълимоти ахлоқии Аҳди Қадим таълим дода шавад, вагарна маънову мазмуни аслии худро гум мекунад. Лютер дар баҳсу мунозираҳои худ бо мухолифонаш чунин андешаро, ки барои насрониён риояву иҷрои меърҳои ахлоқии Аҳди Қадим воҷиб ё зарур нест ва онҳо бояд бо меъёрҳои ахлоқии Инҷил иваз карда шаванд, қатъан рад кардааст.

Ақида дар бораи ягонагӣ ва мутобиқати байниҳамии меъёрҳои ахлоқии Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид барои мазҳаби протестантӣ имрӯз низ арзишу аҳамияти худро аз даст надодааст.  Дар баробари ин, дар дохили мазҳаби протестантӣ баъзе ҳаракатҳо ва созмонҳое низ ҳастанд, ки ин ақидаро рад намуда, зимнан, бекор кардани қонуни ахлоқии Аҳди Қадим ва ба ҷои он ҷорӣ кардани як низоми нави ахлоқи диниро тарафдорӣ мекунанд, ки он дар адабиёти диншиносӣ бо номи «ахлоқи антиномистӣ» зикр гардидааст. 

Ба ақидаи тарафдорони ғояи ахлоқии «антиномизм», меъёрҳои рафтори низоми ахлоқи антиномистӣ ифодагари некӣ буда, барои озод кардани одамон аз банди хурофот ва қонеъ сохтани талаботҳои фитрии онҳо нигаронида шудаанд. Аммо дар мазҳаби ортодоксалии протестантӣ ғояи мазкур ҳамчун суъиистифодаи таълимоти насронӣ дар бораи неъмату раҳмати илоҳӣ ба ғарази қонеъ намудани майлонҳо ва талаботҳои шаҳвониву ҷисмонии нафси носерами инсони табоҳкор ва гунаҳолуд шарҳу тавзеҳ дода шудааст, ки дар фаъолияти бархе аз ҳаракатҳои ғайриуннатии динӣ ба мушоҳида мерасад. Чуноне ки баъзе муҳаққиқон зикр кардаанд, ҳатто, баъзе аз чунин ҳаракатҳо гуноҳҳои кабира, масалан, фоҳишагӣ ва зинокориро, ки дар ҳамаи динҳои тавҳидӣ яксара маҳкум карда шудаанд, на танҳо мебахшанд ва сафед мекунанд, балки чунин аъмолро дар баъзе мавридҳо зарур ва ҷоиз низ мешуморанд.

Як қисми рӯҳониёни муосири фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ баъзе меъёрҳоеро ки хоси  танҳо мазҳаби протестантӣ набуда, балки умуман ба ҳамаи мазҳабҳои дини насронӣ тааллуқ доранд (масалан, меъёрҳои ба ҳаёти шаҳвонӣ ва муносибатҳои ҷинсиву маҳрамона дахлдоштаро), эътироф намекунанд, балки рад менамоянд. Ба андешаи гурӯҳи дигари рӯҳониёни ултралибералӣ бошад, меъёрҳои аҳдиқадимаи маҳкумкунандаи фаҳшу зинокорӣ ва дигар гуноҳҳои марбут ба алоқаҳои ҷиннсӣ ва шаҳвонӣ, хусусияти иҷборӣ ё ҳатмӣ надошта, балки хусусияти машваратӣ ё тавсиякунандагӣ доранд, лиҳозан, риояи онҳо ихтиёрӣ ё интихобӣ мебошад. Онҳо тасдиқ мекунанд, ки ба шарофати хусусияти интихобӣ ва ихтиёрӣ доштани меъёрҳои ахлоқии Аҳди Қадим, ҳамаи он меъёрҳо - ҳам меъёрҳои танзими маросимҳои динии кашрут, рӯзи шанбе ва ғ., ҳам меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷинсиву шаҳвонӣ ва дигар муносибатҳои дунявию байниҳамии афрод, қиёсан арзиши мусовӣ дошта, бо ҳам баробарвазн мебошанд.

Ақидаҳои мазкур дар тӯли чанд даҳсолаи охир дар баъзе калисоҳои Аврупои Ғарбӣ ва Аврупои Шимолӣ, асосан, дар байни пайравони фирқаҳои англиканӣ ва лютеранӣ ҷонибдорони зиёди худро пайдо карданд. Аммо дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ бошад, ин ақидаҳо на танҳо ба муқовимат ва танқиди шадиди дигар фирқаҳои мазҳаби протестантӣ дучор шуданд, балки худи пайравони фирқаҳои англиканиву лютерании маскуни ин кишварҳо низ онҳоро сахт маҳкум намуданд.

Фарзу суннатҳои протестантӣ. Мафҳумҳои фарзу суннат дар фирқаҳои гуногуни мазҳаби протестантӣ мазмун ва мундариҷаи мутафовит доранд. Умуман, протестантҳо ду фарзро эътироф ва риоя мекунанд, ки  онҳо ғусли таъмид (крещение) ва тановули нону шароби табаррукӣ (причащение) мебошанд. Ҳамаи дигар фарзҳои дини насронӣ дар ин мазҳаб мазмуни рамзӣ ва ғайриактуалӣ доранд. Протестантҳо мӯътақиданд, ки иҷро ё риояи маросимҳои  фарзшуда аз ҷониби фарди мӯъмин бояд ба таври бошуурона, на ин ки муқаллидона ё ноогоҳона, сурат гирад.  Аз ин рӯ, шумораи зиёди пайравони ин мазҳаб танҳо баъди болиғ шудан ва расидан ба синни камолоти ақлонӣ, барои и маросими ғусли таъмид тасмим мегиранд. Онҳое ки мехоҳанд маросими тановули нону шароби муқаддасро ба иҷро расонанд, низ бояд қаблан як марҳилаи муайяни тайёршавӣ ба ин маросимро паси сар кунанд. Дар баъзе фирқаҳои мазҳаби протестантӣ иҷрои ғусли таъмид танҳо ба нафароне иҷозат дода мешавад, ки онҳо қаблан маросими ғусли обиро иҷро кардаанд.

Дар мазҳаби протестантӣ     маросими дуохонӣ ва намозгузорӣ ба хотири арвоҳи мурдагон ва авлиё вуҷуд надорад. Аммо, протестантҳо  бо авлиё ҳамчун бо устодон ва муаллимони динӣ муносибат карда, тарзи зиндагии онҳоро беҳтарин ва мақбултарин тарзи зиндагӣ мешуморанд. Инчунин, дар мазҳаби протестантӣ таъзими турбат, ҷасад ва ё аъзои боқимондаи ҷисми авлиё ва ашхоси муқаддас ҳамчун маросими хилофи таълимоти Библия, манъ аст. 

 Муносибати протестантҳо ба анъанаи тақдиси иконаҳо низ якхела нест. Баъзе фирқаҳо ин анъанаро ҳамчун падидаи бутпарастӣ маҳкум мекунанд, фирқаҳои дигар бошанд, онро ҳамчун як суннати бо шариати насронӣ комилан мувофиқ қабул карда ва ба иҷро мерасонанд. Дар ҳар сурат, анъанаи иконапарастӣ дар байни протестантҳо то он ҳадде, ки ин суннат дар мазҳабҳои католикӣ ва православӣ ривоҷ ёфтааст, маъмул нест.  

