Семинари илмӣ-назаривӣ ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ИСТИҚЛОЛИЯТ, КОНСТИТУТСИЯ ВА ОЗОДИИ ВИҶДОН

 

 

4 ноябри соли 2019 Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявиро ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Дар оѓози семинар директори муассиса ҳамаи кормандонро ба муносибати ҷашни фархундаи қабули Қонуни сарнавиштсози миллат табрику муборакбод намуда, дар мавзўи "Истиқлолият, Конститутсия ва озодии виҷдон" гузориши таҳлилии илмӣ пешниҳод кард. Матни пурраи гузориш чунин аст:

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ, КОНСТИТУТСИЯ 

ВА ОЗОДИИ ВИҶДОН

 

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар матни таърихи сиёсии охири садаи ХХ як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Дарку тасаввури ин воқеият роҳбарият ва мардуми ҷумҳуриҳои иттифоқиро лолу ҳайрон гардонид. Маълум буд, ки замони парокандагӣ фаро расидааст. Акнун ҳар ҷумҳурӣ сари танҳо вориди марҳилае гардид, ки дар он масъалаи ноил шудан ба ягонагӣ, якпорчагӣ ва сарҷамъии воҳидҳои маъмурӣ бе мувозинат ва муносибати якнавохти ҳамаи қишру табақаҳо ба даст намеомад. Як лағзиши ноҷо метавонист кишварро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худӣ бикашад, ки барои раҳоӣ ёфтан аз он мардум як муддат бечораву оҷиз мемонанд.

Вазъияти нави сиёсӣ бунёди зерсохтори созгорро тақозо мекард. Дар оғози истиқлолият моро сарнавишти душворе насиб гашт. Баробари расидан ба истиқлолият барои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ зарурати таҳкими асосҳои сохтори давлатдории миллӣ, инчунин муайян намудани стратегия ва парадигмаҳои рушди оянда пеш омад. Дар ин марҳилаи ҳассос барои ҷумҳуриҳои турктабори Осиёи Миёна ва Озарбойҷон то андозае модели рушди Ҷумҳурии Туркия ҳамчун намунаи пайравӣ пазируфта шуд, ки дар он ба секуляризм, ғарбигароӣ ва ҳамгироии халқҳои туркнажод бартарият дода мешуд. Ба далели пайвандҳои куҳани таърихӣ тоҷикон тамоюл ба олами порсигӯён доштанд, ки онҳоро дар он замон ва то имрӯз ду кишваре намояндагӣ мекарданд, ки худро дар сатҳи расмии байналмилалӣ бо номи «ҷумҳурии исломӣ» муаррифӣ мекарданд. Бадбахтона, маҳсули таъсиргузории манфии ин тарзи давлатдорӣ ба ҷуз нусхабардории асримиёнагии ақидаҳо, шиорҳо ва ҳадафҳои динию мазҳабӣ чизи дигаре набуд, ки бо воқеияти сиёсӣ-иҷтимоӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои истиқлолиятхоҳии тоҷикон мутобиқат надошт.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ду раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке неруи зиёини эҷодкори дунявӣ, ки бар пояи пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ, забонӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекарданд; ва дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд. Дар вазъияти афтодани пардаи оҳанини идеологияи шӯравӣ ин ду неруи сиёсӣ тавонистанд ақидаи ботилеро то ба андозае тарғиб намоянд, ки дар оғози истиқлолияти мо як гурӯҳи муайяни шаҳрвандон таъсиси давлати исломиро ба унвони роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии худ қабул кунанд. Дар натиҷа ислом ба унсури монеасози рушди мустақилонаи ҷумҳурии мо мубаддал гашт.

Масъалаи машрӯияти ҳизб ва ҳаракатҳои исломӣ дар асри ХХ аз дидгоҳи фиқҳӣ як мавзўи печида аст. Маълум шуд, ки яке аз ҳадафҳои буҳронӣ ва ноором кардани вазъият дар Афғонистон сиёсисозии "унсури исломӣ" барои роҳ надодан ба ҳамгироии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳам будааст; ва ҳамин шарораи манҳус саратонвор паҳн гардида, дар шароити кунунӣ ҷаҳонбинии идеологии "давлати исломӣ"-ро рўйи кор овард. Дар пешгӯии ояндаи Афғонистон номуайянии комил ба вуҷуд омада буд, ки то имрўз идома дорад ва таъсири он дар қисмати ҷанубии ҷумҳурии мо аз ҳама бештар буд. Ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии мо дар солҳои 1990-92 ба вазъияти Афғонистони гирифтори ҷанг сахт монандӣ дошт. Даъват ва баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 оғози таҳаввулот дар сарнавишти давлати ҷавони Тоҷикистон гардид. Таҷрибаи ҷаҳонӣ далолат мекунад, ки дар давраҳои буҳронӣ барои посух додан ба хатарҳои дохилӣ як ақаллияти созанда пайдо мешавад, ки пеши роҳи нобудиро мегирад. Сарвари анҷумани раҳоибахши Шӯрои Олӣ бо таъбири “Ман ба шумо сулҳ меорам” ҳамаро ҳушёру бедор кард. Аҳли толор ҳамин суханро ончунон пазируфтанд, ки гӯё пештар ҳаргиз онро нашунида буданд. Як муждаи тозае танинандоз шуд, ки онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ бози давлат мегӯянд. Ин шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии ҳамин фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст таҳаққуқ пазирад.

Пас аз ҳамин рўйдоди муҳими таърихӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон нахустин қарору қонун ва фармонҳое қабул гардиданд, ки ҳамон лаҳза мисли обу ҳаво барои миллату давлат зарур буданд ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф шудани мушкилоти бақои давлати ҷавонро таъмин намуданд. Ҳамин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ буданд, ки дар тўли чанд рӯз имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба ваҷҳи некў тағйир доданд. Гардиши куллӣ ҷиҳати интихоби роҳи давлатдории дунявӣ дар Тоҷикистон хатари бархӯрди идеологӣ бо исломи сиёсиро дар кишварҳои дигари минтақа низ заиф гардонид.

Ҳарчанд дар фазои сиёсии кишвар гардиши куллӣ ба вуҷуд омад ва роҳбарияти нав дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурўъ кард, лекин ҳузури таҳаммулнопазирӣ ё таассуби динӣ дар дохили ҷомеа ҳамчун абзори таъсиргузор дар дасти гурўҳҳои мусаллаҳ ва давлатҳои манфиатдор барои тафриқандозӣ боқӣ монд. Аз ин мавқеъ, мувофиқ омадани андешаҳои бунёдгароии динӣ бо равандҳои ҷаҳонишавӣ барои мавҷудияти андешаи таҳаммулпазирӣ хатару таҳдидҳои ҷиддӣ ба бор оварда метавонист. Таҷрибаи талхи кишвари мо нишон дод, ки масъалаи риояи таҳаммулпазирӣ дар шакли динии он барои таъмини амнияти ҷомеаи муосири тоҷик ниҳоят муҳим аст. Таҳаммулпазирии динӣ барои нигаҳдории оромии дохилӣ, пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо, хунсо кардани ѓаразҳои сиёсии нерўҳои беруна ва безарар гардонидани таъсири онҳо ба устувории давлату миллат ва фарҳангу диёнат нақши меҳварӣ мебозанд. Баръакс, дар ҳолати набудани таҳаммулпазирии динӣ гуногунии динҳо, конфессияҳо ва мазҳабҳо метавонад мўҷиби аз дохил заиф гардидани иқтидори давлатҳо ва хурўҷи нооромиҳо шавад. Он замон дар фазои сиёсии мо бархўрди шадиди ҷаҳонбинии дунявӣ ва ухравӣ ба миён омада буд. Бояд ончунон қонун ва ҳуҷҷате қабул карда мешуд, ки дар ин самт сиёҳро аз сафед ҷудо карда тавонад. Барои расидан ба ин ҳадаф Комиссияи босалоҳият оид ба омода намудани матни Қонуни асосӣ ва қабули он таъсис дода шуд, ки дар ҳамон шароити мушкил кори ниҳоят бузурги таърихиро ба субут расонид. Ва ниҳоятан 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ иборат аз 10 боб ва 100 модда қабул гардид. 

Моддаи 1 Конститутсия сароҳатан баён дошт, ки "Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад". Дар қисмати чоруми моддаи 6 Конститутсия низ ба назари мо матлаби ҷиддӣ ворид карда шуд, ки чунин аст: "Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурўҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ѓасб намояд". Ҳамчунин дар моддаҳои 8, 26, 30 Қонуни асосӣ доир ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин фикру андешаҳои ҷолибе ҷойгузин шуданд, ки барои ба ҷониби секуляризм ва ҷаҳонбинии дунявӣ майл кардани ҷомеа сахт мусоидат карданд. Ва ниҳоятан дар кишвари мо истиқрори сиёсӣ ба даст омад ва нахустин бор дар таърихи Осиёи Марказӣ ҳизби дорои идеологияи динӣ дар парламент ҷой гирифт. Аммо мақомоти давлатӣ пеш рафтанд, вале ҳизби оппозитсионӣ хусусияти созандагӣ нишон надод. Зеро онҳо ҳангоми баррасии ҳама гуна қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз мавқеи бунёдгароии динӣ масъалагузорӣ мекарданд ва хулосаву тавсияҳои худро дар нашрияҳои расмии худ пайваста чоп менамуданд. 

Роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар фаъолияти худ принсипҳои усулии дар моддаи 1 Конститутсия баёншударо дар матни тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши дин пайгирона риоя кардааст. Яке аз ин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (26.03.2009) мебошад, ки имсол аз қабули он даҳ сол пур шуд. Дар пешгуфтори ҳамин Қонун баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».

Дар ин ҷо бозгў намудани чаҳор принсипҳои асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳаммулпазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр муҳим аст:

Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Ин принсип тан-ҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ татбиқи амалӣ пайдо карда метавонад. Ва он далели гўёи дурустии интихоби ҳамин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст; дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дунявият мумкин аст, ки баробарии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷтимоиву судӣ имконпазир гардад; сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба тамоми дину мазҳабҳо». Фақат принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад; чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон». Баробари се асли дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маънавӣ ва динии ниёгони худро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рў, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии шаҳрвандони Тоҷикистон махсус таъкид гардидааст. Сиѓаи ифодаи ин матлаб ҳамчунин далолат мекунад, ки таълимоти равияҳои дигари дини ислом, ба хусус исмоилия низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи вежа дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар ганҷури адабиёт ва фарҳанги форсии тоҷикӣ нақши мондагор дошт ва ҳанўз ҳам дорад.

Аз ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрор таъкид мешавад.

 

Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон