Нигоҳе ба эътиқоду суннатҳои қадимаи динӣ-сиёсии эронитаборон ва инъикоси онҳо дар фарҳанги исломӣ

Тибқи яке аз боварҳои анъанавию суннатии зардуштӣ, ки дини мардуми эронитабор дар даврони қабл аз ислом буд, адли илоҳӣ тавассути шоҳоне, ки аз баракати фарри эзадӣ бархӯрдор ҳастанд, дар ҷаҳон татбиқ мегардад. Чунин боварӣ дар бораи нақши ҳокимон дар татбиқи адли илоҳӣ минбаъд дар таълимоти динҳои дигар, аз ҷумла насрония ва ислом низ, дар шакли гуногун ифода ёфтааст.
Истилоҳи фар(р), мутобиқи тафсири «Авесто», ба маънои фурӯғест эзадӣ, ки ҳар кас аз он бархӯрдор шавад, барозандаи солориву фармонравоӣ мегардад, ба шаҳриёрӣ мерасад ва осоишгустару додгар мешавад. Фарри эзадӣ ба покдинтарин марди аҳуроӣ (солеҳ) метобад, он мард дар партави он бахшиши илоҳӣ барои роҳбарии мардумон барангехта мешавад ва зимоми шаҳриёриву додгустариро ба дасти худ мегирад. Шаҳриёрону паҳлавонони бедодгару зулмпеша, аз қабили Заҳҳоку Афросиёб аз фарри эзадӣ бебаҳраанд ва ҳарчанд талош меварзанд, онро ба даст оварда наметавонанд. Муҳимтарин шарти бақои фарри эзадӣ – риояи меъёрҳои некӣ ва адолат мебошад. Ин меъёрҳо хусусияти мутлақ, ҳатмӣ ва умумӣ дошта, риояи онҳо барои ҳамаи афрод фарз аст. Чуноне, ки аз мазмуни ҳикоёти авестоӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бармеояд , ҳатто ашхоси соҳибфарр, масалан Ҷамшед ё Ковус, агар аз гилеми худ фаротар по ниҳода, аз роҳи рост дур шаванд ё забон ба дурӯғ кушода, бедодгариву ситам пеша кунанд, фарри эзадӣ онҳоро тарк мекунад ва онҳо ба саранҷоми шум дучор мешаванд .
Тибқи ривояти «Авесто», аввалин шоҳе, ки ба фарри эзадӣ сарфароз гардид, Ҷамшед буд. Аҳурамаздо дар баробари атои фарри худ ба Ҷамшед, инчунин ба ӯ ангуштарӣ ва асои тиллоиро ҳамчун рамзи ҳокимият ато кард . Бисёр ҷолиб аст, ки аз ҳамон давраҳои асотирӣ сар карда дар таърихи сиёсии мардуми Осиёи Миёна ва Эрон чӯбдаст ва ангуштарини тиллоӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва ҳокимият шинохта мешуданд. Минбаъд, вобаста ба васеъ шудани таркибу мундариҷаи ҳокимияту давлатдорӣ ва пайдо шудани ниҳодҳову мақомоти гуногуни давлатӣ, барои ифода кардани ҳар кадоми онҳо истилоҳот ва рамзу аломатҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Масалан, акси гӯсфанд нишони рамзии вориси тахту тоҷ, акси ҳилол ва ситора бошад нишони рамзии сарвари давлат, яъне шоҳ маҳсуб мешуд. Ин гуна рамзҳои давлативу ҳуқуқӣ дар даврони қадим дар тамоми машриқзамин, аз ҷумла дар Осиёи Миёна, барои ифода кардани сифатҳо ва хусусиятҳои вижаи Аҳурамаздо хизмат мекарданд. Вуҷуди ин гуна рамзу аломатҳо ва шумораи зиёди истилоҳоти ифодакунандаи мафҳумҳои ҳуқуқиву давлатӣ баёнгари он мебошад, ки давлат ва ҳуқуқи миллии тоҷикон ва дигар мардуми эронитабор ҳанӯз дар замони қадим ба зинаи баланди инкишофу таҳаввулот расида буд . Дар «Авесто» на танҳо ба масъалаи танзими ҳуқуқу меъёрҳои ҳокимият ва давлатдорӣ, балки ба масъалаи идораи давлат ва риояи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ низ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда шудааст. Масалан, мутобиқи таснифи авестоӣ дар ҷомеаи бостонии мардуми ориёитабор ниҳодҳо ё зинаҳои зерини ҳокимият вуҷуд доштанд: сарвари оила, сардори авлод ва қабила, сарвари давлат ва ғ.
Сарчашмаҳои ҳуқуқии зардуштӣ дар баробари баён кардани ҳуқуқу вазифаҳои ҳар кадоми ин ниҳодҳо, инчунин аз ҳар кадоми онҳо риояи ҳатмии меъёрҳои дар қонун дарҷгардидаро низ талаб менамуданд. Дар сурати вайрон кардани ин меъёрҳо шахси гунаҳкор бояд ба таври одилона танбеҳ ё ҷазо дода мешуд.
Дар Эроншаҳри бостонӣ, бар хилофи дигар мамолики шарқӣ, шоҳро ҳамчун Худо намепарастиданд, балки тибқи анъана бо ӯ ҳамчун бо соя ё партави нури илоҳӣ муносибат карда, эҳтироми худро бо таъзим ва ё дар пеши ӯ ба зону афтода сар фуруд овардан ифода менамуданд. Геродот дар китоби худ «Таърих» ин парастиши роҳбарро аз ҷониби мардуми Аҷам хосатан баён кардааст.
Низомулмулк дар «Сиёсатнома» , Ѓаззолӣ дар «Насиҳату-л-мулук» ва кулли мутафаккирони исломӣ низ дар асарҳои сиёсии худ шоҳро дар зовияи таълимоти исломӣ, ки бо эътиқоди фавқуззикри зардуштӣ хеле ҳамоҳанг аст, сояи Худо дар рӯи Замин донистаанд. Яъне ба шоҳ таъзим намуда ба амри ӯ итоат кардани ориёитаборони бостонӣ маънои итоат ба Худованд ва эҳтироми қавонину ҳуқуқҳои аз ҷониби Худо танзил ва тасдиқшударо дошт .
Шоев З. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаю маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика