Нахустин мусоҳибаи домулло Ҳикматуллоҳ: аз ҷанги бародаркушӣ, ҳаққу ноҳақ будани ҳизби Наҳзати ислом то нақши раҳбарон дар ҷанг (бознашр)

Ҳамчунин дидгоҳҳои эшон дар бораи мухолифатҳо баъди пайдо шудани "баъзе мазоҳиби нав"-ро низ метавонед бихонед.

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ
Сурат: аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳафтаи сипаришуда даргузашти руҳонии пуровозаи Тоҷикистон Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аксарияти ҷомеаи огоҳро дар Тоҷикистон ба сӯг нишонд. Бархеҳо ӯро яке аз шахсиятҳои диннии исломи муътадил, бархеи дигар олими соҳибмактаби суннатӣ, баъзеҳо намояндаи барҷастаи тасаввуфи муттакӣ бар мазҳаби ҳанафӣ дар Осиёи Миёна медонистанд. Вале дидгоҳҳои иҷтимоиву сиёсии домулло Ҳикматуллоҳ, ки ҷо-ҷойе дар асарҳояш омадаанд, дар расонаҳо ҳеч вақте барои омма баён нашуда буд. 
Мусоҳибаи зер нахустин ва шояд ягони мусоҳибаи Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикисободӣ бо расонаҳо бошад, ки дар он мешавад назари эшонро дар мавриди ҷанги бародаркушнақши раҳбарон дар онҳаққу ноҳақ будани таъсиси ҳизби Наҳзати исломравову нораво будани забҳи чорво барои мурдаҳо ва дигар масоили усуливу урфии диниро фаҳмид.
Ин мусоҳибаро рӯзноманигори хушноми тоҷик Додохони Эгамзод, моҳи апрели соли 1992 дар манзили эшон анҷом дода, ки 21-уми августи ҳамон сол дар шумораи 22-и нашрияи "Тоҷикистон" бо номи "Куфрони неъмат - заволи давлат", таҳти унвони "Меҳмони "Тоҷикистон"  Аллома Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ" нашр шудааст. 
(Имло ва далел арқоми аслии мусоҳиба тағйир наётааст, биноат агар зимни хондани матн шубҳае ба вуҷуд омад тақсири "Азия-Плюс" нест).
-Мӯҳтарам Домулло Ҳикматулло! Матлаи суҳбат - ҳусни оғоз аз шумост...
- Бисмиллоҳи-раҳмонир-раҳим!
Рости гaп, то ҳол ба ягон рӯзнома мақола надодаам. Зеро дар навиштаҷоти мо сухан аз оёту ҳадису Каломи Шариф мераваду баъди чоп ин ҳарфҳои табаррук ва исми аъзам зери по мешавад: дар рӯзгори мо газета ба ҳукми коғазкӯҳна аст, кадр надорад. Бинобар ин, чандин бор ба қозиёт изҳор кардам, ки газетаи «Минбари ислом»-ро чоп накунанд. Агар нашрияе зарур бошад, ягон маҷаллаи хушсифати бақадру қимат бароранд. Ва он мисли «Илм ва ҳаёт» ҳам набошад, ки Қуръони кариму Каломи Шарифро чоп мекунаду онро ҳар шахси бетаҳорат метавонад варақ занад. Ин гуноҳи азим аст!
Чанде пеш рӯзномаи нирӯҳои демократи навоҳии Қаротегин «Оинаи Сикандар» чоп шуд, ки он ҷо, бе маслиҳати пешакӣ, номи маро дар қатори мушовирон навиштаанд. Эътироз кардем ва аз шумораи дуюм номи моро бардоштанд...

