Наврӯз ва моҳияти фалсафии он

Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарин қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон ин иди наврӯз аст. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010-ум қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннат, барои миллати соҳибҷашни тоҷик як тафохури бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъаноти бостонии иди Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он, ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша ҳифз намоянд. Тамоми оинҳои наврузӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.
Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимаи «Авасто», алалхусус «Занд Авасто» гуфта шудааст, ки мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо- Хурмузд баъди 3000 сола подшоҳиаш аз тарафи мабдаи ҷахолат ва торикӣ - Аҳриман бо лашкариёнаш ҳуҷум cap кард. Мабдаи тозагӣ ва равшанӣ Ҳурмузд барои несту нобуд сохтани Аҳриман равшаниро эҳдо намуд ва ба муқобили душманаш равона менамояд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё «Наврӯз» мебошад. Ғайр аз Авасто мутафаккирони форсу тоҷик низ оид ба пайдоиши иди Наврӯз ақидаҳои худро баён намудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқии он инъикос гардидаанд. Дар сарчашмаҳои бостонии порсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумотҳои зиёде дода шудааст, ки чанд намунаи он инҳоянд.
Мутафаккир ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби Наврӯз номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: « Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ба ҷину шайтон ҳамла кард. Ba ба як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Ба Чамшед бар гавхар афроштанд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Хурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранч – тан, дил зи кин,
Бузургон ба шоди биёростанд,
Маю чому ромишгарон хостанд.
Чунин чашни фаррух аз он рузгор,
Ба мо монад з – он хусравон ёдгор.

Дар «Форснома»-и Ибни Балхӣ низ сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯзро баён намудаанд. Мувофиқи гуфтаи Балхӣ, Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонидааст, шаҳр барпо намуда номи онро Истаҳр номидааст ва онро пойтахт қарор медиҳад. Мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонида, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд.
Ба ақидаи Ҳаким Иброҳим Умари Хайёми Нишопурӣ сабаби ном гузоштани Наврӯз он будааст, ки «чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».
Иду маросим ва расму оинҳо ҷузъи муҳими фарҳанги ҳар миллатро ташкил дода, дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳо ташаккул меёбанд. Ҷашну маросимҳое, ки ба монанди иди Наврӯз таърихи ҳазорсолаҳо доранд, шиносномаи қадимӣ будани халқу миллатҳо ба ҳисоб рафта ба ҷаҳонбинии асотирию динӣ ва фалсафию ахлоқии онҳо иртиботи бевосита доранд. Мазмуну мундариҷаи ҷашну маросимҳо ва нақши онҳо дар фаъолияту зиндагии одамон ва ба кадом андоза аз ҷониби бегонагон эътироф гардидани онҳо аз чигунагии сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти ҳар кадом халқ шаҳодат медиҳанд. Зеро тарзи тафаккуру зиндагӣ ва зеҳнияти онҳо, пеш аз ҳама, дар расму оин ва ҷашну маросимҳо, ки фарҳанги зиндаю воқеии онҳоянд, таҷассум меёбанд. Ҳамзамон дар пайдоишу ташаккули ҷашну маросимҳо шароитҳои табиӣ-ҷуғрофӣ, таърихӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ, навъҳои шуғл ва касбу кори халқҳо таъсири муассир дошта, ҷашну маросим ва оинҳо низ баръакс ба ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти халқҳо таъсир мерасонанд, чуноне ки чунин фарқиятро мо дар тарзи зиндагию тафаккури мардумони муқиминшину деҳқон ва ҳунарманд ва мардумони саҳронишину бадавӣ мебинем. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинию тафаккур, зеҳният ва ҷашну маросимҳои ҳар кадом халқ ҳамеша бо ҳам робита ва таъсири муттақобила доранд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷашну маросим ва расму оинҳо оинаи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии халқҳоянд, ки тавассути онҳо гузаштаю имрӯза ва кӣ будану аз куҷо омадани онҳо шинохта мешаванд.
Ба ҳамин маънӣ ҷашни Наврӯз ва маросимҳои марбут ба онро метавон оинаи рӯшани таҷассумгари тарзи тафаккуру зиндагӣ ва афкори фалсафию ахлоқии мардумони тоҷику форс номид. Зеро ин ҷашн ба мо доир ба ҷаҳоншиносии мардумони тоҷику форс маълумот дода, нақши фарҳангофарии моро дар тамаддуни умумибашарӣ собит месозад. Азбаски дину фалсафаи мардумони перситабор аз оғоз дар пояи ахлоқ устувор гардида, хусусияти инсонмарказиятро касб карда буд, ҳамин ҷаҳонбинӣ дар маросимҳои ориёӣ, махсусан ҷашни Наврӯз, дар шакли афкори инсонгароӣ, ки аслу маслакашро ахлоқи ҳамида ташкил медиҳад, ифода ёфт. Аз ин рӯ, дар силсилаи маросимҳои ориёӣ Ҷашни Наврӯз мақому нуфузи хос дорад.
Одатан мо Наврӯзро асосан ҳамчун рамзи фарорасии баҳору эҳёи табиат, оғози айёми киштукор ҷашн гирифта, дир ба ҷанбаҳои фалсафӣ-ахлоқии он, ки дар он аҳамияти иҷтимоӣ Наврӯз таҷассум ёфтааст, камтар ёдовар мешавем. Наврӯз мубориза аст, муборизаи қувваи некӣ ба бадӣ, рӯшани ба торикӣ, зебоӣ ба зиштй, сафедӣ ба сиёҳӣ, сулҳ ба ҷанг, шодӣ ба ғаму андӯҳ. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат, дӯст доштани арзишҳои инсонӣ ва табиату зиндагӣ водор менамояд.
Имрӯз шароити соҳибихтиёрӣ ба мо озодона қайд намудани Иди Наврӯзро фароҳам овардааст ва зарур аст, ки унсурҳои қадимаи он бо кӯмаки олимону донишмандон, донандагони таърихи Наврӯз барқарор шаванд. Тамоми оинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд. Ва инчунин бо итминони комил метавон гуфт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ мебошад.

Самадов Ҳ.
Шарифӣ А.