Нашри китоби «Вазъи динӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Нашри китоби «Вазъи динӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Рӯзҳои наздик Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Вазъи динӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Душанбе:Эр-граф,2017-127 с.)-ро нашр намуд, ки ба омӯзиши фарогири вазъи динӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ошкор сохтани омилҳои объективӣ ва субъективии раванди ташаккули он бахшида шудааст. Усули асосии ба даст овардҳани маълумотҳо аз тариқи назарсанҷии сотсиологӣ ва мусоҳиба бо гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографии аҳолӣ дар асоси варақаҳои пурсишӣ анҷом дода шудааст. Рисолаи мазкур дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи “Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъалагузорӣ шудааст. Назарсанҷии сотсиологӣ солҳои 2014-2017 баргузор карда шудаанд. Дар барномаи он мавзӯъҳои ҷойгоҳи ислом ҳамчун як унсури фарҳанги миллӣ, нақши он дар ташаккули шуури динӣ, таносуби миллият ва диният, худшиносии миллӣ ва динӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва динӣ, сабабҳои гароиши гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, сабабҳои вуруди фарҳанги бегона дар муҳити динӣ-сиёсии Тоҷикистон, сару либоси миллӣ, никоҳи хешутабори ва оқибатҳои ногувори он, нақши анъана ва расму ойин дар ҳаёти иҷтими Тоҷикистон, танзими ҷашну маросим ва аҳамияти онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, ҳамчунин муносибати давлати дунявӣ ба дин ва хусусияти фарҳангӣ доштани он, сатҳи амали гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, нақши занон дар ҳаёти ҷамъитӣ-сиёсӣ ва ғайра мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд. Дар китоб махсусан омилҳои асосии эҳёи дин дар замони истиқлолият, сабабҳои паҳн шудани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динии хусусияти ифротидошта ва муносибати шаҳрвандони кишвар ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва инчунин хатари онҳо дар вайрон сохтани амну суботи ҷомеа ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Натиҷаҳои тадқиқот дар шакли хулосабарорӣ ва пешниҳодҳо ҷамъбаст шуда, нуқтаи назари муаллифон доир ба ислоҳи он камбудиҳое, ки дар ин самтҳо вуҷуд доранд, баён гардидааст. Натиҷаи назарсанҷиҳо ва хулосаҳои маводи китоби мазкур барои олимону коршиносони бахшҳои диншиносӣ, исломшиносӣ, сотсиология, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.