НАҚШИ ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ ДАР МАҲАЛҲО

 
Бунёди фазои солими иттилоотӣ, эҳтироми фарҳанги миллӣ ва арзишҳои динӣ, ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ба ин васила беҳтар наму­дани сармояи инсонӣ ва некӯаҳволии мардум дар қаламрави ҷумҳурӣ ба мавқеи шаҳрвандӣ ва ҷасорати сиёсӣ-иҷтимоии ҳар як фарди ҷомеа пай­ван­ди ногусастанӣ дорад. Дар ин росто, таъсирнокии фаъолони бахшу соҳаҳои гуногун дар маҳалҳо дорои аҳамияти фавқулода аст, зеро пиёда намудани сиёсати давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ маҳз дар ҳамкории ниҳодҳои дахлдор бо мардум татбиқи амалӣ пайдо мекунад.
Кишвари мо дар шароити кунунӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта ис­тода­аст ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли экстремизму терроризм ва ифротгароии хушунатомез  тадбир­ҳои муассир меандешад. Аз ин мавқеият, дар тамоми суханро­ни­ҳо ва вохӯри­ҳои Пешвои миллат доир ба вазъи ҳаёти динии кишвар, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷой­дош­та, ѓамхории холисона зоҳир наму­дан ба проблемаҳои оила, занон ва ҷавонон, танзими анъанаву маросими миллию динӣ, таъмини риояи муқаррароти қонуни масъу­лияти падару модар дар таълиму тар­би­яи фарзандон ва нишон додани нақши осори гаронбаҳои гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ ба ниҳодҳои дахл­дор пайваста дастуру супоришҳои судманд пешниҳод мегарданд. Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021  пайванди ногусастанӣ доштани рафтору муносибати моро ба сулҳу субот ва оромию амнияти давлатӣ ба тарзи тамоман дигар ифода менамояд. Зеро изҳори рафтори қайсарона, ѓуруру нописандӣ, тақлид кардан ба таъсиргузории беруна, тамоюл ба тундравии динӣ ва иф­рот­га­роии хушунатомез дар шаклҳои гуногуни он бештар дар байни ҷавонон ва муҳити зиндагии деҳот мушоҳида мешавад. Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04 майи соли 2018 чунин баён намуда буданд: "Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳ­ми­ро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад".
Ба андешаи мо, таъсиргузории вазъи ноороми минтақаи Ховари Миёна ба падида­ҳои номатлуби ҷаҳони муосир – терроризм, тундгароии динӣ ва ифротгароии хушуна­то­мез дар кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳанӯз суиистифодаи ислом ҳамчун омили динии муассир дар  сиёсати геополитикии ҷаҳон аҳамияти худро гум накардааст. Мардуми сайёра ҳар чизи вобаста ба нооромӣ ва амалиётҳои террористиро махсуси муҳити ҷомеаҳои мусулмонӣ меҳисобанд. Гуфтан мумкин аст, ки гурӯҳакҳои парокандаи  созмони террористии ба ном «давлати исломӣ» ҳанӯз фаъоланд ва дастгирӣ мешаванд. Бадбахтӣ дар он аст, ки як қисмати онҳо  ба шимоли Афѓонистон интиқол ёфтанд.
Анҷоми соли 2019 ошкор кард, ки ҳадафи аслии ҳама гуна ҷангҳои динию мазҳабӣ ба хотири ҳифзи монополияи кор­кард, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти газу нефт будааст. Барои ҳалли ҳамин сиёсат қаламрави давлатҳои Сурия ва Ироқ амалан ба минтақаҳои нуфузи чандин давлатҳо тақсим шудааст. Илова бар ин, теъдоди зиёди ҳизбу гурӯҳҳои сиёсию динии мусаллаҳ барои буҳронӣ кардани вазъият аз ҷониби кишвар­ҳои манфи­ат­дор нигоҳ дошта мешаванд. Мо аз таҷ­ри­баи талхи солҳои 90-ум медонем, ки чунин ҳизбу ҷараёнҳои худсохти беназорат ва ло­маз­ҳабро барои анҷом додани ҳама гуна корҳои палид  истифо­да бурдан бисёр осон аст. 
Сокинони ҷумҳурии соҳибистиқ­лоли мо ба он маънӣ насли хуш­бах­танд, ки дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ кору фаъолият мекунанд. Нишемангоҳи некӯ пайдо кардани номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон нерӯи "ҳуббу-л-Ватан мина-л-имон"-ро дар байни пиру ҷавон зинда гардонид. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар матни сиёсати геополитикӣ рақибони фарҳанги мусулмонӣ дар андешаи бунёди сохтори давлатдории тахайюлӣ ва маҷозӣ бо номи «давлати исломӣ» сахт машѓуланд ва асоси онро таҳмил кардани мазҳабу фарҳан­ги бегона ташкил медиҳад. Ин хатару таҳдид ва тарзи масъала­гу­зорӣ ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Шиддати таъсиргузориҳо дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афѓонистон бештар аст. Агар Ватани обод мехоҳем, бояд коре кунем, ки барои чунин андешаву ҷаҳон­бинии номатлуб дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳе боқӣ намонад. Насли ҷавони мо бояд бидонад, ки зиддиятҳои дар заминаи бознигарии арзишҳои динию мазҳабии солҳои навадум дар муҳити нооромиҳои кишвари мо таҷрибашуда дар даҳаи дуюми асри ХХIҳамчун созмони террористии ДИИШ дар сатҳи байналмилалӣ зуҳур кард.
Омили муҳими ифротзудоӣ ва пешгирикунандаи тундга­роии қайсарона табдил ёфтани «қаламрави сепорчаи Тоҷикис­тон ба як кишвари воҳид» аст, ки дар самти анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҷиҳати берун омадан аз бунбасти коммуни­кат­си­онӣ ширкати фаъоли қувваи ҷавони корӣ нақши фавқу­лода бузург дошт. Бунёди роҳҳои оҳан ва мошингарди дохилӣ, тунелу пулҳо ва хатти интиқоли барқ ба атрофу акнофи ҷумҳурӣ дар сақфи инфрасохтори саноатию кишоварзӣ тарҳе тамоман нав барандохт, ба он навгониҳои тоза бахшид. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо мазмуну муҳтавои дигар касб кард. Додуги­рифти ҳамешагӣ ва бо ҳам наздик шинос шуданҳои ҳафт иқлими ҷумҳурӣ шиддати хурофот, пойбанди динзадагӣ будан, ақида­ҳои тундрав, ифротгароии хушунатомез ва андеша­ҳои тахайю­лӣ доштан нисбат ба якдигарро ниҳоят коста гардо­нид. Фаъолони шаҳраку деҳот бояд дар тарѓиби ҳамин ҷанбаҳои мусбати ин раванд ҳамеша пешоҳанг бошанд.   
Масъалаи дигари муҳиме, ки барои баланд бардоштани нақши созандаи ҷавонон ва таъмини амнияти динию эътиқодӣ ва қавмию маз­ҳа­бии кишвари мо таъсиргузор аст, ин пробле­маи бунёди ҷойҳои корӣ ва бад-ин васила беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум ва назорати раван­ди афзоиши аҳолӣ аст. Ҷиҳати дастги­рии ҳама­ҷо­­ниба ва тақвияти сармо­яи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар сол садҳо ҳазор ҷойҳои кории нав бунёд карда мешавад, ки дар онҳо асосан нерӯи созандаи ҷавонон истифода мегардад. Ҷавон бу­­дани миллат ва афзоиши солонаи аҳолӣ дар ҳаҷми 2,5% ташвишу проб­­­ле­­маҳои иловагӣ ҳам дорад. Вале мушкилии асосӣ дар он аст, ки насли ҷавон чандон раѓбати дар ҷойҳои кории бунёдшуда фаъолият кардан­ро надоранд. Аз ин ҷиҳат, масъулони бахшу соҳаҳои гуногунро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзӯр намоянд.    
Мавзӯи дигари ба фаъолияти ҷавонон сахт алоқаманд шинохт ва маърифати динии саҳеҳ аст. Таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, рушди тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонби­нии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои ниёгон, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти динии мабно ба таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ омилҳои ҳалкунанда дар устувории умумии идеологии ҷавонон дар шароити соҳибихтиёрӣ мебошанд. Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифа­ти ҳуқуқӣ ва динию мазҳабии мардум, нашр ва дастрас кардани намунаҳои осори гузашта­гон бояд идома пазирад. Зеро муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои воқеии исломӣ дар тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад. Вазъияти зуд таѓ­йирё­банда дар сиёсати ҷаҳонӣ чунин иқдомро тақозо мекунад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати буҳронӣ боқӣ мондани вазъият дар кишварҳои арабию мусулмонии Ховари Миёна ва заиф гардидани имкониятҳои иқтисодию молиявии онҳо таъсири бевоситаи манфӣ дорад. Ҳамин аст, ки ҳамкори­ҳои иқтисодӣ ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ аз ҷониби кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва умуман ниҳодҳои иқтисодии умумимусулмонӣ сахт коҳиш ёфтааст. Айни ҳамин бало додугирифт ва ҳамкории кишварҳои мусулмонро аз тариқи давлати сеюм ба вуҷуд овардааст. Ҳама гуна лоиҳаву барнома ҳатман аз озмоиши ифротгароии динӣ гузаронида мешавад. Ниҳодҳои амниятӣ теъдоди ҷангиёни фирориро дар қаламрави Афѓонистон 2,5-4 ҳазор нафар баҳогузорӣ мекунанд ва табиист, ки онҳо ҳадафҳои нопок ва муѓризона доранд. 
Хусусияти глобалӣ касб кардани проблемаи терроризм ва экстре­мизм дар шакли хушунатомези он (зӯроварӣ, шиканҷа, ҷанҷоли оилавӣ, бадгӯӣ кардан ба ҳамдигар, рафтори такфирӣ)  барои давлатҳои миллии рушдкунанда ва ислоҳотхоҳ хатари  ҷиддӣ эҷод менамояд. Ҳанӯз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористи­дошта, тавсеаи терроризми байнал­ми­лалӣ, фаъолшавии унсурҳои тунд­раву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар корбурди бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳузури қобили мулоҳиза ва боиси нигаронӣ доранд. Ин воқеияти талх, вале омӯзанда ба мо ибрат медиҳад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳеҷ ваҷҳ заиф нагардонем. 
(гузориши илмӣ дар кори Конференсияи вилоятии амалӣ "Роҳхои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар маҳалҳо")
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон