М. Кабирӣ Худоро ҳам «кидать» мекунад? Аҷабо!

Суханронии М.Кабириро дар ҳамоиши «Нур» шунида, аз он дар тааҷҷуб афтодам, ки мутаассифона то ба ҳол ҳастанд ашхосе, ки то ҳанӯз ба ӯ бовар менамоянд. Кабирӣ барои тағйири самти фаъолияти худ (агар бепардапӯшона гап занем, «кидать» кардани Худо) фаъолияти ТЭТ-и ҳизби наҳзатро ба марҳилаҳо тақсим намуда, хусусиятҳои ҳар марҳиларо мухтасар баён кардааст. Аммо ӯ боре ҳам ёдовар намешавад, ки маҳсули тамоми фаъолияти онҳо дар ҳамаи марҳилаҳо беобрӯ ва бадном гардидани ҳизбу тарки Ватан намудани пайравони он будааст. Ҳол он ки онҳо дар ҳафтаномаи ҳизб – «Наҷот» сухани Худо «… Бешубҳа, Ҳизби Худо ғолиб хоҳад буд» (Моида: 56)-ро шиор қарор дода буданд. Ин ҷо суоле пеши назар ҷилвагар мешавад, ки аз таносуби ҳукми Худо ва оқибати фаъолиятҳои пинҳонию ошкорои ҳизб дар кишвар хонанда ба чӣ натиҷа хоҳад расид? Магар Худо дурӯғ мегӯяд? Не, Худо дурӯғ намегӯяд, балки ҳизбе, ки як гурӯҳак ташкил карду оқибат доварии он ба Кабирӣ расид, ҳизби Худо набуд ва нест. Саркардагони ин ҳизб аз боварии мардум, аз таълимоти ислом ва суханони Худо сӯиистифода намуда, бо аъмол ва афкори зиддинсонӣ ва зиддидинияшон Худоро «подводить» карданд.

Кабирӣ дар суханрониҳои хеш вижагиҳои фавқуззикри фаъолияти ҳизбро ба фаромӯшӣ супурда, бо мақсади тағйири самти фаъолияти ҳизб («кидать» кардани Худо) чанд созмону ҳаракати исломиро ба таври намуна қайд намудаст. Аз маънии суханони ӯ бармеояд, ки баъзе созмону ҳаракатҳое, ки дар фаъолияти худ масоили диниро устуворона пайгирӣ намуданд, аз тарафи халқ дастгирӣ наёфтанд. Қобили зикр аст, ки вақте андешаи мазкур аз даҳони Кабирӣ садо дод, андешаи зикршуда аз тарафи толор бо чапакзанӣ дастгирӣ ёфт.  Аз ин бармеояд, ки аз дин дифоъ намудани раҳбари ҳизб на танҳо барои мардуми ғайр, балки барои пайравони худи ҳизб низ нолозим буд ва ҳаст. Пас, дифоъ аз дин танҳо ба раҳбари ҳизб ба хотири идома додани фаъолияташ ба сифати раҳбар зарур будааст. 

Сипас, Кабирӣ раҳбари ҳизби наҳзати Тунис Рашид Ғануширо мисол меоварад. Ана, чун ӯ самти фаъолияташро тағйир дод (яъне, масоили диниро дигар дунболагирӣ наменамояд) , агарчанде ба 70 расидааст, то ба имрӯз кор мекунад. Ин ҷо Кабирӣ аз маврид истифода намуда, хост ба ҳамаи  миш-мишҳо дар хусуси иваз намудани Кабирӣ ба сифати роҳбар хотима гузорад. Яъне, ӯ хотиррасон месозад, ки Рашид Ғанушӣ ба 70 даромаасту то ба имрӯз ҳизбро роҳбарӣ менамояд, аммо Кабирӣ ҷавон аст ва нав ба панҷоҳ даромадааст. Бинобар ин, иваз намудани ӯро набояд ба гӯшаи хотир овард, зеро ӯ самти фаъолиятро тағйир дода, умедҳои зиёд дорад. (аз кӣ чӣ дар поён шарҳ хоҳад ёфт). 

Дар охир Кабирӣ моҳияти тағйири самти фаъолияти ҳизбро  бо чунин андеша ифода намудааст: «Дарди миллатро даво кунем, миллат моро бармегардонад. Аввал дардро бишносем». 

Ин ҷо суоли матраҳ аз он иборат аст, ки дар зери мафҳуми «дард» Кабирӣ чиро дар назар дорад? Барои дарёфти ҷавоб ба суол бояд ба мантиқи суханҳои Кабирӣ амиқ таваҷҷуҳ  кард. Он чи Кабирӣ дар суханронии худ иброз доштааст, зоҳири маънии суханҳои ӯст. Ботин ва асли маънии суханҳои ӯ дар он ифода меёбад, ки имрӯз муҳити фаъолият комилан тағйир ёфтааст. Пештар вақте ки дар Тоҷикистон ҳизби ӯ озодона фаъолият мекард, ба хотири тақвияти мақом ва нақши дин дар ҷомеа аз кишварҳои мусулмонӣ маблағҳои калон мегирифт ва бозору қасрҳо месохт. Аммо имрӯз чун ҳизби ӯ ба сабаби зарфияти террористӣ доштан фош гардида ноком шуд, акнун барои тақвияти мақому манзалати дин дар кишвар ба ёрии дигарон умед бастан номумкин шудааст. Муттакои ягона танҳо аврупоиёнанд. Аммо аврупоиён низ дар дунболагирӣ намудани мушкилоти динии кишварҳои тозаистиқлол дигар ҳеҷ манфиатеро нахоҳанд дид,  зеро ифротгароёни динӣ бо аъмоли террористии худ исломро дар чашми аврупоиён низ сиёҳ ҷилвагар сохтанд. Бинобар ин, барои кандани маблағ аз аврупоиён  бояд самти фаъолиятро тағйир дод, яъне дигар на масоили динӣ, балки масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, ки  дарди ҳар гуна  ҷомеа маҳсуб меёбад, дар меҳвари фаъолият  қарор гирад.  Агар ин матлабро боз ҳам соддатар баён намоем, Кабирӣ барои кандани пул бояд Худоро ин навбат низ «кидать» намояд. Яъне, Кабирӣ ба хубӣ медонад, ки ҳеҷ як ҷомеаи инсонӣ бе «дард» - мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ нахоҳад буд. Ҳатто пешрафтатарин ҷомеа низ бо бартараф намудани як масъала барои ҳалли  мушкилоти нав хоҳад пардохт. Ва ин амал вазифаи рӯзмарраи ҳар як давлат аст.  Сониян, Кабирӣ худ нағз медонад, ки барои давои «дард»-и миллат аз дасти ӯ ҳеҷ коре намеояд, аммо барои идомаи фаъолият ба сифати роҳбари созмон ва кандани пул аз хориҷиҳо «гӯл» задани мардуми оддӣ шарт ва зарур аст. Агар Кабирӣ нисбат ба Худо макру хиёнатро раво бинад, пас фанду фиреб додани се-чор муҳоҷир барояш ҳеҷ мушкиле надорад. Лизо аз макри ӯ эҳтиёт бошед! 

Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ       Абдулҳаев К.А.    

Яндекс.Метрика