Равандҳои глобализатсионии муосир ва марказҳои нави ҳамгироӣ

(дар ҳошияи ҳамоиши панҷуми МҲТБО дар Душанбе)
 
1. Дар оғози асри XXI истилоҳи глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) ва равандҳои глобализатсионӣ ҳамчун раванди муҳими ҳаёти иҷтимоӣ якбора вирди забонҳо шуд. Ва маълум гардид, ки глобализатсия раванди ҷаҳонии ҳамгироӣ ва ҳамгунсозии иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ мебошад. Ташаккули шабакаи ягонаи иқтисоди бозорӣ – иқтисодиёти ҷуғрофӣ, инфрасохтори он ва раванди аз байн рафтани соҳибихтиёрии давлатҳо, ки тўли садсолаҳо бозингарони асосии муносибатҳои байналмилалӣ буданд, ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа ҷаҳонишавӣ гардиши умумии тақсимоти байналмилалии меҳнат, муҳоҷират, сармоя, нерўи корӣ, захираҳои истеҳсолӣ, ҳамгунсозии қонунгузорӣ, равандҳои иқтисодӣ ва технологӣ, ба ҳам наздикшавӣ ва омезиши фарҳангҳои кишварҳои гуногунро ба бор меоварад. Ин раванд тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, субъектҳои оламро ба ҳамдигар вобаста месозад. Дар байни гурўҳи давлатҳо маҷмўи масъалаҳои муштарак ва субъектҳои ҳамгироӣ пайдо мешаванд.
2. Бояд гуфт, ки дидгоҳҳои марбут ба нақши глобализатсия дар ҷаҳони муосир бисёр баҳснок аст. Муаррихон ин равандро ҳамчун яке аз марҳилаи ҷомеаҳои сармоядорӣ медонанд. Иқтисоддонҳо оғози онро ба шаклгирии бозорҳои молиявии фаромиллӣ мансуб медонанд. Сиёсатшиносон онро натиҷаи густариши созмонҳои демократӣ меҳисобанд. Фарҳангиён туғёни ҷаҳонишавиро ба хоҳиши ғарбишавӣ (вестернизация) ва тавсеаи иқтисодии Амрико дар кишварҳои гуногун марбут медонанд. Дар паҳншавии раванди глобализатсия иттилоот ва технология (алоқаи мобилӣ ва Интернет) низ нақши муҳим мебозанд. Глобализатсияи сиёсӣ ва иқтисодиро аз ҳам фарқ мекунанд, ки дар он мафҳуми минтақабандии кишварҳо барои муайян кардани қутбҳои аз нигоҳи имкониятҳои иқтисодӣ ва технологӣ рушдёфта таъсири ҳалкунанда дорад.
3. Зуҳури ислом мансубияти динии миллату давлатҳоро ҳамчун меҳвари асосӣ ба омили тавонои муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мубаддал сохт. Сипоҳи исломиён ба кишварҳои масеҳитабор ва минтақаи густариши фарҳангҳои қадим – қибтиён, бобулиён, сурёниён ва порсиён ҳам футўҳот анҷом дода, онҳоро мусулмон карданд ва сатҳи таъсиргузории фарҳангиашонро хира гардониданд. Афзун бар ин, онҳо як қисмати умдаи минтақаи густариши фарҳанги ҳеллинистиро ба таври доимӣ тасарруф намуда, аз тариқи вилояти Андалусияи Испания ба амнияти умумии Аврупо хатари ҷиддӣ ворид кардан гирифтанд. Ислом воқеан дар асли худ хусусияти бунёдгароии динии тавсеапазир нишон дод ва механизми татбиқи амалии онро таҳия намуд. Ин воқеият нахустин иттиҳоди глобализатсионии кишварҳои Аврупоро дар пояи ҳамгироии иқтисодӣ ва динию сиёсӣ бо номи «ҷангҳои салибӣ» (Cruzada) ҳамчун муқовимат бар муқобили тавсеаи мусулмонӣ ба вуҷуд овард.
4. Дар шароити қурунивустоӣ империяи теократии Хилофат тақвият ёфтан гирифт ва муқовимати олами масеҳият ва ислом дар ҳавзаи баҳри Миёназамин хусусияти доимӣ касб кард. Ва ҳар ду ҷониб зимни масъалагузориҳо аз мавқеи бунёдӣ корбарӣ мекарданд. Барои собит кардани даъвоҳои худ ҳар ду ҷониб ба матнҳои муқаддас такя мекарданд, ки ин равиши бунёдгароӣ (фундаментализм)-ро дар динҳо ба вуҷуд овард. Ҳар ҷониб мехост ҳаққу ҳуқуқи худро дар асоси қудсияти китобҳои осмонӣ талаб намояд.  
5. Мусулмонон тавонистанд падидаи зуҳури пайғамбари ислом (с), фарҳанги мусулмонӣ ва Қуръону суннатро ҳамчун унсур ва зербинои нави ҳувиятсоз истифода намоянд. Дар ин росто, забони арабӣ низ ба нерўи қавии муттаҳидкунанда ва фарҳангсоз табдил ёфт. Аз ҷониби дигар, бояд эътироф кард, ки қабилаҳои арабитабори нимҷазира ба ҷуз ҳамин кашфиёти дини нав дар таърихи мавҷудияташон чизе дигаре ҳамчун дастовез надоштанд ва дар атрофи ҳамин идеяи динӣ ва миллӣ сахт муттаҳид шуданд. 
