Назаре ба таърихчаи Наврўз

Назаре ба таърихчаи Наврўз
(Ҳамзистии Наврўз ва ислом)
Наврӯз яке аз ҷашнҳои муҳиму бостонии мардуми эронинажод аст, ки дар тўли мавҷудияти худ ҳамеша назди ин мардум мақоми хоссаю омистае дошт. Дар давраҳои гуногун соҳиби ҳашамату шукуҳи беназар буд ва гоҳҳо ҳам аз назарҳо дуру мамнуъ афтода буд. Бо вуҷуди ин вай ҳаргиз аз дилу дидаи мардуми эронинажод дур набуд ва онро ба њар навъу сурате ва дар ҳаргуна шароите истиқбол ва ҷашн мегирифтанд.
Муаррихон таърихи дақиқе аз пайдоиши Наврўз ироа намедиҳанд, бино бар ин онҳо маълумоти гуногунро пешниҳод менамоянд, ки баъзан онҳо ба ҳам мухолиф қарор мегиранд. Дар маврид пайдоии Наврўз адиби араб Ҷоњиз, ки дар ду китоби худ «Китобу-л-маҳосин ва-л-азод ва “Китобу-т-Тоҷ фи ахлоқи-л-мулук» перомуни ҷашну суннатҳои бостонии эронзамин маълумоти фаровоне овардааст, ишора мекунад, ки арабњо аз замони Сулаймон ибни Довуд (а.с.) бо ҷашни Наврўз ошно будаанд. Њамчунин, пайдоиши Наврўзро ба «Ҷамшед подшоњ» нисбат медиҳад ва мегўяд: «Наврўзро Ҷам устувор кард ва Меҳргонро Афридун барарор кард. Наврўз ду ҳазору понсад сол аз Меҳргон қадимтар аст». Ҷойи дигар ишора мекунад, ки нахустин касе, ки Наврўзро барқарор кард Каёхусрав ибни Абруйз буд. Ҷоҳиз Наврўзро бар Меҳргон бартарӣ додааст ва вижагиҳоеро барои Наврўз баршумурдааст, аз ҷумлаи ин вижагиҳо метавон ба фарорасии соли нав, оғози мавсими боҷу хироҷ, гумоштану иваз кардани омилону мутасаддиён, сикка задани дирҳаму динор, пок кардани оташкадаҳо, обпошӣ (обрезӣ), қурбонӣ кардан, ободию иморат, ва ғайра ишорат намудааст. Нуктаи муҳими дигаре, ки муҳақиқони Авасто ба он ишора кардаанд, ин аст, ки дар ин китоби муқаддаси зардуштиён умуман номи Наврўз ҷой надорад ва ин далили он аст, ки Наврўз аз ибтидо ҷашни динӣ набудааст. Дар маҷмўъ, дар мавзўи ҷашнҳои бостонии мардуми эронинажод мисли Наврўз, Меҳргон ва Садда таълифот ва таҳқиқотӣ зиёд мавҷуд аст, ки хонанда метавонад аз онҳо баҳравар гардад. Дар ин навишта мо хостем то мухтасаран дар бораи муносибати ислом нисбат ба ҷашнҳои бостонии мо, ба вижа Наврўз каме таваққуф намоем. Бо зуҳури ислом дар нимҷазираи Араб ва интишор ёфтани он дар мамолики гуногуни Шарқу Ғарб тавассути арабњо дар њаёти сиёсию фарњангї ва муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии мардумони сарзаминҳои фатҳшуда тағйироти зиёде воқеъ гашт. Хосатан таълимоти ислом ҳамчун дини яктопарастӣ муносибати ҷомеаи исломиро ба дину фарҳанг ва забону суннатҳои мардуми ғайри араб куллан тағйир дод. Ин муносибат ба ҷашнҳои бостонии мардуми ироннажод мисли Наврўз, Меҳргон ва Сада низ, ки то омадани ислом дар бисёре аз минтақаҳои арабнишин низ бо шукуҳ таҷлил мешуд, раво дида мешуд. Аммо тағйирот баякборагӣ сурат нагирифт. Аз ривоёти гуногун ва ахбори таърихномањое чун Табарӣ, Масъудӣ ва Ибни Асир ва дигарон бар меояд, ки агар ба густариши ислом дар сарзамини порситаборон (ба хусус ќисмати ѓарбии он) таваљљуњ намоем, аён мегардад, ки дар оѓоз аслан «ѓозиёни исломовар ба анъанањои устувори ќавмњои ѓайриараб муносибати муътадил доштаанд». Њатто пайямбари акрам Муњаммад (с) дар ќиболи љашнњои эронї мисли Наврўз ва Мењргон аксуламал ва ё муносибати бадбинона зоњир намекарданд. Ривоят мекунанд, ки ба расул (с) љоме симин њадя оварданд, ки пур аз њалво буд. Он њазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: «Имрўз Наврўз аст». Гуфт, ки Наврўз чист? Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён». Гуфт: «Оре, дар ин рўз буд, ки Худо аскараро зинда кард». Гуфтанд: «Аскара (сипоњиён) чист?» Гуфт: «Аскара њазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда сар ба биёбон нињода буданд. Ва Худо ба онњо гуфт: «Бимиред, онњо бимурданд. Сипас онњоро зинда кард ва абрњоро бифармуд, ки ба онњо биборанд, аз ин рўй аст, ки пошидани об дар ин рўз расм шуда. Сипас аз он њалво тановул кард ва љомро миёни асњоби худ таќсим карду гуфт: «Кош њар рўз бар мо Наврўз будї». Њадисе низ аз Анас омадааст, ки ќабл аз ислом дар Мадина вуљуд доштани ду рўзи идро таъйид мекунад. Њангоми дар Мадина будани пайѓамбар (с) одамон изњор кардаанд, ки ин рўзњоро мардум бо шодию нишот ва барпо доштани бозињои гуногун сипарї мекардаанд. Љавоби пайѓамбар (с) чунин будааст: «Ба дурустї, Худо барои шумо ин њар дуро бо идњое бењтар аз онњо – иди Азњо ва иди Фитр иваз дод». Муњаддис Ањмад Абўбакри Байњаќї њамин ду иди тоисломиро, ки зикр шуданд, Наврўз ва Мењргон мешуморад. Аз муносибати пайямбар (с) нисбат ба ин љашнњо чунин бар меояд, ки агарчи ў љойгузин шудани иди Ќурбон ва иди Фитрро бар ду иди зикршуда гуфта бошад њам, вале љашну анъанањои гузаштаро тавњин ва мазаммат накардааст. Тасдиќи ин муносибати пайямбарро мо дар ривояти зерин низ дида метавонем. Њангоми бемории охирин мардум ба саволи худ дар бораи ба мусулмонон чї чизе аз пайяамбар (с) ба мерос мемонад, чунин посух мегиранд: «Китоби ман ва суннати ман». Боз пурсида мешавад, ки агар маънои матлаберо пайдо накунем, чї чора бояд кард?! Дар ин њолат таъкид мешавад, ки ба девони шоирони тоисломї (даврони љоњилият) мурољиат кунед. Ин чунин маъно дорад, ки барои кинатўзї ва кароњият нисбат ба гузашта ва суннатњои аќвоми гуногуни мусулмонон дар ањодиси набавї љойгоње вуљуд надоштааст.
Дар ибтидо фотењони араб ба мардуми ѓайримусалмон барои адо кардани маросимњои динї ва суннату анъанањои милляшон имкон медоданд, вале бо таќвият ёфтани хилофати арабї ин имтиёзњо коста шуда то ба њадди нестї расиданд. Аз љумла, таљлили љашну суннатњои миллии мардуми ироннажод низ зери суол афтоданд. Муаррихон дар осори худ хабар додаанд, ки нисбати ин љашн аз љониби хулафои рошидин, ба љуз Алї ибни Абитолиб (р), таваљљуње намешуд ва кўшиш ба харљ медоданд то он таљлил нагардад. Вале муносибати имом Алї (р) нисбати ин љашнворањо тафовут дошт. Мутафаккири араб Љоњиз дар китогби худ “ат-Тоҷ фӣ ахлоқи-л-мулук” ривоят мекунад, ки гурўње аз дањоќини иронї барои Алї ибни Абитолиб љомњое аз ширинї њалво бурданд. Њазрати Алї фармуд: Инњо чист? Гуфтанд ба муносибати Наврўз аст. Њазрати Алї фармуд: Наврўзи мо њаррўз аст. Пас њалворо хурданд ба њамроњони худ доданд ва љомњоро миёни мусалмонон таќсим кард ва онњоро љузъи хирољи онњо њисоб овард. Дар ахбори дигар, ки нисбатан мутаахиртаранд, қиссаи ба муносибати Haвpӯз пешкаш шудани ҳалво ба амирулмуъминин ҳазрати Алӣ, ин ойини нaвpӯзиро писандидани ӯ ва хоҳишаш бар он, ки «Кош ҳар pӯз барои мо чунин идонаи нaвpӯзӣ пешкаш мешуд», таъкид шудааст . Ба њамин монанд Р.Шаъбонї ривояте дар асари худ «Одоб ва русусм Наврўз» овардааст, ки дар осори марбут ба зиндагӣ ва корномаи фиқҳии Имоми Аъзам, аз ҷумла дар «Хайроту-л-ҳисои фи маноқиби-л-Имом ал-Аъзам»-и Ибни Ҳаҷари Маккӣ (1503-1517) бо истинод ба қавли набераи Имоми Аъзам низ нақл шуда, ки ҷадди Имом дар pӯзи Haвpӯз барои ҳазрати Алӣ фолуда (навъе аз ҳалво) ҳадя овард ва он ҳазрат барояш гуфт: «Ҳар pӯз барои мо наврӯзона биоваред» .
Бо вуљуди он ки мардуми араб бо бисёре аз љашну суннатњои бостонии мардуми эронзамин ошно бошанд њам, вале баъд аз фатњи сарзамини мардуми эроннажод фуќањо ва сипоњиёни исломї бо фарњангу анъ¬ана ва љашну маросимњои суннатии онњо аз наздик ошно гардиданд, яъне дар њамзистї бо ин мардум арабњои мусалмон аксаран ин љашну суннатњои эрониро пазируфтанд. Њатто дар пояи анъанањои њадябахшии Сосониён волиёну амирони иќлимњои гуногуни баисломгаравида дар охири њукмронии Умавиён ва оѓози хилофати Аббосиён ба њамдигар њадяњо таќдим мекардаанд. Аввалин касе, ки ба халифагон њадяи наврўзї овардааст, сипоњсолори арабї Њаљљољ ибни Юсуфи Саќафї будааст. Ва сарчашмањо таъкид кардаанд, ки нависанда Ањмад ибни Юсуф ба халифа Маъмун сабаде аз тиллоро таќдим кардааст, ки арзиши онро дањ миллион дирњам муайян кардаанд.
Ин анъана дар ањди аббосиён низ идома ёфт ва бештар аз ин, љашну суннатњои дигари иронї эњё гаштанд ва њатто дар сатњи дарбор бошукуњ таљлил мешуданд, бавижа Наврўз, Мењргон ва Сада. Чунин шакл гирифтани муносибатњо амри табиист, зеро бунёди давлати Аббосиён аслан дар зери таъсири шадиди аносири давлатдории Сосониён таъсис ёфт ва пойтахт аз Димишќ ба Баѓдод интиќол дода шуд. Дар бораи барқароршавии Наврӯз мутафаккири араб ал-Қалқашандӣ хеле воќеъбинона гуфтааст, ки дар ин кор пеш аз ҳама, дабирони давлати аббосӣ бо нубуғи эронии худ барои пойдории ҷашнҳои миллии эронӣ, аз ҷумла Наврӯз ба онҳо рангу бӯйи исломию сомӣ медоданд ва ба он бо дидаи бузургӣ менигаристанд. Ҷашни Наврӯз онқадар ба фарҳанги исломӣ муносиб шуд ва ҷой гирифт, ки дар баъзе рисолаву тадқиқотҳо онро њамчун иди исломӣ ба қалам додаанд. Тавре ки аз мантиќи суханони Ќалќашандї бармеояд, аз байни сойири суннатњо ва љашнњои бостонии мардуми форснажод нерумандтарин таъсирро ба мардуми араб ва фарҳанги арабӣ маҳз Наврўз ва суннатњои бо ин љашни бостонию фархундапай алоќаманд гузоштааст. Ба андешаи мо пазируфтани ин љашни бузурги мардуми форсу тољик аз љониби аќвому миллали дигар ва бавижа ба нестї нарафтани он дар сояи дини ислом, аз ибтидо љашни динї-мазњабї набудан ва љашни вобаста ба табиат будани Наврўз аст. Аз њамин љост, ки оѓоз аз ањди аббосї то ба имрўз дар адабиёти араб наврўзномањою наврўзиётро ба мушоњида мерасанд. Њамин тавр, Наврӯз љанест, ки дар муҳит ва заминаи эронӣ њазорсолањо пеш ба вуҷуд омада дар давраи Ислом ба гунањое идома ёфта, ба рӯзгори мо расид, то мо онро ба наслҳои оянда мерос бидиҳем. Хушбахтона Наврўз имрўз њамчун љашни байналмилалї пазируфта шудааст ва он аз доираи танги чанд давлату миллати ориёї ба берун рафта љањонї гардидааст.

Яндекс.Метрика