НИҚОБҲОИ КАБИРӢ

қисми II.
Ниқоби миллӣ
Вале барои аз байн бурдани таассуб, руҳияи ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ аз ҷаҳолати ниқобонпӯшони дингаро чӣ бояд кард? Нахуст, бояд ҳувияти миллиро тақвият дод, онро аз ҳувияти динӣ фарқ кунонд. Бе шинохти ҳувияти асили миллӣ ҷойгоҳи ҳувияти диниро муайян кардан ва таносуби онҳоро мушаххас намудан таассубу хурофотпарастиро дар либоси дин аз байн бурдан ё ҳадди ақал дар канор гузоштан қатъан имкон надорад. Худи таърихи ислом, аз як сӯ рақобатнокӣ ва аз сӯи дигар тавозуни ин ду ҳувиятро нишон додааст Тибқи Қуръони карим, Худованд қавму миллатҳоро бо ҳувияташон офаридааст (49:13) ва худшиностарини онҳоро гиромитарин мешуморад. Диндорӣ бе ҳувияти миллӣ ба таассуби диёнатӣ табдил меёбад. Руҷуъ ба таърихи ҳувияти миллӣ, ислоҳот дар ҳувият, таҷдиди вазифаҳои ҳувият дар замони муосир асоси ташаккули давлатдории навини тоҷикон мебошад. Ин амр осон нест. Қаҳрамонии фарҳангӣ ва сиёсиро талаб мекард. Бо заҳматҳои зиёди Сарвари миллат дар барқарорӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ истиқлолияти миллати тоҷикро эҳё намудан ва собит сохтанд, ки ин миллати бузург таърихан ва бо ихтиёрдорӣ бо дину диёнатҳо аз мавқеи исолати худ гап мезанад, муносибат менамояд ва ҳатто ба таассуби динӣ муқовимат нишон медиҳад. Маҳз эҳёи ҳувияти миллӣ буд, ки тоҷикон аз нав ба арсаи давлатдорӣ қадам гузоштанд ва ба субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтанд.
Дар ин робита, мутаассифона, оғои Кабирӣ шитобзадагӣ нишон дода, «Паймони худро» субъекти таъсиргузори сиёсати байналмилалӣ эълон мекунад. Аммо ақаллан бояд медонист, ки барои дар низоми байналмилалӣ ҷойи муайян доштан ҳамчун унсури таркибӣ будан зарур аст. Илова бар ин, аз номи миллат сӯистифода карда исломро дар ҳошияи номгузорӣ қарор додан ва онро бо ҳарҷу марҷи идеологи рӯ ба рӯ намудан он, ғайр аз ниқоббозӣ ҷизи дигаре нест. Ва агар чизе ҳам бошад, он ѓаразҳо, манфиатҳои бегонагон ва ба онҳо қурбон намудани дину миллат аст. Аҷаб сиёсатбозиҳое! Ҳувияти миллиро кӣ эҳё мекунад кӣ давлатро кӣ барқарор месозад ва дар сояи онҳо кӣ даврон менамояд чӣ бояд кард? Бояд ниқобҳои ин ҳизбро кушод ва ҳақиқати онро ба мардум ошкор сохт.
Матлаби болоро чунин баён карданиям Боварӣ ба Худо ва Боварӣ ба миллат ҳар кадом ҷойгоҳи мустақили ҳудро доранд ва аз муқаддасоти инсонӣ дониста мешаванд. Аз ин ҷиҳат, имон ба Худо имон ба давлатро фарз намекунад. Дар сурате ки имон ба миллат унсури давлатро ҳатмӣ медонад. Аз ин ҷиҳат, бо сифат ва хусусиятҳои диниву диёнатӣ субъекти низоми байналмилалӣ шудан ғайри имкон аст. Ва он чизе, ки масъалаи муносибати динҳо ва миллатҳоро ҳаллу фасл менамояд, ин асли дунявият аст. Мутаассифона, аз ин ҷиҳат, дар идеологияи «Наҳзат» мавзуъ мубҳам ва ғайриқобили ташхис аст. Ва бояд гӯям, ки оғои Кабирӣ дар як маврид рост мегӯяд ва иқрор менамояд, ки ҳизби вай танҳо бо ном исломӣ аст, аммо дар ботин ҳам миллат, ҳам дин, ҳам дунявият ва ҳам ғайраҳо. Хуллас, ғайр аз ниқобҳо, ягон чизи муайян нест.
Муродулло Давлатзода – директори муассисиаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Яндекс.Метрика