Ин рафтори онҳо навгонӣ набуд, чунин рафтор дар анъанаи бунёдгузории динҳои дигар низ ҷой дошт. Дар ҳамаи динҳо мафҳуми сегонаи таълимоти динӣ (германевтическая триада) – матни муқаддас, таъвил ва татбиқ вуҷуд дорад. Равиши бунёдгароӣ саъй мекунад, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ ҳалли ҳама гуна масъалаҳоро қасдан аз мавқеи баёни матлаб дар матни китобҳои муқаддас баҳогузорӣ намояд. Дар ин сурат вариантҳои таъвил, яъне тафсиру шарҳи масъала вобаста ба мавқеи мазҳабҳои гуногун ва татбиқи амалии он кам ба эътибор гирифта мешаванд ва он қадар таъсиргузор ҳам нестанд. 
6. Кашфи захираҳои нафтӣ дар кишварҳои Ховари Миёна ин минтақаро дар меҳвари сиёсати ҷаҳонӣ ва мавқеи пешоҳангии олами ислом қарор дод. Аз нимаи дуюми асри ХХ то имрўз дар баробари гаҳвораи фарҳанги мусулмонӣ будан боигарӣ ва имкониятҳои пулию молиявии кишварҳои арабии Халиҷ рўй ба афзоиши доимӣ ва болоравӣ дорад. Зарурати истифода бурдан аз чунин имкониятҳо муносибати давлатҳои арабии Халиҷро бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдааст. Табиист, ки чунин тавъам омадани имкониятҳои молиявӣ ва пуштибонии қавии сиёсӣ барои таҳрик додани идеяи ҳамгироии минтақавӣ ва дар меҳвари сиёсати хориҷии ин кишварҳо қарор гирифтани дипломатияи динӣ сахт мусоидат кардааст.
Оғози ҷангҳо дар Афғонистон ба бунёдгароии динӣ дар маҷмўъ сифатҳои ҷиҳодӣ, такфирӣ, минбарӣ ва интернетӣ эҳдо кард. Барои пешбурди кор бунёдгароён дар усули фиқҳи исломӣ истифодаи се намуди ихтилоф – ихтилофи танаввуъ, ихтилофи афҳом ва ихтилофи аздодро дар байни ҷомеаҳои камогоҳи мусулмонон корбарӣ кардан гирифтанд. Мутаассифона, пайравони раванди бунёдгароии динӣ ҳама гуна низомҳои мавҷудаи кишварҳои мусулмониро аз мавқеи баҳогузории худ мавриди ҳамла ва накўҳиш қарор медиҳанд. Дар ин замина вазъияти эътирозӣ ба вуҷуд омада, дар байни ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ва пайравони мазҳабҳои динӣ ихтилофи оштинопазир эҷод мегардид.  Ҳамин рафтори бунёдгароӣ дар байни ҳамаи ҳизбу ҷараёнҳои динию мазҳабӣ  сироят кард ва кор то ба ҷое расид, ки шаҳрвандони мусулмони ҳар кишвар дар тартиби раддабандии ифротгароёни динӣ ба муъмину кофир тақсим мешуданд. Дар таърихи солҳои 90-уми асри сипаришуда ҷумҳурии мо низ шоҳиди таъсири манҳуси фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ бо номи ҲНИ гардида буд. 
7. Вазъият то ба ҳадде расид, ки ду ҷараёни бузурги ислом даъвоҳои бунёдгароии теократии худро гўиё аз мавқеи салафи солеҳ ва сарчашмаҳои исломӣ асоснок мекунанд, роҳи рост будани онро бо ҳар васила нишон медиҳанд ва татбиқи барномаҳои худро маблағгузорӣ менамоянд. Ба ин васила бунёдгароӣ дар дини ислом барои роҳандозӣ кардани бозиҳои геосиёсӣ дар минтақа ба механизми тавоно табдил ёфт ва ҳар яке аз ҷонибҳои даъвогар пуштибонони хориҷии худро пайдо кард. Акнун низоъҳои сиёсии ба ҷангҳои мазҳабӣ табдилёфта дар Ховари Миёна ҳамчун роҳи осони ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ худро муаррифӣ карданд. Яъне бояд масъалаҳои мавҷудаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳони ислом аз тариқи амалиёти ҷангию вайронкорӣ ва табаддулоту инқилобҳо ҳаллу фасл шаванд. Дар натиҷа вожаи мусулмон ҳаммаънои террорист, қувваи кории арзон ва инсони беарзиш бадном шуд ва ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ ба майдони озмоиши силоҳҳои нав ва ҷойгоҳи созгори масрафи захираҳои бозмондаи низомӣ ва ё муҳлати истифодаашон анҷомёбанда мубаддал гардид. Илова бар ин, кашмакашҳои динию мазҳабӣ дар ислом равиши бунёдгароиро дар динҳои дигар, ба хусус масеҳият таҳрик дод. Бозингарони геосиёсӣ акнун омили бунёдгароии диниро барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонишавӣ, нодида гирифтани арзишҳои фарҳанги давлатҳои миллӣ ва миллатгароии иқтисодӣ васеъ истифода бурда истодаанд ва иқдомҳои фалаҷ кардани нақши давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ дар таъмини муносибатҳои сиёсӣ равнақи бесобиқа касб карда истодааст. Воқеияти ноороми ҷаҳони муосир бунёдгароии динии исломиро барои татбиқи таъбири маъмули "тафриқа андоз ва ҳукмронӣ кун" бозёфт ва абзори тавонои идеологӣ гардонидааст. 
