Сайфулло Мулоҷонов: «Парчам таҷассуми ҳувияти миллӣ ва пайванди сарзамину мардуми он аст»

22 ноябр дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомад роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок намуда, оид ба таърихи пайдоиш ва паҳлӯҳои гуногуни ин рамзи муҳими давлатӣ табодули назар намуданд.

Дар зер андешаҳои сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Сайфулло Муллоҷоновро манзури хонандагон мегардонем.

— Таърихи парчам куҳан асту пурмоҷаро. Агар хуб мулоҳиза кунем, он дар оғози таърих бештар нақши аломатеро бозӣ мекард, то мардуме зери он ҷамъ оянд ва муайян кунанд, ки барои кадом гурӯҳ ва ё бо чӣ ҳадафе гирд омадаанд? Бештарин нақшро парчам дар артиш ва ё даставу гурӯҳҳои ҷангӣ бозӣ мекард. Яъне гурӯҳи сипоҳ бо ин аломат мехост, ки худро муаррифӣ намояд: ман кӣ ҳастам ва чӣ мехоҳам. Хусусан дар замони ҷангҳо нақши парчам зиёд мешуд. Дар ин аломат асосан ҳадаф ё орзуи гурӯҳ ё шахси муайян баён мегашт ва бо дидани парчам маълум мегашт, ки тарафи соҳибдаъво ба майдон омадааст ва чӣ мехоҳад. Зеро аз қадим ҳар ранге чизеро ифода мекард.

Нахустин ишора дар таърихи мо вобаста ба парчам дар достонҳои асотирии «Шоҳнома» мушоҳида мешавад. Мувофиқи достони «Шоҳнома» Кова, ки 18 писари худро қурбони ҳокими ситамгар Заҳҳок карда буд, барои наҷот додани мардум пешдомани чармияшро бар чӯбе устувор намуд ва мардумро ба пайкору ситез бо Заҳҳок фаро хонд.

В-аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард.

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Фурӯ ҳишт аз сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш ковиёнӣ дирафш.

Тамоми мардум, ки аз ситаму бедод ҷон бар лаб омада буданд, дар гирди дирафши Кова ба ҳам омаданд ва ситаму ҷафоро аз беху бун барканданд. Азбаски ин пешдомани чармӣ мояи раҳоии миллат аз ҷафо гардид, он ба унвони парчам баргузида шуд ва беш аз ҳазор сол он ба унвони парчами расмии кишвар хидмат кард. Минбаъд ин парчам рамзи пойдориву истиқомат дар баробари ситам ва истиқрори давлати адолату муназзам мондагор шуд ва ҳар шоҳе ки меомад, ба нишони эҳтирому арҷ нигине ё гавҳаре қимат бар он насб мекард. Ҳамин тавр идома ёфт, то дар ҷараёни исломкушоиҳо ин парчам ба дасти арабҳо афтод ва оташ зада шуд. Арабҳо бо ин амал мехостанд ба мулуки ҷаҳон эълон доранд, ки ба мавҷудияти панҷсадсолаи империяи форсҳо хотима доданд.

Нуқтаи дигаре, ки дар бораи парчам метавон баён кард, ин аст, ки дар аксари халқҳову миллатҳои гузашта бештар аксҳои ҳайвонот ё ягон бахше аз табиатро муҷассам мекарданд. Ҳамин тавр аксҳои шер, гург, паланг, уқоб, гандум, маъмултарин аксҳо ба ҳисоб мераванд. Баъзе парчамҳоро вобаста ба кори ҳамон халқ меоростанд.

Дар гузашта аҷдоди мо бештар акси хуршедро ба ҳайси рамзи парчами худ интихоб кардаанд, чаро? Ба он хотир ки яке аз нахустин динҳои гузаштагони мо меҳрпарастӣ буд ва акси хуршедро ҳамчун нишони эътиқоди хеш ба намоиш мегузоштаанд. Азбаски дар давраи Сосониён шер рамзи кишвар буд, шикори шерро қонун манъ мекард. Шер намоди диловарӣ ва қудрат шинохта мешуд. Яъне аксе, ки бар парчам насб мешуд, ҳатман бояд маъно медошт.

