Омили дунявӣ дар ҷанги Хандақ

 

      Таҳлили ҳаводиси таърихӣ нишон медиҳад, ки паёмбари ислом (с) дар тӯли зиндагии бобаракати худ баръакси пешвоёни олами ислом ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз тафаккури шахшудамондаи қолабӣ надоштааст. Ӯ вобаста ба шароит ва вазъият оқилона амал намуда, омили диниро танҳо дар ҳолатҳое, ки вазъият  тақозо  менамуд, истифода мебурд. 

     Дар ҷанги Хандақ чун таносуби қувваҳо ба фоидаи  мусулмонон набудааст (мусулмонон се ҳазор ва мушрикон даҳ ҳазор будаанд), ӯ аз омилҳои дунявӣ ба таври васеъ кор  мебарад. Аввалан бояд зикр намуд, ки худи ҷанги Хандақ раванд  ва падидаи дунявист. Барои ворид шудан ба мундариҷаи мавзӯи матраҳшаванда  мундариҷаи сураи  «Фил» -ро бояд пеши назар овард. Сониян, пеш аз ҷанг паёмбар тасмим мегирад, ки  аз се як ҳиссаи самараву баҳраи Мадинаро ба қабилаи Ғатафон ваъда  намуда,  бо онҳо  паймони сулҳ бандад то дар ҳолати ҷанг бо қурайшиёни Макка ансор дар амон бошанд ва дучори мушкилот нагарданд. Агарчанде паёмбар баъдтар аз  тасмими хеш даст мекашад, худи азм барои ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки паёмбар вазъи ба  вуҷуд омадаро дуруст меомӯхтааст. 

       Илова бар ин, барои ташкили  мудофиаи боэътимод бо пешниҳоди Салмони Форсӣ усули тактикии нав – пеши рӯи душман кандани хандақро истифода мебарад, ки ин  амал низ аз тафаккури эҷодии  паёмбар(с) дарак медиҳад.

       Чизе, ки аз ҳама бештар шахсро ба тааҷҷуб меорад,  ин сухани паёмбар(с) ба Наим ибни Масъуди Ғатафонӣ аст. Ӯ назди паёмбар омада мегӯяд,  ки ман  мусулмон шудам, ҳар  чӣ мефармоӣ, бифармо! Паёмбар ба ӯ мегӯяд: «Ту дар миёни мо танҳо як мард ҳастӣ, он чӣ  метавонӣ, аз мо дафъ кун, зеро ҷанг ҳилаву найранг аст». Сипас Наим ибни Масъуд хориҷ шуда, байни душманони мусулмонон – қабилаи Бани Курайза, қабилаи Ғатафон ва қурайшиёни Макка бо ҳилаву найранг ихтилоф ангехта, садоқати онҳоро ба ҳамддигар заиф месозад.

       Аммо дар ҳодисаҳои мазкур барои мо  муҳим  он аст, паёмбар(с) дар фаъолияти роҳбарии хеш ҳеҷ гоҳ пойбанди  расму анъана ё ҳукми ақли инфиродии  хеш набуда, вобаста ба вазъу шароит оқилона рафтор  мекардааст, ки дар ин  самт муросокорӣ низ аз ҷониби ӯ истисно нест.

 

     Сардори шӯъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ      Абдулҳаев К.  

Яндекс.Метрика