-Аз пешгуфтор чунин бармеояд, ки суҳбати мо нахустин мусоҳибаи Шумо дар матбуот хоҳад шуд?
- Ҳамин тавр. Фақат чунин илова дорам, ки бе амри Илоҳӣ ҳеҷ амале зоҳир намешавад ва минҷумла ин суҳбати мо низ.
- Ҳазрати Домулло, хуб мешуд агар дар ибтидо худро ба хонандаҳои «Тоҷикистон» шиносонед. Тавре ки мегӯянд, «Сухан аз даҳони Луқмон шунидан хуш аст»...
- Ба ҳисоби милодӣ соли 1930 таваллуд шудаам. Ҳамаи гузаштагони мо аҳли тақвоянд. Бобоям деҳқони илмдӯст, дар роҳи шариат устувор буданд. Модаркалонам низ саводи комил доштанд, дар ҳамон замони подшоҳӣ шогирдонро сабақ меомӯхтанд. Падару модарам низ фарзанди сазовори волидайни худ буданд. Худ ёд надорам, ки дар чандсолагӣ савод омӯхтаам. Фақат ҳамин қадар медонам, ки вақте ба мактаби шӯравӣ рафтам, аллакаӣ Қуръонхон будам...
Зодгоҳам ҳамин ҷо. Деҳгул аст, вале баъди заминҷунбии Ҳоит як муддат сокини Курғонтеппа будем. Он ҷо муддате дар мактаби шӯравӣ таҳсил карда, илми шаръиро пинҳон меомӯхтам. Дар назди Домулло Амиршоҳ, ки аз ҳаштод гузашта буданду забони арабӣ ва фиқҳи исломиро саҳеҳ медонистанд. Андактар мактаби шӯравиро тамоман тарк гуфта, назди Домулло Ҷӯраи Заргарӣ ва Домулло Назрии Ҷилликӯлӣ таҳсилро идома додам.
Он замон омӯзиши мо пинҳонӣ буд, хавфу хатари зиёд дошт. Алалхусус Домулло Назриро бисёр азият медоданд. Ва ӯ боре (нағз дар хотир дорам - даҳаи охири моҳи рамазон буд) бо овози гиряолуд хастаҳолона гуфт: дигар наоед, ки хавф калон аст.
Баъди ин барои сабақомузӣ назди Домулло Шералии Андиҷонӣ рафтам.

Сипас тақдир маро бо Мулло Одинаи Қаротегинӣ пайваст, ки пас аз таъқиботи зиёд ба Ӯзбекистон фирор карда буд. Ин шайхи батақво аз беҳтарин олимони давр ба шумор мерафт, дар илми арабию исломӣ лоиқ буд. Ва ман бо камоли хуррамӣ омӯзишро давом додам. Вале афсус, ки шодиям дер давом накарду Мулло Одина аз олам рафт...
Андактар ба ман маслиҳат доданд, ки назди Мавлавии машҳур Муҳаммадҷон Қории Душанбегӣ равам. Ҳамроҳи бародарам ба манзили эшон омадем. Ҳазрати Мавлавӣ моро бегонаҳо барин қабул карданд. Баъди арзи матлаб китобе бароварданд. Хондам. Шавқи бисёр карданд ва гуфтанд: «Шуморо лоиқи тарбия донистем!». То насиб будан хизмати Ҳазрати Мавлавиро карда, боқии илмро дар ин даргоҳи мукаррам омӯхтам. Ҳоло маро ҷойнишини эшон меҳисобанд, вале банда ҳанӯз як шогирди Ҳазрати Мавлавиям...
- Мо низ бисёр шунидаем, ки он солҳо омӯзиши каломи илоҳӣ хеле сангин ва пурмашаққат буд. Чӣ дар Ғарму чи дар Кӯлоб, чӣ дар Хоруғ ва чӣ дар Хуҷанд. Масалан, бобои ман Домулло Сайидаҳмади Ворухиро ончунон таъқиб кардаанд, ки маҷбур шудааст чор ҷуволи қирғизӣ китобҳояшро ба дарё афканад ва ҳоло ҳам муйсафедон мегӯянд, ки «Домуллоро ғами китобҳо бармаҳал кушт».
Ин хел мисолҳо бисёранд ва ман ҳоло шукри он мегӯям, ки хайрият Ҳазрати Муҳаммадҷон Қорӣ, Домулло Одина ва Домулло Назриҳо будаанд, ки аз ҷабру зулми замона натарсида, ҷояш ояд, ҷон бар каф гирифта, нагузоштанд, то машъали маърифати илоҳӣ хомӯш шавад. Маҳз ҳамин ашхоси табаррукро равшандилони ҳақиқӣ, зиёиёни ҳақиқатан ҳам ватанпарасту миллатдӯст меҳисобам. Хоки пои ин бузургонро тӯтиё кардан кам аст, зеро агар онҳо намебуданд, бо имрӯза «интеллигенцияи советии тоҷик» мо ба ҳеҷ куҷо намерасидем, илло ки ба ҷаҳаннам...

Издиҳоми мардум дар маросими ҷанозаи домулло

- Фикри маъқул. Бисёр хуб аст, ки ҷавонони мо ин нуктаро фаҳмида истодаанд!
Ва ҳоло, ки аз шукру сипос гап меравад, дар ҳаққи бародари калониам Эшони Неъматулло ду-се сухан гуфтаниям. Он кас устоди аввалини ман, якумин ҳарфу ҳиҷоро ба ман ёд додаанд. Дар Қӯрғонтеппа ҳам сорбони ман буданд. Умуман, ҳама кори дунявию хоҷагӣ ба дӯши он кас -ман то ҳол ягон кор накардаам. Ва агар хулоса кунем, мо худ нахондаем, моро хонондаанд!
- Мебинам, ки ба шогирдон дар манзили худ сабақ медиҳед. Ягон хавфу хатар ҳис намекунед?
- Зоҳиран ягон таъқибот нест. Агар махфӣ бошад — намедонам.
Вобаста ба ин масъала як чизи дигарро таъкид кардан мехохем. Чанд сол пеш омӯзиши илми илоҳӣ садду монеаи зиёд дошт, аммо хоҳишмандон кам набуданд. Ҳоло барои омӯзиш қариб, ки кулли шароит муҳайёст, вале дигаргунӣ дида намешавад. Ба ҷои он ки намозхон зиёд шавад — шаробнӯшон афзудаанд. Шарму ҳаё кам. Зуҳду риё зиёд гашта. Ва мутаносибан, пеш арзонию фаровонӣ буд, ҳозир қиматию қаҳтӣ думболагири мост. Ҳам сабаби зоҳирӣ ва ҳам амри маънавии ин ҳолат куфрони неъмат аст. Худованд ба мо аз аввал намозу рӯза, шарму ҳаё, иззату эҳтиром ато фармуда ва агар баръакс рафтор кунем, абадуддаҳр пушаймон мешавем. Инро ҳаргиз набояд фаромӯш кард.
- «Эӣ марг биё, ки зиндагӣ мушкил шуд!», -нидо карда аст шоире аз қаъри асрҳои гузашта ва ин хитоба созгори рӯзҳои мост. Ин ҳам кам буд магар, ки боз бародар хуни бародар мерезад...
- Ин фоҷиа маро ҳам хунинҷигар кардааст. Пайваста фикр мекунам, ки ин ҳолро сабаб чисту тадбири халосӣ кадом аст?
Имрӯз дар ин бора ҳар кас ҳар чӣ хоҳад, мегӯяд, тахмину фарзия бисёр шудааст. Ҳол он ки тахмингӯӣ маъно надорад, бештар зарар меорад. Гузашта аз ин, ҳоло вақти он нест, ки сабаб ҷӯему гунаҳкор. Пеши роҳи хунрезиро гирифтан даркор.
- Чӣ тавр?
- Бисёр чиз ба сарвар вобаста. Роҳбари давлат агар сидқан кӯшиш кунад, пеши роҳи бародаркуширо гирифта метавонад. Ҳалли масъаларо ба худи халқ гузорад, доманаи фалокат васеъ мегардад. Вазъиятро худи халқ ислоҳ карда наметавонад.

Роҳбарони қозиёт ва ҳизбҳо ҳам бояд кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Онҳо маҳз дар ҳалли ин масъала гирди роҳбари давлат зич муттаҳид шаванд, яктану якгап шаванд. Ва агар роҳбари давлат ҳар кадомеро мувофиқи ҳолаш маслиҳат ва фармоиш диҳад, иншоаллоҳ, вазъият хуб мешавад.

- Чун сухан ба ҳизбҳо доир шуд, мехостам муносибати Шуморо нисбат ба Ҳизби наҳзати ислом бифаҳмам. Мегӯянд, кн Шумо зидди он ҳастед...
- Бале, ҳар хел овозаҳо то ба мо ҳам мерасад. Акнун асли гапро шунавед. Аввалан, дар дигар ҷойҳо ҳам ҳизбҳо бисёранд ва бинобарин аз исломиҳо ҳам агар ҳизбе бошад, халалу зарар нест.

Сониян, бояд ёдовар шуд, ки аз қадим дар Мовароуннаҳр мазҳаби Ҳанафӣ асосӣ буду ҳаст ва онро дар саросари олам низ бузургтарин равиш меҳисобанд. Ва мо ҳизби наҳзати исломро ҳамон вақт пурра эътироф мекунем, ки ин нуктаи муҳимро пурра эътироф кунад, барнома ва оинномаашро бо мазҳаби Ҳанафӣ мувофиқ ва баробар гардонад. Агар роҳбарони ҲНИ ин талаботро риоя накунанд, мо ҳеҷ вақт аз гапи худ намегардем.

Ба онҳо сахт расад ҳам, ошкор мегӯям, ки эшон бо кадом равия рафтани худро, фикру нияти худро ошкор нагуфта истодаанд. Ё гуфта наметавонанд. Мо бошем, тахмингӯиро намепарастем.
Ҳам аснои Ҳаҷҷи Акбар ва ҳам вақти сафари Эрон бо бисёр бародарони муслимин ҳамсуҳбат шудем. Онҳо ҳини мубоҳиса ба ҳеҷ истиҳола, ошкоро мегӯянд, ки «дар фалон масъала бародарони суннии мо ин ТУР ақида доранду бародарони шиаи мо он тур» ё «мо ин хел амал дорем, онҳо тарзи дигар». Яъне, масъалаҳои баҳсталабро кушоду равшан ҳаллу фасл мекунанд.

Дар Тоҷикистони мо ин хел не. Мо масоили мухолифин дорем, аммо ошкор намегӯем. Аз ҳамин сабаб, барои узви Ҳизби Наҳзати Ислом шудан ҳеҷ касро даъват намекунем. Ва пурсанд агар, рухсат намедиҳем.

- Боре худ шоҳид будам, ки имоме ҷавони сарбараҳнаро намозхонӣ намонд. Дар масоҷиди Яман дидам, ки мардуми зиёде сарлуч намоз мегузоранд. Ин ҳолро дар аснои гирдиҳамоиҳо (ҳам «Шаҳидон» ва ҳам «Озодӣ») мушоҳида кардам...
- Мувофиқи фиқҳи Ҳанафӣ асл чунин аст, ки одобро чӣ қадар бештар риоя кунем, ҳамон қадар хуб аст. Ҳар амали ба тавозуъ наздик хубу аз он берун макрӯҳ ҳисоб меёбад. Яъне, сари бараҳнаю остини кӯтоҳ макрӯҳ аст.
Умуман, ҳар асру ҳар давр муносиби худ одате, анъанае дорад. Пештар ба маъракаҳои урфӣ бо либоси бегона ё сари луч даромадан беэҳтиромӣ ҳисоб меёфт. Ҳозир манзара дигар аст: дар маъракаи мотам либоси аҷнабӣ бештар ба чашм мерасад. Ҳатто баъзеҳо беибо дуд мекашанд. Чаро? Сабаб он аст, ки мо чанд муддат зери таъсири Ғарб будем, дар итоати душманони дину мазҳаби худ. Ва оне, ки имони мустаҳкам надошт, дасти таслим боло бардошт. Ва агар инро тақлид гӯем, он хатоӣ хатарнок аст. Баракату баҳра надорад ва моро аз асли хеш дур мегардонад. Дар амал мо бояд, ки ба роҳи бегонаҳо фирефта нашуда, таълимоту анъанаи бузурги ниёгонамонро зинда ва пос дорем. Дар куҷое набошем, хурмати намозро бояд дар ёд дошта бошем ва талаботи онро мисли падару бобоёни худ иҷро кунем.
-Пурсише оид ба анъанаи бобоён; бархе дар рӯзи мотам мол куштан ё пулу чиз доданро хато меҳисобанду гурӯҳе ин амалро сахт ҷонибдоранд. Ба кӣ бовар кунем?
- Мувофики масоили шаръӣ дар ин бора ҳукми катъӣ нест. Асл ин аст, ки барои мурда садақа кардан ҳам урфу одат мебошаду ҳам амали шаръист ва аҳли ислом садақа мекунад ба ҳар шакле. Дар Қаротегин низ ин кор ба як тариқ нест. Масалан, пештар падарони мо рӯзи мурда чизе куштанро оши сари тахта мегуфтанд. Дар деҳоти ҷониби боло — Кӯлу Яхакпасту ғайруҳу рӯзи мусибат ба қадри тавоноӣ гов ё гусфанд мекушанд. Сокинони Куклику Деҳгули мо ин
одатро надоранд. Онхо, албатта, ба маъракаҳои ҳамдигар мераванд, вале бадгӯӣ намекунанд. Зеро мухолифате нест.

Ин масъала вақте ҷанҷолӣ шуд, ки баъзе мазоҳиби нав дар байн пайдо гардид. Байни муллоҳо мухолифат пайдо шуд ва баъзеҳо барои таквияту тасдиқи фикри худ ибораи «нимчамулло»-ро бароварданд. Ҳол он ки домулло набояд ин хел гӯяд. Онe, ки андак таълим гирифтааст, ҳар кассе, ки дар роҳи илм аст, агар эътиқодашро дигар накунад, иззату эҳтиромро сазовор аст. Зидди якдигар киноя заданро асло розигӣ намедиҳем.
Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳама ҳолат садақа савоб аст. Ва агар оши сари тахта аз моли ҳалоли соҳиби мурда бошад, мазаммате надорад.
- Нахустсуҳбати моро хусни хотима мебояд...
- Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассалам фармудаанд, ки аз ҳама дараҷаҳо — намозу рӯзаву садақа муҳимтаринаш ислоҳи фасоди муслимин аст. Хосатан, дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, барои ислоҳи фасоди зотулбайн, ки он тарошандаи миллату дин ва дунёст, мо бояд кинаву буғзу адоват дур кунем ва бародарҳои ҳамхунро ба сулҳу салоҳ оварем. Мо бояд ҳама гуна ихтилофотро ба тарозуи Довари Ҳақ андозем ва бисёр сахт кӯшиш кунем, ки равиши ҳақ пойдор бошад.
Аз уламо, бузургони қишри рӯҳоният, аз пирони шариат ва тариқат хоҳиш мекунам, ки равиши Ҳанафӣ бузургтарин ва хубтарин таълимотро поку мубарро доранд, дар ҳаллу фасли масоили мазҳабӣ содиқу солор ва покниҳоду сахтимон бошанд.
 
Бознашр аз https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20210419/nahustin...
 

Яндекс.Метрика