Пас аз ислом азбаски фиқҳи исломӣ кашидани акси ҷондоронро ҳам манъ мекард, бештар ранги парчам муҳим гардид. Ҳар гоҳ ки дар муқобили зулми арабҳо муборизони сарафрози тоҷик ба қиём бармехостанд, вобаста ба моҳияти қиём ранги парчамро меоростанд.

Абӯмуслим замоне ки бар зидди бедоду ситами Умавиён қиём кард, парчами худро сиёҳ кард, чун ҳукумати умавиҳоро мардум рамзи сиёҳ, ранги мусибат ва бадбахтӣ медонистанд. Бо ҳамин ранг қиём кард ва ин қиём пирӯз шуд ва муддати 500 сол ки ҳукумати Аббосиён давом дошт, ранги парчами онҳо сиёҳ буд. Пайравони Абӯмуслимро сиёҳҷомагон меномиданд. Замоне, ки Муқаннаъ дар Суғд ба муқобили ситами Аббосиён қиём кард, парчами худро бар алайҳи Аббосиён сафед интихоб кард, ки рамзи софӣ ва покӣ буд. Пайравони ӯро сапедҷомагон меномиданд.

Бо қудрат ёфтани ҳукуматҳои маҳаллӣ дубора акси шер дар парчамҳо нақш баст. Сомониён ва баъдтар Ғазнавиён рамзи парчами худро шер гузоштанд. Манучеҳрӣ дар ситоиши Масъуди Ғазнавӣ мегӯяд:

Беш аз ҳама шоҳон аст дар мозиву мустақбал,

Беш аз ҳама шерон аст аз шериву бисёрӣ.

Хуршед зад аломати давлат ба боми ту,

То гашт давлат аз буни дандон ғуломи ту.

Ранги парчам вобаста ба салиқаи подшоҳону саркардагони ҳарбӣ тағйир менамуд. Вале бештарин рангҳое, ки дар гузашта ба парчами гузаштаҳои мо хос буд, рангҳои сафед, сурх, бунафш ва сабз буд. Баъд аз барҳамхӯрии давлатҳои миллии тоҷикон ҳам туркон, ки ба тахту тоҷ соҳиб гаштанд, тасвирҳои онро қабул карданд. Салҷуқиён бар рӯйи сиккаҳои худ акси шерро насб мекарданд, ки дар гӯшаву канори олам ин сиккаҳо пайдо гаштаанд.

Баъдтар шер ва хуршед якҷо дар парчам ғунҷонида шуданд. Дар давраи Темури Ланг низ ҳамин парчами шеру хуршедро мебинем. Сафири Испания дар дарбори Темур Руи Гонсалес де Клавихо дар хотираҳои худ менависад: «Бар рӯйи девори яке аз имороти Самарқанд нақши шеру хуршед дидам». Ин ҳамон тасвире, ки бар мадрасаи Шердори Самарқанд то ҳол боқӣ мондааст ва он ёдгори ҳамон даврон аст.

Дар парчами амир Олимхон- охирин амири Бухоро шиори динӣ навишта шуда буд. Бо пирӯзии инқилоби болшевикӣ рамзи асосии ин низом, ки досу болға буд, бар рӯи парчаму нишони ҳамаи кишварҳо гузошта шуд. Аз ҷумла парчами Тоҷикистони Шӯравӣ се ранг дошт: сабз, сурх ва сафед ва дар қисмати болои тарафи чапи он тасвири досу болға гузошта шуда буд.

Соли 1991 пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ зарурати қабули парчами нав, ки бо воқеияти рӯзгори истиқлол мутобиқат кунад, ба миён омад, вале шурӯи нооромиҳо ин фурсатро аз мо гирифт. Ва танҳо тирамоҳи ноороми соли 1992, дар рӯзҳое ки сарнавишти Тоҷикистон муайян мегашт, парчаму нишони нав қабул гардид. Ҳамон тавре ки интизор мерафт, се ранги таърихии аҷдоди мо — сабзу сафеду сурх ҳамчун ранги парчам интихоб гашт.

Пас Парчами давлатӣ чӣ аҳамият дорад?

Парчам имрӯз дар фарқият бо гузашта моли як нафар ё рамзи як шахс нест. Агар дар гузашта як сипаҳсолор ё ҷангсолор рангу тасвири дӯстдоштаашро бар рӯйи парчам акс мекард, имрӯз парчам дигар дарбаргирандаи ҳамаи инсонҳоест, ки ба як фарҳанг худро мутааллиқ медонанд. Парчаме, ки мо дорем, нахуст фарогирандаи марзу бум ва гузаштаи мост, вале ба касоне ҳам тааллуқ дорад, ки тоҷиканду дар ин марз зиндагонӣ намекунанд, аммо бо ин сарзамину обу хок пайванд доранд. Ин парчам бо ин се рангаш моро мушаххасу муайян кунад ҳам, вале ҳамзамон моро бо ҷаҳон пайванд мекунад. Дар бисёре аз парчамҳои дунё ранги сафеду сурх мавҷуд аст, ки ин рангро ба монанди мо маънидод мекунанд, яъне сафедро нишонаи сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ва сурхро ранги ҷонфишониву шаҳодат барои бақои кишвар ва арзишҳову фарҳанги волои он.

Парчам таҷассуми ҳувияти миллӣ ва пайванди сарзамину мардуми он аст. Дар ҳар замоне ки дар як ҷомеа бар сари масоили сиёсӣ ё иқтисодӣ мардум ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳо ҷудо мешаванд, вақте ки сухан аз парчам омад, ҳама якмароманд ва ҳифзу гиромидошти онро воҷиб медонанд. Дар гузашта вақте ки ҷанг сурат мегирифт, муҳимтарин вазифа дар артиш баъди сарфармондеҳи ҷанг вазифаи парчамбардор ё аламдор буд.

Ғурури миллӣ, ҳифз ва эҳтиром ба парчам дар манотиқи марзии кишвар пурмаънотар аз дигар маконҳост, маъмулан дар нуқтаи поёнии марзи кишварҳо парчам насб мешавад, ки ҳокимияти миллиро собит кунад. Ниҳоят парчам таркибе аз маънои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст. Аз ин рӯ дар ҳар намояндагие аз як кишвар онро боло мебаранд, вақте як варзишгар ба пирӯзӣ мерасад, онро баланд мекунанд ва ба ифтихори ӯ ҳамаи мардум ба поси эҳтиром аз ҷой баланд мешаванд ва ба ин қаҳрамон ва парчами кишвари ӯ ва муҳимтар аз ҳама, ватани ӯ арҷ мегузоранд.

Парчами мо бо ин се ранге, ки дорад ва ҳама зебоянду пурмаъно, тамоми фарозу нишеб ва саргузашти мардуми моро ифода кардааст. Барои ин ки мо соҳиби парчам гардем, чандин насли аҷдоди мо мубориза карданду ҷон бохтанд. Ҳамин 70 сол қабл буд, ки падару бобоҳои мо барои он ки парчами сурхи Шӯравӣ бар болои Рейхстаги Олмон ҷилва кунад, ҳазорон нафар ҷон бохтанд. Чанд рӯз мекӯшиданд ки ин парчамро насб кунанд ва барои ин ҳазорон қурбонӣ доданд, зеро вақте ки парчам барафроштаву ҷилвагар бошад, ин маънои онро дорад, ки ин сарзамин ва ин мардум соҳиби давлат аст. Хушбахтона, кишвари азизи мо дар партави сиёсати хирадмандо­наи Пешвои муаззами миллат дар муҳити соҳибихтиёрӣ мақому манзалат ва ҷойгоҳи сазовореро барои Парчами давлатӣ муқаррар кардааст.