НИҚОБҲОИ КАБИРӢ

қисмии III Ниқоби дунявӣ
Ҳизби наҳзат ба хотири он ки дар фазои иттилоотӣ ва идеологии Ғарб ба фаъолияти худ шаръият бахшад ва бо сӯистифода аз ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ барои худ чеҳраи ҳуқуқӣ созад, пойбандии худро ба асли дунявият эълон медорад. Дар ҳар сурат, оқои Кабирӣ доимо ба ин нукта ишора менамояд. Аммо чиро дар назар дорад, тавзеҳ намедиҳад. Танҳо хуб медонад, ки амал кардан бо ин ниқоб барои ӯ қулайтар аст. Зеро баёни бениқоби андешаҳо заифии фикрии ӯро нишон медиҳад. Ва инчунин аз ӯ масъулияти ахлоқӣ ва идеологиро тақозо менамояд. Бисёр мехостам, ки оқои Кабирӣ дар боби дунявият, муносибати ҳизби худ ба он, аниқтараш, дар мавзӯи таносуби ҳизби сиёсии исломӣ, ки ҳадафи асосии он аз таъсиси давлати динӣ ё динисозии давлат иборат аст, назару андешаҳои худро, чуноне ки заъм дорад, бепардаву бе ниқоб баён намояд. Ба ҳар ҳол ба ин баҳс ӯро даъват менамоям!
Ба ин мақсад ман назари умумии худро, бе тафсилоти матлаб, баён менамоям. Нахуст, назари ислом ба муносибати дину давлат чи гуна аст? Ва оё дар он суоли дунявият матраҳ аст? Агар ба исломи замони Паёмбар (с) назар кунем, мебинем, ки масъала то ва баъд аз ташаккули давлати арабӣ, аз ҷумла муносибат ба низоми ҷамъиятии қабилавӣ- авлодӣ ва сохтори динӣ-политеистӣ он ба таври ба худ хос гузашта шуда буд. Дар андешаи тавҳиди исломӣ, озодии диёнат ва ширк ва дохил шудан ба ислом ва хориҷ шудан аз он, ҳамчун зарурати таърихӣ асли муносибат ба соҳибихтиёрии инсон, ҷойгоҳ ва нақши меҳварӣ дошт. Куръони карим дар ин бобат ошкоро таъкид менамояд (2:256; 10:99; 18:29; 109:1-6). Аммо вақте ки дар дохили уммати динии исломӣ унсури мустақили давлатдорӣ рӯ мезанад, низоми идеологии он тағйир меёбад. Зиёда аз он. Ҳатто дар дохили уммати Муҳаммад (с) ихтиёри озодона баромадан аз дини ислом салб мешавад. Таҳрим мегардад. Чаро? Барои он ки хориҷ шудан аз ислом ба давлат, ба масъалаи машъруияти он хатарбор шуда буд. Ва асли озодии диёнат барои давлати исломӣ, хосатан ба асосҳои идеологии он шубҳаҳоро эҷод менамояд. Таърихи ислом дар ин росто шоҳид аст, ки беҳтарин саҳоба ба айби ё ҷурми шубҳа овардан ба шаръияти давлат (хилофат) аз насиби худ дар ҳокимият дар канор монда, бебаҳра шуданд. Ба ибораи дигар, ҷараёни рушди дину сиёсат дар ислом ва масъалаи машруъияти ҳокимияти сиёсӣ дар он, тафриқаи фирқавию мазҳабиро оѓоз бахшид ва кор ба он анҷомид, ки ба қавли ҳазрати Ҳофиз:
Ҷанги ҳафтоду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надидаанд ҳақиқат роҳи афсона заданд.
Хуллас, тавҳиди исломӣ ба тафриқаи идеологӣ табдил ёфт. Андешаи тавҳиди динӣ дар сиёсат дигар ягонагӣ ва ваҳдати уммати исломиро таъмин намекард. Ва ҳар гуна кӯшишҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои вақт барои бозгашт ба асли тавҳидӣ самараи дилхоҳ надода, дар байни мусулмонҳо кинаву адоватро беш аз пеш зиёд менамуд ва уммати исломиро ҳамчун воҳиди ягонаи динӣ зери суол қарор медод.
Аммо гап дар сари чӣ буд? Гап дар сари он буд, ки ислом ҳамчун дини тавҳидӣ озодии даёнатро эълон дошта бошад ҳам, вале дар ҷараёни таърих он аҳамияти таърихии худро аз даст дод.
Агар имрӯз асли озодии диёнат ва виҷдон, яъне дунявият, дар олами ислом барқарор бошад ва идеологияҳои теократӣ, бунёдгароӣ исломи сиёсиро эҳё накунанд, покии дини ислом барқарор мегардад. Аммо, муттаассифона, воқеият дигар асту ҳақиқат дигар. Дар масъалаи муносибати байни динҳо ва давлатҳо роҳи ҳал ин руҷуъ ба дунявият ҳамчун асли танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар низоми навини байналмилалӣ мебошад. Миллатҳои муосир, рушди фарҳангии онҳо пешрафти ҳизбу ҳаркатҳои сиёсӣ танҳо бар асли дунявият манфиатовар ва самаранок хоҳанд буд.
Оқои Кабирӣ ба хотири ҳадафҳои сиёсии тактикӣ дунявиятро қабул дорад ё ба ҳар ҳол, зоҳиран мегӯяд. Ҳарчанд дар ин изҳорот шӯбҳа аст. Умуман дар барномаи сиёсии ҳизбӣ «Наҳзат» консепсияи идеологии дунявият баёни худро наёфтааст. Ин ҳизб ягон хел барнома ва консепсияи сиёсии худро надошт ва надорад.
Таҷрибаи фоъолияти сиёсии ҳизби «Наҳзат» дар Тоҷикистон, хосатан баъди касби истиқлолияти давлатӣ, алоқаҳои теократии он бо давлатҳои исломӣ, аз ҷумла ҳамкории сиёсӣ ва идеологии он ба Ҷумҳурии Исломии Ирон, дар заминаи идеологияи теократии «Ҳукумати Вилояти Фақеҳ» (иерократия) – ҳукумати фуқаҳои ташаюъ ва ғ. яқин месозанд, ки барои «Наҳзат» дунявият ѓайр аз ниқоби идеологӣ чизи дигаре нест. Агар ѓайр аз ин бошад, бигузор оқои Кабирӣ даъвояшро собит намояд.
Масалан, ман, агар ҷолиб бошад, арз менамоям, ки дунявиятро чихел мефаҳмам. Дунявият ин истиқлолияти мутақобили дину давлат бар пояи озодии ихтиёри шахс дар интихоби эътиқоди динӣ, атеистӣ ҳамчун асоси ҳифзи ҷавҳари ягонаи инсонӣ аст. Дунявият на инкори дин аст ва на инкори атеизм. Дунявият ин инкори мақоми давлатӣ гирифтани ҳарду ҷаҳонбинӣ мебошад. Давлат ҳурмати эътиқоди инсонро аз ҳама арзиши оли меҳисобад. Давлат олами қудсӣ, малакутӣ ва лоҳутиро аз худ чудо карда, интихоби онро ба ихтиёр ва кори шахсии инсон месупорад. Тибқи асли дунявият, муносибати одамон ба олами қудсӣ метавонад инкорӣ бошад. Вале дунявият маънои инкори олами носутиро низ надорад. Ҳарду олам нисбат ба якдигар мустақил мебошанд. Аммо муносибати ҳизби сиёсӣ низ ба асли дунявият бояд равшан бошад. Бино бар асли дунявият инсони диндор ва бедин дар заминаи ҷавҳари ягонаи инсонияшон баробар қобили ҷамъу ягонгӣ мебошанд. Масалан, агар ислом тоҷики диндор ва бединдро як, баробар надонад, аз лиҳози сиёсӣ онҳоро, фарқ кунонад, дунявият онҳоро дар ягонагӣ мебинад. Ва ё мисоли дигар, тибқи асли дунявият ҳизби «Наҳзат» ҳизби зиддиҳуқуқӣ, зиддидунявӣ мебошад. Зеро ғайри мусулмонҳо, аз ҷумла шаҳрвандони ѓайримусалмони Тоҷикистон, ба узвияти ҳизб эътиқодан роҳ дода намешаванд. Ин нукта кофист, ки фаъолияти чунин ҳизб дар ягон давлати демократӣ, хосатан давлатҳои аврупоӣ ҳуқуқи фаъолиятро надошта бошад. Дар ин замина «Наҳзат» на танҳо ҳизби ѓайриқонунӣ аст, балки он ҳизби зиддимиллӣ низ мебошад.
Ба тақвияти хулосаи баҳси мавзӯъ ёдовар шуданиям, ки маҳз пайдо шудани ҳизби сиёсии характери динидошта дар Тоҷикистон ва фаъолияти он, аз ҷумла бо тазоҳури эътирофи он аз асли дунявият, сабаби харҷу марҷи идеологӣ ва сиёсӣ дар кишвар гашт ва омили асосии вориди терроризми байналмилалӣ ба сарзамини муқаддаси тоҷикон шуд. Ва маҳз дар такя ба асли дунявият ва татбиқи дурусти он дар сиёсати давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон нисбат ба дин тазодҳои оштинопазири идеологӣ ва сиёсӣ ба нафъи амнияти миллӣ метавонад мусбат ҳаллу фасл гарданд.
Аммо «Наҳзат» бошад, ниқоббозиро ба асли дунявият ҳоло ҳам идома дода истодааст. Дар доираи он барои худ пӯшиши «ниқоби» амниятиро таъмин сохта, ба василаи он дар сохторҳои экстремистии байналмилалӣ ҷойгоҳи даҳшатфиканиро соҳиб шудааст.
Бинобар ин гуфтаҳо, дар бораи «Наҳзат» чунин хулосаҳои мушаххас баровардан мумкин аст:
1. Ҳизби «Наҳзат»-ро ба ҳар ваҷҳ субъекти байналмилалӣ ҳисобидан хатои ҷиддии назариявӣ ва стратегист. Агар аз ягон ҷиҳат субъект ҳам бошад онро метавон танҳо субъекти экстремизми байналмилалӣ ҳисобид.
2. Стратегияи идеологӣ ва иттилоотии «Наҳзат» беэътиборсозии машруъияти давлатҳои миллии дунявӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
3. Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломгаро, аз ҷумла «Наҳзат», тибқи табиати идеологиашон, танҳо ба як ҳадафу як натиҷа равона шудаанд. Ва он қурбон кардани ислом ҳамчун дини муқаддас ва зери по гузоштани арзишҳои динӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ мебошад. Чунин стратегияҳои экстремистӣ муқовимати идеологӣ ва сиёсии ҷиддиро талаб менамояд.

Муродулло Давлатзода – директори муассисиаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Яндекс.Метрика