Ибодатгоҳҳо ё и ки масҷидҳои протестантҳо мисли ибодатгоҳҳои католикӣ ва православӣ бошукӯҳу шаҳомат нестанд ва ҳеҷ гуна ороишу тасвир ва расму икона надоранд. Ба ақидаи протестантҳо, таҷҳизоту асбоби ороишӣ бо ниёишу ибодат ҳеҷ иртиботе надоранд ва ибодатгоҳ бояд аз ин гуна чизҳо холӣ бошад. Дар сурати набудани ибодатгоҳ, протестантҳо барои намозгузорӣ мисли ташкилотҳои гайридавлатии ҷамъиятӣ, ягон биноро барои ин мақсад ба иҷора мегиранд. Маросими ибодати протестантҳо аз мавъиза, намоз, библияхонӣ, дуову муноҷот ва тановули нону шароби муқаддас иборат аст. Протестантҳо маросимҳои ибодатии худро бо забони модарии худ иҷро мекунанд.

Шумораи пайравон ва ҳавзаи густариши мазҳаби протестантӣ. Аксарияти муҳаққиқон қайд мекунд, ки 33% аҳолии рӯи Замин пайрави ин ё он мазҳаб ё фирқи дини насронӣ мебошанд.. Чӣ тавре ки натиҷаи таҳқиқотҳои сотсиологии маркази таҳқиқотии The Pew Forum on Religion нишон едиҳад, мазҳаби протестантӣ аз лиҳози шумораи пайравонаш дуввумин мазҳаби бузурги дини насронӣ буда, қариб 800 миллион одамон онро пайравӣ мекунанд. 

Дар айни замон ин мазҳаб қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон роҳ ёфааст. Он дар 92 кишвар мазҳаби асосии насронӣ ба шумор меравад ва дар 49 мамалакат пайравони ин мазҳаб аксарияти бештари аҳолиро ташкил медиҳанд.

Маъмулан, протестантҳо калонтарин гурӯҳи динии ИМА, Британияи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав ва  кишварҳои скандинавиро ташкил медиҳанд. Дар Олмон, Ниерландия, Канада ва Швейтсария ин мазҳаб (дар баробари мазҳаби католикӣ) яке аз ду мазҳабҳое мебошад, ки  нисбат ба дигар дину мазоҳиб дар миёни аҳолии ин кишварҳо нуфузи бештар доранд.

Дар оғози асри XXI ба шарофати фаъолияти густурдаи миссионерии мубаллиғони мазҳаби протестантӣ аксарияти аҳолии чк қатор кишварҳои  Африқо (Либерия, Намибия, Замбия, Зимбабве, Ботсвана, Гана, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Кения, Малави, Конго) ва кишварҳои Уқёнуси Ором (Папуа-Гвинеяи Нав, Фиҷи, Самоа, Тонга, Ҷазоири Сулаймон, Вануату) ба ин мазҳаб гаравиданд. Дар замони ҷорӣ       беш аз сеяки аҳолии кишварҳои Гондурас, Салвадор, Гватемала, Доминик ва Белиз ба қатори пайравони мазҳаби протестантӣ  шомил шудаанд. Дар як қатор кишварҳои католикӣ (Гаити, Никарагуа, Коста-Рика,Ҷумҳурии Доминикан ва Бразилия) бошад, протестантҳо  аллакай беш аз 20%-и аҳолиро ташкил медиҳанд.

Дар зер калонтарин калисоҳои протестантиро, ки ҳар кадоми онҳо беш аз 10 миллион диндоронро муттаҳид мекунанд ва шумораи умумии аҳли ин калисоҳо ба 220 400 000 нафар мерасад, зикр мекунем: 

№ Калисо Пайравон Фирқа

1 Анҷуманҳои Худо 67 500 000 Панҷоҳрӯзиҳо (Пятидесятникҳо)

2 Калисои Англия

25 000000 Англиканҳо

3 Адвентистҳои рӯзи ҳафтум 25 000 000 Адвентистҳо

4 Калисои фирқаи инҷилгароийи Олмон 23 700 000 Лютеранҳо ва ислоҳгароён 

5 Калисои англикании Нигерия 18 000 000 Англиканҳо

6 Муоҳада (конвенсия)-и ҷанубии баптистӣ 16 200 000 Баптистҳо

7 Калисои «Чин барои Масеҳ» 12 000 000 Панҷоҳрӯзиҳо

8 Калисои муттаҳидаи усулӣ (методистӣ) 12 000 000 Усулиҳо (методистҳо)

9 Калисои Уганда 11 000 000 Англиканҳо

10 Калисои инҷилгароёни чинӣ 10 000 000 Панҷоҳрӯзиҳо

Дар фарҳанги оммавии муосири ғарбӣ образи фарди мӯъмини пайрави мазҳаби протестантӣ аксаран ҳамчун намунаи инсони дар масъалаи диёнат сахт мутаассиб ва консервативӣ ба кор бурда мешавад. Чунин образ, масалан дар симо ва рафтори Нед Фландерс – қаҳрамони сериали «Симпсонҳо» ба таври хеле хуб ва равшан таҷассум ёфтааст.    Нақди мазҳаби протестантӣ. Ин мазҳаб аз барои худрекламакунӣ ва фаъоляти густурдаи мубалиғони фирқаи неолибералии худ ба таври пайваста ба танқиди шадиди атеистон в намояндагони фирқаҳо ва мазҳабҳои суннатии ҳам дини насронӣ, ҳам дигар дину мазҳабҳои ҷаҳонӣ гирифтор мешавад. Рӯҳониёни мазҳабҳои католикӣ,  православӣ ва дигар фирқаҳои худи мазҳаби протестантӣ, алалхусус, фаъолияти прозелитии мубаллиғони ин мазҳабро маҳкум менамоянд. Масалан, рӯҳонии пайрави фирқаи баптистии мазҳаби протестантӣ Том Карл Уиллер дар китоби хд «Масеҳияти дурӯғин» менависад, ки «ақоиди диние, ки оҳоро мубалиғони фирқаи либералии мазҳаби протестантӣ дар Шӯрои Умумиҷаҳонии калисоҳои насронӣ, Калисои католикии Рим ва Калиои шарқии (русӣ ва юнонии) православӣ    паҳн мекунанд,  бо усули ақоиди насронӣ, ки дар Библия дарҷ гардидаанд, тамоман мухолиф мебошанд», аз ин рӯ, ин калисоҳо ва фирқаҳои дигари мазҳаби протестантӣ, ки узви Шӯрои Умумиҷаҳонии калисоҳои насронӣ мебошанд, баробари қабул кардани ақидаҳои фирқаи либералӣ ба таври автоматӣ ба созмонҳои дурӯғини масеҳӣ табдил меёбанд.    Аммо, новобаста аз ин муқовимат, мубаллиғони протестант дар байни пайравони мазҳабҳои суннатии дини насронӣ, ислом ва дигар дину мазҳабҳои ҷаҳон имрӯз низ фаъолияти таблиғотии худро ба таври хеле густурда идома дода истодаанд. Аз миёни олимону рӯҳониёни православ рӯҳонии рус А.И.Осипов ва муҳаққиқи падидаи муосири фирқагароӣ  А.Л. Дворкин аз мунаққидон ва мухолифони сарсахти фаъолияти прозелитии протестантҳо ва таблиғу тарвиҷи ақоиди протестантӣ дар байни пайравони мазҳаби православӣ ба шумор мераванд.  

   Аз байни дигар фирқаҳои мазҳаби протестантӣ баъд аз фирқаи либералӣ аз ҳама бештар фирқаи инҷилгароӣ (евангеликалӣ) мавриди танқид қарор гирифтааст. Мухолифони фирқаи инҷилгароӣ аз фаъолияти баъзе аз намояндагони ин фирқа, масалан, Бенни Хин – рӯҳонии амрикоӣ, ки дар масъалаи таблиғи ғояҳои фирқаи мазкур, инчунин, «инҷиликунонӣ»-и тарзи ҳаёт ва муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа  аз ҳад зиёд таассуб ва зиёдаравӣ мекунанд, изҳори ташвишу норозигӣ намуда, талаб мекунанд, ки фаъолияти миссионерии ин фирқа маҳдуд карда шавад. Инчунин, баъзе аз фирқаҳо ва калисоҳои консервативии мазҳаби протестантӣ барои гуноҳи кабира эълон кардани баъзе аз амалҳои дар Ғарб хеле густаришёфта, масалан, исқоти ҳамл, зинокорӣ ва алоқаи ҷинсии ғайришаръӣ, талоқи бидуни сабаби узрнок, бевафоӣ ва хиёнат ба аҳду паймони ҳамсарӣ, лавотагарӣ, ҳамҷинсгароӣ ва манъи ин гуна амалҳо, аз тарафи баъзе ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ пайваста танқид карда мешаванд. Ба ақидаи аксарияти рӯҳониёни католик в православ, мазҳаби протестантӣ аз муттасилият ва робитаи бардавому канданашавандаи таърихию маънавӣ бо асли дини насронӣ (муттасилияти апостолӣ) маҳрум аст. Аммо баъзе аз фирқаҳои мазҳаби протестантӣ ин танқидро напазируфта, даъво мекунанд, ки онҳо бо дини насронӣ робитаи ҷавҳарӣ дошта, аз он маншаъ мегиранд. Амазкур алалхусус дар он кишварҳое сахт роиаст, ки дар онҳо мазҳаби протестантӣ бо роҳи  аз мазҳаби калоликӣ рӯ гардонида ба мазҳаби нави протестантро қабул кардани епархияҳо (ташкилотҳои динӣ-насронӣ)-и он кишварҳо ташаккул ёфтааст. Як гурӯҳи дигари рӯҳониёи протестантӣ робитаи мутасалсали апостолиро барои мазҳаби динӣ мҳим намешуморанд. Онҳо барои исботи ин андешаи худ мисол меоранд, ки дар тӯли таърихи дини насронӣ чунин воқеаҳо низ рух додаанд, ки  усқуфҳо (епископҳо) аз калисои амалкунана рӯ гардонида ва калисои худро таъсис дода бошанд. Ҳамин тавр, мо дар ин таҳқиқоти худ маълумоти нисбатан муфассалеро дар бораи мазҳаби протестантии дини насронӣ пешкаши хонандагони азиз гардонидем. Дар фарҷоми кор роҷеъ ба таърихи пайдоиши протестантизм ва дигар мазҳабҳои насронӣ дар Тоҷикистон ба таври мухтасар маълумот дода, бо ҳамин ба гуфтори худ хотима мебахшем. Пайравони дини насронӣ дар Тоҷикистон ба силсилаи ақаллиятҳои динӣ шомил мешаванд. Қисми бештари онҳоро пайравони яке аз мазҳаби суннатии насрония – мазҳаби православӣ (асосан, русҳо) ташкил медиҳанд. Ин мазҳаб аз тарафи Вазорати адлия ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамчун Епархияи Калисои православии Рус дар Душанбе ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Маркази идора ва ибодатгоҳи асосии православҳои Тоҷикистон – Калисои ҷомеи Николайи Валӣ (Мӯъҷизакор) (Собор Николая Чудотворца) дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.

Суроғаи Маркази идории Епархияи Калисои Православии Рус дар Душанбе ва Тоҷикистон:  734024, ш. Душанбе, хиёбони Дӯстии халқҳо,  58. Тел.: (+992) 222-05-05. Сайти расмӣ: http://lifted.asia/

Епархия 27 июли соли 2011 бо қарори Синоди Муқаддаси КПР таъсис дода шудааст. Он ба ҳайати Округи митрополии Осиёи Миёна шомил мебошад. Епархия моҳи ноябри соли 2012 дар чанде аз  ноҳияҳои кишвар курсҳои таълими забони русиро ташкил намуд. Епископҳо: Викентий (Морар) – аз 27 июли соли 2011 то 1 августи соли 2012; Питирим (Творогов) – аз 1 августи соли 2012 то кунун. Ибодатгоҳҳои православӣ. Дар кишвари мо  шаст ибодатгоҳи православӣ фаъолият доранд: 

Ибодатгоҳи ҷомеи Николайи Валӣ (Мӯъҷизакор) дар Душанбе Ибодатгоҳи Иконаи иверии Модархудо дар ҳудуди яке аз қисмҳои ҳарбии дивизияи  201 ҚҲ ФР. 

Ибодатгоҳи Сатри Модархудои Муқаддас дар ш. Турсунзода 

Ибодатгоҳи Мария Магдалина дар ш. Хуҷанд 

Ибодатгоҳи Иконаи иверии Модархудо дар Чкаловск

Ибодатгоҳи архистратиг Михаил дар Қӯрғонтеппа 

Аз мавъизаи митрополит Викентий (Морар Виктор Александрович): «Дар ҳоли ҳозир, бародарон ва хоҳарнои азиз, моро низ маҷбур карда истодаанд, ки ба худоёни дурӯғин ва бегона таъзим кунем. Ва мо ҳатто тасаввур карда наметавонем, ки чӣ хел ва то чӣ андоза ба ин гуна васвасаҳо дар ҷаҳони муосир гирифтор шудаем. Ин васвасаҳо – гирифтории амиқи мо ба парастиши нафс, майлу рағбатҳо ва кибру ғурури худ мебошад. Чунин васваса моро аз ибодати Худо дур карда, маҷбур мекунад, ки ба парастиши нафси худ машғул шавем. Харчанде, ки Худованд моро барои тавба кардан аз гуноҳон ва ислоҳи нуқсонҳо даъват мекунад, лекин мо боз ҳам якравона ба ин гуна васваса дода мешавем. Ба назари ҳар кадоми чунин менамояд, ки ҳақиқат бо мост ва мо ҳомии ҳақиқатем.  Аммо чунин ҳақиқат – Ҳақиқати Илоҳӣ нест.  Чунки Ҳақиқати Илоҳӣ дар  сабру шикебоӣ, таҳаммули ранҷу ҳақорат, сабурона паси сар кардани ҳама гуна таъқибу фишорҳо ва ноҳаққиҳои замона мебошад. Ҳақиқати Илоҳӣ ин аст, ки дар бадали чунин сабру таҳаммул Худованд барои мо мукофоти бузург – биҳиштро ваъда додааст». 

Мазҳаби дигари насронӣ, ки дар Тоҷикистон пайравони нисбатан зиёд дорад, мазҳаби протестантӣ ба шумор меравад. Шумораи умумии пайравони фирқаҳои гуногуни протестантизм дар Тоҷикистон тақрибан аз 9 то 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.   Азҷумла, 4,7 ҳазор нафари онҳо пятидесятникҳо (пайравони ҳаракати кореягии «Сонмин Сунбогим» ва фирқаи просвитериании миссияи «Сонмин Грейс»), 1,5 ҳазор нафар пайравони фирқаҳои адвентистӣ, баптистӣ ва лютеранӣ мебошанд.

Инчунин, дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Чкаловск ибодатгоҳҳои пайравони мазҳаби католикӣ вуҷуд доранд. Умури динии католикҳои Тоҷикистонро 5 рӯҳонии католик идора ва роҳбарӣ мекунанд. Мазҳаби католикиро ба Тоҷикистон олмониҳо ворид кардаанд.

 Дар замони истиқлолият дар кишвари мо ба ғайр аз  мазҳаб ва фирқаҳои дар боло зикршудаи насронӣ, инчунин якчанд фирқаҳои дигари ғайрисуннатии насронӣ низ роҳ ёфтанд. Яке аз ин гуна фирқаҳо – Шоҳидони Яҳво мебошад, ки соли 1997 ба Тоҷикистон ворид гардидааст ва дар айни замон фаъолияти он дар кишвар манъ карда шудааст.

Шоев Зиёвиддин – сардори Шуъбаи пажуҳиши 

анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон