Нақши Қонуни танзим дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Аз замонҳои қадим то имрўз мардуми тоҷик соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тўли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд. Мардуми мо, мутаассифона, ҳанўз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияти онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва ғайра ба сарфи маблағҳои зиёд роҳ медиҳанд. Чунин ҳолатҳо алалхусус то замони қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон» бисёр ба назар мерасиданд ва ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оммаи васеи мардум таъсири манфӣ ворид мекарданд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, то барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хохиш намуданд, ки то баргузории машварати ҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархостҳо ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодҳои муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24 майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буд: «Қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гўшаи дигари олам ба назар намерасад».

Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқи амалии он ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба фаъолияти ҳар яки мо вобаста мебошад. Дар моддаи якуми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст». Ниҳоят, дар таърихи 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба тасвиб расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур мохияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунхои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим дароварда¬ни расму оинҳо, пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсир¬расон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррўзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрўз омада расидаанд. Риоя ва эҳтиро¬ми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон рушду инкишоф ёбанд. Тавре ки шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбаға¬лӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди молию пулиро ба миён оварда буд.

Рафъи ин мушкилот, пеш аз ҳама, зарурати танзими расму оинҳои миллию диниро тақозо менамуд. Бо назардошти ҳамин талабот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими анаъанаҳо ва ҷашну маросимҳои милливу диниро ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб гирифта, тамоми саъю талоши худро дар ин самт барои қабули қонунҳои саривақтӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум равона намуд.

Инак, соли нўҳум аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар дои¬раи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст. Кумитаи оид ба кор¬ҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳур Тоҷикистон назорати риояи қонуни мазкурро ба уҳда до¬рад.

Тавре ки маълум аст, фарҳангу тамаддуни ҳар миллат ва халқият дар раванди таърихии ташаккул ва такомули худ хоҳу нохоҳ бо фарҳанги дигар халқу миллатҳо дар ҳолати «додугирифт» ва ё «мубодила» қарор дошта, бо онҳо омезиш меёбад. Омезиши фарҳангҳо хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана ва маросимҳои мардумӣ инъикоси худро меёбад. Маҳз бо ҳамин далел тўли садсолаҳои таърих ҷашну маросимҳои диниву миллии мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, дар баробари баъзе унсурҳои мусбат падидаҳои зиёди хурофотиро ба худ қабул намуда буд, ки онҳо сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми одӣ бор кардаанд. Чунин раванд то солҳои наздик, аниқтараш то қабули қонуни танзим идома дошт ва яке аз пайомадҳои номатлуби ин раванд баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхарҷ ба шумор мерафт.

Тибқи анъанаҳои милливу динии мардуми тоҷик риояи расму оинҳои динӣ барои ҳар фард мисли иҷрои муқаррароти қонунҳо ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Омили дигаре, ки инсонро барои риоя намудани расму оинҳои милливу динӣ водор мекунад, ин таъсири сахти афкори иҷтимоӣ, муҳокима ва гуфтугўи атрофиён мебошад. Таҳти таъсири ин омилҳо ҳар шахс кўшиш мекунад, ки шарафи худро дар назари дигарон аз даст надиҳад, аз қатори умум набарояд, мисли ҳама рафтор кунад, тартиботи муқарра¬риро, ки ба мерос мондаанд, ба ҷо оварад, зеро онҳое, ки ин қонуну меъёрҳоро риоя намекунанд, мавриди тамасхуру накўҳиши одамони атроф қарор мегиранд, ҳамчун «зоғи ало» ё шахси худбин машҳур мегарданд. Аз нигоҳи илми ҷомеашиносӣ низ шахсоне, ки меъёри муқаррарии иҷтимоиро риоя наменамоянд, каҷрафтор ҳисобида мешаванд. Аз ин лиҳоз, шахс ҳар вақт вориди муносибатҳои ҷамъиятӣ мегардад, новобаста аз хоҳиши худ меъёрҳои иҷтимоиро риоя намуда, мувофиқи он рафторашро содир менамояд. Аз ин нуқтаи назар, расму оин ва маросимҳои динию миллӣ низ қоидаҳои рафтори таърихан ташаккулёфта ба ҳисоб мераванд. Бинобар ҳамин як қисми мардум ҳатто пас аз қабул шудани қонуни танзим ҳам кўшиш менамоянд, ки меъёрҳои то қабули қонуни мазкур ҷойдошта доир ба иҷрои расму оинро риоя намоянд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазъи молиявии шаҳрвандон низ таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон соли сипаришуда пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳо 3529,6 млн. сомониро (630,0 млн. сомонӣ бо пули миллӣ ва 2899,7 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ) ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 708,1 млн. сомонӣ ё худ 25,1% афзудааст. Дар ин замина анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тўю маросимҳо низ қариб аз байн рафта истодааст.

Дар натиҷаи татбиқи қонуни мазкур пеши роҳи сарфи зиёди маблағ дар баргузории маъракаҳо гирифта шуда, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд бештар гардид. Дар ин раванд метавонем натиҷаи соли гузаштаро мавриди таҳлил қарор диҳем. Мутобиқи маълумоти пешниҳодкардаи комиссияҳои доимии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷумҳурӣ 158 ҳазору 451 маърака барпо гардид. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 529 миллиону 663 ҳазору 597 сомониро ташкил дода, харҷи як маърака ба ҳисоби миёна дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба 3342 сомонӣ баробар шуд. Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои гузаронидани як маърака ба ҳисоби миёна 8750 сомонӣ рост меомад, ки барои баргузории ин қадар маърака 1 миллиарду 386 миллиону 446 ҳазору 250 сомонӣ маблағ зарур мешуд. Танҳо дар баргузории маъракаҳои хатна, тўйи домодию арўсӣ беш аз 856 млн. 782 ҳазор сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардид.

Бояд зикр кард, ки татбиқи амалии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кам гардидани забҳи чорво низ мусоидат намуд, ки ин ҳам метавонад пеши роҳи гарон¬шавии нархи гўшт ва маҳсулоти гўштиро бигирад. Дар муқоиса бо солҳои пешин, ки нархи як кило гўшт дар бозорҳои ҷумҳурӣ 38-40 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло нархи он нисбатан арзон шуда, то ба 30-32 сомонӣ расидааст. Аз таҳлилҳои комиссияҳои доимӣ бармеояд, ки дар баргузории 688 ҳазор маъракаи ба қайд гирифташуда дар муддати амали қонун 68 ҳазору 224 сар чорвои калон ва 343 сар ҳазор чорвои хурд забҳ шудааст. Агар ин миқдорро бо давраи то қабули қонун, ки дар ҳар маърака камаш як чорвои калон забҳ мешуд, қиёс намоем, мебинем, ки дар давраи нишондода¬шу¬даи пас аз қабули қонун нисбат ба давраи қабл аз қабули он 619 ҳазор сар камтар чорвои калон забҳ гардида, 276 ҳазор маъракаи мардум бе забҳи чорво баргузор шудааст. Яъне, ҷамъ 895 ҳазор сар чорвои хурду калон ба фоидаи шаҳрвандон сарфа шудааст. Аз ин таҳлилҳои оморӣ чунин хулоса баровардан мункин аст, ки татбиқи қонун барои пешгирӣ намудани хароҷо¬ти беҳудаи маҳсулоти гуногуни ғизоӣ хеле хуб мусоидат намуда истодааст. Риояи қонуни мазкур ва сарфаю сариштакорӣ дар баргузории маъракаҳо ба шаҳрвандон имкон дод, ки онҳо маблағҳои бо ин роҳ сарфанамудаи худро ба¬рои беҳтар кардани шароити зист, манзилҳои истиқоматӣ, тарбияи фарзандон ва ҳалли дигар масъалаҳои нисбатан муҳими рўзгори худ истифо¬да баранд.

Хулосаи калом, таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи қонуни танзим нишон медиҳад, ки санади мазкур дар ҳақиқат ба нафъи мардум хизмат намуда, зимнан барои таъмини амнияти озуқавории ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, низ нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.
Самадов Ҳумоюн,   мутахассиси пешбари Шуъбаи

пажўҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон