Никоҳи хешовандӣ ва ташхиси тиббӣ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз нигоҳи фарогирии масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва баррасии паҳлӯҳои гуногуни рушди устувори иқтисодиёт ва инфрасохто­ри кишвар аз вежагиҳои фарқкунанда бархурдор буд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат иҷрои ҳадафу вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншударо дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мушаххас ба амал татбиқ намуд, ки “соли 2014, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъ­баст гардид ва кишвари мо ба сӯи пешрафти босуботи иқтисодӣ боз як қадами устувор гузошт”. Ба роҳбарияти олии кишвар муяссар гардид, ки новобаста ба таъсири номатлуби равандҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳон ва минтақа дар соли сипаришуда рушди устувори иқтисодиёти мамла­кат­ро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дорад.

Ҳадафи меҳварии дурнамои нақшаву барномаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар соли 2015 муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат муайян гардид, ки он дар заминаи ноил гардидан ба се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ таҳаққуқ мепазирад.

Қобили тазаккур аст, ки дар Паёми имсола низ ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷӯҳи Сарвари давлат қарор гирифта, ба мақому манзалати созандаи ин бахши муҳими ҳаёти ҷомеа баҳогузории ҷиддӣ ба таври зайл зоҳир гардидааст: “Нақши корман­­до­ни соҳаҳои иҷтимоӣ дар амри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасону ҷавонон, фарҳанги мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ, табобату нигоҳубини беморон ва дигар гурӯҳҳои ниёз­манди ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад”. Дар воқеъ, тарбияи навра­со­ну ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ ба воя расонидани онҳо вазифаи нонию ҷонии масъулони соҳаи илму маориф дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Зеро ҳифзи бегазанди арзишҳои миллию динӣ ва таърихию фарҳангӣ, ташаккули ҷаҳонбинии демокра­тию дунявӣ, таъмини пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа малакаву маҳо­рати баланди касбиро тақозо менамоянд. Табиист, ки дар шароити душ­вору сарбастаи ҷаҳони муосир ба хотири таҳкими давлатдорӣ ва таъми­ни рушди босуботи иҷтимоию сиёсии ҷомеа муборизаи оштинопазир ба паҳншавии падидаҳои номатлуб, ба мисли терроризму экстремизм, хуро­фот­парастию ифротгароӣ аҳамияти фавқулода касб мекунад. 

Масъалаи ҷолиб ва муҳими дигаре, ки доир ба он дар Паёми имсола таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид, мавзӯи ғамхорӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати кишвар ба занону бонувон мебошад. Махсус таъкид гардид, ки вобаста ба фаъолияти занон дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдорию устувории оила дар сатҳи роҳбарияти олӣ якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо қабул шудааст. Ба дурустӣ ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Сарва­ри давлат занон “ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоят­гару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ” дастгирӣ ва пуштибо­нии қавӣ доранд, ки сол то сол афзун шудани сафи онҳо дар сохтору мақомо­ти давлатӣ гувоҳи равшани ин гуфтаҳоянд. Дар баробари зикри ин қабил суханҳои самимӣ ва ибратбахш баён гардид, ки дар самти сиёсати занону ҷавонон проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз бисёранд.

Ин проблемаҳо хусусияти фарогирӣ (комплексӣ) дошта яке бо дигарӣ пайванди қавӣ доранд. Масъалаи аз ҳама ташвишовар пош хӯрдани оилаҳои ҷавон мебошад, ки шумораи онҳо, мутаассифона, сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад ва “мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст”. Дар иртибот ба ин масъала сабабҳои асосии ин падидаи номатлубро метавон ба таври зер ном бурд: комилан омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона; ҳолатҳои афзоиши шумораи никоҳи хешовандони наздик дар байни ҷавонон; бе ташхиси пешакии тиббӣ ва муайян накардани вазъи саломатӣ ризоият додан ба хонадор кардани фарзандон, ки ба сабаби хешутаборӣ носозгории генӣ доранд; афзоиши оилаҳои волидайнашон гирифтори нашъамандӣ, бемории масунияти норасоии бадан ва дигар бемориҳои зишти бедаво, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюби модарзод ва ноқи­сул­ақл гардида истодааст. Бо нигаронӣ ва изҳори ташвиши баланд ба самъи шаҳрвандони кишвар расонида шуд, ки “имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд”, ки аксарашон маъюби мо­дар­зод буда, сабабу бемориҳои дар боло ёдшуда мӯҷиби ба дунё омадани онҳо гаштаанд. 

Табиист, ки баробари пахш гардидани Паёми имсолаи Президенти кишвар доир ба масъалаи издивоҷи ҷавонон, оиладорӣ ва оқибатҳои никоҳи хешони наздик ва дорои генҳои якхела баёни фикру мулоҳизаҳои намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар беандоза фаъол гардид. Қисмати умдаи онҳо пешниҳоди Сарвари давлатро комилан пуштибонӣ менаму­данд, вале бархи дигар ба сабаби он ки дар ҳаёти шахсиашон ва фарзандону наздиконашон ҳолатҳои никоҳ бо хешовандони наздик иттифоқ афтода­аст, худро дар вазъи ногувор эҳсос мекарданд. Вале боз ҳам худро тасал­лӣ дода, рафтори худро мувофиқ ба муқаррароти Қуръону суннатҳои пайғамбари ислом медонистанд. Уқдаи мушкилкушои мавзӯъ бар он аст, ки танзими масоили никоҳу оила дар ҷомеаи анъанавии мардуми тоҷик аз гузаштаи дури таърихи бостони бисёрҳа­зорсолаи ниёгони пурифтихорамон маншаъ мегирад. Сипас вобаста ба талаботи давру замонҳои гуногун масъалаи никоҳу оиладорӣ тадриҷан такмил ёфтан гирифт. Қобили қабул ва созгори мантиқу ҳикмат нест, ки шароити зисту зиндагонӣ, муқаррароти меъёрию ҳуқуқӣ ва роҳу усули танзими никоҳу оиладорӣ дар умқу паҳнои дури ҷомеаи инсонӣ бо вазъи имрӯзаи ҳамин масъала мавриди муқоиса қарор дода шавад. Албатта, заношӯии хешони наздик нисбат ба давраҳои қадим хеле кам шудааст. Вале дар шароити имрӯза масъалаи дигар куфв – баробар будани тарафҳои никоҳи хешӣ, яъне аз нигоҳи имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва равонию эстетикӣ ба ҳам созгор будани онҳо хусусияти номатлуб пайдо кардааст.

