Наврӯзи хусравонии тоҷикон (1)

Ф. Баротзода
I. ЗАМИНАҲОИ ПАЙДОИШ
 
Пӯшида нест, ки ҳар як қавму миллат дар тӯлу арзи ташаккули фарҳангии худ барои ба ваҷҳи некӯ ва созгор муҳрабандӣ намудани сарриштаи кору рафтор бо табиат солшумории муайянеро ихтиёр кардааст, ки ба гардиши Офтобу Моҳтоб ва ё муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ вобаста будааст.
Аслан ҷашни куҳан будани Наврӯз ба замонҳои пеш аз Ҳахоманишинҳо ва Модҳо рафта мерасад, яъне давроне, ки ориёиҳо сарзаминашонро ба ду қисмат ҷудо мекарданд: фасли сармо, ки даҳ моҳ тӯл мекашид ва фасли гармо, ки ҳамагӣ аз ду моҳ иборат буд. Ин матлаб дар Авасто низ ёд мешавад. Пас аз ин тағйирот-ҳои иқлимӣ ба вуҷуд омаданд ва дар асоси далолати Вандидод тобистон ба 7 моҳ ва зимистон ба 5 моҳ баробар гардид. Ҳар яке аз ин фаслҳо дорои ҷашнҳое буданд, ки дар навбати худ оғози соли нав шуморида мешуд. Поягузории ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дар оғози фаслҳои дугонаи ориёӣ далолат бар он дорад, ки заминаи пайдоиши ҳар ду ҷашн ба бузургдошти як марҳилаи нав, яъне поёни як фасл ва саршавии фасли дигар пайванди қавӣ доштааст. Бо мурури замон фаҳмиши ҷашни Наврӯз аз шакли содаи нуҷумӣ ва ченакшиносӣ берун омада, тадриҷан баъзе тобишҳои динию сиёсӣ ва маросимӣ ба бар кардааст. Дар ниҳояти кор ин пешаи фарҳангсолории аз гузаштагони дур ба ёдгормондаи мо дар оғози бурҷи Ҳамал ҷойи собите ёфт ва ягона ҷашни ҷаҳониест, ки платформаи устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибати муваффақона бо табиатро дар худ ғунҷоиш додааст.
Сазовори гуфтан аст, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳо мардуми Бобули бостон низ дар давраҳои бисёр қадим рӯзи нахустини солро гӯё дар эътидоли баҳор, дар рӯзи мувофиқ ба 21 март ҷашн мегирифтаанд. Ин замон ҳамчун фарорасии баҳор, оғози соли нав ва аз хоби зимистон бедор шудани табиат пазируфта мешудааст. Дар асоси омӯзиши лавҳаву нигораҳо ва осори боқимонда олими эроншинос Артур Кристенсен чунин хулоса кардааст, ки «ин ҷашн тақрибан 2340 сол пеш аз мелод соҳиби шиносномаи худ будааст ва тибқи нигора-ҳои дар Бесутун будаи даврони Дориюши бузург ҷашни оғози соли нави порснажодон Меҳргон ном дошта, он ба саршавии фасли тирамоҳ рост меомадааст» [10, 83]. Бояд гуфта шавад, ки дар Авасто ва адабиёти авастоӣ ҳеҷ ном аз ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон бурда нашудааст [1, 107]. Аз ҷониби дигар дар охири ҳукумати Дорои Бузург сарзамини Эроншаҳр зери таъсири фарҳангҳои Осиёи Сағир (Анозул) ва ҳавзаи баҳри Миёназамин (ҳеллинизм) қарор гирифта буд. Аз ин рӯ, мардуми эронитабор тақвими қибтиро, ки дар асоси он сол ба 12 моҳи сирӯза тақсим мешуд, бипазируфтанд. Ин тақвим 5 рӯзи изофиро низ дар назар дошт, ки онро «панҷаи дуздида» ё «хамсаи мустариқа» [8, 128] мегуфтанд ва дар эътидоли баҳорӣ оғоз мешуд. Дере нагузашт, ки ин тартиби солшуморӣ бар асоси тақвими авастоӣ ва зардуштӣ қарор гирифт. Ва рӯзи аввали сол дар эътидоли баҳорӣ аввали фарвардин муқаррар гардид, ки онро ҷашни Наврӯз мегуфтанд. Як гурӯҳи олимон бо назарияи иқтибоси Наврӯз аз Байнанаҳрайн ва кишвари қибтҳо розӣ нестанд. Ба ақидаи онҳо, ҳанӯз се ҳазор сол пеш аз мелод дар Осиёи ғарбӣ ду ид бардавому барқарор будааст: Иди офариниш дар оғози тирамоҳ ва Иди растохезӣ дар саршавии баҳор. Сипас ин ду ид бо ҳам даромехта, ба як ид табдил меёбанд ва он дар оғози баҳор ҷашн гирифта мешудааст. Меҳрдоди Баҳор тахмин мекунад, ки «Наврӯз пеш аз Ҳахоманишиниён шояд вуҷуд дошта будааст, ки дар Авасто аз он ёд намешавад, зеро ин як ҷашни сирф миллӣ асту Авасто китоби динӣ» [5, 67]. Вале бо гузашти айём дини зардуштӣ ҳам Наврӯз ва ҳам Меҳргонро андаруни қабои динию эътиқодӣ бармеандозад. Дар ҳамин асос зимни таҷлили Наврӯз ҷашни зардуштии фаравардагон пайдо мешавад. Ин ҷашн дар заминаи боварҳои дерини ориёиҳо ба пояҳои аслии Наврӯз таъсир гузоштааст. Ҷашни фаравардагон асосан ҷашни фраваҳарҳо буд ва дар он ҳангом даҳ рӯзу даҳ шаб баргузор мешуд. Фраваҳарҳо ҳамон арвоҳи мурдагонанд. Ва моҳи фарвардин, ки ба оғози сол рост меояд, аз ҳамин ном реша мегирад. Дар фарвардин-яшт омадааст, ки «дар муддати ҷашни фаравардагон фраваҳарҳои мӯъминон аз иқоматгоҳҳои худ берун меоянд ва муддати даҳ шаб дар канори мардум боқӣ мемонанд» [15, 170]. Ин ҷашн марбут ба бозгашти арвоҳи мурдагон будааст. Замони баргузории ин ҷашн ба ҳисоби гоҳшумории имрӯзӣ панҷ рӯзи охири исфанд ва панҷ рӯзи аввали фарвардинро дарбар мегирифт. Аз гоҳе, ки оғози сол дар эътидоли баҳорӣ таъйин гардид, Наврӯз ба шашумин рӯзи ин ҷашн рост омад, яъне як рӯз ба фарвардагон афзуда шуд. Бад-ин минвол андешаи шукӯҳу бузургии рӯзи шашумини ҷашн «ҳамчун муҳимтарин солрӯзи нав дар зеҳни порсинажодон аз даврони куҳан вуҷуд доштааст» [11, 263], ки дар замони Сосониён ҳам бозтоби некӯ пайдо карду ҳам ба ваҷҳи писандида ҷобаҷогузорӣ гардид.
Бад-ин минвол аз даврони қадим гузаштагони пурифтихори мо оғози солро бо шодию хурсандӣ пешвоз мегирифтанд ва ин ҷашнкори ниёгонӣ ҳамчун суннати миллӣ комилан берун аз омӯзаҳои динӣ ташаккул ёфт. Ҳамин буд, ки пайдоиши ислом дар марзи густариши Наврӯз масъалаи муносибати ойини навро доир ба ин ҷашни пуршукӯҳи порситаборон ба миён гузошт. Зеро дар оғози ислом ва давраи ҳукмронии хулафои рошидин «арабҳо ҳанӯз мисли Наврӯз иди бонизоме бо ҷумлаи аҷзои табақабандияш надоштанд ва ҳамчунин қудрати казоиеро барои манъ кардани ҷашнҳои мусулмонони ғайриараб молик набуданд» [21, 96]. Матлаб иборат аз ин буд, ки оё баргузории ҷашни Наврӯз бо арзишҳои исломӣ чӣ бархӯрде дошта метавонад. Агар он ҳеҷ ихтилофе бо фармудаҳои динӣ надошта бошад, пас он аз назари ислом ҳам пазируфтанист.
 
II. НАВРӮЗ ВА ИСЛОМ
 
Сипас дар замони хилофати Умавиён ҳаракати футӯҳоти исломӣ барои арабҳо арзишҳо ва анъанаҳои миллии кишварҳои дигарро низ ошкор кард, ки аксари онҳо тавассути тарҷума ба фарҳанги мусулмонӣ таъсиргузор шуданд. Баргардони осори тоисломии порсизабонон низ ривоятҳои зиёдеро дар бораи Наврӯз ба забони арабӣ пешниҳод намуд, ки муҳтавои онҳоро тақрибан чунин баён кардан мумкин аст: офаридани Одам гӯё дар ҳамин рӯз будааст; дар баҳор бояд бисёр ёди растохез кард, зеро ҳамон тавре ки табиат зинда мешавад, инсонҳо низ рӯзи маҳшар зиндаву маҳшур мешаванд; худро бояд дар маърази бодҳои баҳорӣ қарор дод, то табиат бадани шуморо низ ҷавон кунад; ва баръакс аз бодҳои хазони тирамоҳ дурӣ бояд ҷуст, то бадани шуморо низ пир накунад [10, 68]. Тавзеҳоти фақеҳон ҳам доир ба ин масъала нахуст хайрхоҳона буд: ҳеҷ ҷашни миллӣ аз назари ислом мардуд нест, «агар он бо омӯзаҳои эътиқодӣ ва динӣ ихтилофи ҷиддие надошта бошад ва ҳамон гуна рафтор писандида аст, ки бо ар-зишҳои дини ислом созгор бошад» [12, 46].
Сарнавишт чунин қазоват кард, ки Наврӯз ҳатто дар ҳамон даврони дури қурунивустоӣ ҳамчун ҷашни шукӯҳманди бостонӣ, ки гувоҳи гӯёи гузаштаи тобнок ва дурахши фарҳанги барҷастаи мост, пазируфта шавад. Ва имрӯз ҳам ҳеҷ як ҷашне дар сатҳи ҷаҳонӣ наметавонад бо Наврӯзи тоҷикон ҳамсангӣ кунад, зеро он як чорабинии фармоишию қарордодӣ ва таҳмилию сиёсӣ нест, балки он «ҷашни ҷавонии ҷаҳон ва рӯзи хуррамию шодмонии Модар-Замин аст» [2, 103]. Аслан Наврӯз ифодаи пайванди ногусастании инсон бо табиат аст. Абӯрайҳони Берунӣ дар посухи «чӣ будани Наврӯз» чунин овардааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардин-моҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва он чи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳост ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯзро бузург доранд, зеро ки хусравон бад-он панҷ рӯз ҳақҳои ҳишам ва гурӯҳҳо бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахустин он аст, ки аввал рӯзе аст аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан» [20, 31]. Дар «Наврӯзнома» омадааст, ки сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки «чун донистанд, ки Офтобро ду давр буда – якеи он сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз он ба аввал дақиқаи Ҳамал бозояд. Ба ҳамон вақт ҳар рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Чун Ҷамшед ин дуро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Пас аз он подшоҳони дигар мардумон бад-ӯ иқтидор карданд» [3, 85]. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» менависад: «Бархе аз уламои Эрон мегӯянд: сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас соиба (андӯҳ) ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, дини худро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро Ҷамшед ид гирифт» [20, 33].
Аммо дар бораи огоҳии мусулмонон доир ба ин ҷашн ривоят мекунанд, ки ба расул (с) ҷоме симин ҳадя оварданд, ки пур аз ҳалво буд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: «Имрӯз Наврӯз аст». Гуфт, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён». Гуфт: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худо аскараро зинда кард». Гуфтанд: «Аскара (сипоҳиён) чист?» Гуфт: «Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда сар ба биёбон ниҳода буданд. Ва Худо ба онҳо гуфт: «Бимиред, онҳо бимурданд. Сипас онҳоро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онҳо биборанд, аз ин рӯй аст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шуда. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоби худ тақсим карду гуфт: «Кош ҳар рӯз бар мо Наврӯз будӣ» [23, 67]. Ҳамчунин дар ҳадисе аз Анас дар бораи вуҷуд доштани ду рӯзи ид дар замони ҷоҳилият хабар додаанд. Ҳангоми дар Мадина будани пайғамбар (с) одамон изҳор кардаанд, ки ин рӯзҳоро мардум бо шодию нишот ва барпо доштани бозиҳои гуногун сипарӣ мекардаанд. Ҷавоби пайғамбар (с) чунин будааст: «Ба дурустӣ, Худо барои шумо ин ҳар дуро бо идҳое беҳтар аз онҳо – иди Азҳо ва иди Фитр иваз дод» [2, 95]. Вале дар баёни вариантҳои гуногуни ин ҳадис дар ҳеҷ ҷое мазаммати анъанаҳои гузашта аз ҷониби пайғамбар (с) зикр нашудааст. Дар баёни имоми муҳаддис Аҳмад Абӯбакри Байҳақӣ ҳамин ду иди тоисломӣ Наврӯз ва Меҳргон будааст, ки то ҳудуди Ясриб густариш пайдо кардааст. Афзун бар ин, ҳангоми бемории охирин мардум ба саволи худ дар бораи ба мусулмонон чӣ чизе ба мерос гузоштани пайғамбар (с) чунин посух мегиранд: «Китоби ман ва суннати ман». Боз пурсида мешавад, ки агар маънои матлаберо пайдо накунем, чӣ чора бояд кард?! Дар ин ҳолат таъкид мешавад, ки ба девони шоирони тоисломӣ (даврони ҷоҳилият) муроҷиат кунед. Ин чунин маъно дорад, ки дар аҳодиси набавӣ ҳеҷ гоҳ бадбинию кинатӯзӣ ва кароҳият ба гузаштаи ақвоми гуногуни мусулмонон ҷойгоҳе надоштааст. Баръакс, гузашта ҳамчун пуштувонае устувор барои бунёди фарҳанги мусулмонӣ истифода мешудааст.
Футӯҳоти Билоду-л-фурс (сарзамини порсиза-бонон) фуқаҳо ва сипоҳиёни исломиро бо фарҳангу анъана ва ҷашну маросимҳои суннатии онҳо аз наздик ошно кард. Агар ба ривоёти гуногуни ахбори таърихномаҳои Табарӣ, Масъудӣ ва Ибни Асир доир ба густариши ислом дар сарзамини порситаборон (ба хусус қисмати ғарбии он) таваҷҷуҳ намоем, аён мегардад, ки дар оғоз аслан «ғозиёни исломовар ба анъанаҳои устувори қавмҳои ғайриараб муносибати муътадил доштаанд» [4, Ҷ. 2, 534]. Ҳатто дар пояи анъанаҳои ҳадябахшии Сосониён волиёну амирони иқлимҳои гуногуни исломоварда дар охири ҳукмронии Умавиён ва оғози хилофати Аббосиён ба ҳамдигар ҳадяҳо тақдим мекардаанд. Аввалин касе, ки ба халифагон ҳадяи наврӯзӣ овардааст, сипоҳсолори арабӣ Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ будааст. Ва сарчашмаҳо таъкид кардаанд, ки нависанда Аҳмад ибни Юсуф ба халифа Маъмун сабаде аз тиллоро тақдим кардааст, ки арзиши онро даҳ миллион дирҳам муайян кардаанд. Илова бар ин, як идда шоирон, ба мисли ал-Буҳтурӣ, Шариф Разӣ, Мутаннабӣ, Ибни Румӣ, Абӯтамом, Ибни Муътазз ва дигарон дар ашъори худ дар мавзӯи иди Наврӯз қасидаҳо сурудаанд [22, 73]. Чунин шакл гирифтани муносибатҳо амри табиист, зеро бунёди давлати Аббосиён аслан дар зери таъсири шадиди аносири давлатдории Сосониён таъсис ёфт ва пойтахт аз Димишқ ба Бағдод интиқол ёфт. Беҳуда нест, ки ховаршиносони ғарбӣ зуҳури хилофати Аббосиёнро дар фарҳанги мусулмонӣ аслан империяи нави Сосониён (New Sasanid Empire) ба забони арабӣ муаррифӣ кардаанд. Ҳузури унсури эронӣ дар низоми давлатдории хулафои аббосӣ ниҳоят таъсиргузор буд. Барои меросбарони давлати Сосониён бо ҳар роҳу васила нигоҳ доштани ҳангомаҳои империявӣ ҳатто дар матни фарҳанги мусулмонӣ ҳам авлотар аз ҳама чизи дигар буд. Пас, бархӯрду ихтилофот дар атрофи платформаи миллию фарҳангии Наврӯз дар кадом масъалаи муҳиме реша дорад?
