Муҳаббат ба таърих ва худогоҳии миллӣ дар Паёми Пешвои миллат

 

Паёми имсолаи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва муҳимтар аз ҳама баёнгари ормону андешаҳои халқи тоҷик буд. Яке аз масъалаҳое, ки дар меҳвари ин паём қарор дошт, арҷгузорӣ ба арзишҳои бунёдии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба пешрафти илму маориф, Президенти кишвар ба масъалаи худшиносӣ ва муқовимат дар баробари таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ таъкид карда, фармуданд, ки бояд тамоми қишрҳои ҷомеа дар ин самт фаъол бошанд. Таълифи китобу мақолаҳо дар бораи забон яке аз муҳимтарин вазифаҳои олимони забоншинос мебошад. Забон муҳимтарин нишонаи ҳастии миллат буда, дар давоми чанд соли охир китоби дуҷилдаи Пешвои миллат бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» ба нашр расид, ки як навъ ҷамъбасти забоншиносии тоҷик мебошад. 

Муҳимтарин такягоҳ дар муқобила бо ифротгароиву бегонапарастӣ таъриху дурахшону дерини тоҷикон аст. Тавре Пешвои миллат фармуданд, «Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд». Таҷлили бошкӯҳи таърихи Сарзами бостонӣ ва пажӯҳиши ин ёдгории беназири халқи тоҷик гувоҳи равшани барномарезии Ҳукумати кишвар дар ин самт ба шумор меравад. Тавре медонем, ин ёдгории беназир мазҳ дар даврони истиқлол мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифта, бо ташаббуси давлати мо ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид. Дар паёми худ сарвари кишвар гуфтанд, ки муаррифии мероси моддӣ ва ғайримодии халқи тоҷик дар ҳамоҳангӣ бо Соли гузашта ҳазорон ҳамватани мо барои дидани ин ёдгорӣ ва ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни тоҷикон озими шаҳри Панҷакент гардиданд, ки боиси рушди соҳаи сайёҳӣ гардид. Пешвои Миллат борҳо аҳамияти муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ доштани мероси таърихии халқи тоҷикро ёдовар гардидаанд. 

Дар Паёми имсола арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва гиромидошти хотираи фарзандони халқро махсус ёдовар шуда, Пешвои миллат ин амалро вазифаи ҳар соҳибватан ва рисолати таърихии давлати Тоҷикистон унвон карданд. Гиромидошти хотираи фарзандони фидокору некноми халқ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромдааст.  Дар давоми сӣ соли истиқлол бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангу сиёсати тоҷикон – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Алии Ҳамадонӣ, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Камоли Хуҷандӣ, Сайидои Насафӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон баргузор шуд, ки барои худшиносии тоҷикон ва баланд гаштани рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муайян гузошт. 

Пешвои миллат мақомоти дахлдори кишварро барои омӯхтани таъриху мероси маънавии тоҷикон вазифдор карданд. Агар дар паёми соли гузашта ба мардуми кишвар тақсим кардани китоби «Тоҷикон»-и Ғафуровро дар назди Ҳукумати кишвар гузошта бошанд, дар Паёми имсола бори дигар дар назди донишмандон вазифа гузоштанд, ки таъриху фарҳанги кишварро бештар омӯхта, ба мардум муаррифӣ кунанд.   

Дар Паёми Пешвои миллат ба ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гашта, ин ҷашнҳоро аз ифтихорҳои муҳими кишвар номиданд. Фикр мекунам, ки дар сурати ҳамовозӣ ва ҳамоҳангии ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин самт мо метавонем ба сатҳи баландтари худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ ноил гардем.  

 

Шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ.

Яндекс.Метрика