Ҳанӯз дар шароити фаҳмишу арзишҳои асримиёнагӣ Қуръони маҷид – китоби муқаддаси мусулмонон меъёрҳои зинавии дигари консеп­си­яи ақди никоҳ, оиладорӣ ва тарзи ҳаёти солимро пешниҳод намуда буд. Дар Қуръон никоҳ бо хешовандони наздике, ки дар мадди аввал меистанд, манъ карда шуд. Барои дарёфти посухи равшан ба ояти 23-уми сураи Нисо назар меафканем: “Бар шумо ҳаром карда шуданд: модарони шумо; ва духтарони шумо; ва хоҳарони шумо; ва хоҳарони падарони шумо; ва хоҳарони модарони шумо; ва духтарони бародар; ва духтарони хоҳар; ва он модарони шумо, ки ба шумо шир додаанд; ва хоҳарони шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ; ва модарони занони шумо; ва духтарони занони шумо, ки дар канори шумо парвариш меёбанд – аз байни он занони шумо, ки бо онҳо омезиш кардед – ва агар бо онҳо омезиш накарда бошед, пас, бар шумо ҳеҷ гуноҳ нест; ва занони писарони шумо, ки аз пушти шумо бошанд; ва он ки миёни ду хоҳар ҷамъ кунед, лекин он чи гузашт, (дар он) афв аст. Ба дурустӣ ки Худо Омурзандаи Меҳру­бон аст” (Нисо, 4:23). Тавре дида мешавад, дар ин ояти карима зинаҳои муайяни хешовандони наздик номбар карда мешаванд, ки издивоҷ бо онҳо қатъиян манъ ва ҳаром аст. Аз дидгоҳи ислом ба таври возеҳу равшан аён мегардад, ки Худо барои гурӯҳи хешони дар муҳтавои ин оят номбаршуда наҳйи таҳримро муқар­рар намудааст.

Аз ин мавқеъ қазоват карда метавонем, ки муқаррароти ин оят дар тарбияи ахлоқию маънавӣ ва ислоҳоти масоили никоҳу оила дар он давра навгонии ҷиддие ба бор овардааст. Сазовори гуфтан аст, ки аҷдодони мо охирин ваҳйи илоҳӣ – дини мубини исломро пазируфта, тору пуди эътиқодии худро дар доираи мазҳаби имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит бофтаанд. Ва ҳар гуна беэътиноӣ ба ин мазҳаб метавонад сабаби ихтилофоти фарҳангӣ, миллӣ ва динӣ гардад. Басо рамзист, ки бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-6 октябри соли 2009 ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагор ва бахшида ба 1310-солагии зодрӯзи ин чароғи уммат Симпозиуми байналмилалии “Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо” бо шукӯҳу шаҳомати баланд дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории Симпозиум кӯшиши мусоидат ба омӯзиши амиқ ва дастраси мардум гардонидани таълимот ва афкори башардӯстонаи имом Абӯҳанифа, дарки боварии комили ӯ ба хиради инсон, фаҳми судманд будани фаъолияти худоҷӯёна барои инсон, зиндагии саодат­ман­ди ӯ ва таъмини ҳамзистии осоиштаи фарҳангу тамаддун­ҳои гуногун буд. Ин иқдоми таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба осори илмию динӣ ва таълимоти фиқҳии Имоми Аъзам боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мо арзишҳои баланди ахлоқию маънавии онро дар шароити имрӯза истифода бурда метавонем.

Дар воқеъ муқаррароти таҳримии ояти ёдшуда имрӯз ҳам аҳамияти ҳуқукӣ ва ахлоқии худро дар қонунгузории ҳуқуқи исломӣ нигоҳ доштааст ва барои риоя накардани талаботи ин оят ҳеҷ гузашту хотирбиние нахоҳад буд. Гоҳо аз тариқи воситаҳои ахбори омма хабарҳои гӯшношуниди ҳолатҳои даст задан ба алоқаҳои номаш­рӯъи ҷинсӣ бо ин категорияи хешовандони наздикро мешунавем ва мутолиа мекунем, ки намоян­да­го­ни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба куллӣ онро аз рӯйи эътиқоди динӣ маҳкум мекунанд. Дар таҷрибаи қонунгузории байналмилалӣ низ нисбат ба ин гуна рафтори палид ҷазои сахт пешбинӣ шудааст. Вақте ки аз дидгоҳи фиқҳӣ ба масъалаи никоҳ ва мазмуни ин оят наздик мешавем, равшан мегардад, ки ин мавзӯи муҳим ба ду гурӯҳ табақабандӣ мешавад: гурӯҳи якум, зинаи хешутабории ниҳоят наздик “модарони шумо; ва духтарони шумо; ва хоҳарони шумо; ва хоҳарони падарони шумо; ва хоҳарони модарони шумо; ва духтарони бародар; ва духтарони хоҳар; ва модарони ширдодаи шумо; ва хоҳарони шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ; ва модарони занони шумо; ва духтарони занони дар канори шумо парваришёфта; ва занони писарони шумо”-ро дарбар мегирад, ки дар асоси далолати ояти 23 сураи Нисо бо онҳо ақди нигоҳ бастан ҳаром карда шудааст. Баъди возеҳ шудани ин ҷиҳати масъала марҳалаи дигари пайванди хешовандӣ – чӣ гуна рафтор кардан дар бобати никоҳи хешутаборие, ки аз нигоҳи табақабандӣ дар зинаи дуюм қарор мегиранд, ба мисли духтари амак, духтари тағоӣ, духтари хола ва духтари амма ба миён меояд. Доир ба ин масъала низ Қуръони маҷид посухи равшан додааст. Ва ояти алоҳидае аз сураи Аҳзоб ба ҳамин масъала бахшида шудааст, ки чунин аст: “Эй пайғамбар, дар ҳақиқат Мо барои ту (инҳоро) ҳалол кардем: он занонатро, ки маҳрашонро додаӣ; ва канизаконеро, ки дасти ту молики онҳо шудааст – аз он чи Худо бахшидааст; ва духтарони амакатро; ва духтарони аммаҳоятро; ва духтарони тағоиятро; ва духтарони холаҳоятро – онон, ки бо ту ҳиҷрат карданд; ва зани мӯъминаеро, ки агар худро барои пайғамбар бибахшад (бе маҳр дар никоҳ ояд) – агар пайғамбар хоҳад, ки ӯро ба занӣ гирад – хос барои ту, ба ҷуз мӯъминон аст. Ҳамоно Мо он чиро донистаем, ки бар онҳо дар ҳаққи занонашон ва (дар ҳаққи) канизако­не, ки дасташон молики онҳо шудааст, фарз сох­та­ем, (саҳл кардем) то бар ту ҳеҷ тангӣ набошад. Ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст” (Аҳзоб, 33:50). Ҷойгоҳи зинаи хешовандони наздики дар ин оят ёдшуда нисбат ба хешоне, ки дар сураи Нисо баршумурда шудааст, як дараҷа поинтар аст. Бояд эътироф намуд, ки дар шароити асримиё­нагӣ ва ибтидои замони нозил шудани оятҳои қуръонӣ муносибатҳои заношӯӣ дар ҳудуди салоҳиятҳои сардорони қабила ҳал карда мешуданд ва аз доираи низоми шаклгирифтаи никоҳу оиладории маъмулӣ якбора берун омадан номумкин буд. Вале ба ду гурӯҳ табақа­бандӣ шудани хешовандони наздик дар масъалаи бо онҳо бар­қа­рор намудани муносибати заношӯӣ, яъне никоҳ як қадами устувори ҳуқуқӣ ба пеш дар бобати асосҳои оиладорӣ маҳсуб мешуд. Маҳз дар ҳамин замина мафҳуми фиқҳии “завоҷу-л-ақориб” – “заношӯии хешовандони наздик” пайдо шуд. Қуръон дар асоси мазмуни ояти 23-уми сураи Нисо ба никоҳ барпо намудан бо гурӯҳи хешони дар он ёдшуда наҳйи таҳрим, яъне қатъиян ҳаром буданро муқаррар кард. Аммо нисбат ба гурӯҳи хешони дар ояти 50-уми сураи Аҳзоб баёншуда, ба хусус духтарони амак, духтарони амма, духтаро­ни тағоӣ ва духтарони хола никоҳ барпо карданро раво донист. Матлаби асосӣ иборат аз он аст, ки ояти Қуръон ҳалли масъалаи муносибати заношӯӣ барпо кардан бо духтарони амак, духтарони амма, духтаро­ни тағоӣ ва духтарони холаро сароҳатан озоду ихтиёрӣ вогузошт. Агар аз мавқеи насаб ба баррасии масъала дохил шавем, гурӯҳи духтарони ёдшуда барои мо ақориб, яъне хешовандони наздиканд. Вале агар аз нигоҳи фиқҳи муомилот бинигарем, ҳукми онҳо бо ҳукми духтарони бегона баробар мешавад. Аз ин ҷиҳат ҳамаи мазоҳиби аҳли суннату ҷамоат барои муносибати заношӯӣ барпо кардан бо ин духтарони умумияти насабӣ дошта ҳукми ибоҳат, яъне мубоҳ будан; иҷозат, яъне ҷоиз будан; ва мухайяр гаштан, яъне ихтиёр доштани шахси зангирро раво гардонидааст. Баёни равшану возеҳ ва осонфаҳми масъала чунин аст, ки ислом никоҳи хешовандони наздики зинаи дуюмро иҷозат дода бошад ҳам, вале онро аз никоҳ бо бегонагон бартар надонистааст, иҷбору исрор карданро дар ин бобат раво надидааст, доир ба ин масъала дастур ё супориши ҳатмӣ вуҷуд надорад. Яъне, дастурҳои бунёдии фиқҳи исломӣ комилан ба манфиати миллати мо ва бақои ҷомеаи хурраму насли солими он аст. Канораҷӯию дасткашӣ ва тарки никоҳи хешӣ, агар ба ҳамдигар куфв ё муносиб набошанд ва худи онҳо ҳамдигарро интихоб накарда бошанд, ҳаргиз гуноҳ нест ва сарзанише динию ахлоқӣ ҳам надорад, ки ифодаи мардумии он “нахостам, намегирам” аст.

Бояд эътироф кард, ки азбаски ҷомеаи башарӣ дар маҷмӯъ ба мушкилоти афзоиши насли носолим ва ба дунё омадани навзодони аз нигоҳи ҷисмонию ақлонӣ ноқис мувоҷеҳ шудааст ва масъалаи никоҳи хешовандони наздик ҳоло дар аксари кишварҳои арабию мусулмонӣ хусусияти ташвишовар касб намудааст, аз ин рӯ вазъият дар меҳвари нигаронии ниҳодҳои дахлдори ҳифзи тандурустӣ қарор дорад. Дар сомонаҳои бешумори интернетии давлатҳои мусулмонӣ пурсишу посухҳои ҷиддие бо лаҳну баёни шадид иттифоқ меафтад, ки дар он зарурати манъи никоҳи хешони наздик гоҳо дар сатҳи баровардани аҳкоми фиқҳӣ масъалагузорӣ мешавад. Ногуфта намонад, ки аҳли ислом дар риоя ва пазируфтории никоҳи хешӣ, пеш аз ҳама, ба пайғамбарашон (с) пайравӣ мекунанд ва иқдоми ӯ дар издивоҷи духтараш Фотима ба писарамакаш Алӣ ибни Абӯтолиб масъалаи мухайяр буд, на дастур. Пас, посухи мантиқии ҷавоби саволи матраҳшудаи мо доир ба “роҳи раҳоӣ аз никоҳи хешӣ” дар куҷо нуҳуфта аст?! Мушкилии масъала дар он аст, ки аз оғози пешниҳоди консепсияи фиқҳии никоҳу оила татбиқи ҳуқуқии он дар доираи маҳдуди қабилаи араб ва ё деҳаву шаҳристонҳо дар шароити ҷуғрофии Мовароуннаҳр боқӣ монд, ки мутаассифона, таъсири пуртаассуби он то имрӯз дар байни ҷомеаҳои мусулмонӣ пой бар ҷост. Дар замони садри ислом воҳиди маъмурӣ-иҷтимоии қабила танҳо то андозае ҳараҷу мараҷ ва бенизомиро дар масъалаи никоҳу оиладорӣ ба эътидол овард.

Аммо тадқиқотҳои илмӣ собит менамоянд, ки муносибатҳои қабилавию биёбонӣ ва деҳотию кӯҳистонӣ дар саросари олами ислом ин иқдоми наҷиб ва беназирро дар доираи фаҳмиши маҳдуди худ ба падидаи ифротӣ ва аз нигоҳи амнияти насли солим хатарзо мубаддал сохтаанд. Ҳангоми ҷустуҷӯи маълумот доир ба мавзӯи мавриди назар дар сомонаи иттилоотии “ар-Риёз”-и Арабистони Саъудӣ як мусоҳибаи шигифтовар дастраси мо гардид. Рӯзноманигор ва олими диншинос зимни баррасии масъалаи никоҳи хешовандӣ ва сабабҳои зиёд шудани пирдухтарон дар кишварҳои арабӣ аз як зани халиҷии 45-сола далели ба шавҳар набаромаданашро пурсон меша­вад. Зан бо камоли масъулият чунин посух медиҳад: “Ано антазиру шахсан мин қабилатӣ” – “Ман шахсеро (барои номзадӣ) аз қабилаи худ мунтази­рам”. Шунидани инчунин ҷавоб дар оғози асри XXI аз ҷониби шаҳрванде, ки сокини кишварҳои аз нигоҳи имкониятҳои иқтисодию молиявӣ пешрафта мебошад ва маркази пайдоишу ташак­кули дини мубини ислом дар қаламрави онҳост, ҳам хандаовар асту ҳам ҳузнан­гез ва ғазали машҳури Ҳофизи лисонулғайбро ба хотир меоварад:

Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо,

Бубин тафовути раҳ, к-аз куҷост то ба куҷо?!

Ҳамчунин зимни бозгӯи ташаккули минбаъдаи мавзӯи мавриди назар дар иқлими ҷуғрофӣ-исломии Мовароуннаҳр, ки ҷумҳурии азизи мо – Тоҷикистон низ шомили он аст, бояд эътироф намуд, ки дар гузаштаи дуру наздик диверсификатсияи ба мақсад мувофиқи ин масъала дар муҳити маҳдуди деҳа, маҳалла, шаҳристон ва баъзан шаҳрҳои бузурги таърихӣ ба ҷониби тарбияи оилаи намунавӣ ва парвариши насли солим тамоюли қобили таваҷҷӯҳ ва арзандае нишон надодааст. Рушди ин масъала баъди ҷангҳои харобиовар ва хонумон­сӯзи хонҳои муғул вазъиятро боз ҳам душвортар гардонида, мардуми асили тоҷиктаборро асосан дар дараву ағбаҳои дастнорас ва деҳаҳои кӯҳӣ маҷбур ба зиндагию сукунат кард. Ин ҷабру маҳдудияти иҷти­моӣ шакли додугирифти хешовандии наздик­ро дар масъалаи никоҳу оиладорӣ дар муҳити деҳа ва хешу пайвандон аз дидгоҳи амонату бебахт нашудани фарзандон ба варианти нисбатан бехатари ҳалли ин масъалаи мубрам мубаддал сохт. Вазъияти маҳдуди сиёсию иҷтимоӣ ва набудани робитаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо олами беруна то оғози давраи нави таърихӣ ба мо имкон надодааст, ки доир ба ҷанбаҳои татбиқии ин масъала диди тоза матраҳ гардад ва иқдоми наве пеш гирифта шавад. Ҳукумати шӯроҳо консепсияи тарзи ҳаёти нав ва оилаи хушбахти советиро пешниҳод карда бошад ҳам, вале он девори устувори тафаккури деҳотии никоҳу оиладориро рахна карда натаво­нист. Кор то андозае мураккаб гардидааст, ки дар тасав­вури мардум духтарро аз як деҳа ба деҳаи дигар ба шавҳар додан ҳамчун падидаи носозгор ва сухане ношунида­нӣ пазируфта мешуд. Ин ҳолат бо масъалаи макрӯҳ донистани ба дигарон додани закоту ушр ва садақаҳо дар сурати фақир будани аҳли маҳаллаи худ як тобишу умумияти наздик дошт. Ҳамаи мо муҳокимарониҳои насли калонсо­ла­­монро доир ба масъалаи афзалият додан ба муносибатҳои заношӯӣ бо хешовандони наздик тақрибан дар чунин сиғаи баён борҳо шунидаем: “Эй мардаки соддаву нодон, чаро духтаратро ба ҷойи бегонаи дур ва чӯли малик ба шавҳар додӣ, магар ягон кӯру кари худамон ёфт нашуд, ки як коса об монда никоҳ мекардӣ ва паршикас­та ҳар рӯз дар пеши чашмакат мебуд. Канӣ одами бекор, ки рафта аз аҳволи вай хабар гирад?!” Ин тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии тангназарона ба ҳеҷ таҳлилу тафсир ниёз надорад. Акнун саволе ба миён меояд, ки чаро бо гузашти тақрибан 1400 сол аз густариши ойини муҳаммадӣ ва 23 сол аз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бознигарии ин масъала тағйироти созгор ва пешравии назаррас ба вуқӯъ намепайвандад ё ба қавли устод Мирзо Турсунзода чаро “рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон ҳастӣ ҳамон”.

Бо эҳсоси баланди масъулият бояд тазаккур диҳем, ки дар тӯли асрҳои зиёд консепсияи исломии никоҳу оиладорӣ ва роҳҳои ташак­кули минбаъдаи он дар маркази таваҷҷӯҳи фақеҳони донишманд қарор доштааст ва вобаста ба шароиту имкониятҳои давру замони мухталиф раванди маҳдуд кардан ва тавсеа бахшидан ба муқаррароти аҳкоми шаръӣ таҳаққуқ пазируфтааст. Ва фақеҳон суханоне наздик ба пешгирии никоҳи хешовандиро бад-ин минвол баён намудаанд: “Дар никоҳ бо наздикон сабру таҳаммул бояд, аммо никоҳ бо дурон (бегонагон) наҷибу гуворо бошад”. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар гоҳ шахс барои никоҳи хешовандӣ барпо кардан розӣ мешавад, бояд дониста бошад, ки ҳамеша ҷабру ҷафои сабру шикебоиро таҳаммул кардан лозим меояд, нигоҳ доштани силаи раҳм ва меъёрҳои хешутабории наздик барояш маҳдуди­ят­ҳои зиёд, нофаҳ­ми­ҳои байниҳамдигарӣ ва баҳудаву беҳуда таъна заданҳоро ба бор меорад. Оқибати вазъи ногувори онро дар таъбири мардуми мо “хеш будем нағз будем, қудо шудем ҷудо шудем” мегӯянд. Аммо никоҳ бо зани аз нигоҳи хешӣ дур “анҷабу”, яъне гуворотарин аст, зеро аз ин гуна заношӯӣ фарзандони дилписанду дӯстрӯ таваллуд мешаванд. Унсурулмаолӣ дар “Қобуснома”-и худ гӯё оқибатҳои ногувори ин тарзи никоҳу оиладориро эҳсос карда, ба мо дар боби “Андар зан хостан”тавсия дода буд, ки аз хешовандони наздик зан нагиред, зеро онҳо хешони шумоянд, аз бегонагон зан бигиред, то ки онҳо ба шумо хеш шаванд. Дар ин маврид суоле ба миён меояд: оё ҳадисе аз пайғамбар (с) мавҷуд аст, ки дар он никоҳи ғайрихешӣ авло ва афзал дониста шуда бошад? Дар посухи ин матлаб олимони диншинос чандин ҳадисро дар ривояти Ибни Моҷа ва Дорақутнӣ аз Анас ва Ибни Умар зикр кардаанд. Яке аз онҳо чунин аст: “Аз насаби шоиста зан бигиред, ба дурустӣ ки хӯю рафтор (аз он зан ба фарзанд) гузаранда аст”. Дар ин ҳадис маънои баланде ғунҷоиш ёфтааст, ки бисёр ҷолиб аст: мард бояд зани закӣ ва аз насабу решаи пок интихоб кунад, то ки одатҳо ва кирдору рафтори неку шоистаи дар шахсияти зан меросмонда ба фарзанди ӯ низ гузарад. Решаву насаби шоиста ҳатман аз хубсу фуҷур покизаву орӣ буда, хислатҳои писандида аз аъмолу ахлоқ ва сирату сурати ӯро фарзанд ба мерос мебарад. Ҳамчунин дар ҳадисҳои саҳеҳи дигар низ ба масъалаи никоҳ барпо кардан бо занони дорои иффати баланд ва аслу насабаш пок бартарӣ дода мешавад, ки онҳо метавонанд кафили ба дунё омадани фарзандони солиму зебо ва наҷибу гуворо бошанд. Масалан, Абдул­лоҳ ибни Умар дар масъалаи заношӯӣ ба “иғроб”, яъне бегонаҷӯӣ тарҷеҳ додааст.

Аммо ақидаи олимони тиб ва генетикаи инсон бисёр қатъӣ аст, ки бояд аз никоҳи хешовандони наздик канораҷӯӣ кард, зеро тибқи омори расмӣ аксари кӯдаконе, ки маъюби модарзод ва бо норасоии ақлию равонӣ ва ҷисмонӣ таваллуд мешаванд, аз заношӯии хешон ба дунё омадаанд. Проблемавӣ шудани муносибатҳо дар заминаи чунин оила барпо карданҳо ба масъалаи хешутаборӣ латмаи сахт мезанад ва бародарону хоҳарон қаҳрии рӯйинодид мешаванд. Ҳар шахс дар асоси мушоҳидаи ҳаёти ин қабил оилаҳо метавонад ба воқеияти ин гуфтаҳо боварӣ ҳосил намояд. Албатта, ин ақида маънои онро надорад, ки аз никоҳи ғайрихешӣ кӯдакони маъюбу бемор таваллуд намеша­ванд, баръакс ин ҳолат дар оилаҳои аз нигоҳи хешӣ дуру бегона низ ба мушоҳида мерасад. Вале олимони соҳа ба чунин хулоса расидаанд, ки фарзандони носолим бештар аз никоҳи хешони наздик пайдо мешаванд. Агар чунин бошад, пас сабаби он дар чист? Ба ақидаи коршиносон сабаби ба дунё омадани навзоди  носолим дар бемориҳои ирсӣ ниҳон будааст, ки онҳо аз тариқи генҳои номукам­мали дар ҷисми яке аз хешовандон боқимонада ба фарзандон мегуза­ранд. Ин қабил генҳои махсус баъзан аз падар, гоҳо аз модар ва дар ҳолатҳои дигар аз ҳардуи онҳо интиқол меёбанд. Агар генҳо ҳам аз падару ҳам аз модар ба фарзанд гузаранд, пас эҳтимолияти ба бемории модарзод гирифтор шуданашон афзун мешавад. Аз ин мавқеъ дар никоҳи хешовандони наздик эҳтимолияти гузаштани генҳои бемори волидайн ба ҷисми зану шавҳар зиёд аст, ки онҳо метавонанд дар организми тифли навзоди онҳо хурӯҷ кунанд. Дар никоҳи дур ва бегонагон бошад ин эҳтимолият ба маротиб кам аст. Ҳамин тариқ, ба дунё омадани кӯдакони носолим аз никоҳи хешӣ эҳтимолият дорад, вале ин эҳтимолият вазнину ташвишовар аст. Аз ин сабаб беҳтар он бошад, ки аз татбиқи амалии заношӯӣ дар байни хешони наздик канораҷӯӣ кунем, ҳарчанд ислом никоҳи заношӯиро бо хешовандони гурӯҳи дуюм раво медонад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ дар он иҷбору исрор нест.

Дар ин ҷо овардани матлаберо аз китоби “Машваратҳои генетикӣ дар бораи бемориҳои ирсӣ” дар таълифи олимони тиб ва равоншиносии амрикоӣ мувофиқи мақсад мешуморем. Равоншино­сон дар асоси пурсишҳои сотсиологӣ дар бахши генетика чунин хулоса кардаанд: “Ҷамъбасти натиҷаи никоҳҳои хешони наздик ба дунё омадани кӯдакони носолим аст. Вале яктарафа исрор кардан ҳам мумкин нест, ки оқибати ҳама гуна никоҳҳои хешӣ чунин аст, зеро миллионҳо одамоне, ки ҳоло дар кураи замин зиндагӣ мекунанд, аз никоҳи байни хешовандони наздик ба дунё омадаанд. Дар ИМА ва кишварҳои нимҷазираи Скандинавия ҷавонон кайҳо боз пеш аз ақди никоҳ озмоишҳои махсуси тиббӣ мегузаронанд, то ки аз дидгоҳи генетикӣ ба созгор будан ё набудани зиндагии якҷояи ҳамсарони оянда бова­рии комил пайдо кунанд. Ва танҳо дар ҳолати ҷавоби мусбат гириф­тан ба ақди никоҳ розигӣ медиҳанд. Олимон сабаби ба дунё омадани кӯдакони носолим­ро аз никоҳи хешӣ дар вуҷуд доштани бештар аз ду ҳазор намуди бемориҳои генетикӣ донистаанд. Ҳар як инсони солим мумкин аст, ки ҳомили воқеии ду ё се гени бемориҳои ирсӣ бошад. Азбаски дар ҳолатҳои муносибати заношӯӣ барпо кардан дар байни хешовандони наздик эҳтимоли ба ҳам омадани чунин генҳо бештар аст, аз ин сабаб миқдори таваллуд шудани кӯдакони носолим ва маъюб низ 30% зиёдтар ба мушоҳида мерасад”. Бояд эътироф намуд, ки дар кишвар­ҳои аз нигоҳи иқтисо­дию молиявӣ пешрафта барои ҳар як шаҳрванд дафтарчаи тиббӣ ҷорӣ карда шудааст, ки он амалан нақши шаҷараи авлодӣ ва насабии онҳоро иҷро мекунад. Дар асоси маълу­мо­ти ҳамин дафтарча ба ҷавонон пеш аз зангирӣ сертификати тиббӣ дар он бобат дода мешавад, ки оё аз нигоҳи генетикӣ оила барпо кардани издивоҷкунан­да­гон дурусту бехатар буда метавонад ё не. Дар ҳолати мувофиқ наомадани вазъи саломатии тарафҳо машварати илман асосноки тиббӣ ва генетикӣ дар ин маврид чунин аст: беҳтар аст, ки чунин ақди никоҳ барпо накунем, пешгирӣ карданро бар муқобили кӯдаки маъюб ба дунё овардан авло гузорем, ҳам қӯдаку волидайн ва ҳам наздикони онҳоро ба азоби алим мубтало накунем.

Бояд эътироф намуд, ки зиёд шудани миқдори никоҳи хешони наздик дар кишварҳои арабӣ бештар ба унсури хатарзо мубаддал шудааст. Бонги хатар ҳанӯз дар миёнаи солҳои 50-ум аз ҷониби Ҷумҳурии Мисри Араб садо дода буд. Онҳо дар асоси принсипҳои умумии фиқ­ҳи исломӣ ва мазмуни ҳадиси пайғамбар (с) “на зарар дидан ва на зарар расонидан дар дин иҷозат нест” масъалаи ҷоиз будани тавсияҳоро дар муносибат ба мавзӯи мубрами никоҳи хешутаборӣ барпо кардан матраҳ намуданд. Муфтии собиқи диёри Миср шайх Фарид Наср Восил яке аз донишмандони сарсупурдаи фиқҳи исломӣ аст, ки доир ба ин масъала пай­ги­рона талош намуда­аст. Дар Арабистони Саъудӣ ва Яман низ, ки ин масъала ниҳоят ташвишовар аст, дар асоси натиҷаи таҳқиқотҳои густурдаи тиббӣ назарсанҷии зарурӣ доир ба пешниҳоди тавсияҳо баланд садо доданд. Шиддати вазъияти иҷтимоӣ водор намуд, ки дар як қатор кишварҳои арабӣ дар ибтидои асри XXI доир ба муоинаи пизишкӣ пеш аз никоҳ масъалагузории ҷиддӣ оғоз гардад. Дар тафаккури мардум якбора мафҳумҳои заношӯии солим, бартарӣ додан ба никоҳи ғайрихешӣ, ташхиси тиббӣ, солимии репродуктивии оила ва насли солим маъмул гардид. Дар кишварҳои Миср, Сурия, Арабистони Саъудӣ, Аморот, Урдун, Кувайт ва Қатар қонунҳои алоҳида “Дар бораи низоми муоинаи пизишкӣ пеш аз издивоҷ” қабул гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки дар кишварҳои арабии шумораи аҳолиашон зиёд риояи муоинаи пизишкӣ ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ шудааст. Масалан, дар кишварҳои Мисру Сурия ва Арабистони Саъудӣ доир ба машрӯияти талаб кардани ташхиси тиббӣ сару садоҳо ва ихтилофоти назар бисёр ба мушоҳида мерасанд. Вале дар кишвар­ҳои аз ҷиҳати масоҳати маъмурию ҷуғрофӣ ва шумораи аҳолӣ хурди арабӣ ба ин масъала муносибати ҷиддӣ ва дилсӯзона ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар давлати Аморот пеш аз розигӣ додани тарафҳо ба бастани ақди никоҳ хулосаи Комиссияи махсуси вазорати тандурустӣ талаб карда мешавад. Ин ҳуҷҷат дар бораи ҳолати генҳои ирсӣ ва таҳлилҳои лаборатории як идда бемориҳо маълумот медиҳад, ки метавонанд ангезандаи бемориҳое бошанд, ки боиси ба дунё овардани насли носолиму маъюб ва иллатдор гарданд. Дар ҳолати ошкор шудани нишонаи бемориҳои хатарнок ва хулосаи манфии тиббӣ аз навҷаво­нон талаб карда мешавад, ки барои ҳимояи манфиати миллату давлат аз барпо кардани оила даст кашанд. Давлати Кувайт пеш аз бастани ақди никоҳ тарафҳоро маҷбур мекунад, ки аз муоинаи мукаммали тиббӣ гузаранд ва бо ин мақсад дар қаламрави кишвар 4 маркази махсуси озмоишгоҳҳои тиббӣ таъсис дода шудааст. Насли ҷавони Кувайт хулосаи ин марказҳоро эҳтиром мекунад ва ҳангоми қабули қарори ниҳоӣ ба инобат мегирад. Дар Урдун ҳам муносибати иҷтимоӣ ба амали қонуни ташхиси тиббӣ ниҳоят ҷиддӣ аст. Дар ҳола­ти ба эътибор нагирифтани хулосаи муоинаи тиббӣ ва озмоишҳои лабораторӣ тарафҳои масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида меша­ванд. Сазовори гуфтан аст, ки аксари кишвар­ҳои арабию мусулмонӣ қонун­ҳои марбут ба ташхиси тиббиро дар заминаи омӯхтани таҷри­баи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва истифо­даи дастовардҳои техника­ву технологияи муосир ба роҳ монда, онҳоро аз нигоҳи тиббӣ, қону­нӣ, динӣ ва сарчашмавӣ асоснок карда­анд. Гузаштан аз ташхиси тиб­бӣ барои тамоми афроди ҷомеа – хоҳ хеш бошаду хоҳ бегона, ки ния­ти барпо кардани оилаи навро доранд, хусусияти ҳатмӣ касб намуда­аст. Мушки­лоти ин кишварҳо ҳам аз ҷиҳати афзоиши шумораи никоҳи хешони наздик ва ҳам вуҷуд дошта­ни муҳоҷирати фаъоли меҳ­натӣ ба масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯ­заи кишвари мо монанд аст. 

Агар ба вазъи зиёд шудани шумораи ақди никоҳ дар байни хешовандони наздик ва ташвишу нигаронии роҳбарияту Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назар кунем, маълум ме­гар­дад, ки таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба ин мавзӯъ беасос нест ва он дар заминаи таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала, пеш аз ҳама, дар дохили ҷумҳурӣ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи ҷаҳонӣ рӯйи кор омадааст. Бояд эътироф намоем, ки ҳарчанд миллати тоҷик дар даврони шӯравӣ, мисли ҷумҳуриҳои дигар дар рушди масъалаи никоҳу оила тибқи талаботи идеологии онвақта амал карда бошад ҳам, вале дар меҳвари фаҳмиши масъала дастоварду арзишҳои миллию динии мо қарор доштанд. Мебоист, ки дар замони истиқлолият мо тамоми натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ба мерос гирифтаро тақвият бахшида, дар ин бахши муҳими ҳаёти ҷомеа низ корҳои шоистаи таҳсин ва созгор ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба субут мерасонидем. Муттассифона, мо ин навбат низ дар шароити мусоиди ба вуҷудомадаи таърихӣ, ба қавли Мавлоно раванди “бори дигар мо ғалат кардем роҳ”-ро пайгирӣ кардем. Ва бо ақлу ҳушу дасту пойи худ кишвари гулистона­мон­ро дар як мижа задан ба кулбаи аҳзон мубаддал сохтем.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва гурезаву муҳоҷир шудани мардуме, ки зиндагии орому осоишта доштанд, тамоми арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла никоҳу оиладориро низ поймолу масхара кард. Дар шароити бенизомӣ ва суст будани назорати ҳокимияти давлатӣ қувваҳои худхоҳ ба анҷом додани ҳар гуна амалҳои зишт даст заданд. Ҳолати ногувори ҷангию нангӣ тӯли солҳои 1992-1997 падару модаронро бо вазъи носозгор мувоҷеҳ сохт. Онҳо дар фикри нигоҳ доштани шарафу номуси авлодию аҷдодии худ афтоданд, маҷбур шуданд аз тӯю тамошо ва хонадор кардани фарзандонашон аз нигоҳи амниятӣ худдорӣ кунанд. Аз ҷиҳати дигар ҷангу нооромӣ боварии мардумони деҳаву ноҳия ва шаҳру вилоятҳоро ба ҳамдигар сахт коста гардонид, байнашон хусумату душманиҳои ноҷо падид омад. Ҷанбаи сеюми номатлуб он аст, ки ҳар гуна нооро­мӣ ба шӯълаи паҳншавии кору фаъолиятҳои зишту нописандида равған мерезад. Дар тӯли солҳои ёдшуда дар байни ҷавонони тоҷик равандҳои пайвастан ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқону­нӣ, ҷинояткории муташак­кил, истеъмолу фурӯши маводди мухаддир ва силоҳи оташфишон ҳамчун як падидаи маъмулӣ реша давонд. Ин тарзи машғулияти ҷавонон онҳоро аз ҷиҳати ахлоқию равонӣ ва баъзан ҷисмонӣ заифу лоғар ва асабҳояшонро хароб гардонид. Дар аксари ҳолатҳо иқдоми волидайн дар бобати ба ҷавонони бегона ба занӣ додани духтаронашон гирифтори нокомӣ мешуд. Баъди гузаштани як муддат ин қабил оилаҳо аз ҳам ҷудо мешуданд ва сабаби асосӣ дар мубтало будани ҷавон ба нашъамандӣ ва дигар бемориҳои ба ин монанд муайян мегардид. Ба назари мо сабабҳои дар боло зикршуда барин омилҳо боиси маҳдуд шудани масъалаи нико­ҳу оиладорӣ дар доираи танги  хешовандони наздик шуд. Ҳоло бошад тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ сулҳу субот ва фазои созандаи фаъолияту корнамоӣ ҳукмрон аст. Дигар мо аз ҳеҷ нигоҳ ҳуқуқи маънавии худ зиён дидан ва ба дигарон зиён расониданро дар масъалаи паст кардани шиддати заношӯии хешони наздик надорем. Ба назари мо хулосаву тавсияҳои машваратӣ доир ба ҳалли ин масъалаи мубрамро чунин ҷамъбаст кардан мумкин аст:

Якум, муқаррароти Қуръону ҳадис ва шариати исломӣ дар масъалаи никоҳи хешовандони наздик муътадил аст ва он ихтиёру интихобро пурра ба дасти волидайн ва ҷавонони саодатманд додааст. Касе қасди муҳокима намудан ва зери шубҳа гузоштани ин фармудаҳоро надорад ва дастуру таълимоти дини исломро низ сабаби мушкилоти мавҷуда дар ин масъала донистан аз рӯйи ҳикмату мантиқ ва инсоф нест. Таҷрибаи кишварҳои арабию мусулмонӣ собит менамояд, ки дар рушди бесобиқаи техникаву технология ва хизматрасонии тиббӣ дар шароити асри XXI илми муосир кашфи баъзе асрори ниҳонии организми инсонро дар ихтиёри мо вогу­зош­тааст. Ва онҳо додани тавсияҳоро ҷиҳати маҳдуд кардани никоҳи хешони наздик дар асоси муоинаи пизишкӣ ва машварати тиббию генетикӣ раво медонанд. Аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ ҳам никоҳи хешовандӣ воҷиб нест, балки мубоҳ аст. Бояд гуфт, ки фақеҳони асри­миё­­нагӣ имконияти гузаронидани ташхиси тиббӣ ва озмоишҳои генетикиро надоштанд. Аммо усули истеҳсони фиқҳи ҳанафӣ ба мо иҷозат медиҳад чунин истин­бот намоем, ки дар сурати собит шудани зарар дар ин гуна рафтори заношӯӣ ё ақди никоҳ онро ба ҷониби маҳдудкунӣ мулзам гардонем.      

Дуюм, имрӯз дар таҷрибаи тарзи ҳаёти солим масъалаи муоинаи пи­зишкӣ ва машварати тиббию генетикӣ ба ҳамаи ҳолатҳои ақди никоҳ ва му­­­айян намудани вазъи саломатии одамон дахл дорад. Агар озмо­иш ош­кор намояд, ки муносибати заношӯӣ барпо кардани шахс бо ном­за­ди ин­­тихобкардааш аз нигоҳи носозгории генӣ дуруст нест, бояд ӯ ақал­лан ба хотири саломатии худаш аз ин иқдом канораҷӯӣ ва парҳез кунад. Эъти­­бор надодан ва сарфи назар кардани имконияту дастовардҳои илму технологияи муосир низ дуруст нест.

Сеюм, вақте ки ҳар мавзӯъ дар сатҳи баланди давлатӣ масъалагузо­рӣ мешавад, он, албатта, дар заминаи таҳлилҳои ҳамаҷонибаи вазъияти дохилӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ натиҷагирӣ мешавад. Аз ин мавқеъ даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ кардани ба дунё омадани фарзандони маъюбу ноқис аз никоҳи хешони наздик ва дигар бемориҳои барои насли солим зиёновар бояд ҳамчун як ташаббуси ғамхорона пазируфта шавад. Мақсади роҳбарияту Ҳукумати кишвар ба ҷуз беҳтар намудани сармояи инсонӣ – дониш, саломатӣ, қобилияти корӣ ва сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон чизи дигаре нест.

Файзулло БАРОТЗОДА  –   директори Муассисаи давлатии

Маркази исломшиносӣ дар назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика