Назари тоза дар бораи Куруши Кабир

Ҳарчад шахсияти Куруши Кабир дар таърихи башар ва барои муаррихони шарқшиносони Ғарбу Шарқ аз аҳди қадим то ба имрӯз маълум буд, вале аксари муаррихону муҳаққиқони бахшҳои мухталифи илми шарқшиносӣ он чӣ дар бораи Зулқарнайн дар Қуръон омадааст, ба Искандари Мақдунӣ, ки як шоҳи ғоратгару ситамгар буд, нисбат медиҳанд. Масалан, исломшинос Климович Л.И. дар рисолааш «Книга о Каране» (М.1986, с.230-238) тасдиқ мекунад, ки Зулқарнайни Қуръон ин ҳамон Искандари Мақдунӣ аст, ки ба гуфти Қуръон соҳиби қудрати илоҳӣ будааст. Ҳатто донишмандони тољик ба мисли Абӯалӣ ибни Сино ва Фахриддини Розӣ Зулқарнайнро Искандари Мақдунӣ ҳисобидаанд. Ҳарчанд чунин биниш дар бораи Искандари Мақдунӣ моҳиятан хилофи мазмуну муҳтавои Қуръон аст, вале ин биниш то ба имрӯз ба таври комил мавриди таљдиди назар қарор нагирифтааст ва мо тољикон – ворисони Куруши Кабир дар он хусус маълумоти дақиқе надорем.

Хушбахтона, нашри китоби муҳаққиқӣ соҳибназар Мавлоно Абулкаломи Озод «Куруши Кабир-Зулқарнайн» (Хатгардонӣ ва таҳияи Раҳмоналӣ Мирализода, сарсухан Нуриддин Саид, Душанбе, «Адиб», 2019) метавонад муносибати тундгароёнаи руҳонияти тољику форс ва пайравони онҳоро дар нисбати шахсияти Куруши Кабир, ки хусусияти зиддиқуръонӣ дорад, рад менамояд. Зеро Мавлоно Абулкаломи Озод, зодаи шаҳри Макка (соли 1888 мелодӣ), хатмкунандаи Донишгоҳи ал-Аҳзари Қоҳира ва як рӯҳонии равшанфикр буд. Яке аз намояндагони босуботи муборизаи миллӣ-озодихоҳии халқҳои мусулмон аз мустамликадорони Ғарб мебошад ва ба ҳамин сабаб ӯро «Имоми инқилоб» низ номидаанд. Аз муҳаққиқону донишмандони тољику форс пешдастӣ карда, тавонистаанд, ки шахсияти Куруши Кабирро дар асоси китобҳои муқаддаси яҳуд ва оятҳои қуръонӣ ба мусулмонон, бахусус ба диндорону руҳонияти мутаассибу миллатситез, ба таври комил ошно созад.

Абулкаломи Озод пеш аз он ки оятҳои қуръониро дар бораи Зулқарнайн тафсир диҳад, ӯ барои исботи андешаи худ, ки Зулқарнайни Қуръон Куруши Кабир аст, ба сарчашмаҳои зиёди таърихию динӣ ва илмӣ такя кардааст, бахусус ба китобҳои паёмбарони яҳуд, ки Курушро масеҳ ва фиристодаи Худованд ба қалам додаанд ва ин набиён мавриди эътирофу эътиқоди Қуръону мусулмонон низ ҳастанд. Дар ин хусус метавон чанд иқтибосе аз китобони набиён Дониёл, Ишаъе, Ирмиё ва Эзро дар бораи Куруши Кабир овард. Аз љумла, дар «Китоби Эзро» омадааст: «Дар соли якуми подшоҳ Куруш дар бораи хонаи Худо дар Ерусалим фармон дод, ки ин хона – љое ки қурбониҳо забҳ карда мешаванд, бино ёбад ва бунёдаш мустаҳкам бошад; баландии он шаш зироъ, фарохии он шаш зироъ шавад…, ва аз рӯи фармони … подшоҳи Форс онро бино карданд ва барпо намуданд» (Китоби муқаддас. Стокгольм, 1999, с.711-712). Хотиррасон бояд кард, ки шоҳи Бобул Бухтунаср дар ибтидои садаи VI то милод давлати яҳудиёнро забту пароканда карда, ибодатгоҳаш Байтулмуқаддасро, ки паёмбари сомиён ва мусулмонон Иброҳим асос гузошта буд, пурра вайрон кард ва яҳудиёнро ғуломи бобулиён намуд. Яҳудиён интизори масеҳе буданд, ки онҳоро аз ғуломии бобулиён наљот бахшад. Дар соли 538 то милод Куруши Кабир Бобулро ба тасарруфи худ дароварда, яҳудиёнро аз ғуломӣ раҳо намуд, давлати онҳоро барқарор кард ва Байтулмуқаддасро аз нав на танҳо барқарор, ҳатто бештар ободу хуррам сохт, дар қаламрави давлатдории худ адлу инсоф, баробарию озодии дину виљдон ва баробарии халқу мазҳабҳоро дар амал татбиқ намуда, ба гуфти Президенти Љумҳурии Тољикистон , Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Нахустин сиёсатмадоре буд, ки суннати таҳаммулгароиро ба фарҳанги сиёсии аҳли башар ворид кард». Муаррихону донишмандон ва сиёсатмадорони љаҳон ӯро ҳамчун асосгузори Эъломияи Ҳуқӯқи Башар мешиносанд. Академик Бобољон Ғафуров низ дар асараш «Тољикон» Куруши Кабирро чунин васф кардааст: «Форсҳо ӯро љадди кабир, бобулиҳо расули Худо Мардук, юнониҳо раљули бузурги давлат ва яҳудиён наљотбахши Худо Яхво номида буданд».

Ба ҳамин сабаб, Куруш дар адабиёти динии яҳудиён ба ҳайси Масеҳ (наљотдиҳанда) ва фиристодаи Худованд шинохта шудааст. Масалан, Ишаъёи набӣ дар китоби худ, дар боби чилу дуюм – «Масеҳ – бандаи Худо» дар мавриди нубувати Куруш ёдрас карда мегӯяд: «Вай чӯпони ман аст, ва ҳар он чиро хостаам, ба иљро хоҳад расонид». Ва дар бораи Ерусалим мегӯяд: «Бино хоҳад шуд!», ва дар бораи маъбад: «Бунёди ту ниҳода хоҳад шуд». Дар боби чилу панљум низ омадааст: «Худованд бо масеҳи худ, ба Куруш чунин мегӯяд: «Ман дасти рости туро гирифтаам, то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям ва ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод, то ки дарҳо пеши ту кушода шаванд… Бахотири бандаи худ Яъқуб ва баргузидаи худ Исроил, туро ба номат хондам ва муҳтарам доштам»…» (Китоби муқаддас, Стокгольм, 1999, с.1049-1050). Ҳамин гуна тавсифро дар бораи Куруш мо дар китобҳои набиён Дониёл ва Ирмиё низ дармеёбем. (ниг. Китоби муқаддас, с.1083-1189, 1271-1295). 

Дар Қуръон бошад аз ояти 83 то 99 сураи «Каҳф» ба Зулқарнайн ва амалҳои неки ӯ бахшида шудааст. Масалан, дар оятҳои зерин чунин оварда шудааст: «Ва туро аз Зулқарнайн суол мекунанд; бигӯ: «Барои Шумо аз ҳоли вай хабаре хоҳам дод» Ба дурустӣ, ки мо ба ӯ дар замин дастрасӣ додем» (ояти 84), «Пас, дар паси сомоне афтод» (ояти 85), «То он ки бо маҳалли фурӯ рафтани офтоб расид ва онро чунин ёфт, ки дар чашмаи гилу лой фурӯ меравад ва назди он чашма гурӯҳеро ёфт. Гуфтем: «Эй Зулқарнайн (ихтиёр ба дасти туст) ё азоб кунӣ ё дар миёнашон некӯ бигирӣ»» (ояти 86), «Гуфт: «Аммо касе, ки ситам кардааст, пас ӯро азоб хоҳам кард, сипас ба сӯи Парвардигори хеш бозгардонида шавад, пас ӯро азоби сахт кунад»» (ояти 87), «Ва аммо он кас, ки имон овард ва кори шоиста кард, пас ӯро ҳолати хуш подош аст, пас боби ӯ ба фармони хеш сухани осоне хоҳем гуфт» (ояти 88), «Боз дар паи сомоне афтод» (ояти 89), «То вақте ки ба маҳалли баромадани офтоб расид, (чунин) ёфт, ки он бар гурӯҳе бармеояд, ки барояшон ин тараф аз офтоб ҳељ пардае насохтаем» (ояти 90).

Мавлоно Абулкаломи Озод дар асоси ривояти Абуабдуллоҳи Тирмизии Хуросонӣ ва Имом Аҳмад ба ишораи яҳуд як нафар аз Қурайш дар бораи баъзе матолиб, ки яке аз онҳо Зулқарнайн буд, аз Пайғомбар мепурсад, ки ин шахс кӣ буд ва чӣ кор кардааст. Ҳамчунин Абулкаломи Озод бо овардани далелҳои дигар, аз љумла аз Қуртубӣ, Љарири Табарӣ, Ибни Касиф ва Суютӣ менависад, ки Яҳуд аз Пайғомбар пурсидаанд, ки дар бораи пайғомбаре, ки Худованд дар Таврот аз ӯ чанд бор ном бурдааст, ба онҳо маълумот диҳад. Паёмбари ислом пурсидаанд, ки «кадом пайғамбар?» ва Яҳуд гуфтаанд, ки «Зулқарнайн». Ба пайғамбари ислом дар ин бора оятҳои боло ва боз оятҳои дигар нозил шудаанд, ки шахсияти Зулқарнайнро, ки Куруш будааст, ошкор месозад.

Дар ниҳоят дар такя ба далелҳои зиёди таърихию илмӣ Абулкаломи Озод оятҳои қурониро тасвир дода, шахсияти Зулқарнайнро бо нукоти зерин собит сохтааст, ки моҳияти оятҳои Қуръонро фаро мегирад:  

1. Номи Зулқарнайнро ба Куруш на Қуръон, балки касоне, ки дар бораи ӯ аз Пайғомбар пурсидаанд, додаанд. Бинобарон дар Қуръон омада, ки «Ва туро аз Зулқарнайн суол мекунанд».

2. Худованд кишвареро ба кафи кифояти ӯ супурда ва васоили ҳукмронию салтанатро барои ӯ фароҳам сохтааст.

3. Корҳои умдаи ӯ иборат аз се љанги бузург мебошад. Љанг дар самти Ғарб, ки то ҳадди Мағриб, яъне љое, ки офтоб ғубур мекунад. Љанг дар самти Машриқ, ки то ба љое мерасад, ки саҳрои хушк буда, сокинонаш бадавӣ буданд. Љанги сеюм шоҳкории ӯст, яъне расидан ба дараи танге , ки сокинонаш, Яъљуљу Маъљуљ номида шуда, ваҳшӣ, бефарҳанг буда, ба ғоратгарии дигарон машғул будаанд.

4. Зулқарнайн дар муқобили ҳуљуми ин қавм садде сохтааст ва ин сад аз сангу чӯбу пӯлоду оҳан сохта шудааст, ки аз ҳуљуми ин қавми ваҳшӣ љилавгирӣ мекардааст.

5. Подшоҳи одилу раъиятпарвар буда, ба қатли омми халқи мағлуб роҳ намедодааст ва бо роҳи адлу инсоф ва некӯӣ онҳоро ба худ моил мекардааст.

6. Ба молу сарвати дунё ниёз надоштааст ва ҳарис набудааст. Вақте ки мардум барои бунёди садд пул љамъ овардаанд, рад намуда, аз онҳо танҳо бо нерӯи бозӯи хеш кумак карданро дархост намудааст. Хулоса, маънои оятҳои қуръониро ҳамин гуна кору сифатҳои Куруш (Зулқарнайн) ташкил медиҳанд.

идома дорад

Нурулҳақ Қамар

Яндекс.Метрика