8. Аз оғози асри XXI дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ як консепсияи машҳур бо номи ҷомеаи ҷаҳонӣ (global society) роиҷ гардид. Аз ин нуқтаи назар ҳамаи сокинони рўйи Замин шаҳрвандони як ҷомеаи ягонаи ҷаҳонӣ мебошанд, ки аз маҷмўи ҷомеаҳои маҳаллии кишварҳои алоҳида иборатанд. Тарғиби ин консепсия баррасии равандҳои глобализатсиониро ба манфиати кишварҳои абарқудрат осон мегардонад, то ки ин раванд ҳамчун як тағйироти маъмулии иҷтимоӣ дар доираи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шавад. Ин ҳамон андешаи мутафаккири Юнони Қадим Диоген аст, ки истилоҳи космополит – шаҳрванди ҷаҳонро истифода мебурд. Аз ин мавқеъ, андешаҳои бунёдгароии динӣ бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳамчун абзори сиёсӣ мувофиқ меояд. Кишварҳои пешрафта мехоҳанд болои сари арзишҳои мусулмонӣ кулоҳи технологияи сиёсӣ (политтехнология) бипўшонанд. Барои нигоҳ доштани статус-кво – ҳолати кунунӣ дар кишварҳои мусулмонӣ, ки аксари онҳо мансуби қитъаи Осиё мебошанд, якчанд консепсия таҷриба карда шуд. Яке аз онҳо платфорами гуфтугўи тамаддунҳо буд, ки баръакс миллатгароӣ ва тақвияти ҳизбҳои хусусияти ифротиро дар Ғарб ба бор овард. Раванди дигар инқилобҳои «баҳори арабӣ» номгузорӣ шуд ва ошкор намуд, ки демократияи арабию мусулмонӣ барои пазируфтани ин гуна тағйиротҳо омода нест ва заминаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамгироии онҳо ҳанўз муҳайё нагардидаст. Аз ин ҷиҳат, бунёдгароии динӣ дар ҷаҳони ислом ҳамчун механизми идеологии равандҳои иқтисодии глобализатсионӣ мавриди таваҷҷуҳи амиқи нерўҳои абарқудрат қарор гирифтааст ва манфиати давлатҳои мусулмониро пайгирӣ нахоҳад кард. 
9. 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бургузор гардид. Барои ширкат намудан дар кори машварати муҳими сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ – Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам,  Миср, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа,  Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб,  Покистон, Фаластин, Федератсияи Россия, Таиланд, Туркия, Ўзбекистон, Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир – Индонезия, Филиппин, Белорус, Украина, ИМА, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш – Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд. Дар як вақт ташриф овардани теъдоди зиёди меҳмомнони олимақом дар кишвари мо имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи "дарҳои кушод" ва таҳаммулпазирии Пешвои миллати тоҷиконро тўли чанд рўз дар маърази муҳокимаҳои расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дод. Баргузории ин ҳамоиш собит намуд, ки қитъаи Осиё дар ҷустуҷўи парадигмаҳои нави ҳамгироӣ қарор дорад ва дар давраи раёсати Душанбе МҲТБО ҳамчун ниҳоди нави минтақавӣ имконияти васеи табдил ёфтан ба созмони мустақил оид ба таъмини амният ва ҳамгироии конструктивӣ дар Осиёро дорад. Дар оғози раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши панҷуми ин ниҳоди бонуфузи минтақавӣ таҳти шиори «Нигоҳи ягона ба минтақаи амн ва бештар дар ҳоли шукуфоӣ» доир гардид ва таъмини амният, рушд ва шукуфоии қитъаи Осиё дар меҳвари масъалагузориҳо ва рисолати бунёдии он қарор дошт. Ҳамзамон меҳмонони олиқадр дар тўли ин рўзҳо аз пешрафту дастовардҳои кишвари азизи мо дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию инфрасохторӣ огоҳии комил пайдо карданд. Ҳамоиши Душанбе нишон дод, ки ин платформа ғунҷоиши воқеии татбиқи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди долонҳои нақлиё-тӣ, рушди логистика, таъсиси инфрасохторҳои муосири истеҳсолию саноатӣ, кишоварзӣ ва сайру саёҳат, ҳамчунин роҳу усулҳои муассири пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротфгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳониро доро мебошад.  
 
Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ 
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика