МУШКИЛОТИ РАФЪИ ТУНДГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат зарурати ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани он барои ҷаҳониён ҷойгоҳи меҳварӣ дошт. Равандҳои ҷаҳонишавӣ барои рушди фарҳангҳои миллӣ низ оқибатҳо ва таъсирҳои номатлуб ворид карда истодаанд, ки ин ҷиҳати масъала дар матни Паём ба таври равшану возеҳ чунин баён гардид: «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд».      
Тавре ки маълум аст, фарҳанг, ахлоқ ва одоби динию мазҳабӣ яке аз кисмати умдаи фарҳанги миллӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин ҷиҳат, арзишҳо ва муқаддасоти динию мазҳабӣ ҳамеша ҳамрадифи рушди миллатҳо ҳастанд. Дар марҳилаҳои гуногуни рушду тараққиёти худ ҳар як давлат ҳуқуқи волои маънавӣ дорад, ки тамоми потенсиали ақлию зеҳнии худро ба манфиати таҳкими дастовардҳо ва поягузории дурнамои ояндаи дурахшони худ истифода барад. Кору фаъолият дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияте иттифоқ афтодааст, ки масъалаи сиёсисозии ислом ва дар атрофи он ҳаллу фасл намудани манфиатҳои геосиёсӣ ҳамчун яке аз хатарҳои чиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Воқеияти тоза ба вуҷудомада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш ва сабабҳои фаъол гардидани онҳо омӯхта шавад. Бояд гуфт, ки падидаи хушунатомези тундгароии исломӣ дар муҳити пасошӯравӣ хусусиятҳои фарқкунандаи худро дорад. Пайдоиши он ҳамчун ниҳоди муташаккили сиёсӣ ба охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. Ин раванд бо болоравии андешарониҳои динӣ оғоз гардида, тадриҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии тундгаро оварда расонид. Ҳамчунин бояд гуфта шавад, ки дар ибтидои солҳои 90-ум на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни мӯътақидони дину конфессияҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳонбинии динӣ боло гирифт. Иллати ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба фурӯпошии пояҳои идеологии як давлати абарқудрат вобаста буд. Дар шароити ба вуҷуд омадани холигии идеологӣ як гурӯҳи муайяни мардум барои пайдо кардани ҷаҳонбинии нав ба дин ва арзишҳои динӣ муроҷиат карданд. Бо гузашти айём ва андӯхти таҷрибаи рӯзгор дар фаъолияти бисёре аз созмонҳои исломӣ вежагиҳои сиёсӣ тақвият гирифта, ислом мавқеъгирии сиёсию динӣ ба даст овард. 
Бояд эътироф намуд, ки ташкили ниҳодҳои «исломи расмӣ» дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам барои аз байн бурдани роҳу усулҳои суннатии интихоби роҳбарони мазҳабӣ ва пешвоёни маънавӣ ҳеҷ коре карда натавонист. Баръакс, дар тӯли даҳсолаҳо ин вазъият дар баробари мавҷуд будани ниҳодҳои давлатии назорати ҳаёти динӣ боиси таъсис ва амали як миқдор масҷидҳои ғайрирасмӣ гардид. Тибқи ҳисоботи оморӣ теъдоди масҷидҳои ғайрирасмӣ нисбат ба масҷидҳои расмӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар оғози солҳои 90-ум 20 баробар зиёд будааст, ки ин аз интиқоли «исломи ғайрирасмӣ» ба ҳолати қонунӣ ва ошкорои фаъолият дарак медиҳад. Маҳз як миқдор намояндагони ба истилоҳ «исломи ғайрирасмӣ» дар оянда муассисони ҳизбу созмонҳои исломӣ гардиданд. Бештари созмонҳои ҷамъиятию сиёсии мусулмонӣ равияҳои тундгароиро пуштибонӣ мекарданд. Аз ин ҷиҳат хусусияти муҳимтарини тундгароии исломӣ волоияти арзишҳои динӣ не, балки ташаккули маҷмӯи унсурҳои сиёсии он ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии ин падида дар истифода бурдани роҳу усулҳои муборизае аз ҷониби созмонҳои мухталифи исломӣ ифода меёбад, ки он ба талаботи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқат намекунад. Дар нуфуз пайдо кардани сиғаи хушунат ва тундгароёнаи ислом дар оғози истиқлолияти давлатии кишвари мо ҳамчунин омилҳое, ба мисли набудани низоми мукаммали сохтории омӯзиши дини ислом, паст будани сатҳи тахассусӣ ва фасодзадагии намояндагони исломи расмии ҳукуматӣ, саъю талошҳои як идда пешвоёни рӯҳонӣ ва ҳизбӣ барои шомилшавӣ ба созмонҳои асли фаъолияташон номаълуми байналмилалии мусулмонӣ ба хотири ба даст овардани ёриҳои молиявию пулӣ аз ҷониби давлатҳои сарватманди арабӣ заминаи номатлуб гузоштанд. 
Аз ҷониби дигар, барҳам хӯрдани низоми идоракунии фарогир, сар задани нооромии сиёсӣ, афзоиши бекорию камбизоатии аҳолӣ ва коста шудани сатҳи таълиму тарбия ба он оварда расонид, ки як зумра ҷавонон фирефта ва шефтаи таблиғоти фаъолони созмонҳои динӣ шаванд. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои динию мазҳабӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз модели идоракунии исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоии зиндагии онҳо пазируфта шавад. Бояд гуфта шавад, ки муваффақияти ҳама гуна ҳизбҳои навбаромад, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсис ёфтанд ва гароиши сиёсию динӣ, миллию қавмӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ислоҳотӣ ва демократӣ доштанд, ба имкониятҳои пулии онҳо сахт вобаста буд. Ҳизбҳои исломгаро низ барои иштирок дар фаъолияти созмонҳояшон ба фаъолон, мухлисон ва ҳаводорони худ маблағҳои зарурӣ пардохт мекарданд. Пуле, ки онҳо медоданд, аз музди меҳнатии воқеии онвақтаи мардум зиёдтар буд ва ҷавонон асосан ба хотири пул рӯёнидан  шомили ин қабил аҳзоб мешуданд, на аз рӯйи бовару эътиқод ва эҳтироми дину мазҳаб. 
Ҳамин тариқ, тундгароии исломӣ дар шароити нав дар дасти як гурӯҳи муайян ба як воситаи муҳими таъсиррасонӣ табдил ёфт, ки онҳо аслан ҳадафҳои динию мазҳабиро пайгирӣ намекарданд. Фаъолияти ин қабил созмонҳои тундгаро якбора дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври бесобиқа қавӣ гардид ва ҳавохоҳону пайравони зиёд ҳам пайдо кард. Ана ҳамин андешаи ботили асримиёнагӣ, ки маҳз тавассути бунёди давлати исломӣ дар асоси муқаррароти шариат тамоми мушкилоти иҷтимоиро ҳал кардан имконпазир мешавад, баъдтар боиси афзоиши хостаҳо, иродаҳо ва ҷасоратҳои нав ба нав ва ба таассубу ҷаҳолат ғӯтавар гардидани ҷавонон шуд. Ҳарчанд матлаби ошкорои ин созмонҳо таъсиси Хилофати ормонии исломӣ, ки як қисмати шартии онро Хилофати Мовароуннаҳр ташкил медиҳад, бошад ҳам, вале мақсадҳои ниҳонии пуштибонони бурунмарзии онҳо, нахуст, ҳузур пайдо кардан дар ин минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ қулай, сониян, роҳ ёфтан ба коркард ва истифодаи захираҳои фаровони нафту газ, тилло, уран, дигар маъданҳои фоиданок ва ниҳоят, сармояи инсонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон будааст ва хоҳад буд. Илова бар ин, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими обистони ҷаҳонӣ ва пиряхҳои бузург маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки дар қаламрави васеи кишварҳои Осиёи Миёнаи пасошӯравӣ яке аз минтақаҳои сераҳолитарини кураи Замин – водии Фарғона ҷойгир аст, ки сокинони он тақрибан тӯли бештар аз бист сол бо шеваи мухолифат изҳор намудан ба ҳама гуна ҳокимияти сиёсӣ машҳур гаштаанд. Сӯиистифода аз камтарин проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ба мисли бекорӣ ва камбизоатӣ аз ҷониби нерӯҳои манфиатдор дар ин минтақа ҳар лаҳза метавонад боиси шиддат гирифтани андешаҳои тундгароёна дар заминаи эҳсосоти миллӣ ва динӣ байни миллатҳои ӯзбек, қирғиз ва тоҷик гардад. 
Бадбахтона, кишвари хурди Тоҷикистон, ки аз нигоҳи потенсиали иқтисодӣ ва захираҳои ашёи хом ҷаззобияти казоие надошт, ибтидои солҳои 90-ум дар ин кашмакашу муборизаҳои шадиди сиёсӣ ҳамчун майдони озмоишгоҳ ба бозиҳои ғаразноки сиёсию мазҳабӣ кашида шуд. Падидаи номатлубе, ки баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар миёни мардуми тоҷик ба вуҷуд омадааст, ин бетафовутӣ зоҳир намудан нисбат ба арзишҳои волои миллию динӣ, ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рӯ овардан ба дину мазҳабҳои бегона мебошад, ки дар натиҷа як муддат ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории онҳоро сахт дар зери хатар монда буд. Ҳамчунин аст сиёсати давлатҳои абарқудрат: як кишвари хурдро ба гирдоби балоҳо кашонида масъалаҳои бузурги минтақавии худро роҳандозӣ мекунанд.  
Маъмулан шикаст ва нокомии фарҳанги мусулмониро дар Осиёи Миёна дар ибтидои асри ХХ ба Инқилоби Октябр ва бунёди ҳокимияти шӯравӣ мансуб медонанд. Чунин хулосабарорӣ роҳи осони ҳалли масъала аст, ки тавассути ба сари болшевикон бор кардани тамоми бадбахтиҳо гӯиё аз мушкилоти сарпечида раҳоӣ меёбем. Вале бояд сабаби масъаларо андаке барвақттар дар муҳити бӯҳронии зиёиёни мусулмони Осиёи Миёна ҷустуҷӯ кард. Ин раванд аз ибтидои асри ХIХ оғоз гардида, дар заминаи таъсири беруна зиёиёни бофарҳанги минтақаро ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф ҷудо кард. Дар миёни онҳо масъалаи ифодаи муносибати танқидӣ ба фарҳанги қадимаи худӣ ва зарурати даст кашидан ё таҷдиди назар кардани як идда принсипҳо ва арзишҳое, ки тӯли асрҳои зиёд бетағйир монда буданд, ташаккул ёфтан гирифт. Далели аслии шикасти фарҳангӣ бархӯрди ошкоро бо дастовардҳо ва арзишҳои тамаддуни Аврупо дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX буд. Ин тамаддун ҳам тавассути манфиатҳои сиёсию иқтисодии Россияи подшоҳӣ ҳамчун тарзи нави ҳаёт вориди фазои фарҳангии минтақа гардид ва ҳам аз тариқи сафарҳои тоҷирону зиёиён ба кишварҳои Аврупо ва Шарқи мусулмонӣ тарғиб мешуд. Далелҳои дигар низ мавҷуданд, ки яке аз онҳо аз нигоҳи назариявӣ ва техникӣ омода набудани исломи расмии Осиёи Миёна ба таҳоҷуми фарҳангии беруна буд. Шигифтовар нест, ки ин муҳити фарҳангӣ ба чолишҳои тамаддуни Аврупо посухи саривақтии таҳлилӣ дода натавонист, зеро аз охирҳои асри XVIII Осиёи Миёна ба коста шудани андешаи назариявии исломӣ мувоҷеҳ гардида буд. Дар Бухоро вазъи ислом ва тамоми ниҳодҳои марбутаи он (тарзи ҳаёти рӯхониён ва уламои дин, бадахлоқӣ ва каммаърифатии онҳо, муносибати иртиҷоии ҳокимон) мавриди танқиди шадиди фақеҳони исломӣ ва маорифпарварони мусулмони Россия қарор гирифта буд. Баъдтар аз дохил садои пешвои маорифпарварони тоҷик Аҳмади Дониш ва пайравонаш баланд шуд. Ақидаҳои пешқадам дар асарҳои «Наводир ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Ҳаким Сироҷ, «Мунозира», «Сайёҳи ҳиндӣ» ва «Роҳбари наҷот»-и Фитрат ошкоро баён гардиданд. Дар ниҳояти кор, ду нерӯи асосии исломӣ дар минтақа фаъол шуданд: исломи расмӣ ва исломи фикрӣ (интелектуалӣ). Дар байни ин ду нерӯ ихтилофот мавҷуд буданд, вале дар масъалаи ояндаи рушди фарҳангӣ ва таъсири мутабодили онҳо байнашон умумият низ вуҷуд дошт. Инчунин дар заминаи таассуби динию мазҳабӣ дар ибтидои асри ХХ миёни намояндагони рӯҳоният раванди дигари бархӯрд ва ихтилофот – гароиш ба пантуркизм ва панэронизм шиддат гирифт. Мутаассифона, ҳаракатҳои пешқадамаи илмӣ ва маърифатӣ, ки дар саросари олами ислом бо номҳои таҷаддуд, наҳзат ва морифпарварӣ паҳн гардида буд, ба анҷоми мантиқӣ ва нуқтаи «таммат билхайр»-и худ нарасиданд. Инқилобҳои гуногун ва ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ дар кишварҳо садди роҳи он шуданд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамаи масъалаҳои ҳалношуда ба зери сояи чатри сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ даромаданд ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаклу муҳтавои тоза аз худ дарак доданд, ки дарёфти ҳалли дурусти онҳо мушкилоти зиёде барои ҷумҳуриҳои мусулмонии тоза ба истиқлолият расидаи собиқ шӯравӣ мушкилоти дигареро зам намуд.
Гузашти айём нишон дод, ки пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, барҳам хӯрдани блоки давлатҳои капиталистӣ ва сотсиалистӣ дар зери парчами сиёсати «бозсозӣ» аслан оғози дигаргуниҳои куллӣ ва аз нав тақсим кардани ҷаҳон будааст. Дар роҳандозӣ намудани ин сиёсат, мутаассифона, истифода бурдани унсури динӣ ва бадном кардани дини мубини ислом созгор афтода, як қатор кишварҳои арабӣ дар заминаи буҳрону даргириҳои сиёсӣ ба харобазор табдил ёфтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шароити ниҳоят мураккаб ва зуд тағйирёбандаи сиёсати ҷаҳонӣ тавонист барномаи муваффақонаи эҳёи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои диниро дар солҳои истиқлолият татбиқ намуда, тамоми потенисали омӯзанда ва ахлоқии онҳоро барои татбиқи се ҳадафи стратегии кишвар сафарбар намояд.  
 
Файзулло Баротзода  –  Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон