Назаре ба шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар рафти омӯзиши мавод ва аксу шиорҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ва инчунин шаҳрвандони кишварҳои дигар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ, ӯзбекӣ ва урду чунин бар меояд, ки на ҳамаи онҳо ба манфиати ҷомеа ва ташаккули шуури динии ҷавонон равона шудаанд, балки қисме аз онҳо аз рӯйи моҳияту мазмуни худ омили барангехтани кинаю адовати динӣ шуда метавонанд ва интишори онҳо заминаи баҳсу мунозираҳои нави динӣ хоҳанд шуд.
Намунаи онро мо метавонем дар баёни андешаҳои динӣ дар пайравӣ аз таълимоти бунёдгароӣ зикр кунем, ки аз ҷониби онҳо ҷашни Соли нави масеҳӣ, Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи модарон-8 Март ҳаром ва амали мушрикону маҷусон ҳисобида шудааст. Чунин андешаҳоро мо метавонем дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд пайдо кунем. Ҳамчунин пайравии ҷавонони кишвар аз андешаҳои тундгароии динӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам нестанд. Мутаассифона, қисме аз ҷавонон ҳамин андешаҳоро дар саҳифаҳои худ ҷой додаанд, ки ин метавонад боиси таъсиси чандин гурӯҳҳои ҳаммаслак дар сомонаҳо шавад.
Ҳарчанд Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандин сол боз амал карда истода бошад ҳам, вале то ҳол волидайни зиёде дар ҷомеа ҳастанд, ки ҳамин масъулияти худро ба таври кофӣ иҷро намекунанд. Истифодаи сомонаҳои интернетии фарзандонашонро ягон бор назорат намебаранд то огоҳ гарданд, ки фарзандонашон шомили кадом гурӯҳҳои ифротгароӣ дар сомонаҳо шудаанд. Вақте ки масъала ба мақомоти дахлдор мерасад, он вақт падару модар дари ҳар як мақомотро куфта кӯшиши наҷоти фарзандро мекунанд, ки он вақт алакай хеле дер шудааст.
Мирзо Шодиев