Нишонаҳои “забони нафрат”: баъзе тавсияҳои амалӣ барои расонаҳо

 

Забони нафрат  ё ин ки нафратпароканӣ (hate speech) яке аз услубҳои баёни нутқ буда, шахсият ё гурӯҳи одамонро дар асоси нишонаҳои нажодӣ, динӣ, пайдоиши этникӣ, миллӣ, ҷинсият, маъюбӣ ва баробарии гендерӣ ба дискриминатсия ва поймоли шаъну шараф гирифтор мекунад. Инчунин тамоми гуфторҳое, ки маънои таҳқиромез доранду нисбат ба яке аз ин гурӯҳҳои номбаршуда – хоҳ аз рӯи дин бошад, хоҳ аз рӯи нажоду миллат ва ҷинсият, равона карда шудаанд, “забони нафрат” шуморида мешавад.

Забони нафрат ба 3 дараҷа тақсим мешавад:

Дурушт: суханҳо ва ё гуфторҳои дуруште, ки ба дискриминатсия, зӯроварӣ, поймолкунии ҳуқуқ ва таҳқири ошкоро оварда мерасонанд.

Миёна: сафед кардан; ҳақ шуморидан ва зери шубҳа гузоштани воқеаҳои таърихие, ки ба зӯроварӣ ва дискриминатсия алоқаманд аст; тасдиқ намудани амалҳои ҷиноятии ин ё он гурӯҳи этникӣ ё динӣ; таъсири манфӣ расонидан ба ҷомеа аз тарафи гурӯҳҳои номбаршуда.

Нарм: сохтани образҳои манфии гурӯҳҳои этникӣ ва ё динӣ; тасдиқи номукаммал будани гурӯҳҳои этникӣ ва ё динӣ; тасдиқ кардани норасоии ахлоқии гурӯҳҳои этникӣ ва ё динӣ; зикр намудани гурӯҳҳои этникӣ ва ё динӣ, ё ин ки намояндагони ин гурӯҳҳо бо суханони таҳқиромез; иқтибосоварии фикру ақидаҳои ксенофобӣ.

Услубҳои “забони нафрат”

“Забони нафрати нарм”. Ин услуб дорои нишонаҳои тақсимотӣ ба гурӯҳҳои “Мо” ва “Онҳо”  мебошад. Ин гурӯҳҳо аз рӯи як қатор нишонаҳо, ки хоси тамоми гурӯҳ аст, муқобили ҳам мебошанд. Ба гурӯҳи “Мо” характеристикаи мусбат ва ба гурӯҳи “Онҳо”  характеристикаи манфӣ мансуб дониста мешаванд. 

“Забони нафрати дурушт”. Ин услуб дорои таркибҳои барангезанда мебошад, ки ба амалиёти манфӣ нисбат ба гурӯҳи “Онҳо” пайваста аст. Пеш аз он ки шахси истифодабаранда “тарафдор” ва ё ин ки “ғамхор”-и идеологияи радикалии гурӯҳҳо ва ташкилотҳои манъшуда гардад, "забони нафрат" якчанд марҳиларо мегузарад.

Марҳилаи аввал – «забони шикоят ва ранҷиш»;

Марҳилаи дуюм – “забони дурӯғ ва фиреб”;

Марҳилаи сеюм – “забони адолат”.

Ҳадафҳои аслии “забони нафрат аз рӯи марҳилаҳо” чунин аст:

• Бедор кардани ҳисси дилсӯзии истифодабарандагон;

• Ба қаҳру ғазаб гирифтор кардани истифодабарандагон;

• Бедор кардани ҳиссиётҳои бадбинӣ ва оташиншавӣ;

• Тартиб додани образи “душмани умумӣ”;

• Ёдрас кардани сарчашмаҳои дигар барои гирифтани ахбор, ба монанди Facebook, YouTube… барои мустаҳкам кардани ҳиссиёт.

Дар ин мавод якчанд тавсияҳо барои муаллифон омода шудааст, ки мухтасаран ба таври зайл мебошанд:

• Пеш аз он ки маводеро дар ягон саҳифа ҷой диҳанд ё ин ки чоп намоянд, бояд  аз истифодаи “забони нафрат” худдорӣ намоянд, усули худсанҷиширо, ки онро экспертҳои байналмилалӣ коркард кардаанд, истифода баранд. Ин усул барои пешгирӣ кардан аз истифодаи “забони нафрат” дар нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба онҳо ёрӣ мерасонад.

• Мазмун ва мундариҷаи сухан. Ҳамеша муҳтавои мавод бояд аз санҷиш гузаронида шавад, то ки дар мундариҷаи он стереотип¬ҳое, ки шаъну шарафи яке аз гурӯҳҳои иҷтимоиро аз ҷиҳати нажодӣ, динӣ, гендерӣ паст мезананд, вуҷуд надошта бошад. Зеро натиҷаи ҳар як сухан нисбат ба муаллиф ва ҷомеа низ бетаъсир намемонад.

• Ҳадафу мақсад. Фикру ақида ва ё суханони иқтибосшуда шояд ҳадафи асосии маводро амалӣ карда натавонанд. Мумкин аст мақсади муаллиф ба манфиат нигаронида шудааст, аммо шахсе, ки ақидаҳояшро ҳамчун иқтибос дар мавод ҷой медиҳад, эҳтимол ҳадафи дигарро пайгирӣ намояд. Бинобар ин ҳангоми чоп кардани мавод муаллиф бояд бодиққат бошад, агар дар мазмуни фикру андешаронии касе "забони нафрат"-ро дарк намояд, ба воситаи далелҳо дигаронро аз он хабардор созад.

Муаллиф бояд дар мундариҷаи маводи худ ба принсипи таҳаммулгароӣ такя кунад. Ин усул  барои аз мафкураи хонандагон дур андохтани фикрҳои дискриминатсионию ифротӣ ёрӣ мерасо¬над ва барои паст кардани шиддати истифодабарии “забони нафрат” мусоидат менамояд.

 

 

Фарзона Шарифзода – мутахассиси пешбари Шуъбаи пажўҳиши исломи муосир 

Яндекс.Метрика