Нақши ҳувияти миллӣ ва эътиқодоти мазҳабӣ дар тафаккури варзишгарон

Нақши ҳувияти миллӣ ва эътиқодоти мазҳабӣ дар тафаккури варзишгарон Варзиш мактабе барои зиндагист. Маҳоратҳое, ки аз тариқи бозӣ, тарбияти баданӣ ва варзиш фаро гирифта мешаванд, барои рушди аҳли ҷомеа ва таҳзиби ахлоқи онҳо бисёр нақши муассир доранд. Аз сабаби ҷозибаи зиёд доштанаш варзиш ҳамвора мавриди ситоиш қарор гирифтааст, зеро варзиш муаррифгари миллату давлат аст. Тавассути варзиш ҷавонон бо ҷинсият, нажод ва миллатҳои мухталиф ошно мегарданд. Дар Ватани азизи мо аз куҳан варзиш ва масъулияти ахлоқӣ, ҳамзод ва ҳамроҳ буд. Посдорӣ аз зиндагии хонаводагӣ, қавмӣ ва миллӣ ва њимояи марзу буми Ватан дар баробари таҷовузоти бегонагон ба ҷавонони ҷисман неруманд зарурат дорад, аммо ин амр бидуни дарки масъулияти ахлоқӣ аз тарафи ҷавонон чандон мусаллам нест. Ба таври куллӣ таърихи варзиши тоҷик, таърихи ҳаммосаи паҳлавонон ва ҷавонмардон будааст. Варзишгарони тоҷик ҳам дар касби фазоили ахлоқӣ ва ҳам дар касби тавоноӣ ва расидан ба аҳдофи низомӣ ва иҷтимоӣ мекушиданд. Дар даврони тамаддуни исломӣ низ бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти фаъолиятҳои варзишӣ дар таъмини саломатии ҷисмӣ ва руҳии инсон, ки мактаби тарбияти Ислом саломатиро болотарин неъматҳо меҳисобад, шоҳиди шаклгирии фаолиятҳои варзишӣ дар қолаби ойини футуват дар варзишхонаҳо будаем. Бидуни тардид байни тан ва руҳ иртиботи наздик ва неруманде вуҷуд дорад. Аз ин рӯ дар Ислом танҳо ба тарбияти рӯҳ таваҷҷуҳ нашудааст, балки ин дини мубин барои солимгардонии ҷисм таваҷҷуҳ ва дастуроти фаровоне дар тарбият ва тақвияти он додааст. Азҷумла, дар манобеи динӣ ва асарҳои ахлоқии гузаштагони мо рољеъ ба ањамияти варзиш сухан рафта, машѓул шудан ба куштигирӣ, вазнбардорӣ, давидан, аспсаворӣ, шиноварӣ ва дигар намудњои анъанавии варзиш ба таври пайваста тавсия дода шудааст. Дар баробари ин ҳама танҳо ба парвариши ҷисм пардохтан дорои арзиши инсонӣ набуда, инсонро комил намесозад ва танҳо нерӯманд будан аз назари Ислом арзише надорад. Бинобар ин муҳимтарн хусусияти як варзишгар барои дастёби ба мавқеият ва пирузӣ дар арсаҳои набард, ахлоқи ӯст. Он чӣ меъёри арзиш аст, ахлоқ аст. Агар инсони боимон ва хушахлоқ неруманд ва солим бошад, метавонад нафъи бештаре ба ҷамъият орад. Дар ин ҷо овардани ҳадиси паёмбар (с) аз фоида холӣ нест: “المؤمن القوي خير من المؤمن الضعيف (Мӯъмини нерӯманд аз мӯъмини нотавон беҳтар аст)” Бо таваҷҷуҳ ба супоришҳое, ки дини мубини Ислом доир ба тарбияти руҳ ва парваришу тақвияти ҷисм намудааст, метавон ҷойгоҳи эътидоқоти мазҳабиро дар рӯёруи варзишгарон дид. Чаро ки эътиқод боварии қалбӣ аст, ки ҳар инсони муътақиде бо гароиш ба мазҳаби хеш метавонад бузургтарин монеаҳоро аз сари роҳ бардорад ва таъми ширини пирӯзиро бичашад. Нақши мазҳаб дар ормиши руҳӣ ва равонии умуми мардум ва ба вижа варзишгарон ба унвони ҳақиқате имконнопазир аст. Бисёре аз бозингарони бузурги дунё барои ба даст овардани оромиши руҳӣ ва эътиқодоти динии худ, ҳангоми ворид шудан ба бозӣ, хориҷ шудан аз бозӣ, гол задан ё дар варзишҳои дигар ҳангоми ғолиб омадан суннатҳои динии худро ба ҷой меоваранд, ки ин ҳама аз нақши мазҳаб дар оромиши рўҳии варзишгар дарак медиҳад. Дар бисёре аз варзишагоре, ки табъи ором доранд, мушоҳида мешавад, ки худшиносии миллию динии онҳо нисбат ба дигар варзишгарон бузургтар аст. Дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ пеш аз мусобиқаҳои бузург варзишгаронро ба калисо ва маконҳои мазҳабӣ бурда, дар он ҷо ходимони калисоҳо бо варзишгарон суҳбат мекунанд. Дар Тоҷикистони азизи мо варзишгарон пеш аз баромадан ба мусобиқа аз падару модари хеш, пирони рӯзгордида ва мураббиёни худ дуо мегиранд. Ин амр гувоҳи он аст, ки варзишгарони боору номуси тоҷик ба арзишҳои милливу суннатии миллати хеш аљр мегузоранд. Бешубҳа тарғиби ҷавонон ба варзиш омили суботи ҷомеа ва муаррифӣ намудани миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Доштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватанпарастӣ нерӯи варзишгарро қавитар мегардонад. Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмо варзишгаронро ба таҳкими ҳисси ватанпарастию меҳандустӣ ҳидоят мекунанд: “Шумо варзишгарон вақте ба майдон мебароед, фикр кунед, ки ҳашт миллион тоҷик дар пушти шумост”. Ин ҳама дастгириҳою ғамхориҳо буд, ки ҷавонони мо дар соҳаи варзиш ба бисёр муваффақиятҳо ноил гаштанд. Парчами Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парафшон шуд ва суруди миллии он садо дод. Аз дастовардҳои бузурги варзишгарони тоҷик дар давраи истиқлолият пирӯзии Дилшод Назаров дар Бозињои Олимпӣ дар Рио де Жанейро (соли 2016), дастовардҳои Беҳрӯз Хоҷазода, Набимуҳаммад Хоркашов, Муин Ғафурров, Комроншоҳи Устонпирён, Мавзуна Чориева, Хоҷаев Муҳаммадҷон ва дигар варзишгарони номиро метавон зикр кард. Ҷавонони тољик одобу ахлоқи ин ситораҳои варзиши тоҷикро метавонанд ба ҳайси идеали ҳаётӣ бипазиранд.

Рамазониён Аҳтам Бобосафар,

Мутахассиси шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросимҳова диншиносии муқоисавӣ