СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ВМКБ

Рӯзҳои 17-20 июли соли 2019 бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мағомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии созмони байналмилалии "Инъикоси ҷанг ва сулҳ" дар Тоҷикистон дар осоишгоҳи "Гармчашма"-и ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Хоруғ семинари омӯзишӣ зери унвони "Ваҳдат - омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа" баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур аз ғисмати назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Дар оғози ин чорабинӣ муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов меҳмононро хайрамағдам гуфта, баргузории ин мулоғотро натиҷаи сиёсати мардумсолории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон унвон кард. Ва афзуд, ки натиҷаи ҳамкориҳои мағомоти маҳаллии давлатӣ ҷиҳати татбиғи сиёсати давлат дар соҳаи таъмини ҳамзистӣ ва зиндагии осудаи пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар кишвар самараҳои хуб ба бор овардааст. Баргузории ҳамоиши имрӯзаи ходимони дини мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоилия исботи ин гуфтаҳо мебошад. 

Дар робита ба масъалаи таъмини озодии виҷдон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ раиси Кумиати дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.П. суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳоло дар фазои иттилоотӣ ва динии кишвар муносибати созандаи пайравони дину мазҳабҳои гуногун ҳукмрон аст ва таъмини озодонаи риояи анъана ва ҷашну маросим ба мушоҳида мерасад. Ҳоло моро зарур аст, ки ин фазои солими оромӣ ва сулҳу суботро ғадрдонӣ кунем ва тамоми чораҳоро барои пешгирии тарғиби андешаҳои ифротгароӣ дар ҷомеа роҳандозӣ намоем.  

        Директори Маркази исломшиносӣ Ф. Баротзода дар мавзӯи "Нағши ваҳдати миллӣ дар пешгирии ифротгароӣ" баромад намуда, нағши Пешвои миллатро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф зимни гузориши худ ҳамчунин таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаби сиёсӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳ ва консепсияи мукаммали ваҳдатофаринии худ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ, фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ҷомеапазириро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ ва решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи созмонҳои тундрав аз тариғӣ баргузории чунин ҳамоишҳо роҳандозӣ менамояд. 

Дар идомаи кори семинар раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон С. Абдуғодирзода суханронӣ намуда, баргузор намудани чунин ҳамоиши илмиро ҷиҳати ба ҳам омадани намояндагони имомхатибону халифаҳо ва пайравони дину мазоҳиби гуногун дар кишвар иғдоми нек арзёбӣ кард. Ҳамчунин аз ҷониби мавсуф таъкид гардид, ки ҳамкориҳо миёни рӯҳонияти кишвар новобаста аз дину мазҳаб бояд зиёдтар шавад, то ки мардум аз анъанаву маросими динию мазҳабии ҳамдигар огоҳ бошанд ва ба эътиғодоти мазҳабии ҳамдигар эхтиром гузоранд. Дар ин сурат мо метавонем ваҳдати миллӣ ва тавҳиди диниро дар ҷомеа таъмин намоем.

        Дар рафти кори семинари омӯзиши инчунин намояндагони мағомоти ҳуғуғ, сархатиби вилояти Суғд Ҳ. Мӯсозода, сархатиби вилояти Хатлон У. Нуров, имомхатибони ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Нуробод ва дигарон низ изҳори ағида намуда, аз баргузории чунин маъракаҳои муҳим  ва меҳмоннавозӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМБК изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. марҳалаи ҷамъбастии семинари омӯзишӣ дар шаҳри Хоруғ анҷом пазируфт. Иштирокдорони ҳамоиш аз ҷамоатхонаи марказӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Боғи ботаникии  шаҳри Хоруғ дидан карда, таассуроти ҷолиб бардоштанд. Ҳамаи меҳмононро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба ҳузур пазируфта, ба ҳамаи масъулони баргузории семинари омӯзишӣ сипосу миннатдории мардуми боми ҷаҳонро изҳор намуд. 

     

Маркази исломшиносӣ дар назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика