ОҒОЗИ РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МҲТБО

Ҳамоиши Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни соли 2019 дар Душанбе баргузор гардид, бегумон пойтахти кишвари моро ба майдони бузурге барои ҷустуҷӯи роҳу усулҳои тақвияти ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти асосӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва қитъаи Осиё мубаддал сохт. Бо назардошти сатҳи баланди иштирок ва ҳамкории кишварҳои аъзо, инчунин муносибати дӯстона ва боэътимод дар байни онҳо метавон гуфт, ки Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки бо истифода аз имкониятҳои гуногун ҳамгироии васеи инфрасохтории минтақавиро низ ба роҳ мондааст.

Ин созмон чун созмони минтақавӣ соли 1992 таъсис ёфта, имрӯз 27 давлати ҷаҳонро ҳамчун аъзо, 8 кишвар ва 5 созмони минтақавию байналмилалиро ба ҳайси нозир муттаҳид намудааст.

Дар ин нишаст масоили амният, ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирӣ аз паҳншавӣ ва мунтазам бартараф намудани силоҳи қатли ом ва таҳкими эҳтироми мутақобила, якдигарфаҳмӣ ва таҳаммул дар муносибатҳои байни тамаддунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Давоми солҳои фаъолияти созмони мазкур се кишвари аъзои он раёсат дар созмонро ба уҳда доштанд: Ҷумҳурии Қазоқистон солҳои 2002-2010, Ҷумҳурии Туркия солҳои 2010-2014, Ҷумҳурии Мардумии Чин солҳои 2014-2018 ба њайси кишварҳои раисикунандаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё фаъолият карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин кишвари узви фаъоли созмон аст, ки раёсати онро барои солҳои 2018-2020 ба уҳда гирифтааст.

 Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзҳои 14-15-уми феврали соли 2019 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе љаласаҳои Гурӯҳи махсуси корӣ ва Кумитаи кормандони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳаморӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид. Бояд таъкид кард, ки дар таърихи фаъолияти созмон аввалин маротиба чунин нишаст дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки амнияту ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирӣ аз паҳншавӣ ва мунтазам бартараф намудани яроқи қатли ом ва таҳкими эҳтироми мутақобила, якдигарфаҳмӣ ва таҳаммул дар муносибатҳои байни тамаддунҳо бояд ҳамеша пайгирӣ шавад. 

Ҳамчунин зимни суханронии меҳмонони воломақом борҳо таъкид гардид, ки Осиё хонаи умумии мост ва асри XXI-ро метавонем асри рушди Осиё ном барем. Аз ин рӯ, баҳри расидан ба ин ҳадаф бояд сулҳу субот дар минтақа таъмин гардида, сатҳи боварӣ ва эътимод миёни кишварҳои аъзо пайваста густариш ёбад. 

 

Рустам Азизӣ – муовини директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Яндекс.Метрика