ОМИЛҲОИ ТАЪМИНИ НЕКӮАҲВОЛИИ ФАРД, ОИЛА ВА ҶОМЕА

10 октябри соли 2019 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагон, дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин  вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону маҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, сархатибони масҷидҳои пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони он расонид. Дар кори Конференсияи мазкур директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода дар мавзӯи "Омилҳои таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа (дар партави талаботи Қонуни танзим" ва котиби илмии Маркази исломшиносӣ Маҳрамбек Маҳрамбеков дар мавзӯи "Танзими анъана ва ҷашну маросим роҳнамои ҳаёти фард, оила ва ҷомеа" гузоришҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Матни пурраи гузориши илмии Ф. Баротзода чунин аст:  

 

 

 

  

ОМИЛҲОИ ТАЪМИНИ 

НЕКӮАҲВОЛИИ ФАРД, ОИЛА ВА ҶОМЕА

(дар партави талаботи Қонуни танзим) 

 

 

Маълуми ҳҳамагон аст, ки аз дидгоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳан¬гию маърифатӣ корбурди роҳу равишҳои гуногун ба манфиати фард, оила ва ҷомеа, расидан ба мудирияти уфуқию амудии сазовор дар тамо¬ми қаламрави ҷу쬬ҳурӣ ва ба эҳтиёҷоти мардум мутобиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳз тавассути истиқлолияти давлатӣ ва соҳибих¬тиёрӣ имконпазир мегардад. Дамидани субҳи му¬бо¬раки санаи фараҳманди 9 сентябри соли 1991, ки омодагиҳо барои истиқболи ҷашни 30-солагии армуғониаш тамоми марду¬ми шарифи ҷумҳурӣ – марду зан, хур¬ду калон, пиру ҷавон, шаҳрванди қаторию масъул, соҳибкору ихтироъкор ва низомию ғайри¬низомиро ба ҷабҳаи бузурги созандагию ободонӣ бо шукргузо¬рию болидарӯҳӣ ва эҳсоси баланди ватан¬дорию ватандӯстӣ сафарбар намудааст, барои бунёди кохи бегазанди давлату давлатдорӣ ва миллату фар¬ҳанг¬солорӣ падидаи беназире хоҳад буд. Воқеан соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз мо тақо¬зо менамояд, ки дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ аз мавқеи ватандӯстӣ ва эҷодкорӣ муноси¬бат намоем. 

Дар сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросим¬и миллию динӣ ҷойгоҳи махсус доштааст, ки то имрӯз идома мепазирад. Дар меҳвари ин сиёсат ҳамон андешае меистад, ки тамоми шаҳрвандони кишвар дар пешбурди роҳи зиндагӣ ва риояи омӯзаҳои динию мазҳабӣ ҳамеша бояд ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷи¬кон такя намоянд, аз тақлиди кӯркӯрона, во¬рид намудани навгониҳои беасос дар рафтору кирдор, бовару эътиқод ва сарулибоси барои муҳити фарҳангии мо бегона канораҷӯӣ кунанд. Ҷойи тардид нест, ки ҳифз, гиромидошт, эҳёи мероси мондагор ва бе каму кост ба насли ҷавон интиқол додани суннатҳои арзишманди ниёгони пуриф¬ти¬-хор дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ба таъбири устод Рӯдакӣ "на корест хурд". Дар баробари ин пази¬руфтани навгониҳо, технологияи баланд ва бахшу намунаҳои падидаи модерн андаруни ҷомеаи муосири Тоҷикис¬тон бояд дар доираи меъёрҳои қонунгузории амалку¬нанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ сурат гирад. Месазад иқрор намоем, ки ҳоло дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми мардуми кишвар дар фазои тинҷию оромӣ ва ваҳдати даста¬ҷамъӣ рӯзгори хубу ҳаёти осоишта доранд ва ободию шукуфоии ватани аҷдодӣ маншаи ифтихормандии онҳост. Адои қарзи фар¬зан¬¬дию шаҳр¬ван¬дӣ нисбат ба обу хоки сарзамини аҷдо¬дӣ дар изҳори холисонаи садоқат ба халқу Ватан, таҳкими дасто¬вар䬬ҳои истиқ¬ло¬ли¬яти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию фар¬ҳангӣ ва осебнопазирии ваҳдати эътиқодии динию мазҳабӣ зарфиятҳои наверо рӯйи кор меорад. Гузашти айём собит намуд, ки Истиқ¬лолияти давлатӣ дар масъалаи шинохти дурусти фарҳанги миллӣ, арзишҳои динию мазҳабӣ ва эҳёи ҷашну маросими мардумӣ таҳаввулот ва дигаргуниҳои ҷиддӣ ба бор овард. Тадбирҳои андешидашуда ҳамеша ба нафъи шаҳр¬ван¬дони ҷумҳурӣ будааст ва ба¬рои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳво¬лии соки¬но-ни киш¬вар, боло рафта¬ни сифати сар¬мояи инсонӣ, тарҳи замонавӣ гирифтани инф¬ра¬сох¬тори иҷтимоию иқ¬тисодии шаҳру ноҳияҳо ва дар маҷмӯъ барои боло бурдани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон мусоидат кардааст. 

Доир ба падидаи хотирмон ва санади воқеан миллӣ будани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъа¬на ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бисёр гуфтаанд, ки моро аз такрори матлабҳои тавзеҳотӣ бениёз мегардонад. Мо ин ҷо мехоҳем бештар дар атрофи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии татбиқи муқаррароти ҳамин қонун барои қишру табақаҳои ҷомеа ва одамони касбу корҳои гуногун масъалагузорӣ, радду бадал ва баҳсу натиҷагирӣ намоем. 

Омӯзиши масъала тӯли 12 сол дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бисёр бозёфту пешниҳодҳои самимӣ ва андешаҳои аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии мардум созандаро ошкор кард, ки онҳо дар маҷмӯъ барои таҳия ва амалкарди як санади мукаммали меъёрию ҳуқуқӣ, ки онро бо боварии том "қонуни миллӣ" гуфтан месазад, заминаҳои мусоид фароҳам овар¬данд.  

Анъана ва ҷашну маросим яке аз шаклҳои муҳимтарини шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа маҳсуб мешавад. Миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни ташаккули ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии худ аз замонҳои хеле қадим ҷашнҳои мондагор ва писандидаро эҷод карда, дар тӯли асрҳо такмил додааст ва онҳо имрӯз як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии моро ташкил медиҳанд. Одоби маърака оростан дар суннати мардумшиносии мо асосан андаруни амалкарди ду фарҳанги бузург – ориёӣ ва исломӣ ташаккулу такомул ёфтаанд. Дар тӯли ҳамгироиҳои гуногуни таърихӣ ҳамчунин унсурҳое аз одату анъанаҳои халқҳои дигар ба фарҳанги миллии мо ворид шуда¬анд. Аммо қисмати умдаи расму оинҳои мардуми тоҷик ба дини ислом ва мусулмон будани онҳо алоқаманд аст, ё бисёре аз ма¬ро¬сим маншаъ дар аҳкоми шариати исломӣ дорад. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки аксари ибодат, аркон, аҳком, усул ва фурӯи дини ислом тӯли бештар аз як ҳазору чорсад сол дар матни фарҳанги миллии тоҷикон ҷойгоҳе устувор пайдо карда, ба мисли гӯшту нохун андаруни рагу пай¬ванди анъанаҳои суннатии мо омезиши барҷаста ёфтааст. Агар ба гу¬заш¬таи на он қадар дури одобу русуми тоҷикон назар афканем, пас ба осонӣ дарёфта метавонем, ки хусусияти буҳронӣ гириф¬тани онҳо маҳсули раф¬торҳои як марҳалаи тӯлонӣ аст.

Ҳамаи ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандию таъзия бо ҷумлаи таҳрифоту нуқсону камбудиҳояш ба матни зиндагии мардум дар шароити истиқлолияти давлатӣ интиқол ёфт. Бадбахтона, нооромиҳои сиёсӣ дар оғози истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон умри маросими серхарҷу нолозимро тамдид кард ва то расидан ба ваҳдати миллӣ баргу-зо¬рии анъанаву маросим ба як навъ озмуни соҳибмансабон, тоҷирон ва қумандон¬ҳо мубад¬дал шуданд. Мардуми қаторӣ бошад аз бонкҳо қарз гирифта, маросими худро ҳамон тавре, ки дар замони шӯравӣ ба расмият даромада буд, барпо мекарданд. Ҳеҷ кас дар гузаронида¬ни маъра¬ка худро аз каси дигаре пасттару камтар дидан намехост. Ҳангоми фавти наздикон ҳамаи фарзандони хонадон аз як гиребон сар бароварда, якҷоя маъ¬ра¬каҳои пурхарҷи азодориро ташкил, танзим ва баргузор менамуданд.

Дар оғози истиқлолияти давлатӣ аслан барои роҳбарияти олии кишвар фурсате доир ба баррасии ин масаълаи муҳими ҳаёти ҷомеа даст надод. Ваҳдати миллӣ зарурати ба низом ё ба чаҳорчӯбаи маъқул даро-вар¬дани ин ҳама расму оин ва ҷашну маросимро ба миён овард. Дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ таҷрибаи бойи роҳбарию кордонӣ ва фаросату заковати баланди мардумсолории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиммат бар он гуморид, ки мо бояд барои ҳалли ин қазия ҳамчун як мушкилоти ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз мавқеи баланди масъу¬лият¬шиносӣ назар афканем. Мавзӯъ аз тариқи масъалагузории мавсимӣ не, балки тавассути андешидани тадбирҳои комплексӣ бояд ҳаллу фасл мешуд. Зеро воқеият собит намуд, ки дар роҳи ҳалли масъалаи танзими оину маросим монеаҳои сахттару душвор¬тар – побандии таассубу хурофот, сабабҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва зеҳнию равоние ҳастанд, ки бартараф намудани онҳо бағоят мушкил аст ва ҳам сипарӣ шудани муддати муайянеро тақозо мекунанд.  

Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ дар атрофи ин мавзӯи мубрам бо даъват намудани машварати умумиҷумҳу¬риявӣ моҳи феврали соли 2007 оғоз гардида, шакли ҳозираи Қонуни муваффақона амалкунанда «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо 28 августи соли 2017 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба имзо расид. Ҳадафи асосии Қонуни мазкур ҳимояи манфиат¬ҳои иқтисодию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва решакан кардани андешаи хароҷо¬ти зиё¬да¬тӣ кардан аз тафаккури шаҳрвандон мебошад. Моддаи нахустини Қонуни миллӣ ин матлабро равшан баён кардааст: «Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад». 

Пас, амалкарди ҳамин Қонун дар тӯли 12 сол барои некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа ва ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани рафтору тафаккуру андешаи шаҳрвандон чӣ таҳаввулоте ба вуҷуд овард. Агар дар сатҳи фард муҳокимаронӣ намоем, бояд ёдовар шуд, ки таъсир¬гузории меъёрҳои Қонун нахуст дар байни мардон, яъне унсури асосии рӯзирасони оила эҳсос гардид. Дар аксари ҳолатҳо занон бо мардон дар масъалаи пешигирии сарфи зиёди маблағҳо дар баргузории маъракаҳо ҳамовозӣ накарданд. Вале ин Қонун дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ ҳамчунин барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳо, шиносоӣ пайдо кардани мардумони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои гуногуни кишвар аз тарзи маъракаороӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар ҳам мусоидат кард. Ҷомеа дар сатҳи фард оид ба баргузории маъракаҳо хулосаи боти¬нии худро баровард ва онро марҳила ба марҳила зоҳир кардан гирифт. Ҳолате рафт, ки шахсони камбизоату миёнаҳол ва шахсони сарват¬манд дар сатҳи инфиродӣ назар ба манзари тӯю таъзияҳои ҳамдигар андохтанд. Як меъёри ниҳоят муҳими Қонун ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака писанди умум гардид. Акнун ҳар як фарди ҷомеа имкон пайдо намуд, ки бо такя ба муқаррароти Қонун маърака¬ашро бо хоҳиши худ бе истиҳола ва хиҷолатмандӣ доир намояд. Тафовути маърака¬ҳои дорову нодор сарватмандонро ба андеша водор намуд. Бо мурури замон онҳо дарк намуданд, ки зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузо¬рии ҷашну маъракаҳо ҷуз худнамоӣ ва шуҳратпа¬рас¬тӣ чизи дигаре нест. Дар ин замина маъракаҳои серха¬роҷот ин ҷо ҳам бо такя ба муқаррароти Қонун кам гардида, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд аз ҷониби шахсони сарват¬манд бештар шуд. Меъёрҳои Қонун дар сатҳи фард фаҳмонида тавонист, ки рафторҳои қайсарона ва ифротӣ дар баргузории маъракаҳо ҳеҷ ченаки инсонӣ ва исботи қуръонӣ надоранд.

Ин таҳаввулоти масарратбахш дар сатҳи фард барои ҳалли мушки-ло¬ти иҷтимоии ҳазорҳо ҷавонон ҷиҳати барпо намудани оилаҳои нав нақши муассир гузошт. Оила, ки ниҳоди ниҳоят муҳими иҷтимоӣ дар фарҳанги миллӣ ва динии тоҷикон маҳсуб мешавад, ҳамаи маърака¬ҳои серхароҷоти марбут ба хурсандию азодориро ҳамчун зари холиси фармудаҳои шариати исломӣ напазируф¬т ва ба баргузории бе каму кост ва пайдар¬ҳа¬мии тақвимии онҳо бо таҳаммули маҳрумияту қарздор шу-дан¬ҳо комилан таҷдиди назар кард. Сарфаю сариштакорӣ дар баргузо-рии маъракаҳо ба оилаҳо имкон дод, ки ба беҳтар кардани шароити зист, манзилҳои истиқоматӣ ва тарбияи фарзандон диққати бештар диҳанд. Онҳо оҳиста-оҳиста фоидаи танзими маъракаҳоро дар беҳбуди ҳаёти рӯзмарра ва буҷети оилавии худ ба ваҷҳи писандида эҳсос намуданд. 

Ҳамин Қонун дар зарфи дувоздаҳ соли амалкарди худ дар тарзи ҳаёти солими ҳар оила таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллиро ба вуҷуд овард. Фарҳанги маъракао¬роии оилаҳо ба ваҷҳи некӯ тағйир ёфт, тафаккури шаҳрван¬дон дар бобати осон гирифтани ин арзишҳои ҷузъии ҳаёти маънавии худ куллан такмил гардид ва мазмуну мантиқи зиндагӣ ба маҷрои нав ворид шуд. Муносибати дурусти оилаҳо ҷиҳати татбиқи меъёрҳои Қонун барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ низ таъсири калон расонид. Зеро дар натиҷаи ба низом даровардани баргузо¬рии тӯю маъракаҳо ва камхарҷ шудани маро-си¬ми гуногуни мардумӣ шаҳр¬ван¬дон тавонистанд, ки аз ҳисоби маблағ¬ҳои сарфашудаи маърака¬ҳо пасандозҳояшонро афзун намуда, объектҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва фаъолиятҳои ҳунармандии худро фаъол гардонанд.    

Дар бораи фазилатҳо ва паёмадҳои Қонуни мазкур сухан ронда,   таъкид кардан ҷоиз аст, ки қабули он таассубу худнамоӣ, пофишорӣ ва якравиро дар тарзу услуби баргузории маъракаҳо дар ҷомеа аз байн бурд. Аз тарафи дигар, истифодаи дурусти неъматҳои моддӣ, кумак расони¬дан ба атрофиён ва гирифтани дасти ниёзмандон боиси тақвияти волоияти қонун ва баракату фаровонӣ дар зиндагии рӯзмарраи мардум ва таҳкими оромии ҷомеа шудааст. 

Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур дар шароити буҳрони шадиди иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва болоравии нархи маводи хӯрока барои амалӣ намудани стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Қабули қонун дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ҳодисаи муҳим, тақдирсоз ва воқеан инқилобӣ буд. Ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки қабл аз қабули қонун фарқ миёни маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ қариб аз байн рафта, онҳо ба як намуд мусобиқаҳои эълонношуда табдил ёфта буданд. Хуш¬бах¬тона, бо қабули қонун ба хароҷоту исрофкориҳои бемаврид хотима дода шуд. Қонун шаҳрвандонро аз ҳама гуна уҳдадо¬риҳои беасос озод намуда, шароит фароҳам овард, ки маъракаҳои хурсандӣ ва азодории худро бо хароҷоти кам барпо намоянд. Адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа то андозае миёни шахсони сарватманд ва камбизоат ҳангоми маъракаороӣ ва азодо-рӣ ба эътидол дароварда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» бо истифодаи сарфаю сариштакорӣ ҳифзи молу мулки мардум таъмин гардида, барои ба як меъёри муътадил даровардани тартиб, вақти баргузорӣ, реҷа ва буҷаи баргузории маъракаҳо мусоидат намуд. Дар натиҷа пеши роҳи исрофкорӣ гирифта шуда, барои мардуми миёнаҳол шароит муҳайё гардид, ки молу дороии худро ба самти дурусти эҳтиёҷоти оилаҳои худ равона созанд. 

Қобили зикр аст, ки аксарияти мардуми кишвар қабули тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкур ба хушӣ пазируфта, дар кори амалӣ шудани он пайваста ширкат меварзанд. Ашхосе, ки ба меҳнати ҳалол машғуланд, бо ризоияту қаноатмандӣ дар доираи талаботи қонун маъракаҳои худро оромона мегузаронанд. Аз ҷониби дигар, раванди натиҷаҳои тафтиши риояи талаботи Қонун аз тарафи ниҳодҳои дахлдор нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам як гурӯҳи саркаш ба моҳияти қонун сарфаҳм нарафта, гоҳо ба баҳонаи наднис¬тани талаботи он ҳангоми гузаронидани маъракаҳои хурсан¬дӣ ба зиёдаравӣ, камбудиҳои ҷиддӣ ва қонуншика¬ниҳои ошкоро роҳ медиҳанд. Баъзан нафароне низ ҳастанд, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ва худнамоӣ ба қонуншиканиҳо даст мезананд. Мо тафсилоти ин паҳлӯи масъаларо ба ихтиёри масъулони мақоми ваколатдор вогузошта, қавли Мавлоноро шиор мекунем: 

 

Беҳтар он бошад, ки айби дилбарон

Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.  

 

Акнун вазифаи шаҳрвандии мо дар шароити кунунӣ аз он иборат аст, ки ҷанбаҳои мусбати қонуни мазкурро тақвият бахшида, ҳамеша дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва бартараф намудани нуқтаҳои заъфи амалкарди он бошем ва бад-ин васила рисолати шаҳрвандӣ ва эътиқодии худро анҷом диҳем, зеро дар ҳадиси пайғамбари ислом (с) омадааст, ки «мусулмон касест, ки мусулмонон аз забону дасти ӯ солим бимонанд».

Пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе дар роҳандозӣ намудани ҳадафу мақсадҳои Қонуни мазкур аз пешоҳангони татбиқи амалии он буд ва мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки рисолати худро дар анҷоми мантиқӣ ёфтани меъёрҳои ин қонуни миллӣ минбаъд низ сафарбар менамояд.  

 

Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика