ОИНИ ҚУРБОНӢ ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ДИНИИ ТОҶИКОН

Омӯзиши гузаштаи дури таърихи куҳан ва олами пир бар он далолат мекунад, ки дар ташаккули оину суннатҳои гуногуни умумиин¬сонӣ асотири пешиниён таъсири устуворе доштааст. Яке аз чунин  рафторҳои шигифтангез оини қурбонӣ кардан аст, ки аз оғози офариниш ва падид омадани рӯзгор дар рӯйи замин ҳамрадифи зиндагӣ ва кору пайкори инсонҳо будааст. Шубҳае нест, ки то роиҷ гардидани достони Иброҳим ва забҳи Исмоил тарзу гунаҳои мухталифи қурбонӣ кардани фарзандони банӣ Одам бо ҳайвон ва дигар ашёи беҷон марҳилаи тӯлониеро сипарӣ намуда, ин оини дар зоти худ муқаддас бо боварҳои хурофотии зиёде омехта гардидааст. 

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оғози садаи XXI гирифтори вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсию иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодӣ гардидааст. Вобаста ба ин ченаки арзишҳои фарҳангӣ ва инсонӣ ба таври бесобиқа дар ҳолати зуд тағйир ёфтан қарор дорад. Табодули ниҳоят босуръати иттилоот ва равнақи технологияҳои баланд меъёру боварҳоеро, ки дирӯз ҷойгоҳи арзишманд доштанд, имрӯз бо роҳу равиш ва тарҳандозиҳои ди¬гар баҳогузорӣ мекунанд. Дар ин шароит барои мафҳуму истилоҳоте, ба мисли худшиносӣ ва худошиносӣ, бақои давлату миллат ва ҳувияти мил¬лӣ баёну тафсирҳои дорои мазмуну моҳияти нав пешниҳод мегарданд. 

Қурбонӣ кардан пешинаи дурударозе дар гузаштаи ҳаёти инсоният дорад. Бар асоси омӯзиши адён яке аз нахустин иқдомоте, ки инсон дар кори наздикӣ ҷустан ба худоён роҳандозӣ кардааст, қурбонӣ кардан мебошад. Чунин рафторро пеша кардан реша дар умқи бовару эътиқод ва динҳои гуногун давонидааст. Андешаи ҷомеъ он аст, ки ин корро бори аввал Ҳобил ва Қобил, ки аз зумраи нахустин инсонҳои офаридаи Худованд будаанд, ба иҷро расонидаанд. Дар фарҳангии миллии мо асари безаволи "Шоҳнома" чандин достонҳоеро ба мисли "Подшоҳии Заҳҳок", "Достони Рустам ва Суҳроб", "Достони Сиёвуш" бо зарфияти руҷӯъҳои бадеии монанд ба оини қурбонӣ дар матни худ ғунҷоиш додааст. 

Аммо худи вожаи «қурбон» калимаи арабӣ буда, дар асоси шакли масдарии «фуълон» сохта мешавад. Як теъдод калимаҳо бо ҳамин шакл дар забони тоҷикӣ, ба мисли ҷуброн, ғуфрон, султон, буҳрон, фурқон, Қуръон, буҳтон дар истеъмол аст. Маънои аслии луғавии калимаи «қурбон» наздикӣ ҷустан ба Худо ва дарёфти ризомандии Ӯст. Ин оин шаклу гунаҳои мухталиф дар тамоми динҳо доштааст, вале барои мусулмонон қурбонӣ кардан аз ҳамон суннати иброҳимӣ маншаъ мегирад. Некӯ анҷом додани ин амал як ёдоварии хотирмон ва омӯзандаи башарият тибқи фармудаи «фӣ сабили-л-Лоҳ» (дар роҳи хушнудии Худо) бар ивази писарро забҳ кардани падар ба расмият даромадааст. Онро бо номҳои иди Қурбон, иди Азҳо ва Гӯспандкушон ном мебаранд, ки ба рӯзи даҳуми моҳи зилҳиҷҷаи ҳиҷрии қамарӣ рост меояд ва ҳоҷиён ҳангоми адои маносики ҳаҷ дар наздикии мавзеи Минои Макка асосан гӯсфанд (инчунин буз, гов ва шутур) қурбонӣ мекунанд. Бадбахтона, бо мурури замон ин ибодати дерина аз маъно ва мафҳуми воқеии худ фарсахҳо дур афтодааст. Дар даврони мо бештар одоби зоҳирии он боқӣ мондаасту ҳикмати ахлоқӣ ва инсонмеҳварии он коста гардидааст. 

Мантиқан ҳаҷ кардан ҳамчун як маросими ҳамраъйӣ ва ҳамдилӣ, воситаи барқарор намудани робитаҳои дӯстона, ваҳдати миллатҳои гуногун ва баробарии ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз ранги пӯсту нажод, мақому мартаба ва имкониятҳои молиявӣ дар матни фарҳанги мусулмонӣ нақши басо созанда ва тарбиявиро дорост. Ҷавҳари асосии ҳикмати иди Қурбон тавассути ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб наздикӣ ҷустан ба Худои таъоло ва комёб шудан ба ризоияти ӯ мебошад. Иди Қурбон аз замони Иброҳими Халил ҳамчун яке аз воҷиботи эътиқодии мӯъминон дар тамоми диёноти иброҳимия аз аркон ва одоби махсусе иборат мебошад. Дар оятҳои 102-107-уми сураи Соффот зикр шудааст, ки чун Иброҳим ба назди Исмоили хурдсол омад ва ба ӯ меҳри беандоза пайдо намуд, Худованд барои озмоиш дар хоб ба ӯ дастур дод то писараш – Исмоилро дар роҳи Худо қурбон кунад. Ин хоб ду-се шаб пайиҳам такрор мешуд. Иброҳим дарёфт, ки рӯъят хоби раҳмонӣ буда, иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Пас фарзанди хурдсоли худро ҳамроҳ гирифта, ҷониби саҳро равон гардид. Ниҳоят, ҳарду ба мавзеи муносибе расиданду Иброҳим ба писараш Исмоил амри Худовандро расонид. Исмоил ҳарчанд ҳоло ҷавон буд, аммо ба амри Худованд розӣ шуд ва ба падараш гуфт: «Эй падарҷон, он чиро, ки Худованд амр кардааст, иҷро кун! Ба зудӣ маро сабркунанда меёбӣ». Он гоҳ Иброҳим хост кордро бар гулӯи Исмоил биронад, нидое шунид: «Эй Иброҳим! Бешак барои иҷрои фармони Худованд азми қатъӣ кардӣ, албатта, мо бандагони некӯкорро (дар шакли наҷоти Исмоил аз забҳ) чунин подош медиҳем. Ба таҳқиқ, ин як имтиҳон ва санҷиши бузурге буд. Ва Исмоилро ба ивази кабше – гӯсфанди сафеди калоне (ки онро Ҷабраил (а) аз биҳишт овард) наҷот додем». Дар шакли ояти қуръонӣ ифода гардидани ин манзара ифодаи қудсияти онро тақвият бахшид. Яъне дар байни таомули одамро куштан ё қурбон кардани инсонҳо инфисол ва ҷудоӣ ба вуҷуд омад. Достони иброҳимии Китоби муқаддаси мусулмонон ин амалро аз тариқи забҳи чаҳорпоёни муайян иваз бахшид ва дар айни замон қурбонӣ кардани одам, яъне куштани ҳамдигарро барои инсонҳо макрӯҳ (мамнӯъ) муқаррар кард. 

Аммо воҷиб гардонидани қурбонӣ кардан дар асоси мазмуни сураи Кавсар собит шудааст: «Ба дурустӣ, ки мо ба ту Кавсарро ато кардем. Пас барои Худо намоз гузор ва қурбонӣ кун. Албатта, душманони ту худ абтар (думбурида, яъне дасткӯтоҳ) ҳастанд». Дар заминаи таҷлили Иди Қурбон маносики ҳаҷ ва зиёрати хонаи Каъба дар шаҳри Макка танзим шуд. Анҷом додани фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои ислом барои ҳар марди болиғу оқил ва озоду муслим ба шарте тавсия мешуд, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имкониятҳои молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад ва то баргаштани ӯ касони дар нафақаи ӯ буда аз ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор ҳеҷ танқисие надошта бошанд.

Мағзу ҷавҳари ҳикмати Иди Қурбон он аст, ки дар замири шахс тавассути ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб наздикӣ ҷустан ба Худои таъоло ва комёб шудан ба ризоияти ӯ ҳосил гардад. Масъалаи дар рӯъят, яъне хоби раҳмонӣ дастур гирифтани Иброҳим (с) барои қурбон кардани Исмоил дар роҳи Худо ҳамчун имтиҳон ва озмои¬ши бузург арзиши баланди умумибашарӣ дорад. Рисолати тарбиявӣ ва ахлоқии Иди мазкур дар изҳори фурӯтанӣ, фармонбардорӣ, самимияту садоқат ба Худо, ростқавлию иродатмандӣ дар бовару эътиқод ва рафто¬ру гуфтор ифода меёбад. Дар доираи риояи маносик ва анъанаҳои рукни ҳаҷ ва ҷашни марбут ба он бо номи Иди Азҳо бояд донист, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имкониятҳои молӣ воҷиб ва дуруст аст.  

Дар зимни баргузории Иди Қурбон куштани чорвои қурбонӣ ва ра¬сонидани хайру садақа ба ниёзмандон аз анъанаҳои писандидаи ин ҷашн аст. Агар машрӯият ва воҷиб гаштани ин амал бо ояти 2-уми сураи Кавсар собит шуда бошад, пас масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани он дар ояти 36-37 сураи Ҳаҷ баён гардидааст. Дар ин оят таъкид мешавад, ки "аз он (гӯшти чаҳорпои қурбонӣ" бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед. Ҳамчунин чаҳорпоёнро барои шумо ром гардонидем, бувад ки шукр кунед. Гӯшти қурбониҳову хуни онҳо ба Худо намерасад, лекин ба Вай аз шумо парҳезгорӣ мерасад".  

Аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми иҷро ва анҷом додани қурбонӣ карданро танзим намудааст. Ҳикмати маъмул аз забҳи чорвои қурбонӣ дар анъанаи миллӣ ва мардумии тоҷикон чунин аст: шахси қурбоникунанда баъди куштани чорвои қурбонӣ нахуст ҳаққи қассобро дода, ӯро розӣ мекунад ва бо ёрии ӯ гӯштро ба се ҳиссаи баробар тақсим мекунонад. Аз ин се ҳисса якеашро барои истеъмоли хонаводаи худ нигоҳ медорад, ҳиссаи дуюмро ба ниёз¬мандону бенавоён (фуқаро ва мискинон) тақсим карда медиҳад ва бо истифодаи ҳиссаи сеюм таом омода мекунад ва онро ба ҳар касе, ки рӯзи ид ба хонааш биёяд, пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат воқеан аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ ва ҳикмати ҳамдигарро дастгирӣ намудан дар матни омӯзаҳои динию мазҳабии мо намудор мешавад. Дар матни арзишҳои омӯзандаи фарҳанги миллии мо ҳамчунин як идда урфу таомуле, ба мисли рафтан ба аёдати беморон ва пиронсолону барҷомондагон, табрики волидайн ва хешони наздик, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба хурдсолон, ба оромгоҳи гузаштагон ҳозир шудан ва дар сари қабрашон тиловати Қуръон кардан, изҳори ҳамдардӣ ба шахсони азодор ва кумаки холисонаи моддӣ расонидан ба ниёзмандон маъмул гардидааст, ки ҳам¬чун рафтори писандидаи идона пазируфта мешавад.  

Аз нигоҳи динию фиқҳӣ қурбонӣ кардан назди аксари уламои ислом суннати муаккада аст ва дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа (р) воҷиб аст. Вале воҷиб шудани ин амр се шарт дорад: якум, шахс мусулмони озод бошад; дуюм, муқим бошад; сеюм, сарватманду доро (шахси ба ҳадди нисоб расида) бошад. Яъне қурбонӣ кардан барои мусулмони озод, сокину муқим дар ватану манзили худ ва дорои ҳадди нисоб (ки соли 2019 – 20000 сомонӣ муайян гардидааст) воҷиб мегардад. Аз гӯшти қурбонӣ метавон миқдореро ба мардум бихӯронд ва қисмати дигарро барои аҳли хонаводаи худ захира кард. Урфи маъмул дар суннати қурбо¬нӣ он аст, ки аз се як ҳиссаи он ҳамчун садақа тақсим гардад, аз як ҳиссаи он ба фақирону мискинон таом дода шавад ва як ҳиссаи дигар захира гардад. Ва низ ҷоиз аст, ки шахси қурбоникунанда аз гӯшти қурбонӣ бихӯрад, ба дигарон хӯронад ва ба касе, ки хоҳад, бибахшад. Агар тамоми гӯшти қурбониро садақа кунад, ҷоиз аст. Касе назр карда бошад, ҳамаи гӯшти қурбониро ба бенавоён тақсим карда медиҳад, чизе аз он намехӯрад ва бо он сарватмандонро намехӯронад. Зеро ба сабаби назр кардан садақаи ҳамаи гӯшти қурбонӣ воҷиб мегардад. Ҳамчунин бояд донист, ки барои оилаи серфарзанд ва шахсе, ки масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма дорад, фақеҳони мазҳаб беҳтар шумурдаанд, ки ҳамаи гӯшти қурбониро барои худ захира карда, барои эҳтиёҷоти онҳо истифода барад.  

Бояд таъкид намуд, ки тибқи далолати аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ аслан доир ба оростани дастурхони идона ҳеҷ дастуру таъкиди махсусе мавҷуд нест. Вале мардуми мо то ҳанӯз дар оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ ва зиён ворид намудан ба буҷаи оилавӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди динӣ фаромӯш мешавад, фурӯтанию фармон¬бардорӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарғиб намегардад, балки ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад. Дар омӯзаҳои динии мо аслан барои пазироии ҳама гуна меҳмон, ба хусус дар рӯзҳои Идайн таҳаммули сарфу хароҷот ва кулфату машаққати аз тавоноӣ бештар сароҳатан манъ карда шудааст. Аз ин рӯ, ҳангоми пазироию омодагӣ ва густурдани дастурхон ба хотири ид исрофкорӣ, худнамоӣ, манманию зоҳирпарастӣ нишон доданро набояд бо фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва андешаҳои таҳаммулгарои мазҳаби он айният дод. Арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некӯаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳам доир ба масъалаи риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷуз ғамхорӣ зоҳир намудан барои некӯаҳволии мардум, истифодаи мақсадноки пасандозҳои онҳо ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар қаламрави кишвар ҳадафи дигаре надорад. 

Ҳам акнун дар оғози асри XXI замоне фаро расидааст, ки ҳангоми омадани идҳои Фитр ва Қурбон андаке дар масъалаи ҷунунвор пур кардани дастурхон бо анвои хӯрдании зиёд, ки дар он барои афтодани сӯзан ҷое набошад, бозандешӣ, тафаккур ва тааққул бикунем. Бояд идрок кардан, ки пешниҳоди маводи хӯроквории фаровон болои дастурхон ба ҷуз ифодаи бефарҳангӣ ва аз тариқи исрофкорӣ ба буҷаи худ зиён овардан чизи дигаре нест ва метавонад боиси тамасхур ва писханду накӯҳиши мардуми мо аз ҷониби намояндагони қавму миллатҳои дигар гардад. Бар замми ин, харидории лояъқил ва малахвор лесида бурдани хӯрданию нӯшиданию пӯшиданиҳо аз раставу бозорҳо пеш аз фарорасии идҳои динӣ бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надорад. Ҳассосияти ин масъала боз дар он аст, ки барои оростани дастурхони идона тақрибан ҳамаи оилаҳои мусулмони кишвар омодагӣ мегиранд ва рафтори нодуруст дар хариди аз меъёр зиёди маводи хӯрока омили гарон шудани нархи он мегардад. Кас рафтори мардуми моро дар арафаи фарорасии чунин идҳо мушоҳида карда, ба андешае фурӯ меравад, ки Худо нахоста, магар баъд аз гузаштани ид рӯзи қиёмат фаро мерасида бошад. Доир ба густурдани дастурхон ва мазмуну муҳтавои он дар рӯзҳои ид ягон дастури мушаххас дар сарчашмаҳои шаръӣ наомадааст ва ин масъала ба урфу анъанаҳои ҳар минтақа вобаста аст, ки танзими он ба дӯши роҳбарият ва мардум вогузошта мешавад. Айнан ҳамин тавр масъалаи идгардаки кӯдакон, идгардаки алоҳидаи занон ва мардон, ки дар байни мардуми мо маъмул шудааст, ба аҳком ва омӯзаҳои шаръию динӣ ҳеҷ решапайванде  надо¬рад. Тибқи урф ва истислоҳ (яъне салоҳу манфиати мардум) бояд танзи¬ми ин масъалаҳо роҳандозӣ шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои созандаи кишвар бояд аз рӯйи ақлу идрок ва мантиқ қазоват кунанд, ки аз саҳари солеҳон бо баҳонаи идгардак дар ба дари мардум "ид муборак" гӯён чизаке талбидани кӯдакон чӣ аҳаммияти тарбиявию ахлоқӣ ва равонӣ дар ташаккули шахсияти тифлони маъсум дорад?! Ҳамчунин бо мақсади пазироии идгардаки мардон, идгардаки занон, идгардаки ҷӯраҳои писари хона, идгардаки дугонаҳои духтари хона ва боз идгардаки вежаи домуллоҳои масеҳодам тоза ба тоза дастурхон андохтан ва хӯрокҳои нав ба нав пухтан магар камоли бефарҳангӣ, ҳамоқат, бефаросатӣ ва ҷаҳолат нест?! Аламовар ин аст, ки дар ин қабил "гардак"-ҳо ба ҷуз ҳарзагӯӣ, ғайбату суханчинӣ, қофиязаниҳои бемаънӣ ва пурхӯрӣ, ки ин корҳо шаръан мавриди накӯҳиш қарор гирифтаанд, ҳеҷ амали дигари қобили мулоҳизае анҷом намепазирад. Баръакс, одобу ахлоқи динӣ талаб дорад, ки мӯъмини мусулмон вақтро зоеъ накунад ва умри қиматро беҳуда нагузаронад. Аз ҳамин ҷост, ки аслан хамирмояи асосии ин ҷашн (ба ғайр аз касоне, ки фаризаи ҳаҷро анҷом медиҳанд) дар адои намози ид ва барои худ қурбонӣ кардани шахсони тавоноидошта ҷамъбаст мешавад.              

Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави муқаррароти Конститутсияи кишвар риояи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба динро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони кишвар кафолат додааст. Дар шароити зиндагии озоду ободи давлати демократии ҳуқуқбунёд мардуми мусулмони Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷанбаҳои нодиру созандаи таълимот ва анъанаву маросими динӣ, махсусан, тарғиби дӯстию муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани гуноҳу камбудиҳои ҳамдигар ва хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатон ва суннатҳои неки дигарро густариш дода, анъанаву маросими эътиқодии худро бо арзишҳои навэҷоди миллӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, эҳтироми сарулибоси миллӣ, дурӣ ҷустан аз пайравии анъанаҳои барои миллату фарҳанги мо тамоман бегона, саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан ва осудагии ҳар як хонаводаи тоҷик ғановати тоза бахшанд.

Сазовори махсус ёдовар шудан аст, ки дар шароити муосир ҳифзи унсурҳои аслию бунёдии фарҳанги миллӣ шарти бақо ва вазифаи авва¬линдараҷаи ҳар як фард, ҷомеа ва давлати соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Ин падида дар вазъияти густариши бесобиқаи табодулу бар¬хӯрди фарҳангҳо ва таҳоҷуми арзишҳои динию мазҳабӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон аҳаммияти аз ҳарвақта бештаре касб намудааст. Танҳо мавқеи дурусти меҳандӯстию фарҳангсолорӣ ихтиёр кардан моро ба соҳили мақсуд ва ормонҳои миллӣ бурда мерасонад.

 

 

Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Яндекс.Метрика