Назари тоза дар бораи Куруши Кабир

Қисми II

Абдулкаломи Озод ақидаи муаррихони гуногунро доир ба Зулқарнайн бо Қуръон муқоиса карда, собит месозад, ки Зулқарнайни Қуръон Куруш аст. Масалан, Ҷарири Табарӣ пайғамбаре медонад медонад, ки муосири паёмбар Иброҳим аст. Имом Бахорӣ ӯро пайғомбаре медонад, ки қабл аз Иброҳим зиндагӣ кардааст. Баъзе гуфтаанд, ки Зулқарнайн унвони яке аз шоҳони қадими Яман будааст, бо далели он ки ӯ тахаллуси «Зул-манор»-у «Зул-озор»-ро доштаанд. Абӯрайҳони Берунӣ ва Ибни Халдун низ бо ин нуқта ишора кардаанд. Абӯалӣ ибни Сино ва Фахриддини Розӣ чунин ақида доштаанд, ки Зулқарнайни Қуръон ин ҳамон Искандари Мақдунӣ мебошад. Муаллиф таъкид месозад, ки «он чи аз хасоил ва аъмоли Зулқарнайн» дар Қуръон зикр шудааст, на ба Искандари Мақдунию, на шоҳони Ҳимярию Яман, на ба паёмбар Иброҳим ва дигарон мувофиқ намеояд, ба ҷуз Шоҳ Куруш, ҳамоне ки дар китобҳои набиёни яҳуд Масеҳ ва фиристодаи Худованд буда, яҳудиёнро воқеан аз ғуломии бобулиён наҷот бахшид ва Байтулмуқаддасро аз нав барқарор намуда, адлу инсофро миёни мардумон ҷорӣ кард.

Муаллиф дар такя ба ривоятҳои таърихӣ ва осори динии яҳуд вожаи «қарн»-ро чунин шарҳ медиҳад: «Қарн дар забони арабӣ ва ибрӣ ҳар ду як аст ва васфи ин кӯч, ки ба арабӣ Зулқарнайн мешавад, дар забони ибрӣ «Луқроним» омадааст, ки ҳамин маънои Зулқарнайнро медиҳад… яъне ду кишвар – Мод ва Порс бо ҳам муттаҳид шуда, бо Бобул ба душманӣ бархоста ва яҳудро озодӣ бахшанд… Урушасимро барқарор сохт. Луқроним ба забони ибрӣ тарҷумааш ҳамин Зулқарнайни арабӣ мебошад ва «он чи дар Қуръон ҳам дар бораи Зулқарнайн омадааст… бо воқеаҳои ҳаёти Куруш мутобиқати том дорад ва барои татбиқи он ҳеҷ заҳмате нест… ва эҳтиёҷе нест, ки Зулқарнайнро дар шахси дигае ғайр аз Куруш биҷӯем» (с.131). Дар адабиёти яҳудӣ Курушро Уқоби Шарқ низ номидаанд. Воқеан вақте ки муҷассамаи Курушро дар Истахр, дар соҳили рудхонаӣ Мурғоб дармеёбем, мебинем, ки «дар ду тарафи ӯ ду кӯч вуҷуд дорад» (с.132). Ин аломатҳои пайкари ӯ низ аз ин шаҳодат медиҳанд, ки Зулқарнайн ин ҳамон Куруши Кабир аст. Тасвири ду шох ва ду бол дар китобҳои набиёни яҳуд Донёлу Ишъаё омадааст, ки ба Зулқарнайн будани Куруш шубҳае намемонад ва ба унвонҳои Зулқарнайн ва Уқоби Шарқ машҳур будааст, ки ин номҳоро яҳудиён ба ӯ додаанд. Дар бораи он се кори бузург, ки мувофиқи оятҳои Қуръонӣ Куруш анҷом додаасту мо дар боло ишора кардем, агар якеаш ҳуҷуми ӯ ба Шарқ ва аз асорати бобулиён (Бухтунаср) озод кардани яҳуду барқарор кардани Байтулмуқаддас ва дигар шикаст додани юнониён будааст, ки маънои шикасти худоёни юнон (ширк)-ро дошт, ки мардум бо каромати онон эътиқод доштанд. Кори саввуми бузурги ӯ дар Шимол ҳамла ба қавме бо номи Яъҷуҷу Маъҷуҷ ва бинои садди роҳи онон буд. Дар Қуръон омадааст: «То вақте, ки ба миёни ду кӯҳ расид; дар назди он ду кӯҳ қавмеро ёфт, ки наметавонанд сухане бифаҳманд» (Каҳф, 93). Яъне қавми ниҳоят бефарҳанг ва харобкоре будаанд. Ба ақидаи муаррихон ва Абдулкаломи Озод ин иқдом дар ҳудуди дарёи Хазар (баҳри Каспий) шурӯъ мешавад ва ба кӯҳҳои Қафқоз мерасад. Дар он ҷо байни ду кӯҳ даррае ҳаст, ки Куруш дар он ҷо садд бино мекунад. Дар ин хусус Қуръон мегӯяд: «Гуфтанд: Эй Зулқарнайн, ба дурустӣ, ки ин Яъҷуҷу Маъҷуҷ аст дар замин фасодкунандагонанд. Пас барои ту боҷе муайян кунем… ба шарти он ки дар миёни мову онҳо садде бисозӣ?» (Каҳф, 94). Дар ҷавоб Куруш гуфтааст: «Он чи Парвардигорам маро дар он дастрас додааст, беҳтар аст, пас маро ба зӯри бозӯ мадад кунед, то миёни шумову онҳо садде устувор бисозам» (Каҳф, 95).

Муаллиф таъкид месозад, ки «Кабоили Шимол барои ҳуҷум ба навоҳии Ҷануб ҳеҷ роҳе надоштанд, ҷуз тангие, ки дар миёни ин риштакӯҳҳо вуҷуд дорад. Зеро байни баҳри Каспий ва баҳри Сиёҳ куҳҳои Қафқоз ҳамчун садди табиӣ қад афрохтаанд, ки қабоили ваҳшии Шимол наметавонистанд аз он ҷо гузаранд. Бинобарон онҳо аз ҳамон тангии миёни риштакӯҳҳо гузашта ба қатлу ғорати қабоили Ҷанубӣ машғул мешаданд. Куруш дар ин танги садде аз оҳану пӯлод ва чӯбу лой бино кард, ки натанҳо мардуми Қафқоз, ҳатто тамоми Осиёи Ғарбӣ ва шимоли Мисрро аз ҳуҷуми қабоили ваҳшии Шимол ҳимоя мекард. Ин қабоили ваҳширо Яъҷуҷу Маъҷуҷ меномиданд. Дар Қуръон омадааст: «Пеши ман пораҳои оҳан биёред!»-то вақте ки мобайни ин ду кӯҳ баробар шавад. Гуфт: «(оташ) бидамед!»-то ки он (оҳан)-ро оташ гардонид. Гуфт: «Рӯини гудохтаро пеши ман биоред, то болои ин бирезам!» (Каҳф, 96). Баъди он ки Куруш ин саддро сохт, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дигар натавонистанд ба мардумони дар боло зикршуда таҷовуз намоянд, чуноне ки Қуръон таъкид кардааст: «Пас, (Яъҷуҷу Маъҷуҷ) натавонистанд, бар он боло раванд ва онро сӯрох карда натавонистанд» (Каҳф, 97). Куруш бошад ҳамаи ин дастовардҳои худро аз кӯмаку мадади Парвардигори ягона хеш медонист ва оини ӯ Зардуштӣ буд. Ва Парвардигори ягона доштани ӯро Қуръон низ дар оятҳои болозикр ва ояти зер тасдиқ кардааст: «Гуфт: «Ин раҳмате аз Парвардигори ман аст. Пас ваъдаи Парвардигори ман биёяд, онро ҳамвор кунам; ин ваъдаи Парвардигори ман рост аст»» (Каҳф, 98).

Дар баробари ин Абдулкаломи Озод ба тавсифи ахлоқи Зулқарнайн (Куруш) мегузарад ва онҳоро мувофиқи оёти қуръонӣ ба қалам медиҳад. Қуръон сарнавишти қавми Яъҷуҷу Маъҷуҷро ба ихтиёри Куруш гузошта, муҷозот, ё бахшишро ба ихтиёри ӯ медиҳад: «Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, (ихтиёр бар дасти туст) ё азоб кунӣ ё дар миёнашон муомилаи некӯ бигирӣ»» (Каҳф, 86). Куруш бошад, воқеан ба золимон ҷазо ва ба онҳое, ки амали некӯ мекарданд, бо некуӣ муносибат мекард. Нисбати ин сифати некӯи Куруш дар Қуръон омадааст: «Ва аммо он кас, ки имон овард ва кори шоиста кард, пас ӯро ҳолати хуш подош аст , дар боби ӯ ба фармони хеш сухани осоне хоҳем гуфт». (Каҳф, 88).

Муаллиф ёдрас мешавад, ки муаррихони юнонӣ ахлоқӯ корҳои Курушро на танҳо тавъам ба доду додгустарӣ, балкӣ басе болотар аз он донистаанд, ки аз шахсияти ниҳоят инсондӯст будани ӯ шаҳодат медиҳад. Геродот гуфтааст: «Куруш фармон дод, лашкариён ҷуз бо сипоҳиёни душман, бо ҳеҷ кас бо аслиҳа рӯ ба рӯ нашаванд». Ҳамин тавр ҳам карданд (с. 164). 

Хулоса, Абдулкаломи Озод дар асоси сарчашмаҳои динии Яҳудия ва Қуръон щахсияти Курушро тавсиф карда, дар бораи муътақидати Куруш чунин мегӯяд: «Ихлос ва покии ақидаи ӯ дар ситоиши Худованди якто ва имони ӯ ба дунёи дигар аст. Он чи дар Қуръон дар ин бора омада буд, дидем. Акнун бубинем, оё сифати Куруш ба ончи дар бораи Зулқарнайн омадааст, тафовут дорад ё хайр? Ҷавоб мусбат аст, зеро қароин ва шавоҳид ҳама далел ба ин маънӣ аст… Кутуби динии яҳуд тасреҳ мекунад, ки Куруш фиристодаи мунтазири Худованд ва масеҳи ӯст, ки барои баст (густурдан)-и адлу дод ва фароҳам овардани хушнудии худи ӯ баргузида шудааст. Мусаллам аст, ки яҳуд дар ин мавридба касе, ки бутпараст бошад, муътақид нестанд ва ночор боясти Куруш яктопараст ва мӯъмин ба Худованд бошад, ки мавриди эътиқоди яҳуд воқеъ шавад».

Пӯшида намонад, ки ба иллати ғурури миллии беандоза, яҳуд аслан дар баробари бегонагон ва ақвоми ғайрияҳуд беш аз андоза таассуб ба харҷ медиҳанд ва ҳеҷ чиз барои онон гаронтар аз ин нест, ки бегонаеро ба бузургвориву шараф муътариф шаванд. Чунонки ҳамин таассуб ононро дар аввали зуҳури ислом аз гаравидан ба Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боздошт, ки тибқи ояти Қуръон яҳудон ҳамеша ба ҳамдигар мегуфтанд, яъне: «Ҷуз ба касе, ки аз дини шумо пайравӣ кунад, имон надошта бошед» (с. 171).

Ҳамин тариқ, ба андешаи Мавлоно Абдулкаломи Озод футуҳоте , ки Искандари Мақдунӣ кардааст, ҳама ҷанбаи моддӣ доштаанд. Зиёда аз ин Искандари Мақдунӣ мушрик буд ва ҳатто даъвои худоӣ карда, худро писари Худо Зевс меҳисобид ва ҳеҷ мумкин нест, ки Қуръон чунин фардро васф намояд. Аммо Куруш рӯҳи кишварҳоро мекушояд, зулму ситамро мешикаст. Бинобарон Императории Искандар пойдор намонд, вале Императории Куруш солҳо устувору побарҷо монд. Агар яҳудиён ӯро Масеҳ ва фиристодаи Худованд шинохта бошанд, Қуръон ӯро шоҳи одил ва яктопараст эътироф кардааст, ки дар оятҳои қуръонӣ ба таври саҳеҳ ва комил ба мушоҳида мерасанд.

Дар айни замон бояд хотиррасон кард, ки оини Куруш зардуштия буд. Агар аз нигоҳи тавсифи Қуръон Куруш яктопараст бошад, чуноне ки дар Қуръон сухани Куруш пайваста бо ифодаи «Парвардигори ман» баён мегардад, пас хулоса бар меояд, ки Зардуштия низ дини тавҳидист ва онро Абулкаломи Озод бо далелҳои қавию мантиқӣисбот кардааст. Вале ин мавзӯи дигар аст.

Ин ҷо як масъаларо барои аҳли ҷомеаи тоҷик ёдрас менамоям, ки агар як донишманд ва рӯҳонии арабзабон, ки дар Макка тавлид ёфта ва барои мусулмонони Ҳинд беҳтарин «Тафсири Қуръон»-ро навишта бошаду шахсияти Курушро бо далелҳои мӯътамади илмию таърихӣ ва қуръонӣ васф намуда, ӯро ба ҳайси як фарди яктопараст (бо далелҳои Қуръон) ном бурда бошад, чаро таассубгароёни тоҷику форс, бахусус рӯҳонияти миллатситезӣ онҳо, ба ҷои ифтихор кардан нисбати Куруш бадгӯӣ мекунанд. Ҳол он ки дар Қръон ҳамаи ашхоси ятопараст ҳамчун ҳанаф ё мусулмон шинохта шудаанд. Ва бо ҳамин тарзи муносибат на танҳо ба муқобили сиёсати давлати дунявии Тоҷикистон ва Ҳукумати он бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебароянд, ҳамзамон   нисбати Куруши Кабир бархилофи таълимоти Қуръон муносибат менамоянд? Бинобар он ба диндорон ва рӯҳонияти миллатситези тоҷику форс чунин савол мегузорам: Эътиқоди имонии кӣ устувортар аст, Куруши Кабир ё онҳое, ки оятҳои қуръониро рад мекунанд? Ҳамчунин ба рӯҳонияти мусулмонон ёдрас мекунам, ки ин оятҳои қуръонӣ, ки дар боло овардем, бо  ягон ояти дигар мансух нашудаанд. Пас бояд қазоват намоем, то ки худро бишносем, чуноне ки бегонагони зиёде ба мисли Мавлоно Абдулкаломи Озод гузаштагони моро шинохтаанду васф кардаанд. 

 

                                                                   Нурулҳақ Қамар.

Яндекс.Метрика