Омилҳои гароиши ҷавонон ба созмонҳои тундрав ва муқовиматҳои мусаллаҳона

Дар сархатти Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудани масъалаи зуҳуроти хатарноки экстремизм ва терроризм ҳамчун хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ аз ҳар шаҳрванди равшанфикр тақозо мекунад, ки аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ равандҳои зуд тағйирёбандаи олами ислом ва эҳтимолияти таъсиргузор шудани онҳоро дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба онҳо посухҳои саривақтӣ диҳанд. Дар воқеъ, вазъияти ниҳоят мураккаби байналмилалӣ гоҳо дар заминаи суиистифода аз арзишҳои волои дини мубини ислом, кўшишҳои бисёрҷонибаи қудратҳои манфиатдор доир ба роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ шиддати бесобиқа касб мекунад. Чунин хатару таҳдидҳо моро водор менамояд, ки зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҷанбаҳои идеологӣ-тарғиботии созмонҳои ифротӣ ва ошкор намудани роҳу усулҳои нави таъсиррасонии онҳо муборизаи беамонро пурзўр намоем.

Ба марҳилаи сифатан дигар ворид шудани вазъияти сиёсӣ ва ҷанг дар қаламрави Сурияву Ироқ мувозинати байналмилалиро куллан тағйир дод. Ин раванд таҳлили хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷиконро дар иртибот ба «вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон» комилан тасдиқ мекунад, зеро саъю талошҳо барои нобуд сохтани инфрасохтори марказии созмони террористии ДОИШ дар қаламрави Сурия манфиатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ, қавмию нажодӣ, марзию ҳудудӣ ва ниҳоят иқтисодию молиявии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавиро дар Ховари Миёна ошкор сохт. Ва акнун ҳама бо як овоз тамоми мардуми кишвари валангори Сурия – аз роҳбарияти сиёсӣ то шаҳрвандони ҷабрдида, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию низомии теъдодаш аз 100 адад афзуншуда ва ҳар унсури ҷони зинда доштаро ба гуфтушунид ва имзои созишномаи сулҳ даъват мекунанд. Ин тарзи рафтору муносибат дар байни абарқудратҳо барои пиёда намудани ҳадафҳои геополитикӣ аз рўйи барномаи ягонаи тарҳрезишуда таҳаққуқ мепазирад. Манзарнамоии ин сиёсат аслан дар кишварҳои гуногун якнавохт буда, ҳадафҳо, муддати идомаи вазъияти буҳронӣ, роҳу усули ташкили неруҳои мухолиф, таъсиси ҷабҳаву майдонҳои ҷангӣ ва эҷоди платформаи идеологии муборизаи қувваҳои гўё ба ҳам зидду оштино-пазир ба ҳаҷми масоҳату миқдори аҳолӣ, дороии захираҳои табиӣ, мавқеи созгори ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва сатҳи огоҳии зеҳнию фарҳангӣ, динию мазҳабӣ ва миллию нажодии кишварҳои гуногун вобаста аст.

Ҳамчунин бояд эътироф кард, ки агар як қисмати камбудию нокомиҳо натиҷаи «дасисаҳои империализм» бошад, пас қисмати дигари онҳо дар шароити нави сиёсӣ ва расидан ба истиқлолияти давлатӣ ба сатҳи ҷомеапазирии шаҳрван-дон, алалхусус насли ҷавон марбут аст. Дар айни замон масъалаи машғул доштани ҷавонону наврасон ба корҳои ҷамъиятӣ (дар созмонҳои пешоҳангон, ҷавонон, иттифоқҳои касаба, ҷамъиятҳои гуногуни дўстдорони китоб, табиат, кўҳнавардӣ, варзишӣ, курсҳои таълимии фанҳою ҳунарҳои гуногун ва амсоли инҳо) андаке коҳиш ёфт. Ин ҳолат боиси зуҳури ҳувияти ноустувор ва халалдор шудани мувози-нат байни унсурҳои ҳувиятсоз дар ҷомеа гардид. Буҳрони ҳувият дар сатҳи гароиши зеҳнии рўҳониён ва таълими динӣ ҳам ба мушоҳида расид, зеро сиёсати атеизми динӣ сабаби нопадид шудани меҳвари таълими динӣ ва пайванди бардавоми фарҳангию динӣ гардид.

Аз ин ҷиҳат барои дуруст муайян кардани омилҳои калидии ширкати ҷавонон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Ховари Миёна аз аксари кишварҳои ҷаҳон нахуст бояд назар ба манзари заминаҳои субъективӣ ва объективии пайдоиши ин падида андозем. Чунин назокати корбурд ба масъала, аз як паҳлў, агар барои баҳодиҳии воқеъбинонаи вазъият мусоидат намояд, пас аз паҳлўи дигар, роҳу усулҳои муассири пешгирӣ намудани ҳолатҳои монандро дар фазои фарҳангӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгўӣ карда метавонад. Ба назари мо, дар робита ба ин мавзўи ниҳоят ҳассос андаруни ҷомеаҳои кишварҳои арабию мусулмонӣ ба эътибор гирифтани матлабҳои зерин мувофиқи мақсад хоҳад буд:

1. Агар ба тағйироти охири садаи гузашта ва ибтидои асри ХХI назари иҷмолӣ андозем, маълум мешавад, ки сиёсати «бозсозӣ»-и оғозшуда дар қаламрави Иттиҳоди Шўравии собиқ, ки боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда шудани ин империяи мабно ба арзишҳои сотсиалистӣ гардид, корбурди худро баъди таъсиси ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол хотима набахшид, балки гурўҳи давлатҳои пирўз ғояҳои идеологии ҳамин сиёсатро дар тарҳу мазмуни нав барои ба завқу салиқаи худ муносиб сохтани низомҳои мавҷудаи кишварҳои гуногун истифода мебурданд. Дар вазъияти ноорому буҳронӣ боқӣ мондани давлати ба мо ҳамсояву ҳамзабони Афғонистон ва зарурати мубориза бо ғаразҳои тундрави ҳаракати «Толибон» ва созмони «ал-Қоида» барои пайдо намудани фазои нави фаъолияти онҳо созгор афтод. Ҳарчанд қудратҳои ҷаҳонӣ баъди барҳам хўрдани лагери сотсиалистӣ як муддат саргарми фарогирии давлатҳои Аврупои Шарқӣ ба муҳити нави арзишҳои умумии аврупоӣ шуданд, вале ин раванд ба зудӣ анҷом ёфт.

Табиист, ки вайрон шудани сохтори бонизоми як идда кишварҳо боиси ба саҳнаи сиёсӣ ворид шудани ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои тундрав ҳам гардид, ки дар ниҳояти кор ба хусусияти экстремистӣ ва террористӣ касб намудани баъзе аз онҳо боис гардид. Акнун дар сатҳи муносибатҳои байналмилалӣ мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ ва бегонасозӣ табдил ёфт. Мутаассифона, идома ёфтани вазъияти буҳронӣ дар атрофи Афғонистон ва бетағйир мондани муносибатҳои байни Исроилу Фаластин дар марҳилаи гузариш аз асри куҳна ба асри нав барои таҳрики нооромиҳо дар манотиқи ҳаммарзи онҳо мусоидат кард. Ҳамин буд, ки рўйдодҳои устурашакли моҳи сентябри соли 2001 дар Амрико ба мафҳуми терроризм мансубияти исломӣ доштанро таҳмил намуд.

Аз ҷониби дигар, дар марҳилаи тўлонии таҳдиду гуфтушунидҳо дар атрофи вуҷуд доштани аслиҳаи ядроӣ дар Ироқ ва барномаи ҳастаии Эрон фурсат даст дод, то қудратҳои манфиатдор аввалиро вайрону валангор ва дуюмиро ҳамчун пойгоҳи асосии бехатарӣ дар назари кишварҳои арабии Ховари Миёна нишон диҳанд. Аз ин рў, то соли 2011, яъне оғози инқилобҳои «баҳори арабӣ» кишварҳои Араб ба хотири дифоъ ва пешгирӣ кардани ҷанги эҳтимолӣ аз сўйи Эрон тибқи дастуру ташвиқоти қудратҳои сарпарасти худ бо сарфи маблағҳои зиёд яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ харидорӣ намуданд. Пайдо шудани миқдори бешумори аслиҳа дар кишварҳои Ховари Миёна аслан унсури хатарзои ҷанг гардид ва аз рўйи мантиқ ҳам ҳамин арсенал дар ин ё он шакл бояд истифода мешуд. Дар навбати худ дастандаркорони бозори силоҳ ҳамчунин ҷонибдори ба роҳ мондани фурўши захираҳои ҷангӣ – тиру тўп ва бомбаву ракетаҳои ҷангӣ буданд, зеро роҳандозӣ шудани ин кор барои онҳо манбаи даромади доимиро таъмин мекард.

2. Ҳамин тариқ, буҳрони амиқи сиёсӣ ва задухўрдҳои хунин дар як қатор кишварҳои арабӣ сабаби ба бозори калони хариду фурўши аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ табдил ёфтани қаламрави давлатҳои Ховари Миёна гардид. Падидаи нохушоянди пайдо шудани захираи бузурги ҷангӣ ва зарурати дар ҳолати омодабоши низомӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ бояд чандин нуқтаҳои доғро дар минтақа ба вуҷуд меовард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Нахуст, дар заминаи буҳрони сиёсӣ муборизаҳои мусаллаҳона ва ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Яман раванди хатарнок касб намуд. Дере нагузашт, ки шуълаи манҳуси муқовиматҳои ҷангӣ дар қаламрави Ироқу Сурия доман паҳн кард.

Ёдовар шудан зарур аст, ки буҳрони сиёсию низомии пайдошуда дар кишварҳои арабӣ сабабҳои амиқи иҷтимоию равонӣ ва диншиносӣ ҳам доранд. Равандҳои нахустини муҳоҷирати шаҳрвандони давлатҳои навтаъсиси арабизабон ба кишварҳои аврупоӣ солҳои 50-уми асри сипаришуда оғоз гардиданд, ки асосан мақсади ба таҳсил фаро гирифтани кадрҳои ҷавони роҳбарӣ, тахассусӣ ва илмии онҳоро дошт. Теъдоди муайяни ҷавонон аз кишварҳои сарватманду нафтхези арабӣ дар кишварҳои аврупоӣ муқим шуданд. Онҳо барои ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишварҳои фақиру сераҳолии арабӣ ба сифати унсури миёнарав фаъолият мекарданд. Ҳоло насли сеюми муҳоҷирони араб ташаккул ёфтааст, ки онҳо асосан дар Аврупо таваллуд шуда, дорои шаҳрвандии ин кишварҳо ва кору тиҷорати доимӣ мебошанд. Аксари онҳо забони арабиро хуб намедонанду бо ватани бобоӣ робитаи қавӣ ҳам надоранд ва дар рўҳияи тафаккури озодандешии дунявӣ тарбия гирифта, дороияшонро барои сармоягузории бахшҳои иқтисодиёти кишварҳои гуногун ба таври густурда истифода мебаранд. Аммо дар ин муддат аз нигоҳи рушди созгори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои арабӣ тағйироти қобили таваҷҷуҳ камтар сурат гирифт. Муносибати сиёсати қабилавӣ мавқеи калидии худро нигоҳ дошт. Аз ҷониби дигар, робитаҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои арабӣ, ба хусус давлатҳое, ки аз ҳисоби коркард, истеҳсол ва фурўши махсулоти нафтӣ сарватманд шуданд, бо Иттиҳоди Аврупо ва ИМА бисёр рушд ёфт. Дар оғози садаи нав суръати баланди афзоиши аҳолӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ пешниҳоди зиёди қувваи кориро ба вуҷуд овард, ки асосан умедвори пайдо намудани ҷойҳои корӣ дар Аврупо буданд. Ба назари мо, дар ҳамин марҳила бархўрди шадиди иҷтимоӣ ва ҳамдигарро комилан нафаҳмидани арабҳои аврупоишудаи зиёӣ ва ҷавонони ҷўяндаи ҷойҳои корӣ ба вуқўъ пайваст, зеро дар байни тафаккури арабҳои сокини Аврупо ва андешаҳои асримиёнагии динию мазҳабии ҷавонон дар ҷомеаҳои кишварҳои арабӣ дурию ҷудоии бузург пайдо шуда буд. Ҳамкории тарафайн барои дарёфти ҷойҳои корӣ заиф гардид, хусусияти буҳронӣ касб кард ва онҳо тақрибан барои ҳамдигар бегона шуданд. Агар аз нигоҳи ҷомеашиносӣ ва диншиносӣ ба раияти мусулмонон дар фарҳанги исломӣ наздик шавем, равшан мегардад, ки аз мавқеи ҷойгиршавии табиӣ-ҷуғрофӣ мардумонро ба маданӣ, қаравӣ ва бадавӣ, яъне шаҳрӣ, деҳотӣ ва бодиянишин ҷудо мекардаанд. Дар шароити ҷуғрофиёии Мовароуннаҳри таърихӣ муодили чунин тақсимот шаҳристон, деҳистон ва кўҳистон номида шудааст. Ва агар дар ин раддабандӣ бо гузашти асрҳо тағйирот ба вуҷуд омада бошад ҳам, вале дар вазъи инфрасохтори иҷтимоии бошандагони саҳрову биёбон дигаргунии чашмрасе ба вуқўъ напайваст. Илова бар ин, афзоиши демографӣ аз ҳама бештар дар муҳити биёбонҳо ва деҳоти кўҳӣ ба мушоҳида расидааст. Масъалаи муқимӣ кардани бадавиён, бунёди муассисаҳои зарурии иҷтимоӣ, бо мактабу маориф ва хизматрасонии хуби тиббӣ фаро гирифтан ва таъмини ҷомеапазирии воқеии онҳо то ҳанўз мушкилоти зиёде дорад. Чунин вазъияти носозгор боиси фарҳанггурез ва дунёситез шудани аксари ҷавонони саҳронишин гардид ва барои дар ҳолати норозигӣ ва эътирози доимӣ қарор доштани онҳо мусоидат намуд. Дар натиҷа вазъияте иттифоқ афтод, ки тамоми ҷонибҳо барои ширкати фаъол варзидан дар бедодиҳои созмони дурўғини ифротии «Давлати исломӣ» ҳарису омода гардиданд. Вале манфиатҳои асосӣ ҷиҳати таъсис додани созмони террористии ДОИШ дар атрофи ду мақсади калидӣ мечархиданд: истифодаи ҳарчи бештари техникаву захираҳои ҷангӣ ва фурў бурдани неруи гурўҳакҳои қайсару саркаш дар аксари кишварҳои ҷаҳон. Ҷалб намудани ақаллиятҳои разманда аз ҳисоби миллату кишварҳои гуногун ба кушторхонаи ҳудуди ДОИШ танҳо барои ҷисман несту нобуд кардани онҳо будааст ва ҳаст.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон аз ҳар ду тарафи муқовиматҳои мусаллаҳона ҷангиёни тахассусӣ меистанд, одамони бесаводи фирефташуда ҳамчун луқмаи хом барои корҳои дуюмдараҷа ва эҷоди хусусияти оммавӣ ва дастаҷамъӣ додан ба бедодиҳои созмони «Давлати исломӣ» ҷалб мешаванд. Шигифтовар он аст, ки аз ҳар ду тараф ҷангиён бо садои «Аллоҳу акбар» вориди набард мешаванд, саркардагон ваъдаи бунёди давлати адолатпарвари худоҷўёна мекарданд, кушташудагонро шаҳиди барҳақ хонда, биҳиштӣ будани онҳоро риёкорона аз минбари шабакаву сомонаҳои таблиғотӣ тавзеҳ медиҳанд. Мушкилии дигар иборат аз он аст, ки ин майдони ҷангӣ хоҳишмандонро аз тамоми гўшаву канори дунё ҷалб карда тавонист. Мақсади асосии сарпарастони ин созмон манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ аст, ки яке аз онҳоро проблемаи интиқоли газ ташкил медиҳад. Вале хатари асосӣ барои кишвару минтақаи мо таъсиси ҷабҳаи низомӣ-динии «Хуросони бузург» аст. Нахуст аз ҷониби саркардагони «Давлати исломӣ» доир ба таъсиси созмонҳои «Хилофати Мовароуннаҳр» ва «Давлати исломии Шарқ» гуфтугўҳо доир мешаванд. Ҳадафи асосии «Хуросони бузург» ноором кардани кишварҳои мусулмонии ИДМ аст. Ва чунин сиёсати нафратафканӣ ба хотири васеътар нишон додани фарогирии кишварҳои минтақа роҳандозӣ мешавад, то мақсади ноором сохтани ҷумҳуриҳои исломии собиқ шўравӣ бо ҳар роҳу усул ба даст ояд.

3. Бояд эътироф намоем, ки маблағгузорӣ ва воситаҳои ахборию иттилоотии созмони ДОИШ қавӣ аст. Бо такя ба имкониятҳои васеи пулию молиявӣ идеологҳои онҳо тавонистанд, ки мардуми сайёраро дар зери идеяи ботили «Давлати Хилофати одил» ҷалб намоянд, ки дар он ҳама чиз гўё тибқи фармудаҳои Худо ва шариат ба роҳ монда мешавад. Дар шароити зиндагии буҳронӣ ҳар ҷо одами норозӣ ва ноком мавҷуд аст ва шефтаву фирефтаи ин ваъдаҳо мешавад. Дигарбора идеяи «муртазиқа» (сарбози муздур, зархарид)-и дар оғози ислом пайдошуда эҳё шуд, ки мутаассифона, шаҳрвандони моро ҳам ба доми фиреби худ гирифтор карда тавонист. Дар муқоиса бо замони садри ислом акнун гирдоварии сипоҳи муртазиқа аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, даъвату ташвиқоти мубаллиғон дар кишварҳои гуногун аз тариқи ваъда кардани маблағҳои дурўғин сурат мегирад.

4. Мо танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии зуҳуроти ифротӣ, гузаронидани вохўрию мулоқотҳо, аз як гиребон сар баровардани тамоми қишру табақаҳои ҷомеа, ба хусус гурўҳи рўҳониён садди роҳи ин вабои аср шуда метавонем. Бояд таъкид намоем, ки иттиҳодияҳои динӣ ҳам моликияти давлати Тоҷикистонанд ва бояд дар устувории сулҳу субот ва тинҷию оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми фаъол дошта бошанд. Тибқи таҳлилҳои илмӣ ва мушоҳида¬ҳои мо ҳоло дар байни уламои суннатӣ ва рўҳониён гурўҳи созандае пайдо шудааст, ки аз рўйи имону эҳтисоб ҷонибдору манфиатдори оромию рушди устувори кишвари азизамон мебошанд, зеро онҳо амалан эҳсос кардаанд, ки обрўю эҳтиром ва дастгирии молиявии онҳо фақат дар фазои ороми корҳои созандагию ободонии ҷумҳурӣ ба ваҷҳи некў риоя мешавад. Моро зарур аст, ки роҳу усулҳои ҳамкории судмандро бо онҳо ва дигар табақаҳои ҷомеа барномарезӣ намоем. Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки барои дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдидҳои воқеии дохилӣ ва берунӣ бояд дар пояи волоияти қонун ба ҳамдигар мусоидат намоем.

5. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар дурнамои сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвари мо раванди доимӣ аст. Дар заминаи шиддат гирифтани муносибати Русия бо ИМА, ИА ва идома ёфтани таҳримҳо ҳуҷуми мубаллиғон ва эмиссарҳои ифротии динӣ дар байни шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирони меҳнатӣ пурзўр шуда истодааст. Масъалаи ба доми фиреби онҳо афтодани шаҳрвандони мо низ хотима наёфтааст. Муҳоҷирони мо дар ин шароити мушкили буҳронӣ ҳам ба маърифати ҳуқуқию ҳимояи ҳуқуқӣ ва ҳам дастгирии ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ дар асоси муқаррароти қарордодҳои дуҷониба сахт ниёз доранд, зеро тибқи маълумоти оморӣ бештар ҷавонони «кишварҳои тараққикунанда ва кўҳистон» ҳадафи ҳамла ва даъвати гурўҳҳои ифротӣ қарор мегиранд. Воқеан, ҷавонони аз муҳити деҳоти кўҳӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаро, ки ҷаҳонбинии маҳдуд доранду зудбовар ҳастанд, ба ҳар тараф моил кардан осонтар аст. Аз ин лиҳоз, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат сиёсати ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт ва зарурати андешидани чораҳои муассир «бобати васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дўзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунар¬мандӣ» ба хотири тағйири муҳити зиндагӣ ва мафкураи онҳо таъкид гардид. Муҳайё кардани шароити мусоид барои инти¬хоби роҳи дурусти зиндагӣ, аз худ кардани илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва пайдо кардани ҷойгоҳи арзандаи худ дар ҷомеа ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ҳам пешрафти корро таъмин карда метавонад. Шахси корозмуда ва ҳунарманд ҳеҷ гоҳ ба доми касе намеафтад. Вале ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта бояд авомфиребона будани даъватҳои мубаллиғони ба ном худоҷўӣ, вале дурӯғгӯро аз рӯйи мантиқи одӣ дарк карда тавонанд: а) маблағҳои афсонавие, ки онҳо ваъда мекунанд, дурӯғ аст ва бар ивази ҷон бохтан хоҳад буд; б) маънои аслии ҷиҳод барои зиндагӣ ва рӯзгори некӯ саъю талош ва ҷидду ҷаҳд кардан аст, ҷиҳод ҳеҷ гоҳ ҳадафи ҷанг кардани мусулмон бар зидди мусулмони дигарро надорад; в) агар дар ҷиҳод кушта шуда, ба биҳишт рафтан рост мебуд, мубаллиғони ақлфиреби рўҳонӣ ҷангу ҷиҳодро ба каси дигар намедоданд, вале баръакс, онҳо мардумро ба оташ тела медиҳанду худашонро аз ҳар гуна балоҳо канора мегиранд. Фирефтаву ҷонибдори чунин душманони ислом танҳо бесаводон, ноқисулақлон, ҷангҷўён ва дар маҷмӯъ, шахсоне шуда метавонанд, ки дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо накардаанд. Ҳар ҷо анҷумани инсонист, дар он ҷо гурўҳи созандаи фидокор ва ақаллияти сўзандаи харобкор ҳузур дорад. Аз ин рў, дар чунин мавридҳо тибқи панди бузургвори Шайх Саъдӣ «Биншинаму сабр пеш гирам, Дунболаи кори хеш гирам» амал кардан беҳтар аст, то аз зарару таъсиргузории душмани фитнаҷўву иғвогар эмин бимонем.

6. Хатари дигари бузург ҳаммарз будани мо бо Афғонистон боқӣ мемонад. Аз қазову қадар чунин ҳукм шудааст, ки ҳамсояро интихоб намекунанд. Ба назари мо, ҳолати омодабошии доимии ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии мамлакати мо, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ метавонад амнияти марзу буми моро аз фитнаҳои гурўҳу созмонҳои он сўйи дарё поку беолоиш ҳифз намояд. Дар ин ҷо ҳар яки мо вазифадорем, ки ҳамчун сарбози Ватан барои татбиқи ташаббусҳои неку созанда, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, тақвияти қудрати мудофиавӣ ва дар маҷмӯъ, барои боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишварамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро ҷавонмардона иҷро намоем.

7. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши сиёсати ҷавонон, дастгирии соҳибкорӣ дар байни онҳо ва бунёди ҷойҳои нави корӣ омили муҳими пешгирӣ ва коҳиши иштироки шаҳрвандони ҷумҳурии мо дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар солҳои наздик хоҳад буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғоз дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти экстремизм ва терроризм қарор дошт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар таҷрибаи худ дарк кардаанд, ки танҳо давлату давлатдории пойдори миллӣ, беҳтар шудани некўаҳволии мардум ва раванди бебозгашти ободонии мабно бар худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ унсури зудояндаи ҳама гуна хатару таҳдидҳо шуда метавонад. Аммо фазои амну субот ва шукуфоии бардавомро иродаи қавӣ дар бобати идора муваффақона, таъмини волоияти қонун, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани муҳити созгори соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум муҳайё месозад.
Ф. Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон