Нишасти матбуотӣ

ДУШАНБЕ, 31.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 август  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 09:00,  Кумитаи кор бо занон ва оила соати 11:00  дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир мешаванд.

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумрук баргузор мешавад.

Маркази исломшиносӣ соати 14:00 ва МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 15:30 бо намояндагони ВАО нишасташонро дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор менамоянд.

http://khovar.tj/2019/07/1-avgust-kumitai-kor-bo-zanon-va-oila-agentii-hizmati-davlat-hadamoti-gumruk-markazi-islomshinos-md-rushdi-so-ibkor-dar-so-ai-kishovarz-nishasti-matbuot-barguzor-menamoyand/

Яндекс.Метрика