Тавре медонем, оташи бузурги наврӯзӣ ҳамроҳи Яздигурд ибни Шаҳриёр «ба шаҳри Марв интиқол ёфту ниҳоят бо марги охирин подшоҳи сосонӣ нопадид шуд» [7, 71]. Вале бархӯрду ихтилофоти арабу аҷам ба масъалаи оғози солшумории ҳиҷрӣ рабт дорад. Тибқи маълумотҳо то замони солшумории ҳиҷриро ҷорӣ намудани халифа Умар ибни Хаттоб гоҳшуморӣ ва боҷситонии наврӯзӣ дар олами ислом мутадовил будааст. Агар ҳисобҳои нуҷумии наврӯзӣ дар асоси гардиши Замин дар атрофи Офтоб табақабандӣ карда мешуд, пас солшумории ҳиҷрӣ дар асоси гардиши Моҳ дар атрофи Офтоб барои дарёфти санаи дурусти оғози идҳои мусулмонӣ муайян мегардид. Тасаллути комили арзишҳои мусулмонӣ дуҳокимиятиро дар масъалаи солшуморӣ ба ҳеҷ ваҷҳ таҳаммул намекард. Аз ҷониби дигар, ба расмият даромадани солшумории ҳиҷрӣ боиси рушди илми нуҷум гардид. Бунёди расадхонаҳо ва интихоби мавзеъҳои баланди кӯҳӣ бо ин мақсад барои ошкор намудани асрори нуҳуфтаи фарҳангҳои миллӣ дар иқлимҳои ғайриарабии дору-л-ислом мусоидат кард. Аён гардид, ки тоҷикон дар қаламрави ҷуғрофиёии Мовароуннаҳр таҷрибаи андӯхтаи бештаре доир ба шинохти таъсиргузории «сабъа самовотин ва-л-арз» (ҳафт осмону замин) бо табиати фусункор доранд ва шинохти паҳлӯҳои худвежаи фарҳанги наврӯзии тоҷикон ҳангоми футӯҳоти исломӣ дар шаҳрҳои Варорӯд иттифоқ афтодааст. Дар ин бобат маълумоти арзишмандеро сарчашмаи муҳими хаттӣ бо номи «Таърихи Бухоро» [13] то ба рӯзгори мо расонидааст. Ин асар аслан бозгӯкунандаи воқеияти бархӯрд, шинохт, мутобиқшавӣ ва омезиши хамирмояи тавҳиди исломӣ ва қудсияти Наврӯз дар сарзамини ниёгони мо будааст. Ҳамин ду унсур барои сиришти фарҳанги тамоман нави миллӣ дар қабои сабзи наврӯзию исломӣ саҳми мондагор гузошта, абадулобод забони тоҷикиро ба абзори муҳими фарҳангсолор дар тамаддуни исломӣ мубаддал сохтааст.
(давом дорад)
Яндекс.Метрика