Наврӯзи хусравонии тоҷикон (2)

Ф. Баротзода
III. ТАШАККУЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ: УСТУРА ВА ВОҚЕИЯТ
 
Аммо ҷамъбасти маълумоти достону устураҳои тоисломиро дар бораи ин ҷашн мухтасар чунин баён кардан мумкин аст: замони баргузории Наврӯз оғози фасли баҳор аст ва асрори мантиқии он ҳам ба ҳамин мавсим сахт бастагӣ дорад. Ченаки фарорасии Наврӯз аз лаҳзаи эътидоли баҳорӣ оғоз мешавад. Тибқи донишҳои ситорашиносӣ эътидоли баҳорӣ дар нимкураи шимоли замин ҳамон лаҳзаеро ифода мекунад, ки Офтоб аз сафҳаи истивои замин мегузарад ва ба сӯйи шимоли осмон меравад. Ин лаҳза гардиши аввали бурҷи Ҳамал номида мешавад ва дар тақвими ҳиҷрии хуршедӣ бо нахустин рӯз (ҳурмуз ё урмуздрӯз) аз моҳи фарвардин баробар аст. Вожаи Наврӯз дар ду маъно ба кор меравад: Наврӯзи умумӣ – рӯзи оғози эътидоли баҳорӣ ва оғози соли нав; Наврӯзи махсус рӯзи шашуми фарвардин бо номи «рӯзи хурдод». Суғдиёну хоразмшоҳиён аз Наврӯз ба унвони Навсорид (نوسارد), яъне Соли нав ном мебурданд [14, 97]. Маншаъ ва замони пайдоиши ҷашни Наврӯз дақиқан маълум набошад ҳам, вале бархе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Таърихи Табарӣ» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Ҷамшед ва сарчашмаҳои дигар Каюмарсро поягузори Наврӯз муаррифӣ кардаанд. Масалан, падид омадани Наврӯз дар «Шоҳнома» чунин ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод, то дар он ҷо барояш тахте гузоранд ва худаш бо тахте заррин бар болои он тахт бинишаст. Ва баробари расидани нури Хуршед ба тоҷи заррини ӯ «ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданду он рӯзро рӯзи нав номиданд» [18, Ҷ. 1, 138]. Дар асоси ҳамин қабил ривоятҳо пайдоиши Наврӯзро мансуб ба замони Пешдодиён ва Ҷамшедро бунёдгузори он донистаанд. «Наврӯзнома»-и Хайём ҳам пайдоиши Наврӯзро ба замони Ҷамшед ҳамчун инсони нахустин дар асотири Маздиясно маънидод кардааст [10, 107]. Ривоятҳои дигари таърихӣ оғози Наврӯзро ба Бобулистон ва фарҳанги кишоварзии байни дарёҳои Арванд (Диҷла) ва Фурот нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоятҳо ривоҷи Наврӯз дар Эроншаҳр ба 538 сол пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Бузург ба Бобул бозмегардад. Ҳамчунин дар бархе аз сарчашмаҳо Зардушт ба ҳайси бунёдгузори Наврӯз ном бурда мешавад. Вале дар Авасто (ба хусус дар Готҳо) аз Наврӯз номе бурда нашудааст. Нигораҳои зиёде, ки дар тахти Ҷамшед ба ёдгор мондааст, маросими пешкаш кардани ҳадяҳоро ба подшоҳон таҷассум намудааст, ки онро ба Наврӯз марбут медонанд. Куруши дуюм, ки асосгузори давлати Ҳахоманишиниён дониста мешавад, соли 538 пеш аз мелод Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард ва дар ин рӯз баланд бардоштани рутбаи сарбозон, поксозии ҷойҳои зисти ҳамагонӣ ва хонаҳои мардум ва бахшидани гуноҳи маҳкумонро иҷро менамуд. Ин ойинҳо дар замони подшоҳони дигар низ риоя мешудааст. Ва «аз замони подшоҳии Дорои якум баргузории ҷашни Наврӯз дар тахти Ҷамшед оғоз гардидааст» [2, 155]. Хулосаи муҳақкиқон дар заминаи омӯзиши нигораҳо ва сангҳои навиштадор дар тахти Ҷамшед бар он далолат мекунад, ки мардум дар даврони Ҳахоманишиниён бо Наврӯз ошнои комил доштанд ва онҳо ин ҷашнро бо шукӯҳу бузургии вежа пешвоз мегирифтаанд. Собит шудааст, ки «Дорои якуми ҳахоманишӣ соли 416 пеш аз мелод тангаҳои тиллоие сикка задааст, ки дар як тарафи он акси сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст» [11, 437]. Ҷашни Наврӯз дар ин давра рӯзҳои 21 исфанд то 19 урдубиҳишт барпо мешудааст. Нигораи маросими пешкаш кардани ҳадяҳо ба подшоҳони ҳахоманишӣ дар тахти Ҷамшед ҳам далели шайъии бузург аст. Таҳлили муқоисавии ҷашнҳои мардумии ориёӣ ва қибтӣ шаҳодат медиҳад, ки ин ду ҷашн ба ҳам таъсиргузор будаанд. Наврӯз «дар аҳди қадим тавассути Дориюши бузург дар кишвари Қибт ҳам густариш ёфтааст» [8, 106]. Дар таҷрибаи гоҳшуморӣ ва шинохту ченаки вақт порсиён аз қибтиён баъзе чизҳоро омӯхтаанд ва дар ойинҳои наврӯзӣ ҳам таъсири унсурҳое аз қибтиён ворид шудааст.
Ба иттилои муҳаққиқон дар замони Ҳахома-нишиҳо подшоҳон Наврӯзро дар тахти Ҷамшед барпо медоштаанд. Ба ақидаи бостоншиноси фаронсавӣ Гершман дар тахти Ҷамшед ҳама чизи зарурӣ барои бузургдошти Наврӯз бино шудааст. ӯ нигораи машҳури тахти Ҷамшедро чунин шарҳ додааст: «Пеш аз анҷоми таш-рифоти ҷашни Наврӯз бузургони шоҳаншоҳӣ ва намояндагони кишварҳо ба тахти Ҷамшед меомаданд ва дар дашти васеи Марвдашт, ки рӯди Палвор аз миёни он мегузараду дар қисмати ғарбии тахти Ҷамшед қарор дорад, ҳазорон хайма мезаданд. Дар намои пилакони тахти Ҷамшед ашхосе, ки дар ташрифоти Наврӯз ширкат доранд, нишон дода шудаанд. Дар ин сангҳои барҷаста намояндагони 23 миллати тобеи шоҳаншоҳӣ ва дарбориёни порсӣ ва модӣ ҳамроҳ бо аспҳо ва гар-дунаҳои подшоҳӣ ва сарбозони шӯшӣ (шустарӣ) дида мешавад [5, 97].
Гиромидошти Наврӯз дар замони ҳукмронии Ашкониён ва Сосониён низ дар сатҳи зарурӣ таҷлил мешудааст. Дар ин муддат ҷашнҳои зиёде дар тӯли сол баргузор мешудааст, ки дар байни онҳо Наврӯз ва Меҳргон ҷойгоҳи сазовор ва барҷастае доштааст. Ҷашнгирии Наврӯз дар аҳди Сосониён на камтар аз 6 рӯз идома мепазируфт. Сосониён Наврӯзро ба ду давра тақсим мекардаанд: Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи бузург. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма панҷ рӯз тӯл мекашид ва аз 1 то 5 фарвардин гиромӣ дошта мешуд. Ва рӯзи шашуми фарвардин – Хурдод-рӯз ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мешуд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум – деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф ба дидори шоҳ меомаданд. Ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рӯзи шашум шоҳ аз ҳаққи адои мушкилоти табақаҳои гуногун фориғ мешуд ва дар ин рӯз танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури вай меомаданд.
Ба шаҳодати сарчашмаҳо дар даврони Сосониён солҳои кабиса риоя намешудааст. Бинобар ин Наврӯз ҳар чаҳор сол аз мавъиди аслии худ – оғози бурҷи Ҳамал ақиб мемонд. Ва дар натиҷа замони баргузории Наврӯз ҳамвора собит набудааст ва дар фаслҳои гуногуни сол ҷорӣ будааст. Ардашери Бобакон бунёдгузори силсилаи Сосониён дар соли 230 мелодӣ аз давлати Рум, ки дар натиҷаи ҳуҷуми вай шикаст хӯрда буд, дархост намуд, ки Наврӯзро дар ин кишвар ба расмият бишиносанд. Ин дархост мавриди пазируф-тории румиён қарор гирифт ва «Наврӯз дар қаламрави Рум бо номи Lupercal» [19, 149] маъруф гардид. Ҳамчунин дар аҳди Сосониён 25 рӯз пеш аз оғози баҳор дар дувоздаҳ сутун, ки аз хишти хом барпо мекарданд, намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ – биринҷ, гандум, ҷав, нахӯд, арзан ва лӯбиёро мекоштанд ва то рӯзи 16 фарвардин сабзиши онҳоро назорат мекарданд. Ҳар кадом аз ин гиёҳон, ки бештар нашъунамо мекард, дар он сол ҳатман ҳосили нағз медод. Аз ҳамин вақт «ба ҳамдигар об пошидани мардум бомдоди рӯзи Наврӯз ба ҳукми анъана даромада буд» [9, 87]. Ва аз замони Ҳурмузи аввал дар шаби Наврӯз оташ равшан кардан ба расмият даромад. Аз замони Ҳурмузи дуюм бошад расми додани тангаи сикка ҳамчун идона роиҷ гардид. Вале аз таҳлилу баррасии сарчашмаҳо пайхас бурдан мумкин аст, ки солҳои футӯҳот бархӯрди сипоҳиёни ислом бо вежагиҳои устувори наврӯзӣ дар қисмати Варорӯд бештар ба мушоҳида расидааст.
 
IV. "ТАЪРИХИ БУХОРО" ВА НИШОНАҲОИ НАВРӮЗӢ
 
Наршахӣ ҳангоми муаррифии Варахша – яке аз деҳаҳои бузурги Бухоро маълумоти ҷолибе дар бораи кохи ободоне, ки 1000 сол пеш аз ин бино ёфтааст, пешниҳод мекунад. Дар замони Исмоили Сомонӣ ин кох вайрону муаттал будааст. Амир мардумони ин деҳаро хонда, чунин пешниҳод мекунад: «Ман бист ҳазор дирам ва чӯб бидиҳам ва сохтагии он бикунам ва баъзе иморат бар ҷой аст, шумо ин кохро масҷиди ҷомеъ созед». Он мардумакони деҳа нахостанд ва гуфтанд, ки «масҷиди ҷомеъ дар деҳаи мо рост наояд ва раво набошад» [13, 45]. Сабаби чунин посух додани мардумро муаллиф чунин шарҳ додааст: «Ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рӯзе бозор аст. Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд ва онро «Наврӯзи кишоварзон» гӯянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисобро нигаҳ доранд ва бар он эътибор кунанд. Ва «Наврӯзи муғон» баъд аз он ба панҷ рӯз бошад» [13, 46].
Дар фасли «Зикри бозори Мох» [13, 51] бошад муаллиф зикр мекунад, ки дар «Бозори Мохрӯз» ҳар сол ду бор ва ҳар боре якрӯзӣ бозори калон барпо мешудааст. Дар ин бозор миқдори зиёди бозичаи бачагон ва бут ба маблағи зиёда аз панҷоҳ ҳазор дирам ҳар рӯз фурӯхта мешудааст. Ин бозорро дар даврони қадим подшоҳи Бухоро бо номи Мох сохтааст, ки рӯзҳои бозор худаш дар тахт нишаста аз ҷониби мардум харидорӣ шудани бутҳоро назорат мекард. Ин оташхона то ба вақти ислом барҷой будааст ва мусулмонон онро ба масҷид табдил доданд. Имрӯз ин мавзеъ қасри Ситораи Мохи Хоса ном дорад.
Дар хабари манзилҳои подшоҳони Бухоро аз қадим будани одати оташи азим афрӯхтан дар «шаби сурӣ» сухан меравад. Ин ҳамон чоршанбеи сурӣ аст, ки дар чоршанбеи охири моҳи исфанд ҳар сол ҷашн гирифта мешуд. Мардуми тоҷик гулханҳо афрӯхта аз болои он парида чунин мегуфтанд: «Зардии ман аз они ту сурхии ту аз они ман» [16, 147] ва он имрӯз низ роиҷ аст.
Дар ислом овардани Бухоро Қутайба ибни Муслим ширкати фаъол доштааст. Вале бояд донист, ки бо сабаби сахт устувор будани анъанаҳои миллии наврӯзӣ ин шаҳр чаҳор маротиба фатҳ шуда, мардумаш боз дигарбора муртад гаштаанд. Чизи муҳими дигар он аст, ки арабҳо иморатҳои ободи оташхона ва коху мавзеъ-ҳои хуррамро асосан ба масҷид табдил додаанд. Чунин рафтор дар оташкадаҳои Ҳулбук, Пули Сангини Хутал ва қалъаи Шумони Ҳисор низ таҳаққуқ пазируфтааст. Аз ин ҷиҳат, вайрон шудани бутҳои хонаи Каъба ва Байту-л-Ҳаром номгузорӣ шудани он дар нимҷазираи Арабистон бо масҷиди ҷомеъ ном гирифтани масҷиду оташкадаҳои тоҷикон як умумияте доранд. Дар бунёди фарҳанги мусулмонӣ арабҳо аз арзишҳои тоисломӣ, ба хусус маълумоти девони шоирони қасидасаро даст накашиданд. Пас табиист, ки таъсири рафтору гуфтор ва анъанаву одатҳои дар муҳити фарҳангии ҳамин маъбаду оташкадаҳо шаклгирифта аз хотираи тоҷикони мусулмоншуда низ зудуда нагардидааст. Густариши ҳукумати амирони сомонӣ дар тамоми қаламрави тоҷикнишин арзишҳои миллии наврӯзиро дар муҳити созгори фарҳанги нав аз пештара пурҷилотар кард. Дар платформаи фарҳангии Сомониён муқаддасоти исломӣ бо арзишҳои миллии тоҷикон ҳеҷ зиддияту ихтилофе ба бор наовардааст. Дар як қитъаи тоза пайдошудаи шеъри устод Рӯдакӣ, ки ахиран дар матни дастнависи як тафсири Қуръон дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад, шаҳомати таҷлили Наврӯз дар дарбори Сомониён бисёр барҷаста тасвир шудааст:
 
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.
Ба сухан ме- ба забон -бошу ба шамшер бирез
Хуни аъдо, ба тавқеи қалам деҳ рӯзӣ [17, 275].
 
Ҳамин муқаррарот ва пойдевори устувори фарҳангӣ, ки Сомониён ба мерос гузоштанд, то ибтидои асри ХХ ҳамчун ҳофизаи миллӣ на танҳо барои тоҷикон, балки барои худшиносии дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ низ хидматҳои шоёни таҳсин анҷом додаанд. Аз омӯзиши фарҳанги миллии наврӯзиҷавҳари тоҷикон ба осонӣ дарёфтан мумкин аст, ки арабҳо як идда суннатҳои мондагори ин ҷашни ниёгони моро, аз қабили дидору боздиди якдигар, яъне ба аёдати ҳам расидан, ба хотири ёди рӯҳи гузаштагон ҳозир шудан бар сари қабри мурдагон, мисли Наврӯз дар муддати 12 рӯз анҷом ёфтани маносики ҳаҷ, силаи раҳм, додани савғоту туҳ-фаҳои идӣ барин падидаҳои башардӯстонаи ин ҷашни покиро дар идроку ахлоқи динию фарҳангии худ бипазируфтаанд. Ин нишонаҳои инсонпарварона аз асолати фарҳангсолории Наврӯзи хуҷастапай муждаи ҷовидона медиҳад.
 
V. НАВРӮЗ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
 
Чун дар оғози асри ХХI Парвардигори Худованд бо лутфу карами бениёзи Худ Ҷумҳурии Тоҷикистони биҳиштосоро дар шароити озодӣ ва соҳибихтиёрӣ андаруни ҷаридаи харитаи сиёсии олам бо хатҳои заррин ҷойгузин намуд, бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни мондагори тоҷикбунёди башарият аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт. Пас саволе ба миён меояд, ки чӣ таҳаввуле дар шинохти ин ҷашни хусравонӣ дар даврони рушди технологияҳои баланд ба вуқӯъ пайваст, то падидаи тоҷикии Наврӯз шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд?! Ин ҷо чандин омилҳои муассире нуҳуфта аст, ки ошкор намудани онҳо барои имкониятҳои илми муосир кори чандон мушкиле нест. Зарур он аст, ки хурду калони қишру табақаҳои гуногуни Ватани азиз бояд аз ҷавҳари табъи худододи ниёгони худ дар дуриҳои дури умқи таърихи башарият огоҳ бошанд. Ба назари мо, ин ҷо якчанд омилҳои барозандаи гузаштаи ташаккули Наврӯз нақши меҳварӣ бозиданд:
Якум, соҳибони Наврӯз дар пояи зиндагии заминии худ муқаррар карда тавонистанд, ки Замин дар атрофи Офтоб дар тӯли 365 рӯз як бор давр мезанад ва ҳар сол ҳангоми чунин гардиш чаҳоряки рӯз ё аниқтараш 5 соату 48 дақиқа захира мешавад. Ҳар чаҳор сол ин соатҳои захирашуда тақрибан як рӯзи комилро ташкил медиҳанд ва соли як рӯзи зиёдатидошта соли кабиса номида мешавад. Ин мушоҳидаҳои ахтаршиносӣ барои дуруст тарҳрезӣ кардани фаъолияти кишоварзӣ, муносибат ба муҳити зист, таъсири бад нарасонидан ба иқлим ва дар ниҳояти кор таъмини амнияти иқтисодию озуқавории бошандагони олами куҳан мусоидат мекард. Баъдтар дар даврони Ҷалолуддин Маликшоҳи салҷуқӣ як гурӯҳ ситорашиносон гоҳшумории хуршедиро дар асоси фаъолияти расадхонаҳо муайян карданд ва оғози Наврӯзро дар якум рӯзи баробарии фасли баҳор собит сохтанд. Ин гоҳшуморӣ бо номи тақвими ҷалолӣ машҳур аст ва барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор муқаррар намуд, ки ҳар чаҳор сол миқдори рӯзҳои солро ба ҷойи 365 рӯз 366 рӯз дар назар бигиранд. Ин гоҳшуморӣ аз соли 392 ҳиҷрӣ оғоз гардид ва дар айни замон дуруст будани таҷрибаи рӯзгори беш аз шаш ҳазорсолаи ниёгони Наврӯзсиришти моро илман тасдиқ кард.
Дуюм, ойини Наврӯз ба оби равон, захираҳои обӣ ва барфу пиряхҳои кӯҳӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро бо мафҳуми об зиндагонии бофароғат, ободонӣ ва обод кардани деҳу шаҳристону шаҳрҳо тавъам аст. Беҳуда нест, ки фарҳанги Наврӯз дар соҳили дарёҳои Омӯву Сир ва Диҷлаву Фурот ва суннатҳое монанд ба Наврӯз дар соҳили дарёи Нил ташаккул ёфтанд. Дуруст донистани рӯзи оғозини Наврӯз барои муайян кардани сатҳи оби дарё, обхезӣ ва берун андохтани лойи ҳосиловар ба заминҳои шолизори соҳили дарё аҳамият дошт ва ҳосилро зиёд мекард. Дар шароити кӯҳсор бошад, мардум аз вазъи боқӣ мондан ё об шудани захираҳои барф обу ҳавои деҳаҳои кӯҳӣ, нигоҳубини боғистонҳо ва парвариши ҳайвонотро ба нақша мегирифтанд. Таҷриба нишон медод, ки ҳисобу китоби дақиқ дар афзун гардидани ризқу рӯзии мардум мусоидат мекард ва ба таъбири имрӯза рушди устувори ҷомеаҳои онвақтаро таъмин месохт. Ҳамин ҷиҳати масъала ба қудсият пайдо кардани падидаи Наврӯз заминаҳои пурарзиш фа-роҳам сохтааст.
Сеюм, илми муосир аз баландиҳои технологияҳои пешрафтаи худ ин дастовардҳои Наврӯзро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба поягузорони ин фарҳанги асил эҳтироми махсус қоил гардидааст. Ва ҳар сол дар рӯзи 21-уми март ҳамчун Иди байналмилалӣ таҷлил гардидани Наврӯз манбаи тафохури миллати тоҷик аст ва моро водор менамояд, ки дар шинохту муаррифии ҳарчи бештари ин ганҷури ниёгон корҳои арзандаи таҳқиқотиро анҷом бидиҳем.
Гоҳо масъалаи таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи хуҷастапай сабаби барангехтани баҳсҳои шадиде байни диндорон, ба хусус пайравони ҷараёнҳои тундгаро бо тарафдорони ҷомеаи шаҳрвандии дунявӣ мегардад. Муносибати булҳавасонаи баъзе намояндагони қишру табақаҳои ҷумҳурии мо ба анҷом додани иду маросимҳои динию мардумӣ дар кишварҳои аврупоӣ, арабию туркӣ, эронию афғонӣ ва ҳиндию синдӣ то андозае хусусияти ифротӣ касб кардааст, ки ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои гӯё сирф исломӣ, ки дар асл тобишҳои қавии миллӣ доранд, баъзан баробари оғози фасли баҳор ба арзишҳои волои миллию фарҳангии Наврӯз ончунон ҳамлаҳои сарсахтонаи иртиҷоӣ ба амал меоранд, ки гӯё мавҷудияти ин ҷашни ниёгони мо аркони устувори исломро аз беху бунёдаш маҳв мекарда бошад. Ҳар сол посдорони дину эътиқод ва пуштибонони миллату фарҳанг ҳадди ақалл як бор перомуни ин масъала табодули бефоидаи фикру андеша менамоянд. Ва ҳар бор исбот карданӣ мешаванд, ки Наврӯз иди мусулмонӣ нест. Дуруст мегӯянд: Наврӯз на танҳо иди мусулмонӣ нест, балки аслан ҷашнест, ки ҳеҷ пайванде бо ҳар гуна арзишҳои динӣ надорад. Омӯзиши муқоисавии назарсанҷиҳо собит менамояд, ки муносибат ба идҳои миллӣ ва арзишҳои дунявии қавианосири ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон торафт хусусияти мазҳабӣ касб карда истодааст. Мушкили дигар он аст, ки на танҳо динтарошони ифротӣ, балки рӯҳониёни муътадил ҳам гароиши тамоюл пайдо кардан ба ақидаи аввалӣ доранд. Кор то ҷойе шакли буҳронӣ мегирад, ки бегумон шубҳае ба миён меояд, ки чунин рафтор гӯё хусусияти фармоишӣ ва таъсиргузории беруна дошта бошад. Аламовар он аст, ки то вожгун шудани аморати Бухоро ин ҷашни меросӣ бо тамоми ҷузиёти сазовор ба он таҷлил карда мешуд ва фуқаҳову уламои он даврон ҳеҷ гоҳ забони такаллуми шиква дар масъалаи Наврӯз накушуда буданд. Дар даврони ҳокимияти шӯравӣ дар мушкилтарин шароит ҳам ин ҷашн дар деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон бо содатарин шакл зери номи «Деги дарвешон» ва ё «Дарвешона» баргузор мешуд. Пас, магар дар даврони рушди мустақилона беҳтар он нест, ки Наврӯзро ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашнҳои барҷомондае аз даврони бостони ниёгони пурифтихор бо ҷумлаи ҷузиёташ эҳё карда, ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
 
АДАБИЁТ:
1. Авесто / Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. Теҳрон: «Марворид», 1379.
2. Азкоӣ Парвиз. Наврӯз, таърихча ва марҷаъшиносӣ. Теҳрон, 1353.
3. Афифӣ Раҳим. Асотир ва фарҳанги Эрон дар навиштаҳои паҳлавӣ. Теҳрон: Интишороти Тӯс, 1374.
4. Балъамӣ Абӯалӣ. Таърихи Табарӣ / Таҳияи М. Умаров, Ф. Бобоев, Д. Қаноатов. Теҳрон: «Замон», 2001. – Ҷ. 1-2.
5. Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1376.
6. Берунӣ Абӯрайҳон. Осору-л-боқия. Душанбе: «Ирфон», 1990.
7. Бойс М. «Зороастрийцы. Верования и обычаи». М.: «Наука», 1987, стр. 45, 71)
8. Завоевание Египта, ал-Магриба и ал-Андалуса / Пер. с араб., предисл. и примеч. С.Б. Певзнера. М., 1960.
9. Занд М. Оид ба масъалаи тенденцияи халқӣ дар адабиёти тоҷик дар асрҳои VIII-ҶI. – «Шарқи Сурх», Сталинобод, 1953, № 6, с. 85-89.
10. Кристенсен А. Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр / Тарҷумаи Аҳмад Тафаззулӣ, Жола Омӯзгор. Теҳрон: Интишороти Тӯс, 1368.
11. Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён / Тарҷумаи Рашид Ёсимӣ. Теҳрон, 1385. – 464 с.
12. Микульский Д.М. Арабо-мусульманская культура в сочинении ал-Масуди. М.: «Восточная литература», 2006.
13. Наршахӣ Абӯбакр. Таърихи Бухоро / Муратибон Ғ. Ғоибов, К. Олимов, Н. Амиршоҳӣ. Душанбе, 2012.
14. Пигулевская Н.В. и др. История Ирана с древнейших времен до конца ХVIII века. М., 1958.
15. Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1380.
16. Рахимов Р.Р. «Мужские дома» в традиционной культуре таджиков. Л., 1990.
17. Рудаки и 1000 лет персидской поэзии. Алмааты: «Олжас», 2017.
18. Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Душанбе: «Ирфон», 1961-1969. – Ҷ. 1-9.
19. Христианство: Античность. Византия. Древняя Русь. Л., 1988.
20. البيرونى، أبو الريحان محمد بن احمد، الاثار الباقية عن القرون الخالية، طبعة لايدن، 1923
21. المحاسن و الأضداد، تحقيق، محمد أمين الخانجي، مطبعة السعادة ، القاهرة، 1960م
22. .دیوان ابن الرومي، شرح الاستاذ أحمد حسن بسج، ثلاث الأجزاء، دار الکتب العلمیة، بیروت -لبنان،1423 هـ - 2002م
23. معجم المناهي اللفظية و فوائد في الألفاظ ، الشيخ بكر بن عبدالله أبو زيد، دار العاصمة، 1417هـ - 1996م
Яндекс.Метрика